Skip to main content

Full text of "Shahnama: Jild e Shashum (Tajik Farsi)"

See other formats


АХТАРОНИ 

АДАБ 



8 


ҲАИАТҲОИ МУШОВАРА ВА ТАҲРИРИЯИ 
50-ҶИЛДАИ ОСОРИ КЛАССИКОН ВА МУОСИРОН 
АЗ СИЛСИЛАИ «АХТАРОНИ АДАБ» 


ҲАЙАТИ МУШОВАРА 

Саидмурод Фаттоев 
Мирзошоҳрух Асрорӣ 
Абдуҷаббор Раҳмонов 
Мамадшо Илолов 
Шарофиддин Имомов 
Сайфиддин Назарзода 
Ато Ҳамдам 


ҲАЙАТИ ТАҲРИРИЯ 

Абдулҳамид Самад 
Абдунабӣ Сатторзода 
Худоӣ Шарифов 
Камол Айнӣ 
Зоҳир Аҳрорӣ 
Амрияздон Алимардонов 
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ 
Сайидалӣ Маъмур 
Фарҳоди Карим 


АБУЛҚОСИМ 

ФИРДАВСӢ 



ШОҲНОМА 

ҶИЛДИ VI 



ДУШАНБЕ, 

«АДИБ» 

2008 


ББК 83,3(0)9+83,3 (2 тоҷик) 
А-19 


Таҳияи матн ва лугату тавзеҳот аз 

КАМОЛ АЙНЙ ва ЗОҲИР АҲРОРЙ 


Муҳаррир 

Мубашшир Акбарзод 


А-19 Абулқосим Фирдавси. Шоҳнома. — Душанбе: 

«Адиб», 2008. -480 саҳ. 

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и беза- 
воли Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кӯшиши таҳиягарони мат- 
ни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳаккикон 
дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳнома” истифода 
кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад. 


18В^ 978-99947-32-84-5 


© Нашриёти "Адиб", 2008. 


ВАСИЯТ КАРДАНИ КАЙХУСРАВ ГУДАРЗРО 

2970 Ба ҳаштум нишаст аз бари гоҳ шоҳ 1 
Абе ёраву гурзу зарринкулоҳ. 

Чу омад-ш рафтан ба тангӣ фароз, 

Я ке ганҷро дар кушоданд боз. 

Чу букшод он ганҷи ободро, 

Васӣ кард Гударзи Кашводро. 

Бад-ӯ гуфт: «Бингар ба кори ҷаҳон, 

Ки бо ошкоро чӣ дорад ниҳон. 

Г аҳе* 2 ганҷро рӯзи огандан аст 
Ба сахтиву рӯзе парокандан аст. 

2975 Нигаҳ кун работе, ки вайрон бувад, 

Пуле к-он ба наздики Эрон бувад. 

Дигар обгире ки бошад хароб 
Аз Эрону аз ранҷи Афросиёб. 

Дигар кӯдаконе, ки бемодаранд, 

Заноне ки бешӯю бечодаранд, 

Дигар он, к-аш ояд ба пирӣ ниёз, 

Зи ҳар кас ҳаме дорад ӯ ранҷ боз. 

Бар эшон дари ганҷ баста мадор, 

Бубахшу битарс аз бади рӯзгор. 3 


1 . Л-боргоҳ 

2. М-ки ҳар. 

3. ТПЗЛИ - Дигар ганҷ, к-аш ном Бодовар аст, 

Пур аз афсару зевару гавҳар аст. 


Нигаҳ кун ба шаҳре, ки вайрон шудаст, 
Куноми палангону шерон шудаст. 

2980 Дигар ҳар куҷо расми оташкада-ст, 

Ки бе ҳирбад ҷои вайрон шудаст. 1 

Се дигар касе к-ӯ зи тан боз монд, 

Ба рӯзи ҷавонӣ дирам барфишонд. 

Дигар чоҳсоре, ки беоб гашт, 

Фаровон бар ӯ солиён баргузашт. 

Бад-ин ганҷи симу зар обод кун, 

Дирам хор кун, маргро ёд кун. 

Дигар ганҷ, к-аш хондандӣ Арӯс, 

Ки оганд Ковус дар шаҳри Тус, 

2985 Ба Гударз фармуд, к-онро бубахш 
Ба Геву ба Золу худованди Рахш. 

Ҳама ҷомаҳои танаш 2 баршумурд, 

Пас он гоҳ 3 яксар ба Рустам 4 супурд. 

Ҳама ёраву тавқи кундоварон 
Ҳамон ҷавшану гурзҳои гарон. 

Ба Густаҳм бахшид, к-ӯро сазид, 

В-аз он пас зи аспону зин баргузид. 5 

Гаронмоя аспон, 6 ки будаш яла, 

Ба Туси сипаҳбад супурдаш гала. 


1. ТПЗ - Бибояд ҳаме оташ афрӯхтан, 

Бад-он номи некӯ бияндӯхтан. 

2. Л-ҷомаҳо пеши ӯ. 

3. И- нигаҳ карду. 

4. ЛМ - Нигаҳ карду яксар бад-эшон. 

5. ИЛ-2889 нест. 

6. ИЛМ - зи аспон ба ҷое. 


6 


2990 Ҳама боғу гулшан ба Гударз дод, 

В-аз айвонҳое, ки ӯ кард ёд. 

Силеҳи танаш он чи дар ганҷ буд, 

Ки ӯро бад-он хоста ранҷ буд, 

Супурданд яксар ба Геви далер 
Бад-он гаҳ, ки Хусрав шуд аз гоҳ 1 сер. 

Зи айвону хиргоҳу пардасарой, 
Ҳамон хаймаву охуру чорпой. 

Фарибурзи Ковусро дод шоҳ 
Ҳамон 2 ҷавшану таргу румикулоҳ. 3 

2995 Яке тавқ равшантар аз муштарӣ, 

Зи ёқути рахшон ду ангуштарӣ. 

Набишта бар ӯ номи шоҳи ҷаҳон, 

Ки андар ҷаҳон он набудӣ ниҳон. 4 

Ба Бежан чунин гуфт к-«Ин ёдгор 
Ҳамин 5 дору ҷуз тухми некӣ макор». 

Ба эрониён гуфт: «Ҳангоми ман 
Фароз омаду тоза шуд коми ман. 

Бихоҳед чизе ки бояд зи ман, 

Ки омад парокандани анҷуман». 

3000 Ҳама меҳтарон зор гирён шуданд, 

Зи дарди шаҳаншоҳ бирён шуданд. 

Ҳаме гуфт ҳар кас, ки то шаҳрёр 
Киро монад ин тоҷро ёдгор? 


1. И-чанг. 

2. Л-Басе; ИМ-яке. 

3. Л-зарринкулоҳ. 

4. И-пас аз б. 2994 б. омада, ки такрори бемавқеи б. болост. 

5. Л- ҳаме. 


7 


ХОСТАНИ ЗОЛ МАНШУР АЗ КАЙХУСРАВ 
БАРОИ РУСТАМ 


Чу бишнид Дастони хусравпараст, 
Заминро бибӯсиду бар пой ҷаст. 

Чунин гуфт, к- «Эй шаҳрёри ҷаҳон, 
Сазад, к-орзуҳо намонад ниҳон. 

Ту донӣ, ки Рустам ба Эрон чӣ кард 
Ба разму ба ранҷу ба нангу набард. 

3005 Чу Ковуси Кай шуд ба Мозандарон 
Раҳи дуру фарсангҳои гарон, 

Ки девон бубастанд Ковусро 
Чу Гударзи гарданкашу Тусро. 

Таҳамтан чу бишнид, танҳо бирафт, 
Ба Мозандарон рӯй бинҳод тафт. 

Биёбону торикиву деву шер, 

Чи ҷодузану аждаҳои далер. 

Бад-он ранҷу тимор бубрид роҳ, 

Ба Мозандарон шуд ба наздики шоҳ. 

30 1 0 Бидаррид паҳлӯи деви сапед, 

Ҷигаргоҳи Авлоди Ғундиву Бед. 

Сари Санҷаро он гаҳ 1 аз тан 2 биканд, 
Хурӯшаш 3 баромад ба чархи 4 баланд. 

Чу Ковус шуд сӯи Ҳомоварон, 
Бубастанд ӯро ба банди гарон. 


1. И-ногоҳ. 

2. Л-ногаҳ аз бун. 

3. И- хурӯше. 

4. ИЛ- абри. 


8 


Або Тусу Гударзу ҳам Гевро, 
Далерони фарзонаи невро. 

Таҳамтан бишуд бо сипоҳи гарон, 
Аз Эрону Зобул гузида сарон. 

3015 Раҳо кард аз банд Ковусро, 

Чу Гударзу ҳам Геву ҳам Тусро. 1 

Чу Сӯҳроб фарзанд, к-андар ҷаҳон 
Касеро набуд аз кеҳону меҳон, 

Бикушт аз паи кини Ковусшоҳ, 

Зи дардаш бигиряд ҳаме солу моҳ. 

В-аз он пас куҷо разми Комус кард, 
Ба мардӣ ба абр андаровард гард. 

Зи кирдори ӯ чанд ронам сухун, 

Ки он достонҳо наёяд ба бун. 

Агар шоҳ сер ояд аз тоҷу гоҳ, 

Чӣ монад бар ин шердил некхоҳ?» 

3020 Чунин дод посух, ки «Кирдори ӯй 
Ба наздики мо ранҷу пайкори 2 ӯй 

Кӣ донад, магар кирдгори сипеҳр, 
Намояндаи доду орому меҳр? 

Суханҳои ӯ нест андар нуҳуфт, 
Набошад 3 кас ӯро ба офоқ ҷуфт. 

Бифармуд, то рафт пешаш дабир, 
Биёвард қиртосу мушку абир. 


1. И-б. 2893-2896 нест. 

2. ИЛ -тимори. 

3. ИЛМ- надонад. 


9 


Навиштанд аҳде зи шоҳи замин 
Сарафроз Кайхусрави покдин. 1 

3025 Зи баҳри сипаҳбад гави пилтан 
Ситуда ба мардӣ ба ҳар анҷуман, 

Ки ӯ бошад андар ҷаҳон пешрав, 
Ҷаҳондору солору бедору гав. 2 

Сипаҳдори пирӯзу лашкарфурӯз 
Ҳам ӯро бувад кишвари Нимрӯз. 

Ниҳоданд бар аҳд-бар мӯҳри зар 
Бар оини Кайхусрави додгар. 

Бад-ӯ дод маншуру кард офарин, 

Ки «Обод бодо ба Рустам замин!». 

3030 Меҳоне ки бо Золи Соми савор 
Бирафтанд бо зичҳо бар канор, 

Бубахшидашон ҷомаву симу зар, 
Бибуданд з-ӯ ҳар яке баҳравар. 

МАНШУР ДОДАНИ КАЙХУСРАВ ГЕВРО 

Чу он дид Зол, офарин кард сахт 
Бар он шоҳи бедори пирӯзбахт. 3 

Чу биншаст, 4 Гударз бар пой хост, 
Биёрост бо шоҳ гуфтори рост. 

Чунин гуфт, к-«Эй шоҳи пирӯзбахт, 
Надидем чун ту худованди тахт. 


1. ИЛ-б. офарин. 

2. ТПЗМ - Зи Зобулситон то ба дарёи Синд, 

Ҳама Кобулу Дамбару Мою Ҳинд, 
Дигар Бусту Ғазнину Зобулситон, 
Раворав чунин то ба Кобулситон. 

3. Л-б. 2914 нест. 

4. ЛМ - Ҷаҳондида. 


10 


3035 Зи гоҳи Манучеҳр то Кайқубод 
Зи Ковус то шоҳи фаррухнажод, 

Ба пеши бузургон камар бастаем, 

Ба ором 1 як рӯз наншастаем. 

Наберу 2 писар буд ҳафтоду ҳашт, 
Кунун монд аз он ҳашту дигар гузашт. 

Ҳамон Геви бедордил ҳафт сол 
Ба Туронзамин буд бе хурду ҳол. 

Ба дашт-андарун гӯр буд хурданаш 
Ҳамон чарми нахчир пероҳанаш. 

3040 Ба Эрон расид, он чи буд, шоҳ дид, 

Ки тимори ӯ Гев чанде кашид. 

Ҷаҳондор сер омад аз тоҷу гоҳ, 

Ҳаме чашм дорад ба хубӣ зи шоҳ». 

Чунин дод посух, ки «Беш аст аз ин, 
Ки бар Гев бодо ҳазор офарин! 

Худованди гетӣ варо ёр бод, 

Гули бадсиголаш пур аз хор бод! 

Каму беши ман пок дар дасти туст, 

Ки равшанравон бодиву тандуруст!» 

3045 Бифармуд аҳди Қуму Исфаҳон 
Ниҳоди бузургону ҷои меҳон. 

Навишта* 3 зи мушку зи анбар дабир 
Яке нома аз подшо 4 бар ҳарир. 


1. ИЛМ-беозор. 

2. ИЛ- набера. 

3. М-навишташ. 

4. Л-пошоҳ. 


11 


Яке муҳри заррин бар у барниҳод, 

Бар он нома шоҳ 1 офарин кард ёд. 

Ки «Яздон зи Гударз хушнуд бод, 

Дили бадсиголаш пур аз дуд бод!» 

Ба эрониён гуфт: «Геви далер, 

Ки ёли ялон дораду чанги шер. 

3050 Бидонед, к-ӯ ёдгори ман аст, 

Ба назди шумо зинҳори ман аст. 

Мар ӯро ҳама пок фармон баред, 

Зи гуфтори Гударз барнагзаред». 

Зи гударзиён ҳар кӣ буд пешрав, 

Яке офарин кард бар шоҳи нав. 2 

МАНШУР ДОДАНИ КАЙХУСРАВ ТУСРО 

Чу Гударз биншаст, бархост Тус, 

Бишуд пеши Хусрав, замин дод бӯс. 

Бад-ӯ гуфт: «Шоҳо, анӯша бадӣ, 
Ҳамеша зи ту дур дасти 3 бадӣ! 

3055 Манам з-ин бузургон фаридуннажод, 

Зи мо фаррухон то биёмад Қубод. 

Камар бастаам пеши эрониён, 

Ки накшодам аз банд ҳаргиз миён. 

Ба кӯҳи Ҳамовон зи ҷавшан танам 
Бихасту набуд эч пероҳанам. 

Ба кини Сиёвуш бад-он размгоҳ 
Будам ҳар шабе посбони сипоҳ. 


1. Л-Абар ном шаҳ. 

2. И-б. 2934 нест. 

3. И-чашми. 


12 


Ба Лодан сипаҳро накардам раҳо, 
Ҳаме будам андар дами аждаҳо. 

3060 Ба Ҳомоварон баста Ковус буд, 
Дигар банд бар гардани Тус буд. 

Ба Мозандарон низ бо ӯ ба банд 
Зи баҳри ҷаҳондор будам нажанд. 

Ҳама ҷой пешаш сипаҳбад будам, 
Агар нек будам, агар бад будам. 1 

Накардам сипаҳро ба ҷое яла, 

На аз ман касе кард ҳаргиз гила. 

Кунун шоҳ сер омад аз тоҷу ганҷ, 
Ҳаме бугзарад з-ин сарои сипанҷ. 

3060 Чӣ фармоиям, 2 чист нерӯи ман 
Ту донӣ ҳунарҳову оҳуи ман?» 

Чунин дод посух бад-ӯ шаҳрёр, 

Ки «Беш аст аз ин ранҷат аз рӯзгор. 

Ҳаме бош бо ковиёнӣ дурафш, 

Ту бошӣ сипаҳдори зарринакафш. 

Бад-ин сар 3 зи гетӣ Хуросон турост, 
Аз ин номдорон тан осон турост. 

Навиштанд аҳде бар ин ҳам 4 нишон, 5 
Ба пеши бузургону 6 гарданкашон. 7 


1. ИЛМ-б. 3061-3062 нест. 

2. ИЛ- фармоядам. 

3. И-Бар ин мар. 

4. И-он сон. 

5. Л-бад-он анҷуман. 

6. И-Ки буданд мардони. 

7. Л-Ки буданд гурдони лашкаршикан. 


13 


3065 Ниҳода ба қиртос - бар* 1 муҳри зар, 

Яке тавқи заррину зарринкамар. 

Бад-ӯ доду кардаш басе офарин, 

Ки аз ту мабодо дилам 2 пур зи кин. 

ДОДАНИ КАЙХУСРАВ ПОДШОҲӢ БА ЛӮҲРОСП 

Зи кори бузургон чу пардахт шуд, 
Шаҳаншоҳ аз он пас сӯи тахт шуд. 

Аз он меҳтарон номи Лӯҳросп монд, 

Ки аз дафтари шоҳ кас барнахонд. 

Ба Бежан бифармуд, то бо кулоҳ 
Биёвард Лӯҳроспро назди шоҳ. 

3070 Чу дидаш ҷаҳондор, бар пой ҷаст, 

Бар ӯ офарин карду букшод даст. 

Фуруд омад аз номвар тахти оҷ, 

Зи сар баргирифт он дилафрӯз тоҷ. 

Ба Лӯҳросп биспурду кард офарин 
Ҳама подшоҳии Эронзамин, 

Ки «Ин тоҷи ту бар ту фархунда бод, 

Ҷаҳон сар ба сар пеши ту банда бод! 

Супурдам туро 3 тоҷи шоҳиву ганҷ 
Аз он пас, ки бурдам 4 басе дарду ранҷ. 

3075 Магардон забон з-ин сипас ҷуз ба дод, 

Ки аз дод бошӣ ту пирӯзу шод. 

Макун девро ошно бо равон, 

Чу хоҳӣ, ки бахтат бимонад ҷавон. 


1. М-бар ахд-бар. 

2. Л-диле. 

3. ИЛ-бе ту. 

4. ИЛ-дидам. 


14 


Хирадманд бошу беозор бош, 
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош!» 

Ба эрониён гуфт, к-«Аз бахти ӯй 1 
Бибошед шодондил аз тахти ӯй. 

Шигифт андар ӯ монда эрониён, 
Барошуфт ҳар як чу шери жиён. 

3080 Ҳаме ҳар касе дар шигифтӣ бимонд, 
Ки Лӯҳроспро шоҳ боист хонд. 

Аз эрониён 2 Зол бар пой хост, 

Бигуфт, он чи будаш ба дил рой рост. 

Чунин гуфт, к-«Эй шаҳрёри баланд, 
Сазад, гар кунӣ хокро арҷманд. 

Сари бахти он кас пур аз хок бод, 
Даҳони варо заҳр тарёк бод, 

Ки Лӯҳроспро шоҳ хонад ба дод, 

Зи бедод ҳаргиз нагирем ёд. 

3085 Ба Эрон чу омад ба назди Зарасп, 
Фурӯмояе дидамаш бо як асп. 

Ба ҷанги Алонон фиристодияш, 
Сипоҳу дурафшу 3 камар додияш. 

Нажодаш надонам, надидам ҳунар, 
Аз ин гуна нашнидаам тоҷвар. 

Зи чандин бузургони хусравнажод 
Наёмад касе бар дили шоҳ ёд». 

Чу Дастони Сом ин суханҳо бигуфт, 
Шуданд анҷуман бо сухангӯй ҷуфт. 


1 . И-бибошад; Л-бахти ту бошад. 

2. И-зи пеши ялон. 

3. Л-дирафшу кулоҳу. 


15 


3090 Хуруше баромад аз эрониён, 

К-аз ин пас набандем, шоҳо, миён. 

Наҷӯем кас разм дар корзор 
Чу Лӯҳроспро баркашад шаҳрёр. 

Чу бишнид Хусрав зи Дастон сухун, 
Бад-ӯ гуфт: «Маштобу тундӣ макун, 

Ки ҳар кас, ки бедод гӯяд ҳаме, 

Ба ҷуз дуди 1 оташ наҷӯяд ҳаме, 2 

Ки напсандад аз мо бадӣ кардгор, 
Бупечад бад аз гардиши рӯзгор, 

3095 Ки Яздон касеро кунад некбахт, 
Сазовори шоҳиву зебои тахт, 

Ки дин дораду шарму фарру нажод, 
Бувад роду пирӯзу аз дод шод. 

Ҷаҳонофарин бар забонам гувост, 

Ки гашт ин ҳунарҳо ба Лӯҳросп рост. 

Набера ҷаҳондори Ҳушанг ҳаст 
Ҳамон роду* 3 бинодилу покдаст. 

Зи тухми Пашин асту аз Кайқубод 
Диле пур зи дониш, саре пур зи дод. 4 

3100 Паи ҷодувон бугсилонад зи хок, 
Падид оварад роҳи Яздони пок. 

Замона ҷавон гардад аз панди ӯй, 

Бар ин ҳам бувад пок фарзанди ӯй. 


1. ИЛ-дудаз. 

2. ТПЗ - Бибояд бад-ин кор хушнуд буд, 

Куҷо равшанӣ беҳтар аз тира дуд. 

3. М-Хирадманду. 

4. ИЛМ -б. 3099 нест. 


16 


Маро гуфт Яздон бад-у кун ту руй, 
Накардам ман ин ҷуз ба фармони ӯй. 1 

Ба шоҳӣ бар ӯ офарин густаред, 

В-аз ин панди бомеҳри ман магзаред. 

Ҳар он кас к-аз андарзи ман даргузашт, 
Ҳама ранҷи ӯ пе ттт и ман бод гашт. 

3105 Чунин ҳам зи Яздон бувад носипос, 

Ба дил-ш андарояд зи ҳар сӯ ҳарос». 

Чу бишнид Зол ин суханҳои пок, 
Биёзиду ангушт барзад ба хок. 

Биёлуд лабро ба хоки сиёҳ, 

Ба овоз Лӯҳроспро хонд шоҳ. 

Ба шоҳи ҷаҳон гуфт: Хуррам бадӣ, 
Ҳамеша зи ту дур дасти бадӣ. 

Кӣ донист ҷуз шоҳи пирӯзу род, 

Ки Лӯҳросп дорад зи шоҳон нажод? 2 

3110 Ки 3 савганд хӯрдам ба хоки сиёҳ, 

Лаб олуда шуд, машмар он аз гуноҳ». 

Бузургон-ш гавҳар барафшонданд, 

Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хонданд. 

Чу аз кори Лӯҳросп пардохт шоҳ, 

Аз он пас нигаҳ кард кори сипоҳ. 4 

Ба эрониён гуфт фархунда шоҳ, 

Ки «Фардо шуморо ҳам ин аст роҳ.* 5 


1. ИЛМ-б. 3102 нест. 

2. И-б. 3109 нест. 

3. ИЛМ-Чу. 

4. Л-б. 31 12 нест. И-б. 31 1 1 нест. 

5. М- Ки падруд бод ин дилафрӯз гоҳ. 


17 


Чу ман бугзарам з-ин фурумоя хок, 
Шуморо бихоҳам зи Яздони пок». 

3115 Ба падруд кардан рухи ҳар касе 
Бибӯсид бо оби мижгон басе. 

Ялонро ҳама пок дар бар гирифт, 

Ба зорӣ хурӯшидан андаргирифт. 

Ҳаме гуфт: «Эй кош, к-ин 1 анҷуман 
Тавонистаме бурд бо хештан». 

Хурӯше баромад зи эронсипоҳ, 

Ки хуршед бар чарх гум кард роҳ. 

Паси пардаҳо кӯдаку марду зан 
Ба кӯю ба бозору бар анҷуман, 

Хурӯшидану нолаву оҳ буд, 

Ба ҳар барзане мотами шоҳ буд. 

Сарон сар ниҳоданд яксар ба хок, 
Ҳама ҷомаҳо карда з-ин дард чок. 

Замин сар ба сар ларза андаргирифт. 
Бузургон аз ин монда андар шигифт. 2 

3120 Ба эрониён он замон гуфт шоҳ: 

«Кунед андар ин панд як-як нигоҳ. 

Ҳар он кас, ки доред фарру нажод, 

Ба доди Худованд бошед шод! 

Ман акнун равонро ҳаме парварам, 
Ки бар некномӣ ҳаме бугзорам. 3 

Набастам дил андар сипанҷӣ сарой, 
Бад-он то Суруш омадам раҳнамой». 


1. ИЛ-боре ман. 

2. ИЛМ- 3118 нест. 

3. И-б. 3121, 3122 нест. 


18 


Бигуфт ину Шабранги беҳзод 1 хост, 
В-аз он лашкар овози фарёд хост. 

3125 Биёмад ба айвони шоҳӣ дижам, 

Ба озодсарв андаровард хам. 

ПАДРУД КАРДАНИ КАЙХУСРАВ БА 
КАНИЗАКОНИ ХУД 

Канизак будаш чор чун чун офтоб, 
Касе рӯи эшон надида 2 ба хоб. 

Зи парда бутонро бари хеш хонд, 

Ҳама рози дил пеши эшон биронд, 

Ки «Ман рафтаниям зи ҷои сипанҷ, 
Шумо дил мадоред бо дарду ранҷ. 

Набинед ҷовид аз ин пас маро, 

Аз ин хоки бедодгар бас маро. 

3135 Сӯи довари пок хоҳам шудан, 

Набинам ҳаме роҳи боз омадан. 3 

Бишуд ҳуш аз он чор хуршедчеҳр, 
Хурӯшон шуданд аз ғами 4 дарду меҳр. 

Шахуданд рӯю биканданд мӯй, 
Гусистанд перояи рангу бӯй. 

В-аз он пас ҳар он кас, ки омад ба ҳуш, 
Чунин гуфт бо нолаву бо хурӯш, 

Ки «Моро бубар з-ин сипанҷӣ сарой, 
Ту бош андар ин некуӣ раҳнамой». 


1 . Л-в-аз пайкор асп. 

2. ИЛ-Надидӣ яке ҷирми ӯро. Надида. 
1 . М-Ки фардо шуморо ҳамин аст роҳ. 

3. Л-б. 3020 нест. 

4. ИЛ-ғаму. 


19 


3140 Бад-эшон чунин гуфт пурмоя шоҳ, 

Ки «Биспард хоҳед аз ин гуна роҳ. 

Куҷо хоҳарони ҷаҳондор Ҷам, 

Куҷо номдорони 1 бободу дам? 

Куҷо модарам - духти Афросиёб, 

Ки бугзашт аз он сӯи Ҷайҳун бар об? 

Куҷо духтари Тур - Моҳофарид, 

Ки чун ӯ кас андар замона надид. 

Ҳама хок доранд болину хишт, 
Надонам ба дӯзах-даранд, аз 2 биҳишт. 

3145 Чи афсар ниҳӣ бар сарат-бар, чи тарг, 
Бар ӯ бугзарад чангу дандони марг. 

Ба некӣ бибояд тан оростан, 

Ки некӣ нашояд зи кас хостан. 3 

Маҷӯед аз ин рафтан озори ман, 

Ки равшан* 4 шавад роҳи дидори ман». 

Хурӯшиду Лӯҳроспро пеш хонд, 

В-аз эшон фаровон суханҳо биронд. 

Ба Лӯҳросп гуфт «Ин бутони мананд, 
Фурӯзандаи бӯстони мананд. 

3 1 50 Бад-ин ҳам нишасту бад-ин ҳам сарой 
Ҳаме дорашон, то ту бошӣ ба ҷой. 


1. И-тоҷдорони. 

2. И-ё. 

3. ТПЗИ - Замин гар кушода кунад рози хеш, 

Намояд саранҷому оғози* хеш. 
Канораш пур аз тоҷдорон бувад. 
Бараш пур зи хуни саворон бувад. 
Пур аз марди доно бувад доманаш, 
Пур аз хун рухи хоку пероҳанаш.** 
* И-Бипоймояд андозаи кори, ** Б, охир дар «т» нест. 

4. М-осон. 


20 


Набояд, ки Яздон чу хонад-т пеш, 

Равони ту шарм орад аз кори хеш. 

Чу бинӣ маро бо Сиёвуш ба ҳам, 

Зи шарми ду хусрав бимонӣ дижам». 

Пазируфт Лӯҳросп з-ӯ, ҳарчӣ гуфт, 

Ки «Чун дидашон дорам андар нуҳуфт». 

В-аз он ҷойгаҳ танг баста миён, 

Бигардид бар гирди эрониён, 

3155 К-«Аз эдар ба айвон хиромед зуд, 

Мадоред бар дил зи мо доғу дуд. 

Мабошед густох бо ин ҷаҳон, 

Ки ӯ тирагӣ* 1 дорад андар ниҳон. 

Мабошед ҷовид ҷуз роду шод, 

Зи ман 2 ҷуз ба некӣ магиред ёд. 

Ҳама шоду хуррам ба Яздон шавед, 3 
Чу рафтан бувад, шоду хандон шавед. 4 

Ҳама номдорони эронсипоҳ 
Ниҳоданд сар бар замин пеши шоҳ, 

3160 Ки «Мо панди шаҳро ба кирдори ҷон 
Бидорем, то ҷон бувад ҷовидон. 

РАФТАНИ КАЙХУСРАВ БА КӮҲ ВА НОПАДИД 
ШУДАН ДАР БАРФ 

Ба Лӯҳросп фармуд, то бозгашт, 

Бад-ӯ гуфт: «Рӯзи ман андаргузашт. 


1 . М-душманӣ. 

2. Л-мо. 

3. ИЛ-бувед. 

4. ИЛ-бувед. 


21 


Ту шав, тахти шоҳи ба оин бидор, 

Ба гетӣ ҷуз аз тухми некӣ макор. 

Ҳар он гаҳ ки бошӣ таносон зи ранҷ, 
Нанозӣ ба тоҷу нанозӣ ба ганҷ. 

Чунон дон, ки рӯзи ту торик шуд, 

Ба Яздон туро роҳ наздик шуд. 1 

3165 Ҳама дод ҷӯю ҳама дод кун, 

Зи гетӣ тани меҳтар озод кун». 

Фуруд омад аз асп Лӯҳросп зуд, 
Заминро бибӯсиду зорӣ намуд. 

Бад-ӯ гуфт Хусрав, ки «Падруд бош, 
Ба дод-андарун тору ҳам пуд бош!» 

Бирафтанд бо ӯ зи Эрон сарон, 
Бузургони бедору кундоварон. 

Чу Дастону Рустам, чу Гударзу Гев, 2 
Дигар Бежани гурду Густаҳми нев. 

3170 Ба ҳафтум Фарибурзи Ковус буд, 

Ба ҳаштум куҷо 3 номвар Тус буд. 

Ҳаме рафт лашкар гурӯҳогурӯҳ 
Зи ҳомун бишуд то сари теғи кӯҳ. 

Бибуданд як ҳафта, дам барзаданд, 
Яке бар лаби хушк нам барзаданд. 

Хурӯшону ҷӯшон 4 зи кирдори шоҳ, 
Касеро набуд сӯи он ранҷ роҳ. 


1. Л-б. 3048-3050 нест. 

2. И-Геву. 

3. И- дигар. 

4. И-печон. 


22 


Ҳаме гуфт ҳар мубаде дар нуҳуфт, 

К-аз ин сон сухан дар ҷаҳон кас нагуфт. 1 

3175 Чу хуршед бар зад сар аз теғи кӯҳ, 

Зи гетӣ биёмад зи ҳар сӯ гурӯҳ. 

Зану мард эрониён сад 2 ҳазор, 

Хурӯшон бирафтанд бо шаҳрёр. 

Ҳаме 3 кӯҳ пурнолаву пурхурӯш, 

Ҳаме санги хоро баромад ба чӯш. 

Ҳаме гуфт ҳар кас, ки «Шоҳо, чӣ буд, 

Ки равшан дилат шуд пур аз доғу дуд? 

Гар аз лашкар озор дорӣ ҳаме, 

Мар ин тоҷро хор дорӣ ҳаме, 

3 1 80 Бигӯю ту аз хоки Эрон марав, 

Ҷаҳони куҳанро макун шоҳи нав. 

Ҳама хок бошем аспи туро, 

Парастанда озаргушаспи туро. 4 

Куҷо шуд туро донишу рою ҳуш, 

Ки назди Фаридун наёмад суруш. 5 

Ҳама пеши Яздон ситоиш кунем, 

Ба оташкада-дар ниёиш кунем. 

Магар покяздон бубахшад ба мо, 

Дили мӯбадат бардурахшад ба мо». 

3185 Шаҳаншоҳ аз он кор хира бимонд, 

В-аз он анҷуман мӯбадонро бихонд. 


1. Л-б. 3059 нест. 

2. Л-се. 

3. ИЛ-ҳама. 

4. Л-б. 3181 нест. 

5. И-б. 3181 нест. 


23 


Чунин гуфт, к-«Эдар ҳама некуист, 
Бар ин некуиҳо набояд гирист. 

Зи Яздон шиносед яксар сипос, 
Мабошед ҷуз шоду 1 яздоншинос, 

Ки гирд омадан зуд бошад ба ҳам, 
Мабошед аз ин рафтани ман дижам. 

Бад-он меҳтарон гуфт: «Аз кӯҳсор 
Ҳама бозгардед бешаҳрёр, 

3190 Ки роҳи дароз асту беобу сахт, 

На бошад гиёҳу на барги дарахт. 

Ба омадшудан роҳ кӯтаҳ кунед, 
Равонро сӯи равшани раҳ кунед. 

Бар ин рег- бар нагзарад ҳар касе, 
Магар фарраву бурз дорад басе. 

Се гурди гаронмоя, гарданфароз, 
Шуниданд гуфтору гаштанд боз. 

Чу Дастону Рустам, чу Гударзи пир 
Ҷаҳонҷӯву бинандаву ёдгир. 

3195 Нагаштанд аз ӯ боз чун Тусу Гев, 
Ҳамон Бежану ҳам Фарибурзи нев. 

Бирафтанд як рӯзу як шаб ба ҳам, 
Шуданд аз биёбону хушкӣ дижам. 

Ба раҳ-бар яке чашма омад падид, 
Ҷаҳонҷӯй Кайхусрав он ҷо расид. 

Бари 2 оби равшан фуруд омаданд, 
Бихӯрданд чизеву 3 дам барзаданд. 


1. И-поку. 

2. И-Бад-он. 

3. И-якбора. 


24 


Бад-он марзбонон 1 чунин гуфт шоҳ, 
Ки «Им ттт аб наронем аз ин ҷойгоҳ. 

3200 Бигӯем кори гузашта басе, 

К-аз ин пас маро худ набинад касе. 

Чу хуршеди тобон барорад дурафш, 
Чу зароб гардад замини бунафш. 

Маро рӯзгори ҷудоӣ бувад, 

Магар бо суруш ошноӣ бувад. 

Аз ин роҳ агар бозгардад дилам, 
Дили тирагашта зи тан бугсилам». 

Чу баҳре зи тира шаб-андар чамид, 
Каи номвар пеши Яздон хамид. 

3205 Ба он оби равшан 2 сару тан бишуст, 
Ҳаме хонд андар ниҳон* 3 Занду Уст. 

Чунин гуфт бо номвар бихрадон, 

Ки «Бошед падруд то ҷовидон. 

Кунун чун барорад сипеҳр 4 офтоб, 
Набинед аз ин пас маро ҷуз ба хоб. 

Шумо низ фардо бар ин реги хушк 
Мабошед, агар борад аз абр мушк. 

Зи кӯҳ андарояд яке боди сахт, 

К-аз ӯ бугсилад шоху барги дарахт. 

3210 Биборад яке барф з-абри сиёҳ, 
Шумо сӯи Эрон наёбед роҳ». 


1 . Л-Ба эрониён пас. 

2. Л-об андаромад. 

3. М-бар хештан. 

4. ИЛ- сипон. 


25 


ҒАРҚ ШУДАНИ ПАҲЛАВОНОН ДАР 
МИЁНИ БАРФ 


Сари меҳтарон з-он сухан шуд гарон, 
Бихуфтанд бо дард кундоварон. 

Чу аз кӯҳ хуршед сар баркашид 
Зи ча ттт мн меҳон шоҳ шуд нопадид. 

Бигаштанд аз он ҷойгаҳ шоҳҷӯй, 

Ба регу биёбон ниҳоданд рӯй. 

Зи Хусрав надиданд ҷое нишон, 

Зи раҳ боз гаштанд чун беҳушон. 

32 1 5 Ҳама тангдил гаштаву тофта, 
Сипарда замин, шоҳ ноёфта. 

Хурӯшон бар он чашма боз омаданд, 
Пур аз ғам дилу бо гудоз 1 омаданд. 

Ҳаме дод шоҳи ҷаҳонро дуруд, 

Бари 2 об ҳар кас, ки омад фуруд. 

Фарибурз гуфт, он чи Хусрав бигуфт, 
Ки бо ҷони покаш хирад бод ҷуфт, 

Ялон пеши ӯ посух оростанд, 

Ба гуфтори ӯ дил наперостанд. 3 

3220 Замин гарму нарм асту равшан ҳаво, 
Бар ин мондагӣ нест рафтан раво. 4 

Чу осуда гардему чизе х(в)арем, 
Бихуспем бар чашма, пас бугзарем. 

Бари чашма яксар фуруд омаданд, 

Зи Хусрав ҳаме достонҳо заданд, 


1. ИЛ-пургудоз. 

2. И-Бад-он. 

3. И-б. 3219 нест. 

4. Л-б. 3219-3220 нест. 


26 


Ки чунин шигифти набинад касе 
В-агар дар замона бимонад басе. 

Чунин рафтани шоҳ кай дидаем, 

Зи гарданкашон низ нашнидаем. 

3225 Дареғ он баланд ахтару рои ӯй, 
Бузургиву дидору болои ӯй. 1 

Хирадманд аз ин кор хандон шавад, 
Ки зинда касе пеши Яздон шавад?! 2 

Кӣ донад зи гетӣ, ки ӯро чӣ буд, 

Чӣ гӯям, ки гӯш он наёрад шунуд. 

Бад-он номдорон чунин гуфт Гев, 

Ки «Хдргиз чун ӯ нашнавад гӯши нев. 

Ба мардиву бахшиш, ба доду ҳунар, 
Ба болову дидору ному гуҳар. 3 

3230 Ба разм-андарун пил буд бо сипоҳ, 

Ба базм-андарун моҳ буд бо кулоҳ». 

В-аз он пас бихӯрданд чизе ки буд, 

Зи хӯрдан сӯи хоб рафтанд зуд. 

Ҳамон гаҳ баромад яке боду абр, 
Ҳаво гашт бар сони чарми ҳижабр. 

Чу барф аз замин бодбон баркашид, 
Набуд найзаи номдорон падид. 4 


1 . ТПЗ - Дареғ он шаҳаншоҳи вологуҳар, 

Ба мардӣ зи шоҳон бароварда сар. 

2. И-б. 3111 нест. 

3. Л-б. 31 14 нест. 

4. ТПЗЛМ - Баромад яке тунд барфи гарон, 

Замин рост шуд аз карон то карон. 
Бибуданд бечора гурдони нев 
Чу Тусу чу Бежан, Фарибурзу Гев. 


27 


Якояк ба барф-андарун монданд, 
Надонам бад-он ҷой чун монданд. 

3235 Замоне тапиданд дар зери барф, 

Яке чоҳ шуд канда ҳар ҷои жарф. 

Намонд эч касро аз эшон тавон, 
Баромад ба фарҷом ширин равон. 

В-аз ин рӯй Рустам бар он кӯҳсор 
Ҳаме буд бо Золу чандин* 1 савор. 

Бар он кӯҳ буданд гирён се рӯз, 
Чаҳорум чу бифрӯхт гетифурӯз, 

Бигуфтанд, к-ин кор шуд бодиранг, 
Чунин чанд бошем бар кӯҳу санг. 

3240 Агар шоҳ гашт аз ҷаҳон нопадид, 

Чу боди ҳаво аз миён бардамид. 

Дигар номдорон куҷо рафтаанд, 
Магар панди Хусрав напазруфтаанд. 

Бибурданд як ҳафта бар бурзи кӯҳ, 
Сари ҳафта гаштанд яксар сутӯҳ. 

Бар эшон 2 ҳама зору гирён шуданд, 
Ки бар оташи тез 3 бирён шуданд. 

Ҳаме канд Гударзи Кашвод мӯй, 
Ҳаме рехт обу ҳаме хаст рӯй. 

3245 Ҳаме гуфт, ҳаргиз кас ин бад надид, 
Ки аз тухми Ковус бар ман расид. 

Набера, писар доштам лашкаре 
Ҷаҳондору бар ҳар саре афсаре. 


1 . М-Ҳамон Золу Г ударзу чанде. 

2. Л-Бад-он ғам. 

3. Л-Бад-он оташи дард. 


28 


Ба кини Сиёвуш ҳама кушта шуд, 
Ҳама дударо рӯз баргашта шуд.* 1 

Кунун дигар аз чашм шуд нопадид, 

Кӣ дид ин шигифтӣ, ки бар ман расид? 

Суханҳои дерина Дастон бигуфт, 

Ки бо доди Яздон хирад бод ҷуфт. 

3250 Магар бозгарданду ёбанд роҳ, 

Чу аз барф пайдо шавад шоҳроҳ. 

Нашояд бар ин кӯҳсар-бар будан, 
Хуриш нест, аз эдар бибояд шудан. 

Пиёда фиристем чанде ба роҳ, 

Биёбанд рӯзе нишони сипоҳ. 

Бирафтанд аз он кӯҳ гирён, бадард, 
Ҳаме ҳар касе аз касе ёд кард. 

Зи хешону фарзанду аз дӯстон, 

В-аз он шоҳ чун сарв дар бӯстон. 2 

3255 Ҷаҳонро чунин аст оину дин, 

Намондаст ҳамвора бар беҳгузин. 

Якеро зи хоки сияҳ баркашад, 

Якеро зи тахти каён даркашад. 

На з-ин шод бошад, на з-он дардманд, 
Чунин аст расми сипеҳри баланд. 

Куҷо он ялону каёни ҷаҳон, 

Аз андеша дил дур кун, то тавон. 


1. М-б. 3248 нест. 

2 . ТПМ - Пиёда бирафтанду дидандашон, 

Аз он ҷойгаҳ баркашидандашон, 
Бад-он ҳол бурдандашон боз шаҳр, 
Аз он меҳтароншон чунин буд баҳр. 
Аз он ҳар яке дахмае сохтанд, 

Пас аз сӯги эшон бипардохтанд. 


29 


ОГОҲИ ЁФТАНИ ЛУҲРОСП АЗ НОПАДИД 
ШУДАНИ КАЙХУСРАВ 

Чу Лӯҳросп огаҳ шуд аз кори шоҳ 
Зи лашкар, ки буданд бо ӯ ба роҳ. 

3260 Нишаст аз бари тахт бо тоҷи зар, 
Бирафтанд гурдони зарринкамар. 

Нишастанд ҳар кас, ки пурмоя буд, 

В-аз он номдорон гаронсоя буд. 

Нигаҳ кард Лӯҳросп, бар пой хост, 

Ба хубӣ биёрост гуфтори рост. 

Ба овоз гуфт: «Эй сарони сипоҳ, 

Шунида ҳама панду андарзи шоҳ. 

Ҳар он кас, ки аз тахти ман нест шод, 
Надорад ҳаме панди Хусрав ба ёд. 

3265 Ба мо 1 ҳар чи фармуду гуфт, он кунам, 
Бикӯшам ба некиву фармон кунам. 

Шумо низ аз андарзи ӯ даст боз 
Мадореду аз ман мапӯшед роз. 

Гунаҳгор бошад ба Яздон касе, 

Ки андарзи шоҳон нахонад басе. 

Баду нек аз ин ҳарчи доред ёд, 

Саросар ба ман-бар 2 бибояд кушод». 

Чунин дод посух варо пури Сом, 

Ки «Хусрав туро шоҳ бурдаст ном. 

3270 Пазируфтаам панду андарзи ӯй, 

Наёбад гузар пой аз марзи ӯй. 


1. ИЛМ-маро. 

2. И-саранҷом бар ман. 


30 


Ту шоҳиву мо яксара меҳтарем, 

Зи рою зи фармони ту нагзарем. 

Ману Рустами зобулӣ ҳар кӣ ҳаст, 

Зи меҳри ту ҳаргиз нашӯем даст. 

Ҳар он кас, ки ӯ ҷуз бар ин раҳ бувад, 
Зи некӣ варо даст кӯтаҳ бувад». 

Чу Лӯҳросп гуфтори Дастон шунид, 
Бар ӯ офарин карду дар бар кашид. 

3275 Чунин гуфт, к-аз дод в-аз ростӣ 
Мабодо шуморо каму костӣ, 

Ки Яздон шуморо бад-он офарид, 

Ки ранҷу бадиҳо шавад нопадид. 

Ҷаҳондори некахтари некрӯз 1 
Шуморо супурд он замон Нимрӯз. 

Кунун подшоҳӣ ҷуз он ҳам чӣ ҳаст, 
Бигиред чандон, ки бояд ба даст. 

Маро бо шумо ганҷ бахшида нест, 
Тану дудаву подшоҳӣ якест». 

3280 Ба Гударз гуфт: «Он чи дорӣ ниҳон, 
Бигӯ аз дил, эй паҳлавони ҷаҳон». 

Бад-ӯ гуфт Гударз: «Ман як танам, 

Ки бе Геву Баҳрому бе Бежанам». 

Чу аз дарди он дуда омад ба чӯш, 
Чунин гуфт бо нолаву бо хурӯш: 

«Дареғо, гаво, геви рӯинтано, 
Ҷаҳондору* 2 шамшерзан Бежано!» 3 


1 . ИЛ- шодрӯз. 

2. М- Ҷаҳонҷӯю. 

3. ТПЗ - Дареғ он ҳама пок фарзанди ман, 

Дареғ он ҳама хуб дилбанди ман. 


31 


Бигуфт ину ҷома зи сар то ба пой 
Бидаррид чиниву румӣ қабой. 

3285 Ба озодагон пир Гударз гуфт, 

Ки «Фаррух касе к-аш бувад хок ҷуфт. 1 

Бар онам саросар, 2 ки Дастон бигуфт, 
Аз ӯ ман надорам сухан дар нуҳуфт. 3 

Туӣ шоҳу мо сар ба сар кеҳтарем, 

Зи паймону фармони ту нагзарем». 

Ҳама меҳтарон хонданд офарин, 

Ба фармон ниҳоданд сар бар замин. 

Зи гуфтори эшон дилаш тоза гашт, 
Биболиду бар дигар андоза гашт. 4 

3290 Гузидаш яке рӯзи фархундатар, 

Ки то барниҳад тоҷи шоҳӣ ба сар. 

Чунон чун Фаридуни фаррухнажод 
Маҳи меҳргон тоҷ бар сар ниҳод. 

Бад-он меҳрмоҳи гузин рӯзи меҳр, 

Ки зӣ ростӣ рафт меҳри сипеҳр, 

Биёрост айвони кайхусравӣ, 

Барафрӯхт Эрон бад-ӯ аз навӣ. 

Чунин аст гетӣ фарозу нишеб, 

Яке шодмон, дигаре бо ниҳеб. 


1. Л-3283-3285 нест. 

2. И- Ки ман ҳам бар онам. 

3. Л-пас аз б. 3286 ин б. омада: 

Чунон ҳам, ки бо шоҳ гуфтам нахуст, 
Бад-ин моя нашкаст аҳди дуруст. 

4. ТПЗ - Чу андозаи кори худро шинохт, 

Яке тоҷи заррини навро бисохт; 

И - пас б. 3289 ин б. омада; 

Гаронмоя Лӯҳросп ором ёфт, 
Хирадмоя доно бад-он ром ёфт. 


32 




3295 Аз у шодмони в-аз у дардманд, 

Бибояд гусист аз чиву чуну чанд. 

Аз ин кори Хусрав чу берун шудем, 

Сӯи кори 1 Лӯҳросп боз омадем. 2 

Кунун тоҷу авранги Лӯҳроспшоҳ 
Биёрояму барнишонам ба гоҳ. 

Ба пирӯзии шаҳрёри баланд, 

К-аз ӯяст уммеду бими газанд. 

Ба некӣ расонад дили дӯстон, 

Газанд ояд аз вай ба норостон. 3 

3300 Ҷаҳонро чунин аст оину сон, 

Бигардад ҳамин 4 з-он бадин, з-ин бад-он. 

Дили зангхӯрда зи талхӣ сухан 
Бубаррад аз ӯ занг бода куҳан. 

Чу пирӣ дарояд зи ногаҳ ба мард, 
Ҷавонаш кунад бодаи сол(х)вард. 

Ба бода-дарун гавҳар ояд падид, 

Ки фарзонагавҳар бувад ё палид. 

Чу баддил* 5 хӯрад мард, гардад далер, 
Чу рӯбаҳ хӯрад, гардад ӯ тундшер. 

3305 Або он ки гавҳар ту орӣ падид, 

Дари бастаро худ ту бошӣ калид. 6 


1 . Л-гоҳи. 

2. И-б. 3290-3296 нест. 

3. ТПЗ - Бад ин пир бодо дилаш меҳрбон, 
Ки бар офариниш кушояд забон. 

ҳаме. 

-Дили бастаро бода бошад калид. 

-бедил. 

б. 3302-3305 нест; И-б. 3298-3305 нест: 
ТПЗМ- Чу ғамгин хӯрад, шодмона шавад, 
Ба рухсор чун нордона шавад. 


33 


^2 


ПОДШОҲИИ ЛУҲРОСП 

САДУ БИСТ СОЛ БУД 


ОТАШКАДА СОХТАНИ ЛУҲРОСП БА БАЛХ 

Чу Лӯҳросп биншаст бар тахти оҷ,* 1 
Ба сар барниҳод он дилафрӯз тоҷ, 2 * 3 

Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт, 

Ниёиш варо дар физоиш гирифт. 

Чунин гуфт, к-аз довари додпок 
Пуруммед бошеду ботарсу бок. 

Нигорандаи чархи гарданда ӯст, 
Физояндаи фарраи банда ӯст. 

5 Чу дарёву кӯҳу замин офарид, 

Баланд осмон аз бараш баркашид. 

Яке тез гардону дигар ба ҷой, 

Ба ҷунбиш надодаш нигоранда пой. 

Чу чавгон фалак, мо чу гӯ дар миён, 

Ба ранҷем аз дасти суду зиён.* 4 

Ту шодондилу марг чанголтез 
Нишаста чу шери жиён пурситез. 

Зи озу фузунӣ ба як сӯ шавем, 

Ба нодонии хеш хасту шавем. 


Ҳар он кас, ки гирад мар ӯро ба чанг, 
Нахоҳад ҷуз аз ромишу ною чанг. 

Зи ман достон хоҳӣ аз достон, 

Зи гуфтору кирдори он ростон. 

Кунун бишнав аз марди деҳқони пир, 
Суханҳо ҳама як ба як ёд гир. 

-дод. 

Чунон чун Фаридуни фаррухнажод 
Бар ин меҳргон тоҷ бар сар ниҳод. 

- Ба шоҳаншаҳӣ тоҷ бар сар ниҳод. 

- б. 7 нест. 


34 


1 0 Аз ин тоҷи шоҳиву тахти баланд 
Наҷӯям ҷуз аз доду орому панд. 

Магар баҳрамон з-ин сарои сипанҷ 
Наёяд ҳаме кину нафрину ранҷ. 1 

Ман аз панди Кайхусрав афзун кунам, 
Зи дил кинаву оз* 2 берун кунам. 

Бисозед в-аз дод бошед шод, 

Таносону аз кин магиред ёд. 

Меҳони ҷаҳон офарин хонданд, 

Варо шаҳрёри замин хонданд. 

1 5 Г аронмоя Лӯҳросп ором ёфт, 

Хирад мояву ком пидром ёфт. 

В-аз он пас фиристод касҳо ба Рум, 

Ба Ҳинду ба Чину ба обод бум. 

Зи ҳар марз ҳар 3 кас, ки доно буданд, 
Ба ҳар кори некӯ тавоно буданд, 

Зи ҳар кишваре баргирифтанд роҳ, 
Расиданд яксар ба даргоҳи* 4 шоҳ. 

Бибуданд бекор чанде ба Балх, 

Зи дониш чашиданд ҳар шӯру талх. 

20 Яке шорсоне баровард шоҳ 
Пур аз барзану кӯю бозоргоҳ. 

Ба ҳар барзане ҷои ҷашни сада, 

Ҳама гирд бар гирд 5 оташкада. 


1 . Л - Магар баҳрае з-ин сипанҷи сарой 

Набояд магар дониш (у) пок рой. 

2. М-рашк. 

3. ИЛМ - ба паймон-ш андар. 

4. М- Бирафтанд пӯён ба наздики. 

5. ЛМ -Ҳаме кард бар гирдаш. 


35 


Яке озаре сохт, Барзин ба ном, 

Ки буд бо бузургиву бо фарру ком. 1 

РАФТАНИ ГУШТОСП АЗ ПЕШИ 
ЛӮҲРОСП БА ХАШМ 

Ду фарзанд будаш ба сони ду моҳ 
Сазовори шоҳиву тахту кулоҳ. 

Яке ном Гуштосп, дигар Зарир, 

Ки 2 зер оваридӣ сари наррашер. 3 

25 Гузашта ба ҳар донише аз падар, 

Зи лашкар ба мардӣ бароварда сар. 

Ду шоҳи сарафрозу ду некпай 
Набера ҷаҳондори Ковуси Кай. 

Бад-эшон будӣ ҷони Лӯҳросп шод 
В-аз эшон накардӣ зи Гуштосп ёд. 

Аз он кор Гуштосп ношод буд, 

Ки Луҳроспро сар пур аз бод буд. 4 

Чунин то баромад бар ин рӯзгор, 
Пур аз дард Гуштосп аз шаҳрёр. 

30 Чунон буд, ки дар Порс як рӯз тахт 
Ниҳоданд зери гулафшон дарахт. 

Бифармуд Лӯҳросп, то меҳтарон 
Бирафтанд чанде зи лашкар сарон. 

Ба хон-бар яке ҷоми май хостанд, 
Дили шоҳи гетӣ биёростанд. 5 


1. Л -б. 22 нест. 

2. Л-Ба. 

3. И - б. 24, 25 нест. 

4. Л -байти 28 нест. 

5. И - б. 32 нест. 


36 


222 


Чу Гуштосп май хурд, бар пой хост, 
Чунин гуфт, к-«Эй шоҳи бододу рост, 


Ба шоҳи нишасти ту фархунда бод, 
Ҳамон ҷовидон номи ту зинда бод. 

35 Туро дод Яздон кулоҳу камар, 

Дигар тоҷи Кайхусрави додгар. 

Кунун ман яке бандаам бар дарат, 
Парастандаи афсару ахтарат. 

Надорам касеро зи мардон ба мард, 
Ки пеши ман ояд ба рӯзи набард. 

Магар Рустами Золи Соми савор, 

Ки бо ӯ насозад касе корзор. 

Чу Хусрав зи гетӣ пурандеша гашт, 
Туро дод тоҷу худ андаргузашт. 

40 Г ар эдун, ки ҳастам зи озодагон, 

Маро ном кун тоҷу тахти* 1 каён. 

Чунин ҳам бувад пеши ту бандавор, 
Ҳаме бошаму хонамат шаҳрёр». 

Ба Гуштосп гуфт: «Эй писар, гӯш дор, 
Ки тундӣ на хуб ояд аз номдор. 

Чу андарзи Кайхусрав орам ба ёд, 

Ту бишнав, магар сар напечӣ зи дод. 

45 Маро гуфт он додгар шаҳрёр, 

Ки гар ҷӯ бувад пеши* 2 боғи баҳор, 

Агар* 3 об ёбад, банерӯ шавад, 

Ҳама боғ аз ӯ пур зи оҳу шавад. 


- Мон бар тахту тоҷи. 

- Яке чӯй бошад ба. 

- ки чун. 


37 


Ҷавони ҳануз, ин баланди маҷуй, 
Суханро бисанҷу ба андоза гӯй». 

Чу Гуштосп бишнид, дил пур зи дард 
Биёмад зи пеши падар рӯйзард. 

Ҳаме гуфт: «Бегонагонро навоз, 

Чунин бошу бо зода ҳаргиз масоз» 

Зи лашкар варо буд сесад савор, 

Ҳама гурду шоистаи корзор. 

50 Фуруд омаду кеҳтаронро бихонд, 

Ҳама рози дил 1 пеши эшон биронд, 

Ки имшаб ҳама сози рафтан кунед, 
Дилу дида з-ин боргаҳ барканед. 

Яке гуфт аз эшон, ки «Роҳат куҷост, 

Чу бардорӣ, оромгоҳат куҷост?» 

Чунин дод посух, ки «Дар Ҳиндувон 
Маро шоҳ дорад ба* 2 равшанравон. 

Яке нома дорам ман аз шоҳи Ҳинд, 
Навишта зи мушки сияҳ бар паринд, 

55 Ки гар зӣ ман оӣ, яке кеҳтарам, 

Зи фармону паймони ту нагзарам». 3 

Чу шаб тира шуд, бо сипаҳ барнишаст, 
Ҳаме рафт ҷӯшону гурзе ба даст. 

Ба шабгир Лӯҳросп огоҳ шуд, 

Ғамӣ гашту шодиш кӯтоҳ шуд. 


1. Ирозҳо. 

2. М - шод доранду. 

3. Л -б. 54, 55 нест. 


38 


222 


Зи лашкар ҷаҳондидагонро бихонд, 
Ҳама гуфтанӣ 1 пеши эшон биронд. 

«Бубинед, - гуфт, - ин ки Гуштосп кард, 
Дилам кард пурдарду сар пур зи гард. 

60 Бипарвардамаш, то баровард ёл, 

Шуд андар ҷаҳон сар ба сар* 2 беҳамол. 

Бад-он гаҳ ки гуфтам, ки омад ба бор, 

Зи боғи ман овора шуд мевадор». 

Бигуфту пурандеша биншаст дер, 
Бифармуд, то пеши ӯ шуд Зарир. 

Бад-ӯ гуфт: «Бугзин зи лашкар ҳазор 
Саворони гурд аз дари корзор. 

Бирав тез бар сӯи Ҳиндустон, 

Мабодо бару буми ҷодуситон.» 

65 Сӯи Рум Густаҳми Нӯзар бирафт, 

Сӯи Чин Гуроза гурозид тафт. 

БОЗОМАДАНИ ГУШТОСП БО ЗАРИР 

Ҷаҳонҷӯй Гуштосп пуроб ча ттт м 
Ҳаме ронд пеш - андарун пур зи* 3 хашм. 

Ҳаме тохт* 4 , то пеши Кобул расид, 
Дарахту гулу сабзаву об дид. 

Бад-он ҷои хуррам фуруд омаданд, 
Бибуданд як рӯзу дам барзаданд. 

Ҳама кӯҳсорон-ш нахчир буд, 

Ба ҷӯй обҳо чун маю шир буд. 


1 . ИМ -Ҳаме буданӣ. 

- номвар. 

- Диле пур зи кину пур аз тобу. 

- Ҳаме рафт. 


39 




70 Шаби тира май хост аз майгусор, 
Бибурданд шамъ аз дари* 1 ҷӯйбор. 

Чу бифрӯхт аз кӯҳ гетифурӯз, 
Бирафтанд аз он беша бо бозу юз. 

Ҳаме тохт тез аз паси ӯ Зарир, 

Ба ҷое замоне наёсуд 2 дер.* 3 

Чу овози аспон баромад зи роҳ, 
Бирафтанд гурдон зи нахчиргоҳ. 

Чу бинҳод Гуштосп гӯш андар он, 
Чунин гуфт бо номвар меҳтарон, 

75 Ки «Ин ҷуз ба овози аспи Зарир 
Намонад, ки ӯ дорад овои шер. 

Ба танҳо наёмад,* 4 гар ӯ омадаст, 

Ки бо лашкари ҷангҷӯ омадаст». 

Ҳанӯз андарин буд, ки гарде бунафш 
Падид омаду пилпайкар дурафш. 

Зарири сипаҳбад ба пеши сипоҳ 
Чу боди дамон андаромад зи роҳ. 

Чу Гуштоспро дид, гирён бирафт, 
Пиёда бад-ӯ рӯй бинҳод тафт. 

80 Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт, 

Ба пеши бародар ниёиш гирифт. 


- бари. 

- Замоне наёсуд як ҷой. 

- танҳо. 

- Пас аз б. 71 ин б. омада: 

Яла карда аспон диловар савор, 
Басе хуфтагон бар лаби ҷуйбор. 

4. М -баромад. 


40 


222 


Гирифтанд мар якдигарро канор, 
Бирафтанд гирён* 1 дар он марғзор. 

Зи лашкар ҳар он кас, ки буд пешрав, 
Варо хондӣ шоҳ Гуштосп гав. 

Бихонданду наздик биншонданд, 

Зи ҳар ҷойгоҳе сухан ронданд. 

Чунин гуфт аз эшон яке номвар 
Ба Гуштосп, к-«Эй гурди зарринкамар, 

85 Ситорашиносон аз эронгурӯҳ 

Ҳар он кас, ки дидем* 2 донишпижӯҳ, 

Ба ахтар-т гӯянд Кайхусравӣ, 

Ба шоҳӣ бар он пойгаҳ* 3 бар шавӣ. 

Кунун кеҳтари шоҳи Ҳиндустон 
Бибошӣ, набошем ҳамдостон. 

Аз эшон касе нест яздонпараст, 

Яке ҳам надоранд бо шоҳ даст. 

Нигар, то писанд ояд андар хирад 
Куҷо ройро шоҳ фармон барад? 

90 Туро аз падар сар ба сар некуист, 

Надонам, ки озурдан аз баҳри чист?» 4 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Эй номҷӯй, 
Надорем назди падар обрӯй. 

Ба ковусиён дорад* 5 ӯ некувӣ 
Бузургиву ҳам афсари хусравӣ. 


- нишастанд шодон. 

- донем. 

- ба тахти меҳӣ. 

4. ТПЗ - Чу бишнид Гуштосп, бигрист зор, 

Биборид аз дида хун бар канор. 

5. М-хоҳад. 


41 


Марову туро назди у ҷой нест, 

Беҳ аз бандагӣ карданаш рой нест. 

Зи баҳри ту ман боз гардам кунун, 

Зи Лӯҳросп дорам дили пур зи хун. 

95 Агар тоҷи Эрон супорад ба ман, 

Парастиш кунам чун бутонро шаман. 

В-агарна набошам ба даргоҳи ӯй, 
Нагардад дилам равшан аз моҳи ӯй. 1 

Ба ҷое шавам, к-ам наёбанд низ, 

Ба Лӯҳросп монам ҳама марзу чиз». 

Бигуфт ину баргашт аз он марғзор, 
Биёмад бари номвар шаҳрёр. 

Чу бишнид Лӯҳросп бо меҳтарон, 
Пазира шудаш бо сипоҳи гарон. 

100 Ҷаҳонҷӯй рӯи падар дид боз, 

Фуруд омад 2 аз аспу бурдаш намоз. 

Варо танг Лӯҳросп дар бар гирифт, 
Бад-он пӯзиш осоиш андаргирифт, 

Ки тоҷи ту тоҷи сари моҳ бод, 

Зи ту девро даст кӯтоҳ бод! 

Ки ҳазмон биёмӯзадат роҳи бад 
Чу дастури бад дар бари шоҳи бад. 

Зи шоҳӣ маро номи тоҷ асту тахт, 
Туро мӯҳру паймону фармону бахт. 

105 Варо гуфт Гуштосп, к-«Эй шаҳрёр, 
Манам бар дарат чун яке пешкор. 


1. Л -б. 96 нест. 

2. И -Пиёда -шуд. 


42 


Агар кам куни ҷоҳ, фармон 1 кунам, 

Ба паймони ту дил* 2 гаравгон кунам». 3 

Бузургон, ки буданд бо ӯ ба роҳ, 
Бирафтанд шодон ба айвони шоҳ. 

Биёрост айвони гавҳарнигор, 
Ниҳоданд хону маи хушгувор. 

Яке ҷашн карданд, к-аз чарх моҳ 
Ситора биборид бар пешгоҳ. 

110 Чунон шуд зи мастӣ, ки ҳар меҳтаре 
Ниҳоданд аз гул ба сар афсаре. 4 

Ба ковусиён буд Лӯҳросп шод, 

Ҳамеша зи Кайхусраваш буд ёд. 

Ҳаме рехт аз дард Гуштосп хун, 

Ҳаме гуфт ҳар гуна бо раҳнамун. 

Бад-ӯ гуфт: «Ҳарчанд кӯшам ба рой, 
Наёрам ҳаме чораи ин ба ҷой. 

Агар бо саворон шавам, меҳтаре 
Фиристад падар низ бо лашкаре. 

115 Ба чора зи раҳ бозгардонадам, 

Басе хоҳишу пандҳо ронадам. 

Чу танҳо равам, нанг дорам ҳаме 
Зи Лӯҳросп дил танг дорам ҳаме. 


1 . И -Ба ҳарч-ам ту фармондиҳӣ он. 

2. М - паймон равонро. 

3. И -пас аз б. 106 ин б. омада: 

Ту шоҳиву парвардгори манӣ, 
Бидонам, ки ҳам дӯстдори манӣ. 
Валекин чу барно начӯяд ҳунар, 
Бар ӯ-бар нахандад нажоду гуҳар. 

4. ТПЗИЛ - Бирафтанду бугзашт чанде бар ин, 

Надид он ҷавон аз падар офарин. 


43 


222 


Дили у ба ковусиён аст шод, 

Наёбад гузар меҳри ӯ бар нажод. 

Чу танҳо* 1 равам, чун кунад хостор, 
Чӣ донад, ки ман чун шудам шаҳрёр. 

РАФТАНИ ГУШТОСП БА СӮИ РУМ 

Шаби тира шабдези лӯҳроспӣ 
Биёварду бо зини гуштоспӣ. 

120 Бипӯшид зарбафту чиниқабой 
Зи тоҷ андаромехт парри ҳумой. 

Зи динор в-аз гавҳари шоҳвор 
Биёвард чандон, ки ояд* 2 ба кор. 

Аз Эрон сӯи Рум бинҳод рӯй, 

Падар гоҳҷӯву писар роҳҷӯй. 

Падар чун зи Гуштосп огоҳ шуд, 
Бупечиду шодиш кӯтоҳ шуд. 

Зариру ҳама бихрадонро бихонд,* 3 
Зи Гуштосп чанде суханҳо биронд. 

125 Бад-эшон чунин гуфт, к-«Ин шермард 
Сари тоҷдорон дарорад ба гард. 

Чӣ бинеду инро чӣ дармон кунед, 
Нашояд, ки ин бар дил осон кунед». 

Чунин гуфт мӯбад, ки «Эй некбахт, 
Гиромӣ ба мардон бувад тоҷу тахт! 

Чу Гуштосп фарзанд касро набуд, 

На ҳаргиз кас аз номдорон шунуд. 4 


- Як тан. 

- К-аш омад. 

- Ҳама бихрандонро бари хеш. 

4. ТПЗМ - Туро подшоҳӣ аз ӯ шуд фузун, 

Зи бимаш ҳама душманон сарнагун. 


44 


Зи ҳар су бибояд фиристод кас 
Диловар бузургони фарёдрас. 

130 Гар ӯ боз гардад, ту зуфтӣ макун, 
Ҳунар чӯву бо оз ҷуфтӣ макун, 

Ки тоҷи каён чун набинад басе, 
Намонад ҳамон меҳри ӯ бар касе, 

Ба Гуштосп деҳ з-ин чаҳон лашкаре, 
Бинеҳ бар сараш номдор афсаре. 

Ҷуз аз паҳлавон Рустами номдор 
Ба гетӣ набинем чун ӯ савор. 

Ба болову фарҳангу дидору ҳуш 
Чун ӯ номвар низ нашнид гӯш». 

135 Фиристод Лӯҳросп чанде меҳон, 

Биҷустан гирифташ ба гирди чаҳон. 

Бирафтанду навмед бозомаданд, 

Ки бо ахтари дерсоз омаданд. 

Накӯҳиш бад-он бахши Лӯҳросп буд, 
Ғаму ранҷи тан баҳри Гуштосп буд. 

РАСИДАНИ ГУШТОСП БА РУМ 

Чу Гуштосп наздики дарё расид, 
Пиёда бишуд, божхоҳаш бидид. 

140 Яке пирсар буд Ҳайшуй ном, 

Ҷавонмарди бедору бофарру ком. 

Бар ӯ офарин кард Гуштоспу гуфт, 
Ки «Бо чони покат хирад бод чуфт! 

Аз Эрон яке номдорам дабир, 
Хирадманду равшандилу ёдгир. 


1. М-Чарх. 


45 


Ба кишти ба ин об агар бугзарам, 
Сипосе ниҳӣ ҷовидон бар сарам.» 

Бад-ӯ гуфт: шоистаӣ тоҷро, 

Дигар ҷавшану хӯду тороҷро. 

Кунун* 1 роз букшову бо ман бигӯй, 
Аз ин сон ба дарё гузаштан маҷӯй. 

145 Маро ҳадя бояд, дигар гуфт рост 
Туро рою рӯи дабирӣ куҷост. 

Зи Ҳайшуй бишнид Гуштосп, гуфт, 
Ки «Аз ту маро нест чизе нуҳуфт. 

Зи ман ҳарчи хоҳӣ, надорам дареғ 
Аз ин афсару аспу динору теғ». 

Зи динор лахте ба Ҳайшуй дод, 

Аз он ҳадя шуд марди гиранда 2 шод. 

Зи киштӣ сабук бодбон баркашид, 
Ҷаҳонҷӯйро сӯи хушкӣ 3 кашид. 

150 Яке шорсон буд ба Рум-андарун, 

Се фарсанг болои шаҳраш фузун. 

Баровардаи Салм, ҷои бузург, 
Нишастангаҳи қайсарони сутург. 

Чу Гуштосп омад бар он шорсон, 
Ҳаме ҷуст ҷое дар он корсон. 4 

Ҳаме гашт як ҳафта дар гирди Рум, 
Ҳаме кор ҷуст андар обод бум. 


1. М-Яке. 

2. Л - покиза. 

3. Ил - Қайсар. 

4. Л - бедор кори ҷаҳон. 


46 


Чу чизе ки будаш, бихурду бидод, 
Ҳаме рафт ношоду лаб пур зи бод. 

155 Чу дар шаҳри обод чанде бигашт, 

Аз айвон ба девони Қайсар гузашт. 

Ба усқуф чунин гуфт, к-«Эй дастгир, 
Зи Эрон яке номҷӯям дабир. 

Бар ин кор бошам туро ёрманд, 

Зи девон кунам, ҳар чӣ ояд писанд». 

Дабирон, ки буданд дар боргоҳ, 
Ҳаме кард ҳар як ба дигар нигоҳ, 

К-аз ин килк пӯлод гирён шавад, 
Ҳамон рӯи қиртос бирён шавад. 

160 Яке бора бояд ба зераш баланд, 

Ба бозу камону ба зин-бар каманд. 

Ба овоз гуфтанд: «Моро дабир 
Набояд, зи эдар раҳи хеш гир». 

Чу бишнид Гуштосп дил пур зи дард, 
Зи девон биёмад ду рухсора зард. 

Яке 1 боди сард аз ҷигар баркашид, 

Ба сӯи галадори Қайсар кашид. 2 * 3 

Ҷавонмардро ном Настор буд, 
Далеру хирадманду ҳушёр буд. 

165 Ба наздики Настор чун шуд фароз, 
Бар ӯ офарин карду бурдаш намоз. 

Нигаҳ кард чӯпону бинвохташ, 

Ба наздикии хеш биншохташ. 


1 . ИЛ - басе. 

2. Л -расид. 

3. М - Ба наздики чӯпони Қайсар давид. 


47 


«Чи марди, - бад-у гуфт, - бо ман бигуй, 
Ки ҳам шоҳхӯиву* 1 ҳам шоҳрӯй?» 

Чунин дод посух, ки «Эй номдор, 

Яке курратозам далеру савор. 

Маро гар бидорӣ, ба кор оямат, 

Ба ранҷу ба бад 2 низ ёр оямат». 

170 Бад-ӯ гуфт Настор: «Аз ин дар бигард, 
Ту эдар ғарибиву бепоймард. 

Биёбону дарёву аспон яла, 

Ба ноошно чун супорам гала?» 

Чу бишнид Гуштосп, ғамгин бирафт, 
Ҳаме пӯст бар тан-ш гуфтӣ бикафт. 

Ҳаме гуфт, ҳар кас, ки дарди падар 
Биҷӯяд, аз ин бадтар ояд ба сар. 3 

В-аз он ҷо яке тезпай баргирифт, 

Раҳи сорвонони Қайсар гирифт, 

175 Яке офарин кард* 4 бар сорвон 5 
Ки бедор бодиву равшанравон. 

Хирадманд чун рӯи Гуштосп дид, 
Пазира шуду ҷойгоҳаш гузид. 

Сабук бозгустард густарданӣ, 

Биёвард чизе, ки буд х(в)арданӣ. 

Чунин гуфт Гуштосп бо сорвон, 

Ки «Эй ёри пирӯзу 6 равшанравон, 


1 . М - шоҳфарриву. 

2. И - неку бадӣ. 

3. Л-б. 172нест. 

4. М -Чунин гуфт Гуштосп. 

5. И -сорбон. 

6. И -пирӯз бодиву. 


48 


Маро деҳ яке корвони шутур, 

Чу рой оядат, музди моҳам бибур». 

1 80 Бад-ӯ сорвон гуфт, к-«Эй шермард, 
Назебад ҳаме бар ту ин кор кард. 

Ба чизе ки морост, кай сар кунӣ, 
Ҳамон беҳ,* 1 ки оҳанги Қайсар кунӣ, 

Туро бениёзӣ диҳад з-ин сухун, 

Ҷуз оҳанги даргоҳи Қайсар макун. 2 

В-агар роҳ дур аст,* 3 дорам ҳаюн 
Писандидаву мардуми раҳнамун.» 

Бар ӯ офарин карду баргашт аз ӯй, 
Пур аз ғам сӯи шаҳр бинҳод рӯй. 

185 Шуд он дардҳо бар дилаш-бар гарон, 
Биёмад ба бозори оҳангарон. 

Яке номвар буд, Буроб ном, 
Писандида оҳангари шодком. 

Ҳаме кард ӯ наъл аспони шоҳ, 

Варо назди Қайсар будӣ дастгоҳ. 4 * 5 

Варо ёру шогирд буд сиву панҷ, 

Зи путку зи оҳан расида ба ранҷ. 

Ба дуккон-ш биншаст Гуштосп дер, 
Шуд он пешавар аз нишастан-ш сер. 

190 Бад-ӯ гуфт оҳангар: «Эй некхӯй, 

Чӣ дорӣ ба дуккони мо орзуй?» 


1 . М -беҳ ояд. 

2. ИЛ -б. 182 нест. 

3. М - бошадат рой. 

4. ИЛ -б. 187 нест. 

5. М -Бари Қайсар ӯро будӣ ҷойгоҳ. 


49 


Бад-у гуфт Гуштосп, к-«Эй некбахт, 
Напечам сар аз путк в-аз кори сахт. 

Маро гар бидорӣ ту, ёрӣ кунам, 

Бар ин путку сандон саворӣ кунам». 

Чу бишнид Буроб аз ӯ достон, 

Ба шогирдияш 1 гашт ҳамдостон. 

Гаронмоя гӯе ба оташ битофт, 

Чу шуд тофта, сӯи сандон шитофт. 

195 Ба Гуштосп доданд путки гарон, 

Бар ӯ анҷуман гашта оҳангарон. 

Бизад путку бишкаст сандону гӯй, 

Аз ӯ гашт бозор пургуфтугӯй. 

Битарсид Буробу гуфт: «Эй ҷавон, 

Ба захми ту сандон надорад тавон, 

На сангу на оташ, на сандону дам». 
Чу бишнид Гуштосп, з-ӯ шуд дижам. 

Бияндохт путку бишуд гурсуна 
На рӯи хуриш буд, на ҷои буна. 

200 Намонад ба кас рӯзи сахтиву ранҷ, 
На осониву шодмониву ганҷ. 

Баду нек бар мо ҳаме бугзарад, 
Набошад дижам, ҳар кӣ дорад хирад. 

БУРДАНИ ДЕҲҚОНЕ ГУШТОСПРО 
ДАР ХОНАИ ХЕШ 

Ҳаме буд Гуштосп дилдардманд, 
Хурӯшону ҷӯшон зи чархи баланд. 


ЛМ - ёрии у. 


50 


Наёмад зи гетиш ҷуз заҳр баҳр, 

Яке русто дид наздики шаҳр. 

Дарахту гулу обҳои равон, 
Нишастангаҳи шод, марди ҷавон. 

205 Дарахте гашан соявар пеши об, 

Ниҳон гашта з-ӯ чашмаи офтоб. 

Бад-он соя биншаст марди ҷавон, 

Пур аз дард, печону тираравон. 

Ҳаме гуфт, к-«Эй довари кирдгор, 

Ғам омад маро баҳра аз 1 рӯзгор. 

Бубинам ҳаме ахтари хеш бад, 

Надонам чаро бар сарам бад расад?» 

Яке номвар з-он писандида деҳ 
Гузар кард бар вай, чу ӯ буд меҳ. 

2 1 0 Варо дид бо дидагон пур зи хун, 

Ба зери занах даст карда сутун. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй зодмарди 2 ҷавон, 
Чароӣ пур аз дарду тираравон? 

Агар з-эдар оӣ ба айвони ман, 

Бувӣ шод якчанд меҳмони ман. 

Магар к-ин ғамон бар дилат кам шавад, 
Сари тири мижгон-т бенам шавад». 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Эй номҷӯй, 
Нажоди ту аз кист, бо ман бигӯй?» 

2 1 5 Чунин дод посух варо кадхудой, 

К-«Аз ин пурсиш акнун туро чист рой? 


1. И-З-ин. 

2. Л - роҳмардӣ, ИМ -покмардӣ. 


51 


Ман аз тухми шоҳ Офаридуни гурд, 

Ки он тухма андар ҷаҳон нест хурд». 

Чу бишнид Гуштосп, бардошт пой, 
Ҳаме рафт бо номвар кадхудой. 

Чу он меҳтар омад сӯи хони хеш, 

Ба меҳмон биёрост айвони хеш. 

Ба сони бародар ҳаме дошташ, 

Замоне ба ноком нагзошташ. 

220 Замона бар ин низ чанде бигашт, 

Бар ин кор-бар моҳиён баргузашт. 

ДОСТОНИ КАТОЮН-ДУХТАРИ ҚАЙСАР 

Чунон буд Қайсар бад-он гаҳ ба рой, 

Ки чун духтари ӯ расидӣ ба ҷой, 

Чу гаштӣ баландахтару ҷуфтҷӯй, 
Бидидӣ, ки омад-ш ҳангоми шӯй, 

Яке гирд кардӣ ба кох анҷуман, 
Бузургони фарзонаву' ройзан. 

Ҳар он кас, ки будӣ мар ӯро ҳамол 
В-аз он номдорон бароварда ёл, 

225 Ба кохи падар духтари моҳрӯй 

Бигаштӣ бар он анҷуман ҷуфтҷӯй. 

Парастанда будӣ ба гирд-андараш, 

Ки мардум надидӣ баланд афсараш. 1 2 

Паси пардаи Қайсар он рӯзгор 
Се духтар будаш чун гул андар баҳор.* 3 


1. Л-фарзонаи. 

2. И - Зи мардон набудӣ пазира бараш. 

3. М -буд андар ҷаҳон номдор. 


52 


Ба болову дидору оҳистаги, 

Ба рою ба шарму ба шоистагӣ. 

Яке буд меҳтар, Катоюн ба ном, 
Хирадманду равшандилу шодком. 

230 Катоюн чунон дид як шаб ба хоб, 

Ки равшан шудӣ кишвар аз офтоб. 

Яке анҷуман мард пайдо шудӣ, 

Ба анбӯҳи мардум сурайё шудӣ. 

Дар он анҷуман буд бегонае, 

Ғарибе, дилозурда фарзонае. 1 

Ба болой сарву ба дидор моҳ, 
Ғ1ишастан-ш чун бар сари гоҳ шоҳ. 

Яке даста додӣ Катоюн бад-ӯй, 

Аз ӯ бистадӣ дастаи рангу бӯй. 

235 Ба шабгир чун бардамид офтоб, 

Сари номдорон баромад зи хоб. 

Яке анҷуман кард Қайсар бузург, 
Ҳар он кас, ки буд аз бузургу 2 сутург. 

Бар он анҷуман шод биншонданд, 
В-аз он пас паричеҳраро хонданд. 

Катоюн бишуд бо парастор шаст, 
Яке дастаи тозанаргис* 3 ба даст. 

Ҳаме гашт чандон ки омад сутӯҳ, 
Писандаш наёмад яке 4 з-он гӯрӯҳ. 


1. И - 228 - 232 нест. 

2. Л - бузургон. 

3. М - гул гирифта. 

4. ИЛ - касе. 


53 




240 Аз айвон паси парда бинҳод руй, 
Хиромону гирёну дил ҷуфтҷӯй. 

Ҳам он гаҳ замин гашт чун парри зоғ, 
Чунин то сар аз кӯҳ барзад чароғ. 

Бифармуд Қайсар, ки аз кеҳтарон, 

Ба Рум - андарун моявар 1 меҳтарон 

Биёянд яксар ба кохи баланд, 

Бад-он то кӣ бошад ба хубӣ писанд. 

Чу огоҳӣ омад ба ҳар меҳтаре, 

Ба ҳар номдореву ҳар кеҳтаре. 2 * 3 

245 Ҳамон марди некӯ* 4 ба Гуштосп гуфт, 
Ки «То чанд дар хона бошӣ* 5 нуҳуфт? 6 

Биё, 7 то магар коху гоҳи меҳӣ 
Бубинӣ, дилат гардад аз ғам тиҳӣ». 8 


1. И-номвар. 

2. ТПЗЛ - Ба даргоҳи Қайсар ниҳоданд рӯй 
Ба уммед ҳар як пур аз рангу бӯй. 

- сарваре. 

- Хирадманд меҳтар. 

-чандин чӣ бошӣ ту андар. 

-б. 245 нест. 

7. Ил - Бирав. 

8. И -Пас аз б. 246 ин б. омада: 

Ки Қайсар яке ҷашн оростаст, 

Ба ҷоми биҳиштӣ пур аз хостаст. 

Яке духтараш буд, Катоюн ба ном, 
Ҳама сар ба сар кому ором (у) ном. 
Бад-он гаҳ, ки бошад писандаш барӣ, 
Киро баргузинад парӣ озарӣ? 

Ба боло ба монанди озодсарв, 

Хиҷил гардад аз рафтани ӯ тазарв. 
Яке сур фармуд кардан ба зар, 
Меҳонро ҳама хонд ӯ сар ба сар. 
Наёмад писандаш касе з-он гурӯҳ, 
Кунун гар кунӣ роҳи моро шукӯҳ, 
Хиромем ҳарду бад-он ҷашнгоҳ, 
Магар бахт фарбеҳ барояд зи гоҳ. 


54 


Чу Гуштосп бишнид, бо у бирафт, 

Ба айвони Қайсар хиромид тафт. 

Ба байғулае шуд фуруд аз меҳон, 

Пур аз дард биншаст хаста равон. 

Бирафтанд бедордил бандагон, 
Катоюну гулрух парастандагон. 

250 Ҳаме гашт бар гирди айвони хеш 
Парастор дар пас, 1 парастор пеш. 

Чу аз дур Гуштоспро дид, гуфт, 

Ки он хоб сар баркашид аз нуҳуфт, 

Бад-он моявар номдор афсараш 
Ҳамон гаҳ биёрост фаррух 2 сараш. 

Чу дастури омӯзгораш 3 бидид, 

Ҳам андар замон пеши Қайсар давид, 

Ки марде гузин кард аз он анҷуман, 

Ба боло чу сарви саҳӣ дар чаман. 

255 Ба рух чун гулистону боёлу кифт, 

Ки ҳар к-аш бубинад, бимонад шигифт. 

Ту гӯӣ магар фарраи эзадист, 

Валекин надонем ӯро, ки кист. 

Чунин дод посух, ки «Духтар мабод, 

Ки аз парда айб оварад бар нажод. 

Агар ман супорам бад-ӯ духтарам, 

Ба нанг-андарун паст гардад сарам. 

Ҳам инрову онро, ки ӯ баргузид, 

Ба кох-андарун сар бибояд бурид». 


1 . Л -Басаш бихрадону. 

2. Ил -хуррам. 

3. И - омӯзгор он. 


55 


260 Суқуф гуфт, к-«Ин нест кори гарон, 

Ки пеш аз ту буданд чандин сарон. 

Ту бо духтарат гуфтӣ: «Анбоз ҷӯй, 
Нагуфтӣ, ки шоҳи* 1 сарафроз ҷӯй. 

Кунун ҷуст ҳар кас, ки омад-ш х(в)аш, 

Ту аз роҳи Яздон саратро макаш. 

Чунин буд расми ниёкони ту, 

Сарафрозу диндор покони ту. 

Бар оини ин шуд пайафканда Рум, 

Ту роҳе магир андар обод бум. 

265 Ҳумоюн набошад чунин, худ магӯй, 

Ба роҳе ки ҳаргиз нарафтӣ, мапӯй». 

ДОДАНИ ҚАЙСАР КАТОЮН ГУШТОСПРО 

Чу бишнид Қайсар, бар он барниҳод 2 , 

Ки духти гиромӣ ба Гуштосп дод. 

Бад-ӯ гуфт: «Бо ӯ бирав ҳамчунин, 

Наёбӣ зи ман ганҷу тоҷу нигин». 

Чу Гуштосп он дид, хира бимонд, 
Ҷаҳонофаринро фаровон бихонд. 

Чунин гуфт бо духтари сарфароз, 

Ки «Эй парварида ба нозу ниёз, 

270 Зи чандин сару афсари номдор 
Чаро кард роят маро хостор? 

Ғарибе ҳаме баргузидӣ, ки ганҷ 
Наёбиву бо ӯ бимонӣ ба ранҷ. 


1. М-мири. 

2. И -Бад-он сар ниҳод. 


56 


Аз ин сарфарозон ҳамоле биҷуй, 

Ки бошад-т назди падар обрӯй». 

Катоюн бад-ӯ гуфт, к-«Эй бадгумон, 
Машав тез бо гардиши осмон. 

Чу ман бо ту хурсанд бошам ба бахт, 
Ту афсар чаро ҷӯиву тоҷу тахт?» 

275 Бирафтанд аз айвони Қайсар бадард 
Катоюну Гуштосп бо боди сард. 

Ба наздики он марди деҳқон шуданд, 
Дижамгаштаву зору печон шуданд. 1 

Сарое бипардохт меҳтар ба деҳ, 

Зи густарданиҳо бибурд, он чи беҳ. 

Чунин гуфт бо шӯю зан кадхудой, 

Ки «Хурсанд бошеду фархундарой!» 

Чу он дид Гуштосп, кард офарин 
Бар он меҳрубон 2 меҳтари покдин. 

280 Катоюн беандоза пероя дошт, 

Зи ёқуту ҳар гавҳаре 3 моя дошт. 

Яке гавҳаре аз миён баргузид, 

Ки ча ттт ми хирад низ чун он* 4 надид. 

Бибурданд наздики гавҳаршинос, 
Пазируфт аз андоза берун сипос. 

Баҳо дод ёқутро шаш ҳазор 
Зи динору зар он чи ояд ба кор. 


1. ИЛМ -б. 276 нест. 

2. И - Бад-он номвар. 

3. И -гавҳар гарон. 

4. М - хирадманд аз он сон. 


57 


22 


Хариданд чизе, ки шоиста буд, 

Бад-он рӯй чизе ки боиста буд. 

285 Аз он моя, к-омад, ҳаме зистанд, 

Гаҳе шодмон, гоҳ бигристанд. 

Ҳама кори Гуштосп нахчир буд, 

Ҳама рӯз бо таркашу тир буд. 

Чунон буд, ки рӯзе зи нахчиргоҳ 
Мар ӯро ба Ҳайшуй -бар буд роҳ. 

Зи ҳар гунае чанд нахчир дошт, 

Ҳаме ронд* 1 , таркаш пур аз тир дошт. 

Ҳама ҳарчи буд аз бузургону хурд 
Ҳам аз роҳ наздики Ҳайшуй бурд. 

290 Чу Ҳайшуй дидаш, пиёда давон, 

Пазира шудаш шоду равшанравон. 

Ба зераш бигустард густарданӣ, 
Биёвард чизе бараш* 2 х(в)арданӣ. 3 

Биёсуд 4 Гуштосп, чизе бих(в)ард, 
Биёмад ба назди Катоюн чу гард. 

Чу Гуштосп Ҳайшуйро дӯст кард, 
Бад-онаш варо чун паю пӯст кард. 

Чу рафтӣ ба нахчири оҳу зи шаҳр, 

Аз онҳо 5 ба Ҳайшуй додӣ ду баҳр. 

295 Дигар баҳраи меҳтари деҳ будӣ, 

Ҳар он кас, ки з-он русто меҳ будӣ. 


- Ҳаме рафту. 

-ки бурд. 

3. ИЛМ-Баросуд. 

4. И -пас аз б. 291 ин б. омада: 

Бипурсид аз кори вай сар ба сар, 

Ба Ҳайшуй гуфт он гаҳе дар ба дар. 

5. ИЛМ - ба раҳ-бар. 


58 


32 ^ 


Чунон шуд, ки Гуштосп бо кадхудой 
Яке шуд ба хӯрду ба орому рой. 

ХОСТАНИ МИРИН ДУХТАРИ ДИГАРРО 
АЗ ҚАЙСАР 

Яке румие буд, Мирин ба ном 
Сарафроз бо ганҷу бо рою 1 ком. 2 

Фиристод наздики Қайсар паём, 

Ки ман сарфарозам ба ганҷу ба ном. 

Ба ман деҳ диланҷом* 3 духтар-тро 
Ба ман тоза кун ному афсар-тро 4 ». 

300 Бад-ӯ 5 гуфт Қайсар, ки «Ман з-ин сипас 
Наҷӯям бар ин рӯй пайванди кас. 

Катоюну он марди носарфароз 
Маро доштанд аз чунин кор боз. 

Кунун ҳар кӣ ҷӯяд зи хешии ман, 

В-агар сар фарозад ба пешии ман, 

Яке кор бояд-ш кардан* 6 бузург, 

Ки хонандаш андар 7 бузургон сутург. 

Ҳам ӯ дар ҷаҳон номдоре бувад. 

Маро дар ҷаҳон низ ёре бувад. 8 


1. И-ному. 

2. И - пас аз б. 298 ин б. омада: 

Ҳам аз хешу пайванди Қайсар будӣ, 
Мар ин мардро як бародар будӣ. 

- сарафроз. 

- пас аз б. 299 ин б. омада: 

Бар оин (у) дину ниҳоди туам, 

Ки ман босипоҳ аз нажоди туам, 

Ҷ - Чунин. 

- кардан бояд. 

-эдар. 

8. ТПЗ - Ба гетӣ набошад далере чу ӯй, 

Ба мардонагӣ наррашере чу ӯй. 


59 


305 Шавад то сари бешаи Фосқун 

Бишӯяд дилу мағзу дасташ ба хун. 

Яке гург бинад ба кирдори пил, 

Тани аждаҳо дораду зӯри Нил. 

Сурин дораду неш ҳамчун гуроз, 
Наёрад шудан пил пешаш фароз. 

Бар он беша-бар нагзарад наррашер, 
На пилу на бабру на марди далер. 

Ҳар он кас, ки бар вай бидаррид пӯст, 
Маро бошад ӯ ёру домоду дӯст». 

3 1 0 Чунин гуфт Мирин: «Бар ин зодбум 
Ҷаҳонофарин то пай афканд Рум, 

Ниёкони мо ҷуз ба гурзи гарон 
Накарданд пайкор бо меҳтарон. 

Кунун Қайсар аз ман чӣ ҷӯяд ҳаме, 
Чунин бо ман аз кина гӯяд ҳаме? 

Ман ин чора акнун ба ҷой оварам, 

Зи ҳар гуна покиза рой оварам». 

Биёмад ба айвон писандида мард, 

Зи ҳар гуна андешаҳо ёд кард. 

315 Набишта биёвард 1 , бинҳод пеш, 
Ҳамон ахтару толеъи соли хеш. 

Чунин дид, к-андар фалон рӯзгор 
Аз Эрон биёяд як номдор. 

Ба дасташ барояд се кори гарон, 

К-аз он бозмонанд румисарон. 


1. ИЛ-биёварду. 


60 




Яке он ки домоди Қайсар шавад, 
Ҳам ӯ бар сари Қайсар афсар шавад. 

Падид ояд аз рӯи кишвар ду дад, 

Ки ҳар кас расад аз бади дад ба бад. 

320 Шавад ҳар ду бар дасти ӯ-бар ҳалок, 
Зи ҳар зӯрмандӣ наёяд-ш бок. 

Зи кори Катоюн худ* 1 огоҳ буд, 

Ки бо гурд Гуштосп ҳамроҳ буд. 2 

Зи Ҳайшую он меҳтари номҷӯй, 

Ки ҳарду бар ӯ овариданд рӯй, 

Биёмад ба наздики Ҳайшуй тафт, 
Бад-ӯ ёд кард 3 он суханҳо, ки рафт. 

В-аз он ахтари файласуфони Рум 
Шигифте ки ояд бар он марзу бум. 

325 Бад-ӯ 4 гуфт Ҳайшуй, к-«Имрӯз шод 
Бари мо ҳаме бош бо меҳру дод, 

Ки он мард, к-аз вай ту додӣ нишон, 
Яке номдор аст аз саркашон. 

Ба нахчир дорад ҳама рӯз рой, 
Наандешад аз тахти ховархудой. 

Яке дӣ биёмад ба наздики ман, 

Ки хуррам шуд ин ҷони торики ман. 

Биёяд ҳам акнун зи нахчиргоҳ, 

Ба мо-бар бувад бегумонеш роҳ. 


-чу. 

- б. 321 нест. 

3. ИЛМ - саросар бигуфт. 

4. Л - чунин. 


61 


330 Май оварду майхора бо бую ранг, 
Нишастанд бо ҷоми заррин ба чанг. 

Бад-он гаҳ, ки шуд ҷоми май бар чаҳор, 
Падид омад аз дур гарди савор. 

Чу Ҳайшую Мирин бидиданд гард, 
Пазира шудандаш ба дашти набард. 

Чу Мирин бидидаш, ба Ҳайшуй гуфт, 
Ки «Инро ба гетӣ касе нест ҷуфт. 

Бад-ин шоху ёлу бад-ин дастбурд 
Зи тухме бувад номбардор гурд». 1 

335 Бад-ӯ гуфт Ҳайшуй, к-«Ин родмард 
Дили шер дорад ба дашти набард. 

Ҳунарҳо зи дидори ӯ бугзарад, 

Ҳамон шарму озодагиву хирад». 

Чу Гуштосп танг омад, ин ҳар ду мард 
Пиёда бирафтанд бар сони гард. 

Нишасте баророст бар пеши об, 

Яке хони нав хост андар шитоб. 

Май овард, бо майгусорони нав 
Нишасти навоину ёрони нав. 

340 Чу рух лаъл шуд аз маи лаълфом, 

Ба Гуштосп Ҳайшуй гуфт «Эй ҳумом, 

Маро бар замин дӯст хонӣ ҳаме, 

Ҷуз аз ман касеро надонӣ ҳаме. 

Кунун сӯи ман кард Мирин паноҳ, 

Яке номдор аст бодастгоҳ. 


1. ТПЗ - Бузург асту бо фарраи эзадист, 

Хирадманду донову дур аз бадист, 


62 


Дабир асту бодонишу ҳушманд, 
Бигирад шумори сипеҳри баланд. 

Сухан гӯяд аз файласуфони Рум, 

Зи ободу вайрони 1 ҳар марзу бум, 

345 Ҳам аз гавҳари Салм дорад нажод, 
Падар бар падар ном дорад ба ёд. 

Ба наздики ӯй аст шамшери Салм, 
Ки будӣ ҳама сол 2 дар зери Салм. 

Далер асту аспафкану гурдгир, 

Уқоб андарорад зи гардун ба тир. 

Бар ин низ хоҳад, ки бешӣ кунад, 
Або Қайсари Рум хешӣ кунад. 

Ба Қайсар сухан гуфту посух шунид, 
Зи посух ҳамоно дилаш бардамид, 

350 Ки ӯ гуфт: «Дар бешаи Фосқун 
Яке гург ёбӣ ба сони ҳаюн. 

Агар кушта гардад 3 ба дасти ту гург, 
Ту бошӣ ба Рум ирмоне бузург. 

Ҷаҳондор бошиву домоди ман, 
Замона ба хубӣ диҳад доди ман. 

Кунун гар ту инро кунӣ даст пеш, 
Манат бандаам в-ин сарафроз хеш». 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп: «Оре 4 равост, 
Бигӯед, к-ин 5 беша акнун куҷост? 


1 . Л - донову пирони. 

2. ЛМ - ҳамасола. 

3. ИЛ - ояд. 

4. ИЛ - коре. 

5. ИЛ - Чӣ гӯянд в-ин. 


63 


355 Чи гуна даде бошад андар ҷаҳон, 

Ки тарсанд аз ӯ кеҳтарону меҳон?» 

Бад-ӯ гуфт Ҳайшуй, к-«Ин наррагург* 1 
Сараш бартар аст аз ҳаюни сутург. 2 

Ду дандони ӯ ҳамчу дандони пил, 

Ду чашмаш табархуну чармаш чу нил. 

Суруҳош 3 чун обнӯсе фарасп, 

Чу хашм оварад, бугзаронад зи асп. 

Аз ин ҷо басе 4 номвар меҳтарон 5 
Бирафтанд бо гурзҳои гарон. 

360 Аз он беша ноком бозомаданд, 

Пур аз нангу дил пургудоз омаданд». 6 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Он теғи Салм 
Биёреду аспе сарафрозу гарм. 

Ҳаме аждаҳо хонам онро 7 , на гург, 

Ту гурге мадон он ҳаюни сутург». 8 

Чу бишнид Мирин, аз он ҷо бирафт, 
Сӯи хонаи хеш тозид тафт. 

Зи охур гузин кард аспе сиёҳ, 

Гаронмоя хафтону румӣ кулоҳ. 

365 Ҳамон моявар теғи алмосгун, 

Ки Салм об додаш ба заҳру ба хун. 


1. М-пиргург. 

2. ИЛ - бузург. 

3. Л-сутунҳош. 

4. И - эдар бар ӯ; Л - эдар яке. 

5. ИЛ - қайсарон. 

6. ТПЗ- Гар ояд ба дасти ту ин коркард, 

Сарат барфарозӣ зи мардони мард. 

7. И - ӯро. 

8. И -аз сутур (е) бузург. 


64 


Басе ҳадя бугзид бо он зи ганҷ 
Зи ёқуту гавҳар ҳама панч-панҷ. 

Чу хуршед пероҳани қиргун 
Бидарриду аз парда омад бурун, 

Ҷаҳонҷӯй Мирин зи айвон 1 бирафт, 
Биёмад ба наздики Ҳайшуй тафт. 

Зи нахчир Гуштосп з-он сӯ кашид, 
Нигаҳ кард Ҳайшую ӯро бидид. 

370 Чу наздик омад, пазира шуданд, 

Аз он аспу шамшер хира шуданд. 

Чу Гуштосп он ҳадяҳо бингарид, 
Ҳамон аспу тег аз миён баргузид. 

Дигар чиз бахшид Ҳайшуйро, 
Биёрост ҷони ҷаҳонҷӯйро. 

Бипӯшид Гуштосп хафтон чу гард, 
Ба зер андаровард аспи набард. 

Ба бозу камону ба зин-бар каманд 
Саворе сарафрозу аспе баланд. 

375 Бишуд тез 2 Ҳайшуй бо ӯ ба роҳ 
Ҷаҳонҷӯй Мирини фарёдхоҳ. 

Чунин то лаби бешаи Фосқун 
Бирафтанд пӯёну дил пур зи хун. 

КУШТАНИ ГУШТОСП ГУРГРО 

Чу наздик шуд бешаву ҷои гург, 
Битарсид* 3 Мирин зи гурги сутург. 


1 . И - он ҷо. 

2. ИЛ - ҳамегуфт. 

3. М - Бупечид. 


65 


Ба Гуштосп бинмуд з-ангушти рост, 
Ки он аждаҳоро нишеман куҷост? 

Аз ӯ боз гаштанд ҳарду бадард, 

Пур аз хун дилу дида пуроби зард. 

380 Чунин гуфт Ҳайшуй, к-«Он сарфароз 
Чунон шуд, ки низаш набинем боз. 1 

Дареғ он бару бозуву ёли ӯй, 

Дареғ он дилу зӯри гӯполи ӯй». 

Чу Гуштосп наздики он беша шуд, 
Дили размсозаш пурандеша шуд. 2 

Фуруд омад аз бораи сарфароз, 

Ба пеши ҷаҳондор бурдаш намоз. 

Ҳаме гуфт, к-«Эй пок парвардгор, 
Фурӯзандаи гардиши рӯзгор, 

385 Ту бошӣ бар ин дад маро дастгир, 
Бубахшой бар ҷони Лӯҳроспи пир. 

Агар бар ман ин аждаҳои бузург, 

Ки хонад варо нохирадманд гург, 

Шавад подшо, чун падар бишнавад, 
Хурӯшон шавад, з-он сипас нағнавад. 

Бимонад бар ин дард чун беҳушон, 

Ба ҳар сӯ хурӯшону ҷӯё нишон. 

В-агар ман шавам з-ин дади бад сутӯҳ, 
Намонам ман* 3 аз шарм пеши гурӯҳ». 4 


1 . Л - Далер асту донову ҳам расмсоз. 

2. Л-б. 381, 382нест. 

3. М - Бипӯшам сар. 

4. И - пас аз б. 389 ин б. омада: 

Тавонӣ маро чира кардан бар ӯй, 
Туӣ бартар аз чораи чораҷӯй. 


66 


390 Бигуфт ину 1 бар бораги барнишаст, 
Хурӯшону шамшери салмӣ 2 ба даст. 

Камонро ба зеҳ-бар ба бозу-дарун, 
Ҳаме рафт бедор 3 , дил пур зи хун. 

Зи раҳ чун ба танг андаромад савор, 
Биғуррид бар сони абри баҳор. 

Чу гург аз дари беша ӯро бидид, 
Хурӯше ба абри сияҳ баркашид. 4 

Бидаррид* 5 рӯи заминро ба чанг 
Абар гунаи шеру ҷангӣ паланг. 

395 Чу Гуштосп он 6 аждаҳоро бидид, 
Камонро бимолиду 7 андаркашид. 

Чу бод аз бараш тирборон гирифт, 
Камонро чу абри баҳорон гирифт. 

Дад аз тири гуштоспӣ хаста шуд, 
Далериш бо дард пайваста шуд. 

Бияфтоду 8 бархост аз ҷой гург, 
Биёмад ба сони ҳаюни сутург. 

Сурин чун гавазнон ба пеш-андарун, 
Тан аз захм пурдарду дил пур зи хун. 

400 Чу наздики асп андаромад зи роҳ, 
Суруне бизад бар сурини сиёҳ, 


1 . И - ону. 

2. И - ҷӯшону теғе. 

3. Л - бедору. 

4. Л - б. 393 нест. 

5. М-Ҳамеканд. 

6. И -ин. 

7. И - ба зеҳ карду. 

8. Л - Баросуду. 


67 


2 2 ^ 


Ки аз хоя 1 то нофи у бардарид, 

Ҷаҳонҷӯй теғ аз миён баркашид. 2 

Пиёда бизад бар миёни сараш, 

Ба ду нима шуд пушту ёлу бараш. 

Биёмад ба пеши худованди дад, 
Худованди ҳар донишу неку бад. 

Ҳаме офарин хонд бар кирдгор, 

Ки эй офаринандаи рӯзгор, 

405 Туӣ роҳгумкардаро раҳнамой, 

Туӣ бартару додгар як Худой. 

Ҳама кому пирӯзӣ аз номи туст, 

Ҳама фарру доноӣ аз коми туст. 

Чу баргашт аз он ҷойгоҳи намоз, 

Биканд он ду дандон, ки будаш дароз. 

В-аз он беша танҳо сар андаркашид, 3 
Ҳаме рафт, то пеши дарё расид. 4 

Бари об Ҳайшую Мирин бадард 
Нишаста забонҳо пур аз ёдкард. 

410 Суханшон зи Гуштосп буду зи гург, 

Ки «Зоро, саворо, далеро,* 5 сутург, 

Ки акнун ба разми бузург-андар аст, 

Пур аз хун* 6 ба чанголи гург-андар аст». 

Чу Гуштосп омад пиёда падид, 

Пур аз хуну рух чун гули шанбалид, 


1. И-сина. 

2. ТПЗ - Биёмад ба кирдори даррандашер, 

Чунон чун бувад марди созу далер. 

- гирифт. 

- шигифт. 

- зор он савори далер. 

- даридан. 


68 


Бидиданд в-аз ҷой бархостанд, 

Ба зорӣ хурӯшидан оростанд. 

Ба зорӣ 1 гирифтандаш андар канор 
Рухон зарду мижгон чу абри баҳор, 

415 Ки «Чун рафт бо гург пайкори ту? 

Дили мо пур аз хун зи кирдори ту». 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Эй некрой, 

Ба Рум-андарун нест тарс аз Худой, 

К-аз ин сон яке аждаҳои далер 
Ба кишвар бимонанд то соли дер. 2 

Барояд, ҷаҳоне шавад з-ӯ ҳалок, 

Чи Қайсар мар ӯро, чи як мушти хок. 

Ба шамшери Салмаш задам бар ду ним, 
Сар омад шуморо ҳама тарсу бим. 

420 Шавед ин шигифтӣ бубинед гарм, 

Ки абр аждаҳо чун даридаст чарм. 

Яке жандапил аст гӯӣ ба пӯст, 

Ҳама беша болову паҳнои ӯст». 

Бад-он беша рафтанд ҳарду давон, 

Зи гуфтори ӯ шоду равшанравон. 

Бидиданд гурге ба кирдори пил, 

Ба чанголи шерону ҳамранги Нил. 

Бар ӯ карда захме зи сар то миён, 3 
Зи як пӯст карда ду шери жаён. 


1 . И - Пас он гаҳ. 

2. И-б. 417нест. 

3. И - б. 424 нест. 


69 


222 


425 Басе хонданд он замон* 1 офарин 
Бад-он фарраманд офтоби замин. 

Ба дил* 2 шод аз он беша бозомаданд, 
Бари шери ҷангӣ фароз омаданд. 

Басе* 3 ҳадя овард Мирин бараш, 
Бад-он сон, ки ӯ дид андарх(в)араш. 

Ба ҷуз дигар аспе напазруфт аз ӯй 
В-аз он ҷо сӯи хона бинҳод рӯй. 

Чу омад зи дарё ба ороми хеш, 
Катоюни бинодилаш рафт пеш. 

430 Бад-ӯ гуфт: «Ҷавшан куҷо ёфтӣ, 

К-аз эдар ба нахчир биштофтӣ? 4 ». 

Чунин дод посух, ки «Аз шаҳри ман 
Биёмад яке моядор анҷуман. 5 

Маро ҳадя ин ҷавшану теғу 6 хӯд 
Бидоданд 7 чанде зи хешон дуруд». 

Катоюн май овард ҳамчун гулоб, 
Ҳаме хӯрд бо шӯй то гоҳи хоб. 

Бихуфтанд шодон ду шодигирой, 
Ҷавонмард ҳар дам биҷастӣ зи ҷой. 

435 Бидидӣ ба хоб-андарун разми гург 
Ба кирдори нараждаҳои сутург. 


- Чу диданд, карданд бас. 

- Диле. 

-Яке. 

4. ТПЗМ - Ҳаме обгун теғи сандонгузор, 

Бад - ӯ гуфт, к-эй моҳрух, гӯш дор. 

5. И-б. 431 нест. 

6. Л - диръу. 

7. И - расонид. 


70 




Катоюн бад-у гуфт: «Имшаб чи буд, 
Ки ҳазмон битарсӣ чунин нобисуд?» 

Чунин дод посух, ки «Ман 1 бахти хеш 
Бидидам ба хоб-андарун 2 тахти хеш». 

Катоюн бидонист, к-ӯро нажод 
Зи шоҳе бувад якдилу якниҳод. 

Бузург асту бо ӯ нагӯяд ҳаме, 

Ба* 3 Қайсар бузургӣ* 4 наҷӯяд ҳаме. 5 

440 Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Эй моҳрӯй, 
Саҳиқадду симинбару мушкбӯй, 

Биёрой, то мо ба Эрон равем,* 6 
Аз эдар ба ҷои далерон шавем. 

Бубинӣ бару буми фархундаро, 
Ҳамон шоҳи бододу бахшандаро». 

Катоюн бад-ӯ гуфт: «Хира магӯй, 

Ба тезӣ чунин роҳи рафтан маҷӯй. 

Чу з-эдар ба Эрон ниҳӣ рӯйро, 
Ҳамовоз кун пеш Ҳайшуйро. 

445 Магар бугзаронад ба киштӣ туро, 
Ҷаҳон тоза шуд, чун гузаштӣ, туро. 

Ман эдар бимонам ба ранҷи дароз, 
Надонам, ки кай биманат низ боз». 

Ба норафта дар ҷома 7 гирён шуданд, 
Абе оташ аз дард бирён шуданд. 


- аз. 

-афсару. 

- Зи. 

- баландӣ. 
-б. 438 нест. 

- шавем. 

- хона. 


71 


Чу аз чарх бифрухт гарданда шед, 
Ҷавонони бедордил пурумед 

Аз он ҷомаи нарм бархостанд, 

Зи ҳар гунае гуфтан оростанд, 

450 Ки то чун равад бар сари мо сипеҳр 
Ба тундӣ гирояд ҷаҳон гар ба меҳр? 

В-аз он рӯй чун бод Мирин бирафт, 
Ба наздики Қайсар хиромид тафт. 

Чунин гуфт, к-«Эй номдори бузург, 
Ба поён расид он зиёнҳои гург. 

Ҳама беша сар то сар он аждаҳост, 
Ту низ ар 1 шигифтӣ бубинӣ, равост. 

Биёмад дамон, кард оҳанги ман, 
Яке ханҷаре ёфт аз чанги ман. 

455 Зи сар то миёнаш ба ду ним гашт, 
Дили дев аз он захм пурбим гашт». 

Биболид Қайсар зи гуфтори ӯй, 
Барафрӯхт пажмурда рухсори ӯй. 

Бифармуд, то гову гардун баранд, 
В-аз он ҷойгаҳ гург 2 берун баранд. 3 

Бирафтанду диданд пили жаён, 

Ба ханҷар бурида зи сар то миён. 


1. 1 И-б. 439-453 нест. 

2. ИМ - Саропарда аз шаҳр. 

3. ТПЗИМ - Яке базмгоҳе биёростанд, 

Маю руду ромишгарон хостанд. 
Бибурданд говони гардункашон 
Бар он беша, к-аз гург будӣ нишон. 


72 


Чу берун кашиданд-ш дар 1 марғзор, 
Биларзид гуфтӣ ҳаме кӯҳсор. 2 

460 Ҷаҳоне назора ба дидори гург 

Чӣ гург?! Он жаён наррадеви сутург. 

Чу Қайсар бидид он тани пили маст, 
Зи шодӣ ҳаме даст барзад ба даст. 

Ҳамон рӯз Қайсар суқуфро бихонд 
Ба айвону духтар ба Мирин расонд. 

Навиштанд нома ба ҳар меҳтаре 
Сакубову битриқи ҳар кишваре, 

Ки Мирини шер он сарафрози Рум 
Зи гурги диловар тиҳӣ кард бум. 

БА ЗАНӢ ХОСТАНИ АҲРАН ДУХТАРИ 
СЕЮМИ ҚАЙСАРРО 

465 Зи Мирин яке буд кеҳтар ба сол 
Зи гурдони румӣ бароварда ёл. 

Г ави пурманиш номи ӯ Аҳрано 
Зи тухми бузургону рӯинтано. 

Фиристод наздики Қайсар паём, 

Ки «Эй номвар меҳтари некном,* 3 

Зи Мирин ба ҳар гавҳаре бугзарам, 

Ба ганҷу ба теғу ҳунар бартарам. 4 


1 . Л - кашидандаш аз. 

2. ИЛМ - Ба говони гардункаши товдор. 

3. М -б. инб. б. зер омада: 

Ба наздики Қайсар шуд он шерзод, 
Бигуфто, ки бум аз ту обод бод. 

4. И - пас аз б. 468 ин б. омада: 

Сипоҳам фаровону ганҷам басе, 

Ба мардӣ набошад чу ман худ касе. 


73 


Ба ман деҳ кунун духтари кеҳтарат, 

Ба ман тоза кун кишвару афсарат». 

470 Чунин дод посух, ки «Паймони ман 
Шунидӣ магар бо ҷаҳонбони ман? 

Ки домод нагзинад ин духтарам, 

Зи роҳи* 1 ниёкони худ бугзарам. 

Чу Мирин яке кор бояд-т кард 2 
В-аз он пас ту бошӣ маро ҳамнабард. 

Ба кӯҳи Сақило яке аждаҳост, 

Ки кишвар ҳамасола з-ӯ дар балост. 

Агар кам кунӣ аждаҳоро зи Рум, 
Супорам ба ту духтару ганҷу бум, 

475 Ки ҳамтои он гурги шеравжан аст, 
Дами заҳри ӯ доми оҳарман аст». 

Чунин дод посух, ки «Фармон кунам, 
Бад-ин орзу ҷон 3 гаравгон кунам». 4 

Ба ёрон чунин гуфт, к-«Ин захми гург 
Набуд ҷуз ба шамшери марди сутург, 

Зи Мирин кай ояд чунин коркард, 
Надонад ҳаме Қайсар аз мард мард. 

Шавам з-ӯ бипурсам, бигӯяд магар 
Зи чора чӣ кардаст он чорагар.» 

480 Бишуд то ба айвони Мирин чу гард, 
Парастандае рафту огоҳ кард. 


1. М-раъйи. 

2. И -бояд бикард. 

3. И -дил. 

4. ТПЗМ - Зи наздики Қайсар биёмад бурун, 

Дилаш з-он суханҳои ӯ пур зи хун. 


74 


Нишастангаҳе дошт Мирин, ки моҳ 
Ба гардун надорад чунин ҷойгоҳ. 

Ҷаҳонҷӯй бо кабри кундоварӣ, 

Яке афсаре бар сараш қайсарӣ. 

Парастанда гуфт, Аҳрани пилтан 
Биёмад ҳаме бо яке анҷуман. 

Нишастангаҳе сохт шоистатар, 

Бирафт, он ки ӯ буд боистатар. 1 

485 Чу Мирин бидидаш, ба бар даргирифт, 
Парастидани меҳтар андаргирифт. 

Ба айвони Мирин намонданд кас, 

Ду меҳтар нишастанд бар тахту бас. 

Бад-ӯ гуфт Аҳран, ки «Бо ман бигӯй 
Зи ҳар ч-ат бипурсам, ту кажжӣ маҷӯй. 

Маро орзу духтари Қайсар аст, 

Куҷо Румро сар ба сар меҳтар аст. 

Чу гуфтам, ба посух чунин гуфт боз, 

Ки бар кӯҳ бо аждаҳо разм соз. 

490 Агар бозгӯӣ ту ин разми гург, 

Туӣ мар маро раҳнамои бузург». 

Чу бишнид Мирин аз Аҳран сухун, 
Бупечиду 2 андеша афканд бун, 

Ки гар кори он номдори ҷавон 3 
Ба Аҳран нагӯям, намонад ниҳон. 


1 . ТПЗ - Аз анбӯҳ холӣ шуд он ҷойгоҳ, 

Намонд эч кас ҷуз худованди гоҳ. 

2. И - бипажмурду. 

3. ИЛ - ҷаҳон. 


75 




Сари мояи мардуми ростист, 

Зи торию кажжӣ бибояд гирист! 

Бигӯям магар, к-он набарда савор 
Ниҳад аждаҳоро сар андар канор, 

495 Ки* 1 Аҳран бувад мар маро ёру пушт, 
Надорад магар бод душман ба мушт. 

Барорем гард аз дили он савор, 

Ниҳон монад ин роз 2 як рӯзгор. 

Ба Аҳран чунин гуфт, к-«Аз кори гург 
Бигӯям, чу савганд ёбам бузург, 

Ки ин роз ҳаргиз ба рӯзу ба шаб 
Нагӯӣ, кушода надорӣ ду лаб». 3 

Бихӯрд Аҳран он сахт савганди ӯй, 
Бипазруфт сар то сар он панди ӯй. 

500 Чу қиртосро ҷомаи хома кард, 

Ба Ҳайшуй Мирин яке нома кард, 

Ки «Аҳран, ки дорад зи Қайсар нажод, 
Ҷаҳонҷӯй бо ганҷу бо тахту дод 

Бихоҳад зи Қайсар ҳаме духтараш,* 4 
Ки мондаст аз он духтарон кеҳтараш. 5 * 6 

Ҳаме аждаҳо дом Аҳран кунад, 
Бикӯшад сарашро, ки бетан кунад. 


1. М-Чу. 

2. ИЛ - кор. 

-б. 498 нест. 

- духтаре. 

-б. 502 нест. 

- кеҳтаре. 


76 




Биёмад ба наздики ман чораҷуй, 
Кушода шуд он розҳо пеши 1 ӯй.* 2 

505 Аз он гургу он размдида савор 

Бигуфтам ҳама, ҳарчи омад ба кор. 

Чунон ҳам, ки кори маро кард хуб, 
Кунад, бегумон, кори ин мард хуб. 

Ду танро бар ин бум меҳтар кунад, 
Ду хуршедро бар сар афсар кунад». 

Ситуд Аҳран он нома аз чораҷӯй, 
Ба наздики Ҳайшуй бинҳод рӯй. 3 

Чу Аҳран ба наздики дарё расид, 
Ҷаҳондида Ҳайшуй пешаш давид. 

510 Аз ӯ бистад он номаи дилписанд, 
Бар ӯ офарин карду букшод банд. 

Бад-ӯ гуфт Ҳайшуй, к-«Аз дӯстон * 4 
Надонӣ, ки вайрон шавад бӯстон.* 5 

Яке номдори ғарибу ҷавон 
Фидо кард дар пеши Мирин равон. 

Кунун гар кунад ҷанги нараждаҳо, 
Ба кӯшиш магар з-ӯ наёбад 6 раҳо. 7 

Ту имшаб бад-ин мизбон рой кун, 
Бинеҳ шамъу дарё дилорой кун. 


- Ниҳонӣ суханҳо кушодам бар. 

- Гузашта суханҳо кушодам бад-ӯй. 

Г[ -б. 508 нест. 

- к-эй родмард. 

- Набояд, ки ояд ба озоди гард. 

6. ИМ - биёбад. 

7. ТПЗМ - Ба ман гуфтану кор дар дасти ӯст, 

Сухан гуфтани нек ҳар ҷо накӯст. 


77 


22 ^ 


515 Чу фардо биёяд гави номҷуй, 

Бигӯям бад-ӯ, ҳар чӣ гӯӣ, бигӯй. 

Ба шамъ оби дарё биёростанд, 
Хуришҳо бихӯрданду май хостанд. 1 

Чунин то сапеда зи ёқути зард 
Баромад бар ин гунбади* 2 лоҷвард. 

Зи дарё бидид Аҳрани номдор, 

Ки пайдо шуд аз дур* 3 гурди савор. 4 

Чу танг андаромад, пиёда давон 
Пазира шудандаш ду равшанравон. 5 

520 Фуруд омад аз асп ҷангисавор 6 
Маю хӯрданӣ хост аз номдор. 

Ҳаме тез бикшуд Ҳайшуй лаб, 

Ки «Шодӣ кун, эй номвар рӯзу шаб. 

Нигаҳ кун бар ин гурди 7 қайсарнажод, 
Ки гардуни гардон бад-ӯй аст шод. 

Ҳам аз тухмаи қайсарон аст низ, 
Ҳамаш фарраву ганҷу ном асту чиз. 

Ба домодии Қайсар омад-ш рой, 

Ҳаме хоҳад ин корро раҳнамой. 

525 Чун ӯ нест ҷуз қайсаронро ҳамол, 
Ҷавонест бо фарру бо бурзу ёл. 


-б. 516 нест. 

- сабзаву. 

- Падид омад аз дашт. 

4. ТПМ - Ба Ҳайшуй гуфт: «Омад он номдор, 

Ҳаворо нигар, пур зи гарди савор». 

5. Л-б. 518, 519нест. 

6. Л -Падид омад аз дашт гурди савор. 

7. ИЛ - марди. 


78 




Аз у хост як духту посух шунид, 
Кунун чораи дигар омад падид. 

Ҳаме гӯядаш аждаҳогир бош, 

Гар аз хешии Қайсар ожир бош. 

Ба пеши гаронмоягон рӯзу шаб 
Ба ҷуз номи Мирин надорад 1 ба лаб. 

Ҳар он кас, ки ӯ ҳаст зебои тахт, 
Бихоҳад, ки монад бад-ӯ ному бахт. 

530 Яке бурзкӯҳ аст, аз эдар на дур, 

Ҳама ҷои хӯрдан буду 2 кому сур. 

Яке аждаҳо бар сари теғи кӯҳ, 

Аз ӯ мардуми Рум яксар 3 * 4 сутӯҳ. 

Ҳаме з-осмон каргас андаркашад, 

Зи дарё наҳанги дижам баркашад. 

Ҳаме дуду заҳраш бисӯзад замин, 
Нахоҳад бад-он марз чарх офарин.* 5 

Гар ӯ кушта ояд ба дасти ту - бар, 
Шигифтӣ шавад дар ҷаҳон сар ба сар. 

535 Агар ёварат покяздон бувад, 

Ба коми ту хуршед гардон шавад. 

Бар ин бурзу болову ин зӯри даст* 6 
Кунӣ аждаҳоро ба шамшер паст». 

Бад-ӯ гуфт: «Рав, ханҷаре кун дароз* 7 
Або даст болош чун панҷа боз. 


- наёрад. 

-гаҳи. 

- Шуда марзу бум аз бади ӯ. 

- Шуда марзи Рум аз бади ӯ. 

- Надидаст ҳаргиз касе инчунин. 

- дастбурд. 

-Надонем ҳамтои ту ҳеч гурд. 


79 


Зи ҳар суш бар сони дандони мор 
Синоне бар ӯ руста бар сони хор. 1 

Ҳаме об дода ба заҳр - андарун* 2 
Ба тезию рангоҳанаш обгун. 

540 Яке бораву гурзу баргустувон 
Паранд овару ҷомаи хусравон. 

Ба фармони Яздону пирӯз бахт 
Нагун андаровезамаш аз дарахт». 

КУШТАНИ ГУШТОСП АЖДАҲОРО ВА ДОДАНИ 
ҚАЙСАР ДУХТАРИ ХУДРО БА АҲРАН 

Бишуд Аҳрану ҳарчи Гуштосп хост, 
Биёвард, чун корҳо гашт рост. 

Зи дарё ба зин андаровард пой, 

Бирафтанд ёрон-ш бо ӯ зи ҷой. 

Чу Ҳайшуй кӯҳи Сақило бидид, 

Ба ангушт бинмуду дам даркашид. 

545 Чу хуршед барзад синон аз фароз, 

Худу Аҳран аз роҳ гаштанд боз. 

Ҷаҳонҷӯй дар пеши он кӯҳ буд, 

Ки ороми он мори настӯҳ буд. 

Ҷавон пеши зин андаровехт тарг, 

Ба дил кард осон дами мору марг. 

Ҳаме рафт Гуштосп то пеши кӯҳ, 

Яке наъра зад, к-аждаҳо шуд сутӯҳ. 

Чу он аждаҳо бурзи ӯро бидид, 

Ба дам сӯи хешаш ҳаме даркашид. 


1. Л -б. 538 нест. 

2. М - заҳру ба хун. 


80 


222 


550 Бар у тир борид ҳамчун тагарг, 

Чунон чун бирезад зи гулнор барг.* 1 

Чу танг андаромад бараш аждаҳо, 
Ҳаме ҷуст марди ҷавон з-ӯ раҳо. 

Сабук ханҷар андар даҳонаш ниҳод, 
Зи додори некидиҳиш кард ёд. 

Бизад тез дандон бар он ханҷараш, 
Ҳама теғҳо шуд ба ком-андараш. 

Ҳаме рехт з-ӯ заҳр, то гашт суст, 

Ба заҳру ба хун кӯҳ яксар бишуст. 

555 Ба шамшер бурд он замон даст шер, 
Бизад бар сари аждаҳои далер. 

Ҳаме рехт* 2 мағзаш бар он санги сахт, 
Зи асп андаромад гави некбахт. 

Биканд аждаҳоро* 3 ду дандон нахуст 
В-аз он ҷо 4 биёмад, сару тан бишуст. 

Хурӯшон биғалтид бар хок-бар 
Ба пеши худованди пирӯзгар, 

Ки ӯ додаш он дастгоҳи бузург 
Бар он гургу он аждаҳои сутург. 

560 Ҳаме гуфт: «Лӯҳроспу фаррух Зарир 
Шуданд аз тану ҷони Гуштосп сер. 

Ба равшан равону дилу зӯри пок, 
Чунин аждаҳоро фикандам ба хок. 5 


- Ҷавон пеши зин андаровехт тарг. 

- фурӯ рехт. 

- Аз даҳонаш. 

4. ИМ - Пас он гаҳ. 

5. Л - Ба базму ба разму ба гоҳи шароб 

Ҳамоно набинанд моро ба хоб. 


81 


Ба ҷуз ранҷу сахти набинам зи даҳр, 
Пароканда бар ҷои тарёк заҳр. 

Гарам 1 зиндагонӣ диҳад кирдгор, 

Ки бинам яке 2 рӯи он шаҳрёр, 3 

Бигӯям, ки бар ман чӣ омад зи тахт, 
Ҳаме тахт ҷустам, ки гум гашт бахт». 

565 Пур аз об рух, борагӣ барнишаст 
Ҳамон ханҷари обдода ба даст. 

Чу наздики Ҳайшую Аҳран расид, 
Ҳамон ёд кард он шигифтӣ, ки дид. 

Бад-эшон чунин гуфт, к-«Ин аждаҳо 
Бар ин ханҷари тез шуд бебаҳо. 

Шумо аз дами аждаҳои бузург 
Пур аз бим будед в-аз 4 кори гург. 

Маро корзори диловар сарон, 
Сарафроз бо гурзҳои гарон, 

570 Басе сахт ояд зи ҷанги 5 наҳанг, 

Ки аз жарфдарё барояд ба ҷанг. 

Чунин аждаҳо ман басе дидаам, 

Ки аз разми* 6 ӯ сар напечидаам». 

Шуниданд Ҳайшую Аҳран сухан, 

Аз он нав ба гуфтору донишкуҳан. 


1. ИЛ-Магар. 

2. Л - бинем мо. 

3. ИЛ - пас аз б. 563 ин омада: 

Яке* чеҳри фаррух бародар Зарир, 
Бигӯям, ки гаштам ман аз кор** сер. 
* И - дигар. ** И -тоҷ. 

4. И - гаштед аз. 

5. Л - сахттар омад зи ҷанги. 

6. М - ҷанги. 


82 


Ҳам андар замон он ду гарданфароз 
Бирафтанду бурданд пешаш намоз. 

Ба Гуштосп гуфтанд, к-«Эй наррашер, 
Ки чун ту назояд зи модар далер, 

575 Худои ҷаҳон мар туро бод ёр, 

Ки моро зи зӯри ту шуд рост кор». 1 

Биёвард Аҳран басе хоста, 

Гаронмоя аспони ороста. 2 

Яке теғ пазруфту аспе саманд, 
Камоневу даҳ чӯба тиру каманд. 

Ба Ҳайшуй дод он дигар, ҳарчӣ буд 
Зи динор в-аз ҷомаи нобисуд. 

Чунин гуфт Гуштосп бо саркашон 
К-«Аз ин кас набояд, ки ёбад нишон. 

580 На аз ман, ки нараждаҳо дидаам, 

Ҳам овози он гург бишнидаам». 

В-аз он ҷойгаҳ шоду хуррам бирафт, 
Ба сӯи Катоюн хиромид тафт. 

Бишуд Аҳрану гови гардун бибурд, 
Тани аждаҳо кеҳтаронро супурд, 

Ки «Инро ба даргоҳи Қайсар баред 
Ба пеши бузургони лашкар баред».* 3 

Худ аз пеши говони гардун бирафт, 

Ба наздики Қайсар хиромид тафт. 4 


1. И-б. 575 нест. 

2. ЛМ-б. 575, 576нест. 

3. Л -б. 582 - 584 нест. 

4. М -ниҳед. 


83 


585 Ба Рум-андарун огаҳи ёфтанд, 
Ҷаҳондидагон тез 1 биштофтанд. 2 

Чу гов андаромад ба ҳомун зи кӯҳ, 
Хурӯш омад андар миёни гурӯҳ. 

Аз он захму он аждаҳои дижам, 

К-аз ӯ буд бар гови гардун ситам, 

Ҳаме омад аз чарх бонги чаков, 

Ту гуфтӣ надорад ҳаме гов тов. 

Ҳар он кас, ки он захми шамшер дид, 
Хурӯшидани гови гардун шунид, 

590 Ҳаме гуфт, к-ин захми оҳарман аст, 

На шамшеру на ҳанҷари Аҳран аст. 

Ҳамон гоҳ Қайсар зи айвон биронд, 
Бузургону фарзонагонро бихонд. 

Ба он аждаҳо-бар яке ҷашн кард 
Зи шабгир, то шуд ҷаҳон лоҷвард. 

Чу хуршед бинҳод бар чарх* 3 тоҷ, 

Ба кирдори зар об шуд рӯи соҷ. 

Фиристод Қайсар, суқуфро бихонд, 
Бари хеш 4 бар тахти заррин нишонд. 

595 Зи битриқ в-аз ҷосалиқони шаҳр 

Ҳар он кас, к-аш аз мардумӣ буд баҳр, 

Ба пеши сакубо шуданд анҷуман 
Ҷаҳондидаву 5 Қайсару ройзан. 


1. И-пеш. 

2. ТПЗМ - Бидиданд он аждаҳои бузург, 

Ки афканда буд ин далери сутург. 

3. М - тахт. 

4. И -бипурсиду. 

5. И -ҷаҳондида бо. 


84 


Ба Аҳран супурданд пас духтараш, 
Ба дастурии меҳрубон модараш. 

Аз айвон чу мардум пароканда шуд, 
Дили номвар з-он сухан зинда шуд. 

Чунин гуфт, к-«Имрӯз рӯзи ман аст, 
Баланд осмон дилфурӯзи ман аст, 

600 Ки ҳамчун ду домоди ман дар ҷаҳон 
Набинад касе аз кеҳону меҳон». 

Набиштанд нома ба ҳар меҳтаре, 
Куҷо доштӣ тахт бо афсаре, 

Ки нараждаҳо бо сарафроз гург 
Табаҳ шуд ба дасти ду марди сутург. 

ҲУНАР НАМУДАНИ ГУШТОСП 
ДАР МАЙДОН 

Яке манзаре буд ба 1 айвони хеш, 
Бароварда 2 чун тахти рахшони хеш. 

Ба майдон шудандӣ ду домоди ӯй, 
Биёростандӣ дили шоди ӯй. 

605 Ба тиру ба чавгону захми синон 
Ба ҳар донише гирд карда инон, 

Ҳаме тохтандӣ чапу дасти рост, 

Ту гуфтӣ саворӣ ба эшон сазост. 3 


1 . И -пеши. 

2. И - баровард. 

3. И пас аз б. 606 ин б. омада: 

Фиканда ба майдон - дарун пеши дар 
Аз он гургу он аждаҳо ҳарду сар. 
Бимонд андар он, ҳар кӣ онро бидид, 
Ба додор з-он офарин густарид. 

Ба зӯр инчунин сӯи майдон шуданд, 
Ба оромишу гую чавгон шуданд. 


85 


222 


Чунин то баромад бар ин рузгор 
Биёмад Катоюни омӯзгор. 

Ба Гуштосп гуфт: «Эй нишаста дижам, 
Чӣ дорӣ ба андеша дилро ба ғам? 

Ба Рум аз бузургон ду меҳтар буданд, 
Ки бо тоҷу бо ганҷу афсар буданд. 

610 Яке он ки нараждаҳоро бикушт, 
Фаровон бало диду нанмуд пушт. 

Дигар он ки бар гург бидрид пӯст, 
Ҳама Рум яксар пуровои ӯст. 

Ба майдони Қайсар ба нангу набард 
Ҳамон б-осмон-андар оранд гард. 

Назора шав он ҷо, ки Қайсар бувад, 
Магар бар дилат ранҷ камтар бувад». 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Эй хубчеҳр* 1 
Зи Қайсар маро кай бувад ёду меҳр?* 2 

615 Туро бо ман* 3 аз шаҳр берун кунад, 

Чу бинад маро, мардумӣ чун кунад? 

Валекин туро гар чунин аст рой, 
Напечам зи рои ту, эй раҳнамой». 

Бифармуд, то барниҳоданд зин 
Бар аспе, ки андарнавардад замин. 

Биёмад, ба майдони Қайсар расид, 
Ҳаме буд, то захми чавгон бидид, 


- покзан. 

- Падар-т он сарафрози ҳар анҷуман. 

- у домод. 


86 


Аз эшон яке гую чавгон бихост, 
Миёни саворон - дар андохт 1 рост. 

620 Барангехт он борагиро зи ҷой, 
Ялонро ҳама суст шуд дасту пой. 

Ба майдон яке низ гӯяш надид, 

Шуд аз захми ӯ дар ҳаво нопадид. 

Саворон куҷо гӯи ӯ ёфтӣ, 

Ба чавгонзадан ҳеч наштофтӣ. 

Шуданд он замон 2 румиён* 3 зардруй, 
Ҳама пок бо ғулғулу гуфтугӯй. 

Камон баргирифтанду тири хаданг, 
Бирафтанд чанде 4 саворони ҷанг. 

625 Чу он дид, пас гурд Гуштосп гуфт, 

Ки акнун ҳунарҳо набояд нуҳуфт. 

Бияфканд чавгон, камон баргирифт, 
Зеҳу тири ӯ даст бар сар гирифт. 

Нигаҳ кард Қайсар бар он сарфароз 
Бар он чангу ёлу рикеби дароз, 

Бипурсиду гуфт: «Ин савор аз куҷост, 
Ки чандин бупечад чапу дасти рост? 

Сарафроз гурдон басе дидаам, 

Саворе бад-ин гуна нашнидаам. 5 

630 Бихонед, то з-ӯ бипурсам, ки кист, 
Фариштаст ё номҷӯй одамист». 


1 . Л - бияндохт; ИМ - барандохт. 

2. И - он ҳама. 

3. М - Саворон шуданд он замон. 

4. И - чандин. 

5. Л -б. 629 нест. 


87 


Бихонданд Гуштоспро пе ттт и уй, 
Бупечид ҷони бадандеши ӯй. 

Ба Гуштосп гуфт: «Эй набарда савор, 
Сари саркашон, афсари корзор, 

Чӣ номат, 1 ба ман гӯй шаҳру нажод?» 
В-аро з-ин сухан ҳеч посух надод. 

Чунин гуфт, к-«Ин хор, бегона мард, 
Ки аз шаҳр Қайсар варо дур кард, 

635 Чу домод гаштам, зи шаҳрам биронд, 
Кас аз дафтараш номи ман барнахонд. 

Зи Қайсар ситам бар Катоюн расид, 
Ки марде ғариб аз ҷаҳон* 2 баргузид. 

Нарафт андар он ҷуз ба оини хеш, 

Аз он ростӣ хорӣ омад-ш пеш. 

Ба беша - дарун он зиёнкор гург 
Ба кӯҳ-андарун аждаҳои сутург, 

Сароншон ба захми ман омад ба пой, 
Бад-он кор Ҳайшуй буд раҳнамой, 

640 Ки дандонҳошон ба хони ман аст, 

Ҳамон захми ханҷар нишони ман аст. 

За Ҳайшуй Қайсар бипурсад сухан, 
Нав аст ин, нагаштаст кори куҳан». 

Чу Ҳайшуй шуд пешу дандон бибурд, 
Гузашта суханҳо бар ӯ баршумурд. 

Ба пӯзиш биёрост Қайсар забон, 

Бад-ӯ гуфт: «Бедод рафт, эй ҷавон. 


1 . Л -номи. 

2. М - миён. 


88 


22 


Кунун он гироми Катоюн куҷост, 

Маро гар ситамгора хонӣ, равост?» 

645 Зи Мирину Аҳран барошуфту гуфт, 

Ки «Ҳаргиз намонад сухан дар нуҳуфт». 

Ҳамон гаҳ* 1 нишаст аз бари бодпой, 

Ба пӯзиш биёмад бари покрой. 2 

Ба духтар чунин гуфт пас шаҳрёр, 

Ки «Эй покпайванди беҳрӯзгор, 

Туӣ дар ҷаҳон мар маро чашми рост, 

Ба ҷуз ту дилам орзуе нахост. 3 

Бипурсӣ аз ин чуфту анбози хеш, 

Магар бар ту пайдо кунад рози хеш, 

650 Ки орому шаҳру нажодаш куҷост, 

В-агарна нагӯяд ба мо гуфти рост».* 4 

Чунин дод посух,* 5 ки «Пурсидамаш 
На бар домани ростӣ дидамаш. 


1 . М - Пас он гаҳ. 

2. ТПЗ - Бифармуд Қайсар, ки ходим чиҳил, 

Ҳама номбардор турки Чигил, 

Ки то духтарашро ба чой оваранд, 
Дар ин кор покиза рой оваранд. 
Биёвард духтар ба айвони хеш, 

Чу бишнохт ӯро ба паймони хеш. 

3. Л - б. 647, 648 нест. 

ТПЗМ - Ҳаме офарин кард фарзандро, 
Суманбар нигори хирадмандро. 
Бад-ӯ гуфт Қайсар, ки «Эй моҳрӯй, 
Гузидӣ ту андархури хеш шӯй. 
Ҳама дударо сар барафрохтӣ 
Бад-ин хуб оҳан, ки барсохтӣ». 
Катоюн чу дидаш, парасторваш 
Биёмад бараш даст карда ба каш. 
Бар ӯ офарин карду бурдаш намоз, 
Замоне ҳаме гуфт бо хок роз. 

- б. 650 нест. 

- Бад-ӯ гуфт чандон. 


89 


Нагуяд ҳаме пеши ман рози хеш 
Ниҳон дорад аз ҳар кас овози хеш. 

Зи ҳарч-аш бипурсам нагӯяд тамом,* 1 
Фарухзод гӯяд, ки ҳастам ба ном. 

Гумонам, ки ҳаст аз нажоди бузург, 
Ки пархошҷӯй асту марди сутург». 

655 В-аз он ҷойгаҳ сӯи айвон гузашт, 

Сипеҳр - андар ин низ чанде бигашт. 

Чу Гуштосп бархост аз бомдод, 

Сари пурхирад сӯи Қайсар ниҳод. 

Чу Қайсар варо дид, хомуш бимонд, 
Бар он номвар тахти заррин нишонд. 

Камар хост аз ганҷу ангуштарӣ, 

Яке афсари пургуҳар, 2 қайсарӣ, 

Бибӯсиду пас бар сари ӯ ниҳод, 

Зи кори гузашта ҳаме кард ёд. 

660 Чунин гуфт: «Бо ҳар кӣ буд ёдгир. 

Ки бедор бошед барнову пир. 

Фарухзодро ҷумла фармон баред, 

Зи гуфтору кирдори ӯ магзаред». 

В-аз он огаҳӣ шуд ба ҳар кишваре, 

Ба ҳар подшоҳеву ҳар меҳтаре. 

НОМАИ ҚАЙСАР БА ИЛЁС ВА БОЖ 
ХОСТАН АЗ Ӯ 

Ба Қайсар Хазар буд наздиктар 
В-аз эшон будаш рӯз ториктар. 


1 . М - Ки орому шаҳру нажодам кадом. 

2. ИМ - номвар. 


90 


2 5 


Ба марзи Хазар меҳтар Илёс буд, 

Ки пури ҷаҳондида Меҳрос буд. 

665 Ба Илёс Қайсар яке нома кард, 

Ту гуфтӣ, ки хун бар сари хома кард. 

Ки чанде ба афсӯс хӯрдӣ Хазар, 
Кунун рӯзи шодит омад* 1 ба сар. 

Кунун сов бифристу божи гарон, 
Гаравгон аз он марз чандон 2 сарон. 

Вагарна Фарухзод чун пили маст 
Биёяд, кунад рӯи кишвар чу даст». 

Чу Илёс бархонд он номаро, 

Ба заҳр об барзад сари хомаро. 

670 Чунин дод посух, ки «Чандин ҳунар 
Набудӣ ба Рум - андарун пештар. 

Агар ман нахоҳам ҳаме божи Рум, 
Шумо шод бошед аз он марзу бум. 

Чунин дил гирифтед аз ин як савор, 
Ки назди шумо ёфт ӯ зинҳор. 

Чунон дон, ки ӯ доми оҳарман аст 
В-агар кӯҳи оҳан, ҳамон як тан аст. 

Ту ӯро бад-ин ҷанг ранҷа макун, 

Ки ман бо дарозӣ намонам сухун». 3 

675 Сухан чун ба Мирину Аҳран расид, 
Зи Илёсу он дом, к-ӯ густарид, 


- осоиш. 

-чанде. 

3. ТПЗ - Фиристода баргашт монанди бод, 
Паёмаш саросар ба Қайсар бидод. 
Бупечид Қайсар зи гуфтори ӯ, 
Барошуфту бишкаст бозори ӯ. 


91 


Фиристод Мирин ба Қайсар паём, 
Ки «Ин аждаҳо нест, к-ояд ба дом. 

На гург аст, к-аз чора беҷон шавад 
В-аз олудани заҳр печон шавад. 

Чу Илёс дар ҷанг хашм оварад, 
Ҷаҳонҷӯйро хун ба чашм оварад. 

Нигаҳ кун кунун, к-он сазовор мард 
Аз ӯ чанд печад ба дашти набард». 

680 Ғамӣ гашт Қайсар зи гуфторашон, 
Бипажмурд аз он тирабозорашон. 1 

Фарухзодро гуфт: «Пурмояӣ, 

Сари Румро ҳамчу перояӣ. 

Чунон дон, ки Илёс шеравжан аст, 
Ки аспафкану* 2 пили рӯинтан аст. 

Агар тов дорӣ ба ҷангаш, бигӯй, 

Ба кажжӣ маҷӯй андар ин обрӯй. 

Агар ҷанги ӯро надорӣ ту пой, 
Бисозем бо ӯ яке хуб рой. 

685 Ба чарбӣ зи раҳ бозгардонамаш, 
Сухан бо хазина барафшонамаш». 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Ин ҷустуҷӯй 
Чаро бояду ин ҳама гуфтугӯй? 

Чу ман бора андар нишонам ба хок, 
Надорам зи марзи Хазар ҳеч бок. 

Валекин набояд, ки рӯзи набард 
Зи Мирину Аҳран бувад ёдкард, 


1. И-б. 680 нест. 

2. М - у хашмовару. 


92 




Ки эшон ба разм - андарун душмани 
Бароранду кажживу оҳарманӣ. 

690 Чу лашкар биёяд зи марзи Хазар, 
Нигаҳбони ман бош бо як писар. 

Ба нерӯи пирӯзгар як Худой 
Чу ман бо сипоҳ андароям зи ҷой, 

На Илёс монам, на бо ӯ сипоҳ, 

На чандон бузургиву тахту кулоҳ. 

Камарбанд гирамшу аз пушти зин 
Ба абр андарорам, занам бар замин». 

Дигар рӯз чун бардамид офтоб 
Чу зарринсипар менамуд андар об. 

695 Зи сӯи* 1 Хазар нои рӯин бихост, 

Ҳаме гард бар шуд ба хуршед рост. 

Сарафроз Қайсар ба Гуштосп гуфт, 

Ки «Акнун ҷудо кун сипоҳ аз нуҳуфт». 

Чу Гуштосп аз шаҳр* 2 берун кашид. 
Гавону* 3 ялонро ба ҳомун кашид.* 4 

Ҳаме рафт бо гурзаи говсор 
Чу сарви баланд аз лаби ҷӯйбор. 

Ҳаме ҷуст бар дашт ҷои набард, 

Зи ҳомун ба абр андаровард гард. 

700 Чу Илёс дид он бару ёли ӯй, 

Чунон гардиши гурзу 5 гӯполи ӯй, 


-руи. 

-рум. 

- сипоҳу. 

- бидид. 

- гардишу чангу. 


93 


Саворе фиристод наздики уй, 

Ки бифребад он рои борики ӯй. 1 

Биёмад бад-ӯ гуфт, к-«Эй сарфароз, 

Зи Қайсар бад-ин сон ту чандин маноз. 

К-аз ин лашкар акнун савораш туӣ, 
Баҳораш туӣ, номдораш туӣ. 

Ба як сӯ гирояд миёни ду саф, 

Чӣ дорӣ чунин бар лаб оварда каф, 

705 Ки Илёс шер аст, рӯзи набард 

Ба абр 2 андарорад ба шамшер гард. 

Агар ҳадя хоҳӣ, варо ганҷ ҳаст, 

Масой аз паи чиз бо ранҷ даст. 

Зи гетӣ гузин кун яке баҳрае, 

Ту бошӣ дар он баҳра - дар шӯҳрае. 

Ҳамат ёр бошам, ҳамат кеҳтарам, 

Ки ҳаргиз зи паймони ту нагзарам». 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Ин сард гашт, 
Суханҳо зи андоза андаргузашт. 

710 Ту кардӣ бад-ин доварӣ даст пеш, 
Кунун бозгаштӣ зи гуфтори хеш. 

Сухан гуфтан акнун наёяд ба кор 
Гаҳи ҷангу овезиши корзор». 

Фиристода баргашту омад чу бод, 
Ҳаме кард посух ба Илёс ёд. 


1 . Л - Пурандеша шуд марди корозмой 

Фиристод пинҳон яке хуброй. 

2. Л - Падид. 


94 


22 


Чу хуршед шуд бар сари куҳ зард, 
Намонд он замон рӯзгори набард. 

Шаб омад, яке пардаи обнус 
Бипӯшид бар чеҳраи сандарус. 

РАЗМИ ГУШТОСП БО ИЛЁС ВА КУШТА 
ШУДАНИ ИЛЁС 

715 Чу хуршед аз парда огоҳ шуд, 

Зи бурҷи камон бар сари гоҳ шуд. 

Бибуд кишвари Рум чун сандарус, 

Зи ҳар сӯ баромад дами ною* 1 кӯс. 

Чакочок бархост аз ҳарду рӯй, 

Зи хун шуд ҳама размгаҳ ҳамчу ҷӯй. 

Биёмад сабук Қайсар аз маймана, 

Ду домодро кард пеши буна. 

Абар майсара пури Қайсар Сақил, 
Абар маймана Қайсару кӯсу пил. 

720 Деҳодеҳ баромад зи ҳар ду сипоҳ, 

Ту гуфтӣ баровехт бо шед моҳ. 

Биҷунбид Гуштосп аз* 2 пеши саф, 
Наҳанге ба зер, аждаҳое ба каф. 

Чунин гуфт Илёс бо анҷуман, 

Ки «Қайсар аз он бож хоҳад зи ман, 

Ки бар дар чунин аждаҳо бошадаш, 
Азеро чунин ройҳо оядаш». 

Чу Гуштосп Илёсро дид, гуфт, 

Ки «Акнун ҳунарҳо набояд нуҳуфт». 


- буқу. 

- бар. 


95 


725 Барангехтанд асп ҳарду савор 
Або найзаву тири ҷавшангузор. 

Чу аз тир Илёс букшод даст, 1 
Ки Гуштосп аз он хаста гардад, нахаст. 2 

Бизад найза Гуштосп бар ҷавшанаш, 
Бихаст он замон корзорӣ танаш. 3 

Бияфкандаш аз асп бар сони маст, 
Биёзиду бигрифт дасташ ба даст. 

Зи пеши саворон кашонаш бибурд, 

Чу танг андаромад, ба Қайсар супурд. 

730 Биёвард лашкар ба пеши сипоҳ 

Ба кирдори бод андаромад зи роҳ. 

Зи эшон чи моя бикушту гирифт, 
Ҷаҳоне бад-ӯ монда андар шигифт. 

Чу румӣ пас - андар ҳамовоз гашт, 
Нигаҳ кард Гуштосп худ бозгашт. 

Бари Қайсар омад сипаҳ тохта, 

Ба пирӯзиву гардан афрохта. 

Чу Қайсар бидидаш, ки омад зи роҳ, 

Зи шодӣ пазира 4 шудаш бо сипоҳ. 

735 Сару чашми он номвар бӯса дод, 
Ҷаҳонофаринро басе кард ёд. 

В-аз он ҷойгаҳ бозгаштанд шод, 
Сипаҳбад кулоҳи меҳӣ 5 барниҳод. 


1. Л -бугзашт шаст. 

2. Л - гардонад аз захм паст. 

3. И -б. 726 - 727 нест. 

4. Л -пиёда. 

5. Л -кай. 


96 




Ҳама Рум бо ҳадяву бо нисор 
Бирафтанд шодон бари шаҳрёр. 1 

БОЖИ ЭРОН ХОСТАНИ ҚАЙСАР АЗ 
ЛӮҲРОСП 

Бар ин низ бугзашт чанде сипеҳр 
Ба дил-дар ҳаме дошт, нанмуд чеҳр. 

Ба Гуштосп Қайсар чунин гуфт боз, 2 
Ки «Эй номвар меҳтари сарфароз, 3 

740 Барандеш бо ин сухан дар хирад, 

Ки андеша аз ин сухан нагзарад. 

Ба Эрон фиристам фиристодае 
Ҷаҳондидае пок, озодае. 

Ба Лӯҳросп гӯяд, ки ними ҷаҳон 
Ту дорӣ ба орому* 4 ганҷи меҳон. 

Агар бож бифристӣ аз марзи хеш, 
Бубинӣ сари мояву арзи хеш. 

Вагарна сипоҳе фиристам зи* 5 Рум, 
Ки аз наъл пайдо набинӣ ту бум». 

745 Чунин гуфт Гуштосп, к-«Ин рои туст 
Замона ба зери кафи пои туст». 

Яке номвар буд Қолус ном, 
Хирадманду бодонишу рою ком. 


1 . ТПЗМ - Ҷаҳоне ба озин биёростанд, 

Маю руду ромишгарон хостанд, 
Чунин аст оини гарданда даҳр, 
К-аз ӯ нӯш ёбӣ гаҳе, гоҳ заҳр. 

- гуфт он гаҳе ном чӯй. 

- то зиндаам, з-ин ҷаҳон ком ҷӯй. 

- Ба шодӣ ту дориву. 

- фиристам саворони. 


97 


222 


Бихонд он хирадмандро номдор, 

К-аз эдар бирав то дари шаҳрёр, 

Бигӯяш, ки гар божи Эрон диҳӣ, 

Ба фармон гироиву гардан ниҳй, 

Ба Эрон бимонам ба ту тоҷу тахт, 
Ҷаҳондор бошиву пирӯзбахт. 

750 Вагарна ҳам акнун* 1 сипоҳи гарон 
Ҳам аз Рум в-аз дашти найзаварон, 

Нигаҳ кун, ки бархезад аз дашт ғав, 
Фарухзоди пирӯзашон пешрав. 

Ҳама буматон пок вайрон кунам, 
Куноми палангону шерон кунам. 

Фиристода омад ба кирдори бод, 
Сараш пурхирад буду дил пур зи дод. 

Чу омад ба наздики шоҳи бузург, 
Бидид он дару боргоҳи сутург. 

755 Чу* 2 огоҳӣ омад ба солори бор, 
Хиромон биёмад бари шаҳрёр, 

Ки «Пири ҷаҳондидае бар дар аст, 
Ҳамоно фиристодаи Қайсар аст. 

Саворест бо ӯ басе найзадор* 3 , 

Ҳаме бор ҷӯяд бари шаҳрёр». 

Чу бишнид, биншаст бар тахти оҷ, 

Ба сар барниҳод он дилорой тоҷ. 


- манам. 

- Пас. 

- номдор. 


98 


Бузургони Эрон ҳама зери тахт 
Нишастанд шодондилу некбахт. 

760 Бифармуд то парда бардоштанд, 
Фиристодаро шод бугзоштанд. 

Чу омад ба наздики тахташ фароз, 
Бар ӯ офарин карду бурдаш намоз. 

Паёми гаронмоя Қайсар бидод, 
Фиристода худ бо хирад буду дод. 

Ғамӣ шуд зи гуфтори ӯ шаҳрёр, 
Барошуфт бо гардиши рӯзгор. 

Гаронмоя ҷое биёростанд, 

Маю руду ромишгарон хостанд. 

765 Фиристод зарбафти густарданӣ 
Зи пӯшиданиҳову аз 1 х(в)арданӣ. 2 

Шаб омад, ба андеша печон бихуфт, 
Ту гуфтӣ, ки бо дарду ғам буд ҷуфт. 

Чу хуршед бар тахти заррин нишаст, 
Шаби тира рухро ба нохун бихаст. 3 

Бифармуд, то рафт пешаш Зарир, 
Сухан гуфт ҳар гуна бо шоҳ дер. 

770 Ба шабгир Қолусро пеш хонд, 

Зи Қайсар фаровон суханҳо биронд. 

Зи бегона айвон бипардохтанд, 
Фиристодаро пеш биншохтанд. 


1 . Л -ҳам. 

2. ИЛМ - Бад-он гуна бинвохт ӯро ба базм 

Ту гуфтӣ, ки нашнид пайғоми разм. 

3. Л - б. 767 нест. 


99 


22 ^ 


Бад-у гуфт Луҳросп, к-«Эй пурхирад, 
Мабодо, ки ҷон ҷуз хирад парварад. 

Бипурсам туро рост посух гузор, 

Агар бихрадӣ, коми кажжӣ махор. 

Набуд ин ҳунарҳо ба Рум - андарун 
Будӣ Қайсар аз дасти шоҳон забун. 

775 Кунун ӯ ба ҳар кишваре божхоҳ 
Фиристоду хоҳад ҳаме тахту 1 гоҳ 

Чу Илёсро, к-ӯ ба марзи Хазар 
Гаве буд бо фарру пархошхар, 

Бигирад, бубандад ҳаме бо сипоҳ 
Бад-ин номҷустан кӣ бинмуд роҳ?» 

Фиристода гуфт: «Эй хирадманд шоҳ, 
Ба марзи Хазар ман шудам божхоҳ. 

Ба пайғамбарӣ ранҷ бурдам басе, 
Напурсид аз ин бора аз ман касе. 

780 Валекин маро шоҳ чандон навохт, 

Ки гардан ба кажжӣ набояд фарохт. 

Саворе ба наздики ӯ* 2 омадаст, 

Ки аз бешаҳо шер гирад ба даст.* 3 

Ба мардон бихандад ҳаме рӯзи разм, 
Ҳама ҷом хоҳад ба ҳангоми базм. 

Ба разму ба базму ба рӯзи шикор 
Ҷаҳонбин надидаст чун ӯ савор. 


-Фиристоду бар гоҳ бинҳод. 

- наздаш далер. 

- шергир омадаст. 


100 


Бад-у дод пурмоятар 1 духтараш, 

Ки будӣ гиромитар аз афсараш. 

785 Нишонӣ шудаст ӯ* 2 ба Рум - андарун, 
Ки нараждаҳо шуд ба ҷангаш забун. 

Яке гурги дигар чу пиле ба дашт, 

Ки Қайсар наёраст аз он сӯ гузашт, 

Бияфканду дандони ӯро биканд, 

В-аз ӯ кишвари Рум шуд бегазанд». 

Бад-ӯ гуфт Лӯҳросп, к-Эй ростгӯй, 
Киро монад он марди пархошҷӯй?» 

Чунин дод посух, ки боре нахуст 
Ба чеҳри 3 Зарир аст гӯӣ дуруст. 

790 Ба болову дидору фарҳангу рой 
Зарири далер аст гӯӣ ба ҷой». 

Чу бишнид Лӯҳросп, букшод чеҳр, 
Бад-он марди румӣ бигустард меҳр. 

Фаровон варо бадраву барда дод, 

Зи даргоҳ баргашт пирӯзу шод. 

Бад-ӯ гуфт: «Акнун ба Қайсар бигӯй, 
Ки ман бо сипоҳ омадам ҷангҷӯй». 

БУРДАНИ ЗАРИР ПАЙҒОМИ ЛӮҲРОСП 
БА ҚАЙСАР 

Пурандеша биншаст Лӯҳросп дер, 
Бифармуд, то пеши ӯ шуд Зарир. 


1 . И - пурмоя пас. 

2. М - шудаст ӯ фасона. 

3. И -чеҳра. 


101 


795 Бад-у гуфт, к-«Ин ҷуз бародар-т нест, 
Бад-ин чора биштобу эдар маист. 

Диранг оварӣ, кор гардад табоҳ, 
Маёсою аспи дирангӣ махоҳ. 

Бубар тахту болову зарринакафш, 
Ҳамон тоҷ бо коваёнӣ дурафш. 

Ман ин подшоҳӣ мар ӯро диҳам, 

На з-ин бар сараш бар сипоҳе ниҳам. 

Ту з-эдар бирав то Ҳалаб чораҷӯй, 
Сипаҳро ҷуз аз ҷанг чизе магӯй». 1 

800 Зарири ситуда ба Лӯҳросп гуфт, 

Ки «Ин роз берун кунам аз нуҳуфт. 

Гар ӯй аст фармонбару 2 меҳтар аст, 
Варо, ҳар кӣ меҳтар бувад, кеҳтар аст», 

Бигуфт ин суханрову барсохт кор, 
Гузида яке лашкари номдор. 3 

Набера бузургону озодагон, 

Зи Ковусу Гударзи Кашводагон, 

Зи тухми Зарасп он ки буданд низ 
Чу Баҳроми шеравжану Ревниз, 

805 Набера сарафроз Геви далер, 

Ҷаҳонгир Ширӯяву Ардашер, 

Ду шери гаронмоя Бежаннажод, 

Ду гурди сарфрозу ду покзод. 4 


1. И -пас аз б. 799 ин б. омада: 

Ки ӯро худ аз фарри Яздон сазид. 
Аз оғоз ин тоҷ ӯро расид. 

2. Л - асту фармон барад. 

3. И -б. 802 нест. 

4. ИЛ -б. 805. 806 нест. 


102 


Ҳаме рафт ҳар меҳтаре бо ду асп 
Фурӯзон ба кирдори озаргушасп. 

Наёсуд кас то ба марзи Ҳалаб 
Ҷаҳон шуд пур аз шӯри санҷу ҷалаб. 1 

Дурафши Ҳумоюн барафрохтанд, 
Саропардаву хаймаҳо сохтанд. 

810 Зарири сипаҳбад сипаҳро бимонд 

Ба Баҳроми гарданкашу худ биронд. 

Ба сони касе* 2 к-ӯ паёме барад 
Ва ё назди шоҳон хироме барад. 

Аз он вижагон панҷ танро бибурд, 
Ки буданд бомағзу ҳушёру гурд. 

Чу наздики даргоҳи Қайсар расид, 

Зи даргоҳ солори бораш бидид, 

Ба кох - андарун буд Қайсар дижам, 
Хирадманд Гуштосп бо ӯ ба ҳам. 

815 Чу Қайсар шунид ин сухан, бор дод, 
Аз он омадан гашт Гуштосп шод. 

Зарир андаромад чу саври баланд, 
Нишаст аз бари тахт он арҷманд. 

Зи Қайсар бипурсиду пӯзиш гирифт, 
Бар он румиён-бар фурӯзиш гирифт. 

Бад-ӯ гуфт Қайсар: «Фарухзодро 
Напурсӣ, надорӣ ба дил додро». 

Ба Қайсар чунин гуфт фаррух Зарир, 
Ки «Ин банда аз бандагӣ гашт сер. 


1. Л - пур аз шуру ҷангу шағаб. 

2. М - Яке. 


103 


22 


820 Гурезон биёмад зи даргоҳи шоҳ 
Кунун ёфтаст андар ин пойгоҳ». 1 

Чу Гуштосп бишнид, посух надод, 
Ҳамоно биёмад-ш Эрон ба* 2 ёд. 

Чу Қайсар шунид ин сухан з-он ҷавон 
Пурандеша шуд марди равшанравон, 

Ки шояд будан, к-ин сухангӯ бигуфт, 
Ба ҷуз ростӣ нест андар нуҳуфт.* 3 

Ба Қайсар зи Лӯҳросп пайғом дод, 

Ки гар додгар сар бупечад зи дод, 

825 Нишастангаҳи ман 4 ба Рум аст бас, 

Ба Эрон намонем бисёр кас. 

Ту з-эдар бирав, гӯ биёрой ҷанг, 
Сухан чун шунидӣ, набояд диранг. 

На Эрон Хазар гашту Илёс ман, 

Ки сар баркашидӣ ту з-он анҷуман. 

Чунин дод посух, ки «Ман ҷангро 
Биёзам ҳаме ҳар замон чангро. 

Ту акнун фиристодаӣ бозгард, 
Бисозем мо низ ҷои набард». 

830 Зи Қайсар ту бишнид фаррух Зарир, 
Ғамӣ шуд, зи посух наёсуд 5 * 6 дер. 


1. ТПЗИМ- Наёбад ба ҳар ҷой оромгоҳ, 

Агар ту бипечӣ аз он расму роҳ. 

- Биёмад аз Эронш. 

- Пас аз б. 823 ин б. омада: 

Пас он гоҳ гуфт: «Эй фиристода мард, 
Биёвар, чӣ дорӣ зи гарму зи сард. 

4. ИЛ - аз ин пас нишастам. 

5. Л -битобид. 

6. М - натобид. 


104 


2^2 


БОЗРАФТАНИ ГУШТОСП БО ЗАРИР БА ЭРОНЗАМИН 
ВА ДОДАНИ ЛӮҲРОСП ТАХТИ ЭРОН ӮРО 

Чу бархост Қайсар, ба Гуштосп гуфт, 

Ки «Посух чаро мондӣ андар нуҳуфт?» 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп: «Ман пеш аз ин, 

Ки будам* 1 бари шоҳи Эронзамин, 

Ҳама лашкари шоҳу он анҷуман 
Ҳама огаҳанд аз ҳунарҳои ман. 

Ҳамон беҳ, ки ман сӯи эшон шавам, 

Бигӯям, ҳаме гуфтаҳо бишнавам. 

835 Барорам аз эшон ҳама коми ту, 

Дурафшон кунам дар ҷаҳон номи ту». 

Бад-ӯ гуфт Қайсар: «Ту донотарӣ, 

Бар ин орзуҳо тавонотарӣ». 

Чу бишнид Гуштосп гуфтори ӯй, 

Нишаст аз бари бораи роҳҷӯй. 

Биёмад ба назди бародар 2 Зарир 
Ба сар афсару бодпое ба зер. 

Чу лашкар бидиданд Гуштоспро 
Сарафрозтар пури* 3 Лӯҳроспро, 

840 Пиёда ҳама пеши ӯ омаданд, 

Пур аз дарду пуроб рӯ омаданд. 

Ҳама пок бурданд пешаш намоз, 

Ки кӯтоҳ шуд ранҷҳои дароз. 

Ҳамон гаҳ биёмад ба пеши Зарир, 

Пиёда бибуду шуд аз ранҷ сер. 


- Бубидам. 

-ҷои нишасти. 

- Сарафроз фарзанди. 


105 


Гиромишро танг дар бар гирифт, 

Чу букшод лаб, пӯзиш андаргирифт. 

Нишастанд бар тахт бо меҳтарон, 
Бузургони Эрону кундоварон. 

845 Зарири ҳуҷаста 1 ба Гуштосп гуфт, 

Ки «Бодӣ ҳама сол бо тахт ҷуфт. 

Падар пирасар шуд, ту барнодилӣ, 
Зи дидори пирон чаро бугсилӣ? 

Ба пирӣ бар он тахт бирён шудаст, 
Парастандаи покяздон шудаст. 

Фиристод наздики ту тоҷу ганҷ, 
Сазад, гар надорӣ кунун тан ба ранҷ. 

Чунин гуфт, к-Эрон саросар турост, 
Сари тахт бо тоҷу лашкар 2 турост. 

850 Зи гетӣ яке кунҷ моро бас аст, 

Ки тахти меҳиро ҷуз аз мо кас аст». 

Бародар биёвард пурмоя тоҷ, 

Ҳамон ёраву тавқ бо тахти оҷ 

Чу Гуштосп тахти падар дид, шод 
Нишаст аз бараш тоҷ бар сар ниҳод. 

Набера ҷаҳондор Ковуси Кай 
Зи гударзиён ҳар кӣ буд некпой. 

Чу Баҳрому Шаҳпуру чун 3 Ревниз 
Касе к-ӯ сарафроз буданд низ. 


1. И-сипаҳбад. 

2. Л -тоҷу афсар. 

3. И -чун Соваи. 


106 


855 Сипаҳдорашон Ардашери далер 
Ки буд пури Бежан гави шергир. 1 

Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хонданд, 

Варо шаҳрёри замин 2 хонданд. 

Бибуданд бар пой баста камар 
Ҳар он кас, ки буданд пархошхвар. 

Чу Гуштосп дид он дилу рою ком, 
Фиристод наздики Қайсар паём. 

К-«Аз Эрон ҳама кори ту рост гашт, 
Суханҳо зи андоза андаргузашт. 

860 Ҳаме чашм дорад Зариру сипоҳ, 

Ки оӣ ту танҳо бар ин базмгоҳ. 3 

Ҳама сар ба сар бо ту паймон кунем, 4 
Равонҳо ба меҳрат гаравгон кунем. 5 

Гарат ранҷ н-ояд хиромӣ ба дашт, 

Ки кори замона ба коми ту 6 гашт». 

Фиристода чун назди Қайсар расид, 
Ба Қайсар бигуфт, он чи диду шунид. 7 

Ҳамон гаҳ нишаст аз бари бодпой, 

Чу боди хазон андаромад зи ҷой. 8 


1. ИЛМ - б. 855 нест. 

2. ИЛ - гузин. 

3. И - боргоҳ. 

4. ИЛ - кунад. 

5. ИЛ - кунанд. 

6. Л - дигаргуна. 

7. ТПЗ - Бигуфт, он чӣ пайғоми Гуштосп буд, 

Ки он меҳтарин пури Лӯҳросп буд. 
Бибуд шод Қайсар зи гуфтори ӯ, 

Чу гул баршукуфт он ду рухсори ӯ. 

8. Л - б. 864 нест. 


107 


865 Ҳаме ронд, то назди эшон расид, 

Ба назди далерони Эрон расид. 1 

Чу Гуштоспро дид бар тахти оҷ, 
Ниҳода ба сар-бар зи пирӯза тоҷ, 2 

Биёмад, варо танг дар бар гирифт, 
Суханҳои дерина андаргирифт. 

Бидонист Қайсар, ки Гуштосп ӯст, 
Фурӯзандаи тахти Лӯҳросп ӯст. 

Фаровон-ш бистуду бурдаш намоз 
В-аз он ҷо сӯи тахт рафтанд боз. 

870 В-аз он кардаи хеш пӯзиш гирифт, 
Бупечид аз ин рӯзгори шигифт. 

Пазируфт гуфтори ӯ шаҳрёр, 

Ҳамон гаҳ гирифташ сар андар канор. 

Бад-ӯ гуфт: Чун тира гардад ҳаво, 
Фурӯзидани шамъ бошад раво. 

Бари мо фирист он ки моро гузид, 

Ки ӯ дарду ранҷи фаровон кашид. 

Бишуд Қайсару ранҷу ташвир бурд, 
Басе низ бар хӯи бад баршумурд. 

875 Ба сӯи Катоюн фиристод ганҷ, 

Яке афсари сурху ёқут панҷ. 

Ғулому парастори румӣ ҳазор, 

Яке тавқи пургавҳари шоҳвор. 


1 . Л - Далерону шерон. 

2. ИЛ- Варо дид Гуштосп, бар пой хост, 

Зи фармонбарон зуд болой хост. 


108 


22 ^ 


Зи дебои руми 1 шутурвор панҷ, 

Яке файласуфе нигаҳбони ганҷ. 2 

Фиристода 3 наздики Гуштосп бурд, 
Якояк ба ганҷури ӯ баршумурд. 

Силеҳу дирам дод лашкар-шро, 
Ҳамон номдорони кишвар-шро. 

880 Ҳар он кас, ки буд ӯ зи тухми бузург* 4 
В-агар теғзан номдори сутург, 

Якояк саронро ҳама ҳадя дод,* 5 
Дари ганҷҳоро ҳама баркушод. 6 

Або ин басе офарин густарид, 

Бар он, к-ӯ замону замин офарид. 

Катоюн чу омад ба наздики шоҳ, 

Ғави кӯс бархост аз боргоҳ. 

Сипаҳ сӯи Эрон бирафтан гирифт, 
Ҳаво гарди аспон нуҳуфтан гирифт. 

885 Чу Қайсар ду манзил биёмад ба роҳ, 
Инони таковар бупечид шоҳ. 

Ба савганд аз он марз баргошташ, 

Ба хоҳиш сӯи Рум бугзошташ. 


1 . ЛМ - Чинӣ. 

*3 М - пас аз б. 880 ин б. омада: 

Фиристод Қайсар-ш ҳадя басе, 
Намондаш, ки бебаҳра монад касе. 

2. ТПЗИМ - Зи аспони тозиву баргустувон, 
Зи хафтону аз ҷомаи ҳиндувон, 
Зи динору дебову тоҷу нигин, 

Зи ҳар чиз, к-оранд аз Руму Чин. 

- Ҳамон гоҳ. 

- Каён. 


- саркаше паҳлавон. 

6. ИЛМ - б. 881 нест. 


109 




Бад-у гуфт: «То зиндаам, божи Рум 
Нахоҳам, ки шодам бад-он марзу бум». 

Ҳаме ронд то сӯи Эрон расид, 

Ба наздики шоҳи далерон расид. 

Чу Лӯҳросп бишнид, к-омад Зарир 
Бародар-ш Гуштосп он наррашер, 

890 Пазира шудаш бо 1 ҳама меҳтарон, 
Бузургони Эрону кундоварон.* 2 

Фуруд омад аз асп Гуштосп зуд 
Бар ӯ офарин карду шодӣ намуд. 

Чу дидаш, писарро ба бар даргирифт, 
Зи ҷаври фалак даст бар сар гирифт, 

Зи раҳ чун ба айвони шоҳӣ шуданд, 

Чу хуршед дар бурҷи моҳӣ шуданд. 

Бад-ӯ гуфт Лӯҳросп: «Аз ман мабин, 
Чунин буд рои ҷаҳонофарин. 3 

895 Набишта чунин буд магар* 4 бар сарат, 
Ки пардахта монад зи ту кишаварат». 

Бибӯсид тоҷаш ба сар барниҳод, 

Ҳаме офарин карду з-ӯ гашт 5 шод. 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Эй шаҳрёр, 
Мабинод бе ту маро* 6 рӯзгор. 


- шудандаш. 

- шаҳри ялону. 

- ҷаври. 

- номоварон. 

-б. б. 893, 894 нест. 

- ҳаме. 

-кард пирӯзу. 

- Абе ту мабинод кас. 


110 


22 


Туи шаҳрёру манат* 1 кеҳтарам, 

Сари бахти душман ҳаме* 2 биспарам. 

Ҳама нек бодо саранҷоми ту, 
Мабодо, ки бошем бе номи ту, 

900 Ки гетӣ намонад ҳаме бар касе 

Чу монад, ба тан ранҷ ёбад басе». 

Чунин аст кайҳони нопойдор, 

Дар ӯ тухми бад, то тавонӣ, макор. 

Яке рӯз мард орзуманди нон, 

Дигар рӯз бар кишваре марзбон. 

Ҳаме хоҳам аз додгар як Худой, 

Ки чандон бимонам ба гетӣ ба ҷой, 

Ки ин номаи шаҳрёрони пеш 
Бипайвандам аз хубгуфтори хеш. 

Аз он пас тани номвар хокрост, 
Сухан гӯй ҷон маъдани покрост! 


- Чу меҳтар куни, ман туро. 

- Бикӯшам, ки гарди туро. 


111 


ПОДШОҲИИ ГУШТОСП 

Саду бист сол буд 

БА ХОБ ДИДАНИ ФИРДАВСЙ ДАҚИҚИРО 

Чунон дид гӯянда як шаб ба хоб, 

Ки як ҷоми май доштӣ чун гулоб, 

Дақиқӣ зи ҷое падид омадӣ, 

Бар он ҷоми май достонҳо задӣ. 

Ба Фирдавсӣ овоз додӣ, ки май 
Махур ҷуз ба оини Ковуси кай, 

Ки шоҳе гузидӣ ба гетӣ, ки бахт 
Бад- ӯ нозаду тоҷу дайҳиму тахт. 

5 Шаҳаншоҳ Маҳмуди гирандашаҳр, 

Зи ганҷаш 1 * 2 ба ҳар кас расонида баҳр. 

Аз имрӯз то соли ҳаштоду панҷ, 
Бикоҳад-ш ранҷу биболад-ш ганҷ. 

В-аз он пас ба Чин андарорад сипоҳ, 
Ҳама меҳтарон баркушоянд роҳ. 

Набояд-ш гуфтан касеро дурушт, 

Ҳама тоҷи шоҳонаш ояд ба мушт. 

Бад-ин нома арчанд биштофтӣ, 

Кунун ҳар чӣ ҷустӣ, ҳама ёфтӣ. 

10 Аз ин бора ман пеш гуфтам сухун, 

Агар боз ёбӣ, 3 бахилӣ макун. 

Зи Гуштоспв-Арҷосп байте ҳазор 
Бигуфтам, саромад маро рӯзгор. 


1. Л-гетӣ. 

2. М - шоҳӣ. 

3. И-тубиёбӣ. 


112 


Г ар он моя назди шаҳаншаҳ расад, 

Равони ман аз хок бар маҳ расад. 1 

Кунун ман бигӯям сухан к-ӯ бигуфт, 
Манам зинда, ӯ гашта бо хок ҷуфт. 

БА БАЛХ РАФТАНИ ЛӮҲРОСП ВА БАР ТАХТ 
НИШАСТАНИ ГУШТОСП 

Чу Гуштоспро дод Лӯҳросп тахт, 

Фуруд омад аз тахту барбаст рахт. 

1 5 Ба Балхи гузин шуд бар он навбаҳор, 

Ки яздонпарастон* 2 буд он рӯзгор. 

Мар он хонаро доштандӣ чунон, 

Ки мар Маккаро тозиён ин замон. 

Бад-он хона шуд шоҳи яздонпараст, 
Фуруд омад он ҷову ҳайкал бубаст. 

Бубаст он дари б-офаринхонаро, 

Наҳишт андар он хона бегонаро. 

Бипӯшид ҷома, парастишпалос, 

Хирадро бар ин гуна бояд сипос. 

20 Бияфканд ёра, фурӯ ҳишт мӯй, 

Сӯи довари додгар кард рӯй. 

Ҳаме буд сӣ сол пешаш ба пой, 

Бад-ин сон парастид бояд Худой. 

Ниёиш ҳаме кард хуршедро, 

Чунон чун ки буд роҳ Ҷамшедро. 


1 . ТПЗ - Пазируфтам он гуфти ӯро ба хоб, 

Ба хубиву нармиш додам ҷавоб, 

Ки ман ҳам ба пеши ту хоҳам расид, 
Аз ин шарбатам мебибояд чашид. 

2. М - оташпарастон. 


113 


Чу Гуштосп бар шуд ба тахти падар, 
Ки фарри падар дошту бахти падар, 

Ба сар барниҳод он падардода тоҷ, 
Ки 1 зебанда бошад ба озода тоҷ. 

25 «Манам гуфт, яздонпарастанда шоҳ, 
Маро Эзади пок дод ин кулоҳ. 

Бад-он дод моро кулоҳи бузург, 

Ки берун кунем аз рамаймеш гург. 

Сӯи роҳи Яздон биёзем чанг, 

Бар озода гетӣ надорем танг. 

Чу оини шоҳон ба ҷой оварем, 
Бадонро ба дини Худой оварем». 

Яке дод густард, к-аз доди ӯй 
Або гург меш об хӯрдӣ ба ҷӯй. 

30 Пас он духтари номвар Қайсаро, 

Ки Ноҳид буд номи он духтаро, 

Катоюн-ш хондӣ гаронмоя шоҳ, 

Ду фарзанд омад чу тобанда моҳ, 

Яке номвар* 2 фаррух- Исфандёр, 
Шаҳи корзорӣ, набарда савор. 

Башутан дигар гурди шамшерзан, 
Шаҳи номбардори лашкаршикан. 

Чу гетӣ бар он шоҳи нав рост шуд, 
Фаридуни дигар ҳаме хост шуд. 

35 Газиташ бидоданд шоҳон ҳама, 

Ба пешаш дили некхоҳон ҳама. 


1. Л-Чи. 

2. М - номи ӯ. 

114 


Магар шоҳ Арҷосп туронхудой. 

Ки девон будандӣ ба пешаш ба пой, 

Газиташ напазруфту нашнид панд, 
Агар панд нашнид, аз ӯ дид банд. 

Аз ӯ бистадӣ низ ҳар сол бож, 

Чаро дод бояд ба ҳомол бож. 

ПАЙДО ШУДАНИ ЗАРДУШТ ВА 
ПАЗИРУФТАНИ ГУШТОСП ДИНИ Ӯ 

Чу якчанд гоҳе баромад бар ин, 
Дарахте падид омад андар замин. 

40 Аз айвони Гуштосп то пеши кох 
Дарахти гашанбеху бисёршох. 

Ҳама барги ӯ панду бораш хирад, 
Касе к-ӯ чунон бар хурад, кай мурад? 

Ҳуҷастапаю номи ӯ Зардуҳушт, 

Ки Оҳармани бадкунишро бикушт. 

Ба шоҳи ҷаҳон гуфт пайғамбарам, 
Туро сӯи Яздон ҳаме раҳбарам. 1 

Яке миҷмар оташ биёвард боз, 
Бигуфт, аз биҳишт оваридам фароз. 2 

45 Ҷаҳонофарин гуфт бипзир ин,* 3 
Нигаҳ кун бад-ин осмону замин, 

Ки бехоку обаш баровардаам, 

Нигаҳ кун бад-ӯ, то-ш чун кардаам. 

Нигар, то тавонад чунин кард кас, 
Магар ман ки ҳастам ҷаҳондору бас? 


1 . ИЛ - Сӯи ту хирад раҳнамун оварам. 

2. ИЛ - б. 44 нест. 

3. М - Ҷаҳондор гӯяд, ки бипзир дин. 


115 


2 222 ^ 


Гар эдун ки дони, ки ман кардам ин, 
Маро хонд бояд ҷаҳонофарин. 

Зи гӯянда бипзир беҳ дини ӯй, 

Биёмӯз аз ӯ роҳу оини ӯй. 

50 Нигар то чӣ гӯяд бар он кор кун, 
Хирад баргузин ин ҷаҳон хор кун. 

Биёмӯз оини дини беҳӣ, 

Ки бе дин на хуб аст шоҳаншаҳӣ.* 1 

Чу бишнид аз ӯ шоҳи беҳ дини беҳ, 
Пазируфт аз ӯ дину 2 оини беҳ. 

Набарда бародар-ш фаррух Зарир, 
Куҷо жандапил оваридӣ ба зер. 

Падар-ш он шаҳи 3 * 4 пиргашта ба Балх, 
Ки гетӣ ба дил-ш - андарун буд* 5 талх. 

55 Сарони бузург аз ҳама кишварон, 
Пизишкони донову кундоварон. 

Ҳама сӯи шоҳи замин омаданд, 
Бубастанд кустӣ,* 6 ба дин омаданд. 

Падид омад он фарраи эзадӣ, 

Бирафт* 7 аз дили бадсиголон бадӣ, 

Пур аз нури Эзад бибуд дахмаҳо 
В-аз олудагӣ пок шуд тухмаҳо. 

Пас озода Гуштосп бар шуд ба гоҳ, 
Фиристод ҳар сӯ ба кишвар сипоҳ. 


1 . М - Ҳаме хуб н-ояд шаҳи. 

2. ИЛ - роҳу. 

- Ва шоҳаншаҳи. И - Ва шоҳи ҷаҳон. 

- Чу шоҳаншаҳи. 

- Ҷаҳон бар дили реши ӯ гашта. 

-ҳайкал. 

-Бишуд. 


116 


2^222 


60 Пароканд гирди ҷаҳон мубадон, 
Ниҳод аз бари озарон* 1 гунбадон. 

Нахуст озари Меҳрбарзин ниҳод, 

Ба кишвар нигар, то чи оин ниҳод. 

Яке сарви озодаро Зардуҳишт* 2 
Ба пеши дари озар-андар бикишт. 

Набишташ бар он зодсарви саҳӣ, 

Ки пазруфт Гуштосп дини беҳе. 

Гуво кард мар сарви озодро, 

Чунин густаронад хирад додро. 

65 Чу чанде баромад бар ин солиён, 
Бибуд сарв боло, ситабраш миён. 

Чунон гашт озод сарви баланд, 

Ки бар гирди ӯ - бар нагаштӣ каманд. 

Чу боло баровард бисёр шох, 

Бикард аз бари ӯ яке хуб кох. 

Чиҳил раш ба болову паҳно чиҳил, 
Накард аз буна андар ӯ обу гил. 

Чу айвон баровардаш аз зарри пок, 
Заминаш* 3 ҳама симу 4 анбар-ш хок, 

70 Бар ӯ барнигорид Ҷамшедро, 
Парастандаи моҳу хуршедро. 

Фаридун або гурзаи говсор 
Бифармуд кардан бар он ҷо нигор. 


-ба оин ниҳод озарин. 
-Озода буд аз биҳишт. 

- Миёнаш. 

-мушку. 

- Пай афканд гирдаш. 


117 


Ҳама меҳтаронро бад-он ҷо нигошт, 
Нигар то чунин комгорӣ кӣ дошт. 1 

Чу некӯ шуд он номвар кохи зар, 

Ба деворҳо 2 барниҳодаш гуҳар. 

Ба гирдаш яке бораи оҳанин, 

Нишаст андар ӯ кард шоҳи замин. 

75 Фиристод ҳар сӯ ба кишвар паём, 

Ки чун сарви Кишмар ба гетӣ кадом? 

Зи мину фиристод зӣ ман Худой, 
Маро гуфт аз ин ҷо ба мину барой. 

Кунун ҷумла ин панди ман бишнавед, 
Пиёда сӯи сарви Кишмар равед. 

Бигиред яксар раҳи Зардуҳушт, 

Ба сӯи бути Чин бароред пушт. 

Ба бурзу* 3 фари шоҳи эрониён, 
Бубандед кусӣ ҳама бар миён. 

80 Ба оини пешинагон мангаред, 

Бад-ин сояи сарвбун бигравед. 

Сӯи гунбади озар оред рӯй 
Ба фармони пайғамбари ростгӯй. 

Пароканда гуфтораш 4 андар ҷаҳон, 
Сӯи номдорону сӯи 5 миҳон. 

Ҳама тоҷдорон ба фармони ӯй 
Сӯи сарви Кишмар ниҳоданд рӯй. 


1. Л - б. 72 нест. 

2. айвонҳо. 

3. М - ному. 

4. ИЛ - Пароканд фармонаш. 

5. Л - номдорони фаррух. 


118 


22 ^ 


Парастишкада гашт аз эшон 1 биҳишт, 
Бубаст андар ӯ девро Зардиҳишт. 2 

85 Биҳиштиш хон ар надонӣ ҳаме, 

Чаро сарви Кишмар-ш хонӣ ҳаме? 

Чаро к-аш нахонӣ ниҳоли биҳишт, 

Ки чун сарви Кишмар ба гетӣ кӣ кишт? 

НАПАЗИРУФТАНИ ГУШТОСП БОЖИ 
ЭРОН АРҶОСПРО 

Чу чанде баромад бар ин рӯзгор, 
Ҳуҷаста шуд он ахтари шаҳрёр. 3 

Ба шоҳи ҷаҳон 4 гуфт Зардушти пир, 

Ки дар дини мо ин набошад ҳужир, 5 

Ки ту бож бидҳӣ ба солори Чин, 

На андархур ояд ба ойину дин. 

90 На бошам бар ин низ ҳамдостон, 

Ки шоҳони мо дар гаҳи бостон. 

Ба туркон надодаст* 6 кас божу сов 
Ба Эрон набудшон ҳама тӯшу* 7 тов. 

Бипазруфт Гуштосп, гуфто, ки низ 
Нафармоямаш додан аз бож чиз. 

Пас огоҳ шуд наррадеве аз ин, 

Ҳам андар замон шуд сӯи шоҳи Чин. 


1. Л-он-сон. 

2. Л - б. 84 нест. 

3. Л - Бишуд наздаш он пири омӯзгор. 

4. ИЛ - каён. 

- Ки ин пандро хормоя магир. 

- надоданд. 

- Ки буданд бедину бе зӯру. 


119 


22 ^ 


Бад-у гуфт, к-эй шаҳрёри ҷаҳон, 
Ҷаҳон яксара кеҳтарону миҳон 

95 Ба ҷо овариданд фармони ту, 

Наёяд касе пеши пайкони* 1 ту. 

Магар пури Лӯҳросп Гуштоспшоҳ, 
Ки орад ҳаме сӯи туркон сипоҳ. 2 

Бикард ошкоро ҳама душманӣ, 

Або чун ту шаҳ кард оҳарманӣ. 3 

Маро сад ҳазорон савор аст беш, 
Ҳама гар бихоҳӣ, биёрам-т пеш. 

Биё, то шавем* 4 аз паси кори ӯй, 
Нигар, то натарсӣ зи пайкори ӯй, 

100 Чу Арҷосп бишнид гуфтори дев, 
Фуруд омад аз гоҳ турконхидев. 

Аз андӯҳи ӯ сусту бемор шуд, 

Зи шоҳи ҷаҳон пур зи тимор шуд. 

Пас он гаҳ ҳама мӯбандонро бихонд, 
Шунида сухан пеши эшон биронд. 

Бидонед гуфто, к-аз Эронзамин* 5 
Бишуд фарраи эзаду пок дин. 

Яке пир пеш омадаш сар-сарӣ 
Ба Эрон ба даъвии пайғамбарӣ. 


1 . М - Натобад касе сар зи паймони. 

2. ТПЗМ - Або ин ҳама дини дигар ниҳод, 

Раҳи бутпарастӣ зи пас барниҳод. 

- ту чун он кард ёрад манӣ. 

- бад-он то. 

- Ки Гуштосп гаштаст аз оину дин. 


120 


105 Ҳаме гуяд аз осмон омадам, 

Зи назди Худои ҷаҳон омадам. 

Худовандро дидам андар биҳишт, 
Мар ин Занду Усто ҳама ӯ навишт. 

Ба дӯзах - дарун дидам Аҳримано, 
Наёрастамаш гашт пиромано. 

Пас он гаҳ худовандам аз баҳри дин 
Фиристод наздики шоҳи замин. 1 

Сари номдорони эронсипоҳ, 

Г аронмоя фарзанди Лӯҳроспшоҳ, 

110 Ки Гуштосп хонанд эрониён, 
Бубасташ яке кустӣ ӯ бар миён. 

Бародар-ш низ он савори далер, 
Сипаҳдори Эрон, ки номаш Зарир, 

Ҳама пеши ӯ динпижӯҳ омаданд 
В-аз он пири ҷоду сутӯҳ омаданд, 

Гирифтанд аз ӯ сар ба сар дини ӯй, 
Ҷаҳон пур шуд аз роҳу оини ӯй. 

Нишаст андар Эрон ба пайғамбарӣ, 
Ба кори чунон ёфаву* 2 сар-сарӣ. 3 

115 Яке нома бояд навиштан кунун 
Сӯи он зада сар зи фармон бурун. 


1. Л-б. 108нест. 

2. М - ёваву. 

3. ТПЗМ - Яке сарв фармуд киштан ба даст, 

Ба диноварӣ роҳи пешин бубаст. 
Яке миҷмар оташ, яке номаро 
Намуда мар он шоҳи худкомаро. 
Бигӯяд, ки ин Занду Усто бувад, 
Бад-ин оташи тез вусто бувад. 


121 


Бубояд-ш додан басе хоста, 

Ки некӯ бувад дода нохоста. 

Мар ӯро бигуфтан, к-аз ин роҳи зишт 
Бигарду битарс аз Худои биҳишт. 

Мар он пири нопокро дур кун, 

Бар оини мо-бар яке сур кун. 

Гар эдун, ки бипзирад ӯ панди мо, 

Насояд ҳаме* 1 пои ӯ банди мо. 

120 В-ар эдун ки напзирад аз мо сухан, 

Кунад тоза оини кини куҳан, 

Сипоҳи пароканда боз оварем, 

Яке хуб лашкар фароз оварем, 

Ба Эрон шавем аз паси кори ӯй, 

Натарсем аз озору пайкори ӯй. 

Биронем аз пешу хораш кунем, 

Бубандему зинда ба дораш кунем. 

НОМА НАВИШТАНИ АРҶОСП ГУШТОСПРО 

Бар ин истоданд гурдони Чин, 

Ду тан низ карданд аз эшон гузин. 

125 Яке номи ӯ Бедирафши Бузург, 

Гави пир ҷодуи синасутург. 

Дигар ҷодуе, номи ӯ Номхост, 

Ки ҳаргиз дилаш ҷуз табоҳӣ нахост, 

Яке нома бинвишт хубу ҳужир 
Сӯи номвар хусрави динпазир. 


1. М-сару. 


122 


22 


Нахустин ба номи Худои ҷаҳон, 
Шиносандаи ошкору ниҳон 

Набиштам ман ин номаи шоҳвор, 
Чунон чун бувад дархури шаҳрёр. 

130 Сӯи гурд Гуштосп - шоҳи замин, 
Сазовори гоҳ он каи б-офарин. 

Гузину меҳин пури Лӯҳроспшоҳ, 
Худованди гетӣ, нигаҳдори гоҳ. 

Аз Арҷосп солори гурдони Чин, 

Саворе ҷаҳонгиру гурди гузин. 

Набишт андар он номаи хусравӣ 
Накӯ офарин бар хати пеғавӣ, 

Ки эй номвар пури шоҳи* 1 ҷаҳон, 
Фурӯзандаи тахти шоҳаншаҳон, 

135 Сарат сабз боду тану ҷон дуруст, 
Мабодат каёнӣ камаргоҳ суст! 

Шунидам, ки роҳе гирифтӣ табоҳ, 

Ба худ* 2 рӯзи равшан бикардӣ сиёҳ. 

Биёмад яке пири мардумфиреб, 

Туро дил пур аз бим карду ниҳеб. 

Сухан гуфт аз дӯзаху аз биҳишт, 

Ба дил-т - андарун тухми зуфтӣ бикишт. 

Ту ӯро пазируфтиву дин-шро, 

Биёростӣ роҳу оин-шро. 


- шаҳрёри. 

- Маро. 


123 




140 Бияфканди ойини шоҳони хеш, 
Бузургони гетӣ ки буданд пеш. 

Табаҳ кардӣ он паҳлавӣ кешро, 
Чаро нангаридӣ пасу пешро? 

Ту фарзанди онӣ ки фархунда шоҳ 
Бад-ӯ дод тоҷ аз миёни сипоҳ. 1 

Туро баргузид, аз гузинони хеш, 

Зи ҷамшедиён мар туро дошт пеш. 

Чунон ҳамчу Кайхусрави кинаҷӯй, 
Туро беш буд аз каён обрӯй. 

145 Бузургиву шоҳиву фархундагӣ, 
Тавоноиву фарру зебандагӣ, 

Дурафшону пилони ороста, 

Басе лашкару ганҷи пурхоста* 2 

Ҳама будат, эй номвар шаҳрёр,* 3 
Ҳама меҳтарон мар туро дӯстдор.* 4 

Ҳаме тофтӣ бар ҷаҳон яксара, 

Чу урдибиҳишт офтоб аз бара. 5 

Зи гетӣ туро дода шоҳӣ* 6 Худой, 
Миҳонат ҳама пеш буда ба пой. 

1 50 Накардӣ Худои ҷаҳонро сипос, 

Набудӣ ба динпарварӣ раҳшинос. 7 * 8 


1. ТПЗМ - Барорандаи урмузди меҳин, 
Нигорандаи осмону замин. 

- нокоста. 

- меҳтари сарфароз 

- корсоз. 

- б. 146-148 нест. 

- баргузида. 

-бар ин роҳи Яздон шинос. 

- ту бераҳ бад-ин раҳ шинос. 


124 




Аз он пас, ки Эзад туро шоҳ кард, 
Яке пири ҷодут бероҳ кард. 

Чу огоҳии ин сӯи ман расид, 

Ба рӯзи сапедам ситора падид, 

Навиштам* 1 яке номаи дӯствор,* 2 
Ки ҳам дӯст будам-т, ҳам нек ёр. 

Чу нома бихонӣ, сару тан бишӯй, 
Фиребандаро низ манмой рӯй. 

155 Мар он бандҳо аз миён боз кун, 

Ба шодӣ маи равшан оғоз кун, 

Маяфкан ту ойини шоҳони хеш, 
Бузургони гетӣ ки буданд пеш. 

Ар эдун, ки бипзирӣ ин нек панд, 

Зи туркон ба ҷонат наёяд* 3 газанд. 4 

Замини кашониву туркону Чин 
Туро бошад он ҳамчу Эронзамин. 

Ба ту бахшам ин бекарон ганҷҳо, 
Ки овардаам гирд бо ранҷҳо. 

160 Накӯранг аспони босиму зар, 

Ба истомҳо дарнишонда гуҳар. 

Ғуломон фиристам-т бо хоста, 
Нигорон бо ҷаъди ороста. 5 

В-ар эдун ки напзирӣ ин панди ман, 
Бисоӣ гарон* 6 оҳанин банди ман. 


- Набиштам. 

- дустдор. 

-туро низ н-ояд. 
-б. 156. 157 нест. 

- пероста. 

- ба поят расад. 


125 


Биёям паси нома то як-ду моҳ, 

Кунам сар ба сар кишваратро табоҳ. 

Биёрам сипоҳе зи туркону Чин, 

Ки бунгоҳашон барнатобад замин, 

165 Биянборам ин рӯди Ҷайҳун ба мушк, 

Ба ма ттт к оби дарё кунам пок хушк. 

Бисӯзам нигорида кохи туро, 

Зи бун барканам беху шохи туро. 

Заминтон саросар бисӯзам ҳама, 
Танонтон' ба новак бидӯзам ҳама. 

Аз эрониён ҳар ки мард аст пир, 
Кунамшон якояк дар он ҷо асир. 

Аз эшон наёяд фузунӣ баҳо, 

Кунамшон ҳама сар зи танҳо ҷудо. 

170 Зану кӯдаконро биёрам зи пеш, 

Кунамшон ҳама банда дар шаҳри хеш. 

Заминтон ҳама пок вайрон кунам, 
Дарахтон або 1 2 бехатон* 3 барканам. 

Бигуфтам ҳама гуфтанӣ сар ба сар, 

Ту жарф андар ин панднома нигар. 

ПАЙҒАМБАРОН ФИРИСТОДАНИ АРҶОСП 
ГУШТОСПРО 

Чу пардохт аз нома дастури шоҳ 
Ба пеши ҳама меҳтарони сипоҳ, 4 


1 . И Л - кафантон. 

2. Л -дарахтони бо. 

3. М - Зи бех он дарахтон ҳама. 

4. ИЛ -б. 173 нест. 


126 


22 


Фарозаш навардиду кардаш нишон, 
Бидодаш бад-он пири ҷодуфишон. 1 * 2 

175 Бифармудашон гуфт бихрад бувед, 
Ба айвони ӯ бо ҳам андаршавед. 

Чу ӯро бубинед бар тахту гоҳ, 

Кунед он замон хештанро* 3 дутоҳ. 


1 . 

Бихонд он замон назди худ Номхост, 
Дигар Бедирафш он ки ӯ ном хост. 

Ки Гуштоспи Луҳроспшаҳро бигӯй, 

К-аз ин сон чӣ резӣ ҳаме обрӯй? 

Гар ин гуфти ман сар ба сар бишнавӣ, 
Бад-он пир бо дини бад награвӣ. 

Биёрӣ, бисӯзӣ варо пеши хеш, 
Дигарбора тоза кунӣ кеши хеш. 

Гар Оҳарман аст ӯву носозгор, 

Ба дастур гӯяш, варо пешам ор. 

Ҳама мӯбадону радонро бихон, 

Ба оини эшон биёрой хон. 

Бифармой, то пеши эшон дабир 

Бихонад мар ин номаи дилпазир 

Ба Зардушт гӯяд, ки инро ҷавоб 

Ба Арҷосп бинвис ҳам дар шитоб. 
Биёвар ту ҳуҷҷат бар ин дини хеш, 

Ки то ман кашам рӯй аз кини хеш. 

Чу бурҳон бубинам, бад-ӯ бигравам 
В-агар беҳуда бошад он, нашнавам. 

Ба чизе ки гӯяд ба пешат дурӯғ, 

Нигар, то нагирад дилат з-он фурӯғ. 

Зи ман бишнав ин рост некӯ сухун. 

Ту бар подшо подшоҳӣ макун. 

Нигар, то надорӣ варо ростгӯй, 

Ки инро набинам ҳаме обрӯй. 

Ба ҷуз зарқ чизе надорад ба мушт, 

Бас аст ин, ки гӯяд манам Зардуҳушт. 
Нагунаш ҳаме зинда бар дор кун, 
Магӯяш аз он низ бо кас сухун. 
Фиристодагонро ба раҳ кард зуд, 
Шитобед гуфто ба монанди дуд. 

Ба ҳамроҳашон кард сесад савор, 

Ҳама ҷангҷӯёни ханҷаргузор. 

2. М - ҷодуситон. 

3. М - хеш наздаш. 



127 




Бар оини шоҳон намозаш баред, 

Ба пешу паси* 1 тахти ӯ мангаред. 

Чу ҳарду нишинед дар пеши ӯй, 

Сӯи тоҷи тобанда доред рӯй. 

Бигӯед пайғоми фаррух-шро, 

Аз 2 ӯ гӯш доред посух-шро. 

180 Чу посух-шро сар ба сар бишнавед, 
Заминро бибӯседу берун шавед. 

Шуд аз пеши ӯ кинавар Бедирафш, 
Сӯи Балхи бомӣ кашидаш дурафш. 

Або ёри ӯ хирасар Номхост, 

К-аз ӯ бифканад он ки ӯ ном хост. 

Чу аз шаҳри Турон ба Балх омаданд, 
Ба даргоҳи ӯ - бар пиёда шуданд. 

Пиёда бирафтанд, то пеши ӯй 
Бад-он остона ниҳоданд рӯй. 

185 Чу рӯяш бидиданд бар гоҳ - бар. 

Чу хуршед буд аз бари моҳ - бар. 

Ниёиш намуданд чун бандагон 
Ба пеши каёншоҳи фархундагон. 

Бидодандаш он номаи хусравӣ, 
Навишта бар ӯ бар хати пеғавӣ. 3 

Чу шоҳи ҷаҳон номаро боз кард, 
Барошуфту печидан оғоз кард. 


- тоҷу кай. 

- В -аз. 

3. ИЛ - паҳлавӣ. 


128 


2 = 2^2 


Бихонд он замон зуд* 1 Ҷомоспро, 
Куҷо раҳнамун буд Гуштоспро. 

1 90 Г узинони Эрону испаҳбад он, 
Меҳони ҷаҳондидаву мӯбадон. 2 

Бихонд он ҳама мӯбадон пеши хеш, 
Биёвард Устову бинҳод* 3 пеш. 

Паямбар-шро хонду мӯбад-шро, 
Зарири гузида сипаҳбад-шро. 

Зарири сипаҳбад бародарш буд, 

Ки солори гурдони лашкарш буд. 

Ҷаҳонпаҳлавон будаш он рӯзгор, 

Ки кӯдак буд Исфандёри савор. 

1 95 Сипаҳдори лашкар нигаҳбони кор, 
Паноҳи ҷаҳон буду пушти савор. 4 * 5 

Ҷаҳон аз бадон вижа ӯ доштӣ, 

Ба разм - андарун найза ӯ доштӣ. 

Чунин гуфт Гуштосп бо меҳтарон, 
Бузургони Эрону кундоварон, 6 

Ки «Арҷосп солори туркону Чин, 
Яке нома кардаст зӣ ман чунин». 

Бад-эшон намуд он суханҳои зишт, 
Ки наздики ӯ шоҳи Турон* 7 навишт. 


-гаронмоя. 

-б. 190 нест. 

- Авастову Занд овариданд. 

- б. 195 нест. 

Паноҳи ҷаҳон буду пушти сипоҳ, 
Сипахдори лашкар ба кирдори шоҳ. 

6. ИЛМ - Ҷаҳондор гуфташ ба фуррух Зарир. 

Ба фархунда Ҷомосп пири дабир. 

7. М - куҷо шоҳи туркон сӯи ӯ. 


129 


200 Чи бинед гуфто бад-ин андарун, 

Чӣ гӯеду фарҷоми ин кор чун? 

Чӣ нохуш бувад дӯстӣ бо касе, 

Ки моя 3 надорад зи дониш басе. 

Ман аз тухмаи Эраҷи покзод, 

Вай аз тухмаи Тури ҷодунажод. 

Чигуна бувад дар миён оштӣ, 

Валекин маро буд пиндоште. 

Касе к-аш бувад номи некӯ басе, 
Сухан гуфт бояд-ш бо ҳар касе. 

ПОСУХ ДОДАНИ ЗАРИР АРҶОСПРО 

205 Ҳам он гаҳ чу гуфт ин сухан шаҳрёр, 
Зарири сипаҳдору Исфандёр 

Кашиданд шамшеру гуфтанд, агар 
Касе бошад андар ҷаҳон сар ба сар, 

Ки напсандад ӯро ба пайғамбарӣ, 

Сар андарнаёрад ба фармонбарӣ, 

Наёяд ба даргоҳи фархунда шоҳ, 
Набандад миён пеши зебанда гоҳ, 

Нагирад аз ӯ роҳу дини беҳӣ, 

Мар ин дини беҳро набошад раҳӣ, 

210 Ба шамшер ҷон аз танаш барканем, 
Сарашро ба дори барин бар кунем 1 . 

Сипаҳдори Эрон, ки номаш Зарир, 
Набарда далере чу дарранда шер, 

Ба шоҳи ҷаҳон гуфт, к-«Эй номдор, 
Чу дастур бошад маро шаҳрёр, 


1. Л-барзанем. 


130 


Ки посух кунам ҷоду Арҷоспро», 
Писанд омад ин шоҳ Гуштоспро. 

«Ҳало, - гуфт, - бархезу посух-ш кун, 
Николи тагинони Халлух-ш кун». 

2 1 5 Зариру гаронмоя Исфандёр, 

Чу Ҷомосп дастури фархундакор 

Зи пешаш бирафтанд ҳар се ба ҳам, 
Шуда рух пур аз чину дилҳо дижам. 

Навиштанд нома ба Арҷосп зишт, 
Ҳам андархури он куҷо ӯ навишт. 

Зарири сипаҳбад гирифташ ба даст, 
Чунон ҳам кушода бибурдаш, набаст 

Сӯи шоҳ бурду бар ӯ - бар бихонд, 
Ҷаҳондор Гуштосп хира бимонд. 

220 Зи доно сипаҳбад Зарири савор, 

Зи Ҷомоспв-аз пураш Йсфандёр. 

Бубасту навишт аз бараш номи хеш, 
Фиристодагонро бихонданд пеш. 

Бигиред гуфто, бари ӯ баред, 

Магар з-ин сипас роҳи ман наспаред. 

Агар нестӣ андар Устову Занд, 
Фиристодагонро зинҳор аз газанд, 

Аз ин хоб бедоратон кардаме, 

Ҳама зинда бар доратон кардаме. 

225 Бад-он 1 то бидонистӣ он нобакор, 

Ки гардан наёзад або шаҳрёр. 


1 . Л - чунин. 


131 


2^2 


Бияндохт нома, бигуфто, гиред, 
Ҳаминро* 1 сӯи турки ҷоду баред. 

Бигӯед ҳушат фароз омадаст, 

Ба хуну ба хокат ниёз омадаст. 

Зада бод гардан-ту хаста равон, 

Ба хок - андарун рехта устухон. 2 * 3 

Ба даймоҳ ар эдун ки хоҳад Худой, 
Бипӯшам бузург оҳанина қабой, 

230 Ба Туронзамин андарорам сипоҳ, 

Кунам кишвари Гургсорон табоҳ. 

БОЗГАШТАНИ ФИРИСТОДАГОНИ АРҶОСП 
БО ПОСУХИ ГУШТОСП 

Сухан чун ба сар бурд шоҳи замин, 
Сипаҳбад-шро хонду кард офарин. 

Супурдаш бад-ӯ, гуфт бардорашон, 

Аз Эрону ин марз бугзорашон. 

Фиристодагони сипаҳдори Чин 
Зи пеши ҷаҳондор шоҳи замин 

Бирафтанд ҳарду шуда хоксор, 
Ҷаҳондорашон рондаву карда хор. 

235 Аз Эрони фаррух ба Халлух шуданд, 
Валекин ба Халлух на фаррух шуданд. 

Чу аз дур диданд айвони шоҳ, 

Зада бар сараш -бар дурафши сиёҳ, 


- Мар инро. 

- б. 228 нест. 

- миён. 


132 




Фуруд омаданд аз чаманда* 1 сутур, 
Шикаста дилу чашмҳо гашта кӯр. 

Пиёда бирафтанд то пеши ӯй, 
Сияҳшон равону шуда зард рӯй. 

Бидодандаш он номаи шаҳрёр, 

Ба посух навишта Зарири савор. 2 

240 Дабираш мар он номаро баркушод, 
Бихондаш бар он шоҳи пеғунажод. 

Навишта дар он номаи шаҳрёр, 
Сароҳанги мардон* 3 набарда савор. 4 

Расид он навишта фурӯ моявор, 

Ки бинвишта будӣ бари шаҳрёр. 5 

Шунидему диди суханҳо, куҷо 
Набудӣ ту мар гуфтанашро сазо. 

На бинвиштанӣ буд, на бинмуданӣ, 
На бархонданӣ буд, на ушнуданӣ. 

245 Чунин гуфта будӣ ту то чанд гоҳ, 
Сӯи кишвари хуррам орам сипоҳ. 


1. М-ҷаҳанда. 

2. ТПЗМ - Бирафмуд хондан дабирон-шро, 

Зи Турон ҷавонону пирон-шро. 
Дабирон-шро гуфт нома нахуст 
Саросар бихонед бар ман дуруст. 

- Эрон. 

- б. 240, 241 нест. 

ТПЗИЛМ - Паси шоҳ Лӯҳросп Гуштоспшоҳ 
Нигаҳдори гетӣ, сазовори гоҳ 
Паямбар фиристод зӣ ман Худой. 
Меҳонаш ҳама пеш карда ба пой. 
Ҳаме гӯядат, эй палиди сутург, 

Куҷо пайкарат пайкари шеру гург*, 
Зада сар зи оину дини беҳӣ, 

Расида ба дилкажживу гумраҳӣ. 

*Л -б. сеюм нест. 

5. М - б. 242 нест. 


133 




На ду моҳ бояд ҳаме, на чаҳор,* 1 
Ки мо худ биёрем шерони кор. 

Ту бар хештан - бар маяфзой ранҷ, 
Ки мо худ кушоем дарҳои ганҷ, 

Биёрем гурдон ҳазорон ҳазор, 

Ҳама кордида, ҳама номдор. 

Ҳама Эраҷизодаи паҳлавӣ, 

На Афросиёбиву на пайғавӣ. 

250 Ҳама шоҳчеҳру ҳама моҳрӯй, 

Ҳама ростболо, ҳама ростгӯй. 

Ҳама аз дари подшоҳиву гоҳ, 

Ҳама аз дари ганҷу тоҷу сипоҳ. 2 

Ҳама найзадорону шамшерзан, 
Ҳама лашкаророву лашкаршикан. 

Ҳама найза бар дасту бора ба зин, 
Набишта ҳама номи ман бар нигин. 

Ҳама динпазиру ҳама ҳушёр, 

Ҳама аз дари ёраву гӯшвор. 

255 Чу донанд к-ам кӯс бар пил баст, 
Суми аспи эшон кунад кӯҳ паст. 3 

Чу ҷавшан бипӯшанд рӯзи набард, 
Зи чархи барин бугзаронанд гард. 

Ба зин - андарун гашта чун кӯҳ сахт, 
Сари кӯҳ аз эшон шуда лахт-лахт. 


- На то чанд моҳу на то рӯзгор 

-б. 246 - 251 нест. 

3. ТПЗЛ - Ҷаҳоншон нафарсуда аз ранҷи оз, 
Ҳама шергиру ҳама размсоз. 


134 


^22 


Аз эшон ду гурди гузида савор, 
Зарири сипаҳдору Исфандёр. 

Чу эшон бипӯшанд аз оҳан қабой, 

Ба хуршеду моҳ* 1 андароранд пой. 

260 Чу бар гардан оранд кӯбанда гурз, 
Ҳаме тобад аз фаррашон фарру бурз. 

Чу эшон биистанд пеши сипоҳ, 

Туро кард бояд ба эшон нигоҳ. 

Ба хуршед монанд бо тоҷу тахт, 

Ҳаме тобад аз чеҳрашон фарру бахт. 

Чунинам гавонанду испаҳбадон, 
Гузида* 2 писандидаам мӯбадон. 

Ту Ҷайҳун маянбор ҳаргиз ба мушк, 
Ки ман баркушоям дари ганҷи хушк. 3 

265 Ба рӯзи набард ар бихоҳад Худой, 

Ба разм андарорам сарат зери пой. 

Чу солор аз ин гуна нома бихонд, 
Фуруд омад аз тахту хира бимонд. 

Сипаҳбад-шро гуфт: «Фардо пагоҳ 
Бихон аз ҳама подшоҳӣ сипоҳ». 

Тагинони лашкар, гузинони 4 Чин, 
Бирафтанд ҳар сӯ ба Туронзамин.* 5 


- ҷанги сипеҳр. 

- Ситуда. 

13 - Агар тоби теғам ба Ҷайҳун расад, 
В-агар боди гурзам ба ҳомун расад, 
Ба ҳомун - дарун пил гирён шавад, 
Ба Ҷайҳун - дарун об бирён шавад. 

- Саворони туркону гурдони. 

- Пас аз б. 268 ин б. омада: 

Ҳама пок хонданд лашкар-шро, 
Сари марздорони кишвар-шро. 


135 


Бародар буд уро ду аҳриманон, 

Яке Кӯҳраму дигар Андирамон. 

270 Бидодандашон кӯсу пилу дурафш, 
Биёроста сурху зарду бунафш. 

Бад-эшон бубахшид сесад ҳазор, 
Гавони гузида набарда савор. 

Дари ганҷ букшоду рӯзӣ бидод, 
Бизад нои рӯин, буна барниҳод. 

Сабук хонд Кӯҳрам бародар-шро, 
Бад-ӯ дод якдаст лашкар-шро, 

Ба Андирамон дод дасти дигар, 

Худ андар миёна бубастӣ камар.* 1 

275 Яке турк буд, номи ӯ Гургсор, 
Гузашта бар ӯ-бар басе рӯзгор. 

Сипаҳро бад-ӯ дод испаҳбадӣ, 

Ту гуфтӣ надонад ҳаме ҷуз бадӣ. 2 

Бародар-шро он ки буд Бедирафш, 
Бидодаш яке гургпайкар дурафш. 3 

Яке ном будаш Хашоши далер, 
Пиёда бирафтӣ бари наррашер. 

Сипаҳ дидабон кардашу пешрав, 
Дурафшаш кашиданду шуд пеш гав. 


1 . М - Дигар даст додаш ба Андирамон, 

Худ он гаҳ биистод андар миён. 

2. И -б. 274 -276 нест. 

ТПЗ - Зи Оҳармани бадкуниш буд батар, 

Ба ҷанг - андарун буд силоҳаш табар, 
Шабу рӯз кораш будӣ сӯхтан, 

Ҳамон номи бодафраҳӣ тӯхтан. 

3. Л -б. 274 -277 нест. 


136 


22 


280 Яке турк буд, номи у Ҳушдев, 

Ба соқа фиристод турконхидев. 

Нигаҳ дор, гуфто, ту пушти сипоҳ, 

Гар аз мо касе боз гардад зи роҳ, 

Ҳам он ҷо ки биниш, дар ҷой куш, 1 * 2 
Нигар, то бидорӣ бад-ин кор ҳуш. 3 

Бад-ин сон ҳаме рафт бо тез хашм, 

Пур аз хун будаш дил, пур аз об чашм. 

Ҳаме кард ғорат, ҳаме сӯхт кох, 
Дарахтон ҳаме канд бо беху шох. 

285 Даровард лашкар ба Эронзамин 
Шаҳи кофирон дил пуроганда кин. 

ГИРД ОВАРДАНИ ГУШТОСП 
ЛАШКАРИ ХУДРО 

Чу огоҳӣ омад ба Гуштоспшоҳ, 

Ки солори туркони Чин бо сипоҳ 

Биёросту ҷунбид* 4 аз ҷои хеш, 
Хашоши далераш* 5 фиристод пеш. 6 

Сипаҳбад-шро гуфт: Фардо пагоҳ 
Биёрой пилон, биёвар сипоҳ! 

Сӯи марздорон-ш нома навишт, 

Ки Хоқон раҳи роду мардӣ биҳишт. 


1 . И -Ҳар он ҷо ки ёбӣ, ҳам он ҷо бикуш. 

2. М -Ҳар он ҷо ки ёбӣ, мар ӯро бикӯш. 

3. ТПЗ - Дигар буд туркеву номаш Табаҳ 
Бад-ӯ гуфт, медор калби сипаҳ. 

- Бароросту омад худ. 

- палидаш. 

6. ТПЗИЛМ - Чу бишнид, к-ӯ рафт бо лашкараш, 
Ки вайрон кунад он ҳама кишвараш. 


137 


290 Биёед яксар ба даргоҳи ман, 

Ки бар марз бугзашт бадхоҳи ман. 

Чу нома сӯи родмардон расид, 

Ки омад ҷаҳонҷӯй душман падид, 

Сипоҳе биёмад ба даргоҳи шоҳ, 

Ки чандон набуд бар замин - бар гиёҳ. 

Зи баҳри ҷаҳондор шоҳи каён 
Бубастанд гурдони гетӣ 2 миён. 

Ба даргоҳи хусрав ниҳоданд рӯй 
Ҳама марздорон ба фармони ӯй. 

295 Наёмад бар ин - бар басе рӯзгор, 

Ки омад ба даргаҳ ҳазорон ҳазор. 

Фароз омада буд мар шоҳро, 

Каи* 1 номдори накӯхоҳро. 

Ба лашкаргаҳ омад, сипаҳро бидид, 
Ҳар он кас ки 2 шоиста буд 3 , баргузид. 

Аз он шодмон гашт фархунда шоҳ, 
Дилаш гашт хира зи чандон сипоҳ. 

Дигар рӯз Гуштосп бо мӯбадон, 
Радону бузургону испаҳбадон 

300 Кушод он дари ганҷи пур карда Ҷам, 
Бидод ӯ сипаҳро дусола дирам. 

Чу рӯзӣ бубахшиду ҷавшан бидод, 
Бизад ною кӯсу буна барниҳод. 

Бифармуд бурдан ба пеши сипоҳ 
Дурафши ҳумоюни фархунда шоҳ. 


1. М-Гави. 

2. И -касеро. 

3. Л -ки шоиста буд размро. 


138 




Суи разми Арҷосп лашкар кашид, 

Сипоҳе ки ҳаргиз чунон кас надид. 

Зи торикии гарду аспу сипоҳ 
Касе рӯзи равшан надиду на моҳ. 

305 Зи бас бонги аспону бонги хурӯш 
Ҳаме нолаи кӯс нашнид гӯш. 

Дурафшони бисёр афрошта, 

Сари найзаҳо з-абр бугзошта. 

Чу руста дарахт аз бари кӯҳсор, 

Чу беша наистон ба вақти баҳор. 

Аз ин сон ба фармони Гуштоспшоҳ 
Зи кишвар ба кишвар ҳаме шуд сипоҳ. 

ГУФТАНИ ҶОМОСП АНҶОМИ РАЗМ БО ГУШТОСП 

Чу Аз Балхи бомӣ ба Ҷайҳун расид,* 1 
Сипаҳдор* 2 лашкар фуруд оварид.* 3 

310 Бишуд шаҳрёр аз миёни сипоҳ, 

Фуруд омад аз аспу бар шуд ба гоҳ. 

Бихонд он замон шоҳ Ҷомоспро, 

Куҷо раҳнамун буд Гуштоспро. 

Сари мӯбадон буду шоҳи радон, 

Чароғи бузургону испаҳбадон. 

Чунон поктан буду покизаҷон, 

Ки будӣ бар ӯ ошкоро ниҳон. 

Ситорашиносе гаронмоя буд, 

Або ӯ ба дониш киро* 4 поя буд. 


- шуданд. 

- сипаҳдору. 

- омаданд. 

- Ба фарҳангу дониш. 


139 


315 Бипурсид аз у шоҳу гуфто: «Худой 
Туро дини беҳ доду покиза рой. 1 

Чу ту нест андар ҷаҳон ҳеч кас, 

Ҷаҳондор дониш туро доду бас. 

Бибояд-т кардан зи ахтар шумор, 

Бигӯӣ ҳама мар маро рӯи кор, 

Ки чун бошад анҷому 2 фарҷоми ҷанг, 
Киро пеш 3 хоҳад буд ин ҷо диранг». 

Наёмад-ш хуш 4 пир Ҷомоспро, 

Ба рӯи дижам гуфт Гуштоспро, 

320 Ки эй кошкӣ Эзади додгар 

Надодӣ маро ин хирад в-ин ҳунар. 

Маро гар набудӣ хирад, шаҳрёр, 
Накардӣ зи ман буданӣ хостор. 

Бигӯям ман ин в-ар нагӯям ба шоҳ, 
Кунад мар маро шоҳи шоҳон табоҳ 5 . 

Ҷаҳондор гуфто: «Ба номи Худой, 
Бад-ин номи диновари покрой, 

Ба ҷони Зарир он набарда савор, 

Ба ҷони гаронмоя Исфандёр, 

325 Ки ҳаргиз ба рӯи ту ман бад кунам, 

На фармоямат бад, на ман х(в)ад кунам. 6 


1. И-б. 315нест. 

2. ИЛ - оғозу. 

3. ИЛ-беш. 

4. И - Наёмад хуш ин. 

5. ТПЗИЛМ - Агар бо ман аз дод паймон кунад, 

Ки на бад кунад худ, на фармон кунад. 

6. Л -б. 325 нест. 


140 




Ту ҳарч андар ин кор дони бигуй, 

Ки ту чорадониву ман чораҷӯй». 1 

Хирадманд гуфт: «Эй гаронмоя шоҳ, 
Ҳамеша ба ту тоза бодо кулоҳ! 

Бидон, эй набарда каи номҷӯй, 

Чу разм оварад, рӯй гурдон бар ӯй. 

Бад-он гаҳ куҷо бонгу вайла кунанд, 
Ту гӯӣ ҳама кӯҳро баркананд. 

330 Ба пеш - андар оянд мардони мард, 
Ҳаво қира 2 гардад зи гарди набард. 

Ҷаҳон бинӣ он гоҳ гашта кабуд, 

Замин пур зи оташ, ҳаво пур зи дуд. 

В-аз он захму он гурзҳои гарон, 

Чунон путку пӯлоди оҳангарон. 

Ба мағз-андар афтад таранготиринг,* 3 
Ҳаво пур кунад нолаи бӯру хинг.* 4 

Шикаста шавад чарху гардунҳо, 
Дурафшон биёлояд аз хунҳо. 

335 Басе бепадар гашта бинӣ писар, 

Басе беписар гашта бинӣ падар. 

Нахустин каи номдор Ардашер, 

Писар шаҳрёр он набарда далер 

Ба пеш афканад тозиён аспи хеш, 

Ба хок афканад, ҳар кӣ ояд-ш пеш. 


1 . ТПЗИМ - Зи банда маёзору бугзор хашм, 

Хунук он касе к-аш набинад ба чашм. 

2. ИЛ - тира. 

- таранг. 

- Ки ҳаргиз. 

- ба фарҷом. 

- Ҷаҳон пур шавад аз дами шӯру ҷанг. 


141 


Пиёда кунад турк чандон савор, 

К-аз ахтар набошад мар онро шумор, 

Валекин саранҷом кушта шавад, 

Накӯ номаш андарнавишта шавад. 

340 Пас озода Шедасп фарзанди шоҳ 
Ба кинаш кунад тез аспи сиёҳ. 

Дижам гардаду теғро баркашад, 
Битозад басе аспу мардум кушад. 

Саранҷом бахташ кунад хоксор, 
Бараҳна шавад он сари тоҷдор. 

Биёяд пас он гоҳ фарзанди ман, 
Бубаста миён бар миёнбанди ман. 

Абар кини Шедасп фарзанди шоҳ 
Чу Рустам биёяд миёни сипоҳ. 

345 Басе номдорону гурдони Чин, 

Ки он шери гурд афканад бар замин. 

Басе ранҷ бинад ба разм-андарун, 
Шаҳи хусравонро бигӯям 1 ки чун 

Дурафши фирӯзандаи ковиён 
Бияфканда бошанд эрониён. 

Гиромӣ ки бинад зи асп-андарун, 
Дурафши ҳумоюн пур аз хоку хун, 

Дар ояд аз он пушти аспаш ба зер, 
Бигирад дурафшу барорад далер. 

350 Ба як даст шамшеру дигар дурафш, 
Бигирад бад-он ҷо дурафши бунафш. 2 


1. Л - Сари хусравонро нагуям. 

2. Л - б. 348 - 350 нест. 


142 


Аз ин сон ҳамеафканад душманон, 

Ҳаме барканад ҷони оҳарманон. 

Зи ногоҳ душман ба шамшери тез 
Яке дасти ӯ афканад аз ситез. 

Гиромӣ ба дандон бигирад дурафш, 
Бидорад ба дандон дурафши бунафш. 

Ба як даст душман 1 кунад нопадид, 
Шигифтитар аз кори ӯ кас надид. 

355 Яке турк тире занад бар бараш, 

Ба хок андарорад сару афсараш. 

Пас озода Настур пури Зарир 
Ба пеш афканад асп чун наррашер. 

Чу ояд саранҷом пирӯз боз, 

Абар душманон даст карда дароз. 

Биёяд пас он баргузида савор, 

Писар шаҳрёри ҷаҳон Невзор. 

Аз он душманон бифканад* 2 шаст мард, 
Намонад яке паҳлави дастбард. 

360 Саранҷом туркон ба тираш зананд, 
Тани пилвораш ба хок афкананд. 

Биёяд пас он наррашери далер, 
Набардасавор он ки номаш Зарир. 

Ба пеш андарояд гирифта каманд, 
Нашаста абар аспи тозӣ саманд, 

Або ҷавшани зар дурахшон чу моҳ, 
Бад-ӯ - андарун хира гашта сипоҳ. 


1 . ИЛ - Басе душманонро. 

2. М - Зи оҳарманон афканад. 


143 


222 


Бигирад зи гурдони лашкар ҳазор, 
Бибандад, фиристад бари 1 шаҳрёр. 

365 Ба ҳар ҷо ки бинҳад ҳамон шоҳ рӯй, 
Ҳаме ронад аз хуни бадхоҳ ҷӯй. 2 

Наистад кас он паҳлавӣ шоҳро, 
Сутӯҳ оварад шоҳи хиргоҳро. 

Пас афканда бинад бузург Ардашер, 
Сияҳ гашта рухсору тан чун зарир. 

Бигиряд бар ӯ зору гардад нажанд, 
Барангезад он тозиаспи саманд. 

Ба хоқон ниҳад рӯй бо хашми тез,* 3 
Ту гӯӣ надидаст ҳаргиз гурез.* 4 

370 Чу андар миён бинад Арҷоспро, 
Ситоиш кунад шоҳ Гуштоспро. 

Сафи душманон сар ба сар бардарад, 
Зи гетӣ сӯи ҳеч кас нангарад. 

Ҳаме хонад ӯ Занди Зардуштро, 

Ба Яздон супурда каӣ* 5 пуштро. 

Саранҷом гардад бар ӯ тира бахт, 
Бурида шавад он гузида дарахт. 

Биёяд яке номи ӯ Бедирафш, 

Сӯи найза дорад дурафши бунафш. 

375 Наёрад шудан пеши гурди гузин, 
Нишинад ба роҳи вай андар камин. 


1. ИЛ-сӯи. 

2. ТПЗМ - Ситоянда он гурдро ҳар касе 
Чу букшад зи гурдони лашкар басе. 

- хашму кин. 

- гӯй ки хоҳад рабудаш зи зин. 

- Зи гетӣ ба Яздон кунад. 


144 


2 5 ! 


Бубандад бар у* 1 роҳ чун пили маст, 
Яке теғи заҳробдода ба даст. 2 

Чу шоҳи ҷаҳон бозгардад зи разм, 

Ту гӯӣ ки берун хиромад зи базм. 

Бияндозад он турк тире бар ӯй, 
Наёрад шудан ошкоро ба рӯй. 

Абар дасти он Бедирафши палид 
Шавад шоҳи озодагон нопадид. 

380 Ба туркон барад бораву зини ӯй, 

Кӣ хоҳад биҷуст он замон кини ӯй? 

Пас ин лашкари номдори бузург 
Ба душман дарафтанд чун шеру гург. 

Ҳаме барзананд ин бар он, он бар ин, 
Зи хуни ялон сурх гардад замин. 

Ялонро бибошад ҳама рӯй зард, 

Ҳаме ларза афтад ба мардони мард. 

Барояд ба хуршед гарди сипоҳ, 
Набинад кас аз гард хуршеду моҳ. 

385 Фурӯғи сари найзаву тиру теғ 

Битобад чунон чун ситора зи меғ. 3 

Пас он Бедирафши палиди сутург 
Ба пеш андарояд чу дарранда гург. 


- Нишинад бар он роҳ. 

-б. 376 нест. 

3. ТПЗИЛМ - В-аз он захм гурдон куҷо мезананд, 
Яке бар дигар-бар ҳаме афкананд. 
Ҳама хаставу кушта бар якдигар 
Падар бар писарр писар бар падар. 
В-аз он зориву нолаи хастагон 
Ба банд андароянд пойистагон 
Ва чандон аз он кушта ояд сипоҳ, 
Ки аз хунашон тар шавад размгоҳ.* 
* И -б. охир нест. 


145 


Ҳамон теғи заҳробдода ба даст, 

Ҳаме тозад ӯ бора чун пили маст. 

Ба дасти вай-андар фаровон сипоҳ 
Табаҳ гардад аз баргузинони шоҳ. 

Биёяд пас он фаррух Исфандёр, 

Сипоҳ аз паси пушту Яздон-ш ёр. 

390 Абар Бедирафш афканад растахез 1 
Аз ӯ ҷома* 2 пурхуну ҷон пурситез. 

Мар ӯро яке теғи ҳиндӣ занад, 

Ба зин нимаи тан-ш зер афканад. 

Бигирад пас он оҳанин гурзро, 
Битобонад он фарраву бурзро. 

Ба як ҳамла аз ҷояшон бугсилад, 

Чу бугсисташон, бар замин кай ҳилад. 3 

Ба нӯки сари найзашон барчинад, 
Табаҳшон кунад поку бипроканад. 

395 Гурезад* 4 саранҷом солори Чин, 

Аз Исфандёр он каи б-офарин. 

Ба Турон ниҳад рӯй бугрехта, 

Шикаста дилу дидаҳо рехта. 

Биёбон гузорад ба андак сипоҳ, 

Шавад шоҳ пирӯзу душман табоҳ. 

Бидон, эй гузида сари хусравон, 

Ки ман ҳар чи гуфтам, набошад ҷуз он. 


1. Л - асп тез. 

2. М - дида. 

3. ИЛ - б. 393 нест. 

4. М -гурезон. 


146 


Набини зи ман як сухан бешу кам, 

Ту з-ин пас макун рӯй бар ман дижам. 

400 Ман инро ки гуфтам, нагуфтам магар 
Ба фармонат, эй шоҳи пирӯзгар. 

В-аз он пас, ки пурсид фархунда шоҳ 
Аз он жарфдарёву торикчоҳ, 

Надидам, ки бар шоҳ бинҳуфтаме, 
В-агарна ман ин роз кай гуфтаме?» 

Чу шоҳи ҷаҳондор бишнид роз, 

Бар он гӯшаи тахт хусбид боз. 

Зи дасташ бияфтод заррина гурз, 

Ту гуфтӣ бирафташ ҳама фарру бурз. 

405 Ба рӯй-андар афтоду беҳуш гашт, 
Нагуфташ сухан низу хомӯш гашт. 

Чу боз омадаш ҳуши шаҳ, шаҳрёр 
Фуруд омад аз тахту бигрист зор. 

«Чӣ бояд маро, -гуфт,-шоҳию гоҳ, 

Ки рӯзам ҳаме гашт хоҳад сиёҳ. 

Ҳаме рафт хоҳанд моҳони 1 ман, 
Далеру саворону шоҳони ман. 2 

Чӣ бояд маро подшоҳию бахт - 
Тавоноиву лашкару тоҷу тахт? 

410 Ки бо он кӣ бар ман гиромитаранд, 
Гузини сипоҳанду номитаранд. 3 


1 . И - шоҳони. 

2. И - Чароғони Лӯҳроспу моҳони ман. 

3. И-б. 210нест. 


147 


Ҳаме рафт хоҳанд аз пеши ман, 

Зи тан баркананд ин дили реши ман. 1 

Ба Ҷомосп гуфт: Ар чунин аст кор 
Ба ҳангоми рафтан сӯи корзор, 

Нахонам набарда бародар-мро, 
Насӯзам дили пир модар-мро. 

Нафармоямаш низ рафтан ба разм, 
Сипаҳро супорам ба фаррух Гуразм. 

415 Каёнзодагон бо ҷавонони ман, 

Ки ҳар як чунон чун тану ҷони ман, 

Бихонам ҳама сарбасар пеши хеш, 
Напӯшам зиреҳшон, нишонам ба пеш. 

Чигуна расад нӯки тири хаданг, 

Бар ин осмон бар шуда кӯҳу санг?» 

Хирадманд гуфто ба шоҳи замин, 

Ки «Эй некхӯ шоҳи боофарин, 

Гар эшон набошанд пеши сипоҳ, 
Ниҳода ба сар-бар зи оҳан кулоҳ, 

420 Кӣ ёрад шудан пеши гурдони Чин, 

Кӣ боз оварад фарраву пок дин? 

Ту з-ин хок бархезу бар шав ба гоҳ, 
Макун фарраи подшоҳӣ табоҳ, 

Ки рози удояст з-ин чора нест, 
Худованди гетӣ ситамкора нест. 

Аз андӯҳ хӯрдан набошад-т суд, 

Куҷо буданӣ буд, ин кор буд. 


1. Л -б. 410.411 нест. 


148 


Макун дил-тро бештар з-ин нажанд, 

Ту доди ҷаҳонофарин кун писанд». 1 

425 Бидодаш басе панду бишнид шоҳ, 

Чу хуршедгун гашту бар шуд ба гоҳ. 

Нишаст аз бари гоҳ, бинҳод дил 
Ба разми ҷаҳонҷӯй шоҳи Чигил. 

Аз андешаи дил наёмад-ш хоб, 

Ба разму набардаш гирифта шитоб. 

ЛАШКАРҲО ОРОСТАНИ ГУШТОСП ВА АРҶОСП 

Чу Ҷомосп гуфташ сапеда дамид, 

Фурӯғи ситора шуда нопадид. 2 

Аз он ҷо хиромид то размгоҳ, 

Фуруд оварид он гузида сипоҳ. 

430 Ба гоҳе ки боди сапедадамон 
Ба кох орад аз боғ бӯи гулон, 3 

Фиристод бар ҳар гӯе дидабон, 

Чунон чун буд оини озодагон. 

Биёмад савореву гуфташ ба шоҳ, 

Ки «Шоҳо, ба наздикӣ омад сипоҳ. 

Сипоҳест, эй шаҳрёри замин, 

Ки ҳаргиз чунон н-омад аз Турку Чин. 

Ба наздикии мо фуруд омаданд, 

Ба кӯҳу дару дашт хайма заданд». 4 

435 Сипаҳдорашон дидбон баргузид, 

Фиристоду дида ба дида расид. 


1. И - 422 - 424 нест. 

2. И - Чу шаб рафту омад сапеда падид, 

Бизад кӯс бар пилу лашкар кашид. 

3. И -б. 430 нест. 

4. И - 434 нест. 


149 


Пас озод Гуштосп шоҳи далер 
Сипаҳбад-шро хонд фаррух Зарир. 

Дурафше бад-ӯ доду гуфто: «Битоз, 
Биёрой пилону лашкар бисоз!» 

Сипаҳбад бишуд лашкараш рост кард, 
Ҳама разми солори Чин хост кард. 

Бидод он ҷаҳондор панҷаҳ ҳазор 
Савори гузида ба Исфандёр. 

440 Бад-ӯ дод як даст аз он лашкараш, 

Ки шерӣ дилаш буду пилӣ бараш. 

Дигар даст лашкар-шро ҳамчунин 
Сипоҳе биёрост хубу гузин. 1 

Ба гурди гиромӣ супурд он сипоҳ, 

Ки фарзанди ӯ буду ҳамтои шоҳ. 

Куҷо шоҳ Шедасп хондиш ном 
Сарафрозу гарданкашу шодком. 2 

Чу панҷаҳ ҳазор аз савори далер 
Сипаҳбад-шро дод фаррух Зарир, 

445 Бад-ӯ дод лашкар миёни сипоҳ, 

Ки шери жаён буду ҳамтои шоҳ. 

Паси пушти лашкар ба Настур дод, 
Чароғи сипаҳдори фаррухнажод. 

Чу лашкар биёрост, бар шуд ба кӯҳ, 
Ғамӣ гашта аз ранҷу гашта сутӯҳ. 

Нашаста бар он хуб тобанда гоҳ, 

Ҳаме кард аз он ҷо ба лашкар нигоҳ. 


1. И-боофарин. 

2. ИМ - б. 443 нест. 


150 


Пас Арҷосп - шоҳи саворони Чин 
Биёрост лашкар-шро ҳамчунин. 

450 Ҷудо кард аз ӯ халлухӣ сад ҳазор, 
Ҷаҳонозмуда, набардасавор. 

Фиристодашон назди он Бедирафш, 
Ки кӯси меҳӣ дошту заррин дурафш. 

Бад-ӯ дод як даст аз он лашкараш, 
Ки шери яла н-омадӣ ҳамбараш. 

Дигар дастро дод бар Гургсор, 
Бидодаш савори гузин сад ҳазор, 

Миёнгоҳи лашкар-шро ҳамчунин 
Сипоҳе биёрост хубу гузин. 

455 Бидодаш бад-он ҷодуи хешком, 

Куҷо Номхост аз далерон-ш ном. 

Худу садҳазорон савори гузин 1 
Намуда ҳама дар ҷаҳон дасти кин, 2 * 3 

Нигоҳаш ҳаме дошт пушти сипоҳ, 
Ҳаме кард ҳар сӯ ба лашкар нигоҳ. 

Писар дошташ як гаронмоя мард, 
Ҷаҳондидаву сарфарози набард. 

Савори гаронмоя, номаш Куҳарм, 
Расида басе бар сараш сарду гарм. 

460 Мар он пури худро нигаҳдор кард, 
Бад-он лашкаророй солор кард. 


1 . И - Саворони гурд. 

2. И - дастбурд. 

3. М - Дигар сад ҳазораш саворони гурд, 

Намуда ҳаме дар ҷаҳон дастбурд. 


151 


ОҒОЗИ РАЗМИ ЭРОНИЁНУ ТУРОНИЁН ВА КУШТА 
ШУДАНИ АРДАШЕРУ ШИРӮ ВА ШЕДАСП 

Чу андаргузашт он шабу гашт рӯз, 

Битобид хуршеди гетифурӯз, 1 

Ба зин барнишастанд ҳарду сипоҳ, 

Ҳаме дид аз он кӯҳ Гуштоспшоҳ. 

Чу аз кӯҳ дид он шаҳи б-офарин, 

Ки андарнишастанд гурдон ба зин, 

Сияҳранг Беҳзодро пеш хост, 

Ки гуфтӣ кӯҳи Бесутун аст рост. 

465 Бар ӯ барфиканданд баргустувон, 

Бар ӯ барнишаст он гави паҳлавон. 2 

Чу сафҳои гурдон биёростанд, 

Ялон ҳамнабардон ҳаме хостанд. 

Бикарданд як тирборон нахуст 
Ба сони тагарги баҳорон дуруст. 

Бирафт 3 офтоб аз ҷаҳон нопадид, 

Чӣ донад касе, к-он шигифтӣ надид? 

Бипӯшида шуд чашмаи офтоб 
Зи пайконҳои дурафшон чу об 

470 Ту гуфтӣ ҳаво абр дорад ҳаме 
В-аз он абр алмос борад ҳаме. 

В-аз он гурздорону найзаварон, 

Ки метохтандӣ бар ину бар он, 


1. И-б. 461 нест. 

2. И -б. 463 - 465 нест. 

ТПИМ - Чу лашкар баробар фуруд омаданд, 
Абар пил-бар нои рӯин заданд. 

3. ИЛМ -Бишуд. 


152 


Ҳаво з-ин ҷаҳон буд шабгун шуда, 
Замин сарбасар пок пурхун шуда. 1 

Биёмад нахуст он савори ҳужир 
Пуси шаҳрёри ҷаҳон - Ардашер. 

Ба овардгоҳ рафт чун пили маст, 

Ту гуфтӣ магар Туси испаҳбад аст. 

475 Бад-ин сон ҳаме гашт пеши 2 сипоҳ, 
Набуд огаҳ аз бахши хуршеду моҳ. 

Биёмад яке новакаш бар миён, 
Гузоранда шуд бар силеҳи каён. 

Зи бӯр - андар афтод хусрав нагун, 
Тани покаш олуда шуд, пур зи хун. 

Дареғ он накӯрӯи тобон чу моҳ, 

Ки бозаш надид он хирадманд шоҳ. 

Биёмад пас озода Шерӯ чу гард, 
Дилаш гашт пурхуну рухсор зард. 

480 Ба пеш - андар омад ба даст - андаро 
Ба заҳр обдода яке ханҷаро. 

Ғиреве* 3 баровард бар сони шер, 
Басе душман овард чун гӯр зер. 

Абар кини он шоҳзода савор 
Бикушт аз саворони душман 4 ҳазор. 

Ба ҳангомаи бозгаштан зи ҷанг, 

Ки рӯи замин карда буд ранг-ранг. 


1. И-б. 472 нест. 

2. Л -гирди. 

3. М-Хурӯше. 

4. И - ҷангӣ. 


153 


Биёмад яке тираш андар қафо, 
Бияфтод он шоҳзода зи по. 1 

485 Дареғ он набарда гаронмоя гурд, 

Ки нодида боз он падарро бимурд. 

Биёмад пасаш боз Шедаспи шоҳ, 

Ки монандаи шоҳ буд ҳамчу моҳ. 

Яке борае барнишаста чу нил, 

Ба так ҳамчу оҳу, ба тан ҳамчу пил. 

Ба овардагаҳ рафту найза бигошт, 

Чу лахте бигардиду бора бидошт, 

Бигуфто: «Кадом аст Кӯҳрам сутург, 
Куҷо пайкараш пайкари бабру гург?» 

490 Биёмад яке деву гуфто: «Манам, 

Ки бо гурсуна шер дандон занам». 

Ба найза бигаштанд ҳар ду чу бод, 
Бизад туркро найзае шоҳзод. 

Аз асп андар оварду бибрид сар-ш, 

Ба хок андарафканд заррин камар-ш. 

Ҳаме гашт дар пеши гурдони Чин, 

Ба сони яке кӯҳ бар пушти зин. 

Ҳамоно чун ӯ низ дида надид, 

Зи хубӣ куҷо буд, чашмаш расид. 

495 Яке турк тире бар ӯ - бар кушод, 

Шуд он хусрави шоҳзода ба бод. 

Дареғ он шаҳи парварида ба ноз, 
Шуда рӯи ӯ боб нодида боз. 2 


1 . ИЛ - Шуд он хусрави шоҳзода фано. 

2. И-б. 492-495 нест. 


154 


КУШТА ШУДАНИ ГИРОМИ ПУРИ ҷомосп 
ВА НЕВЗОР 


Биёмад пас аз сарварони сипоҳ, 
Пуси 1 Таҳм Ҷомосп дастури шоҳ. 

Набарда саворе Гиромиш ном, 

Ба монандаи пури Дастони Сом. 

Яке ҷармае* 2 барнишаста саманд, 
Накӯ гомзан бораи бегазанд. 

500 Ба пеши сафи чиниён истод, 
Худованди додорро кард ёд. 

«Кадом аст, гуфт, аз шумо шердил, 
Ки ояд сӯи найзаи ҷонгусил? 

Куҷо бошад он ҷодуи хешком, 

Куҷо Номхост аз ҳазорон-ш ном»? 

Бирафт он замон пеши ӯ Номхост, 
Бар он асп гуфтӣ, ки кӯҳа-ст рост. 

Бигаштанд ҳарду савори ҳужир, 

Ба гурзу ба найза, ба шамшеру тир, 

505 Гиромӣ гаве буд бо зӯри шер, 
Натобид бо ӯ савори далер. 3 

Гирифт аз Гиромӣ набарда гуреғ, 
Ки зӯри каён диду бурранда теғ. 

Гиромӣ хиромид бо ха ттт ми тез, 

Дил аз кинаи хастагон пурситез, 

Миёни сафи душман - андар фитод, 
Пас аз домани кӯҳ бархост бод. 


1 . И - писар. 

2. М - Чарма. 

3. И -б. 505 нест. 


155 


Сипоҳ аз ду су дар ҳам овехтанд, 

Пас аз домани кӯҳ бархост бод. 

Сипоҳ аз ду сӯ дар ҳам овехтанд, 

Яке гарди тира барангехтанд. 

5 1 0 Бад-он шӯриш андар миёни сипоҳ, 

Аз он захми шамшеру гарди сиёҳ 

Бияфтод аз дасти эрониён 
Дурафши фирӯзандаи ковиён. 

Гиромӣ бидид* 1 он дурафши чу нил, 
Ки афканда буданд аз пушти пил, 

Фуруд омаду баргирифташ зи хок, 
Бияфшонд аз ӯ хоку бистурд пок. 

Чу ӯро бидиданд гурдони Чин, 

Ки он найзаи номдори гузин 

515 Аз он хок бардошт, бистурд бурд, 

Ба гирдаш гирифтанд мардони гурд. 

Ба гирдаш зи ҳар сӯ ҳаме тохтанд, 

Ба шамшер дасташ бияндохтанд, 

Дурафши Фаридун ба дандон гирифт, 
Ҳаме зад ба як даст гурз, эй шигифт! 

Саранҷоми* 2 кораш бикуштанд зор, 
Бад-он гармхокаш фиканданд хор. 

Дареғ он набарда савори далер, 

Ки бозаш надид он хирадманд пир. 3 

520 Биёмад ҳам он гоҳ Настури шер, 
Набарда каёнзода пури Зарир. 


1. М-чудид. 

2. Ба фарҷоми. 

3. И-б. 519нест. 


156 


Бикушташ басе душманон бешумор, 
Ки омӯхта буд аз падар корзор. 

Саранҷом баргашт пирӯзу шод, 

Ба пеши падар боз шуд истод. 

Биёмад паси ӯ гузида савор, 

Пуси шаҳрёри ҷаҳон Невзор. 

Ба зер-андарун тезрав шулаке, 

Ки н-ояд чунон аз ҳазорон яке. 1 

525 Биёмад бад-он тира овардгоҳ, 

Ба овоз гуфт: «Эй гузида сипоҳ, 2 

Кадом аст мард аз шумо номдор, 
Ҷаҳондидаву гурду найзагузор? 

Ба пеш оядам зуд найза ба даст, 

Ки дар пешатон марди мард омадаст». 

Саворони Чин пеши ӯ тохтанд, 
Барафканданашро ҳаме сохтанд. 3 

Савори ҷаҳон Невзори далер 
Чу пили дижогоҳу дарранда шер 4 

530 Ҳаме гашт бар гирди гурдони Чин, 

Ту гуфтӣ ҳаме дарнавардад замин. 5 

Бикушт аз гавони ҷаҳон шаст мард, 
Ҳама парварида ба гарди набард. 

Пас анҷомаш 6 омад яке тири чарх, 
Чунин омада будаш аз чарх барх. 


1 . И - ҳазор андаке. 

2. Л -б. 525 нест. 

3. И - Дар афганданаш чора месохтанд. 

4. И -чун наррашер. 

5. И -б. 530 нест. 

6. ИЛМ - саранҷомаш. 


157 


Бияфтод аз он шулаки хубранг, 

Бимурду бирафт, ин-т фарҷоми ҷанг. 

Дареғ он савори гаронмоя шер, 

Ки афканда шуд ройгон хир-хир. 

535 Чи ҳамчун падар буд ҳамтои ӯй, 

Дареғ он накӯ рӯю болои ӯй. 1 

Чу кушта шуд он хубчеҳра савор, 

Зи гурдон ба гирдаш ҳазорон ҳазор, 

Ба ҳар гӯшае дар ҳам овехтанд, 

Зи рӯи замин гард ангехтанд. 

Баромад бар ин размкардан ду ҳафт, 

К-аз эшон саворе замоне нахуфт. 

Заминҳо пур аз куштаву хаста буд, 

Раҳи бодро гард барбаста буд. 

540 Дару даштҳо шуд ҳама лолагун, 

Ба дашту биёбон ҳаме рафт хун. 2 

КУШТА ШУДАНИ ЗАРИР - БАРОДАРИ ГУШТОСП 
АЗ ДАСТИ БЕДИРАФШ 

Ду ҳафта баромад бар ин корзор, 

Ки ҳазмон ҳаме тезтар гашт кор. 

Ба пеш андаромад Зарири далер, 

Саманди бузург андароварда зер. 

Ба лашкаргаҳи душман андарфитод, 

Чу андар гиё оташи тезу бод. 


1. И-б. 535 нест. 

2. И -б. 539, 540 нест. 

ТПЛМ - Чунон шуд зи бас кушта он размгоҳ, 
Ки кас менаёраст* рафтан ба роҳ. 

* Л - мушкил тавонист. 


158 


Ҳаме кушт аз эшону мехобанид, 

Бари ӯ наистод, ҳар к-аш бидид. 

545 Чу Арҷосп донист, к-он пури шоҳ 
Басе номдорон, ки кардаш табоҳ, 

Бад-он лашкари хеш овоз дод, 

Ки «Барбод хоҳед Халлух ба бод. 

Ду ҳафта баромад бар ин-бар диранг, 
Набинам ҳаме рӯи фарҷоми ҷанг. 

Бикарданд гурдони Гуштоспшоҳ, 
Басе номдорони лашкар табоҳ. 1 

Кунун андаромад миён-тон Зарир, 

Чу гурги дижогоҳу дарранда шер, 

550 Бикушташ ҳама пок мардони ман, 
Сарафроз туркону 2 гурдони ман. 

Яке чора бояд сиголидано, 

Вагарна раҳи турк молидано, 

Ки ин гар бидорад замоне чунин, 

На Оёс монад, на Халлух, на Чин. 3 

Кадом аст мард аз шумо номхоҳ, 

Ки ояд падид аз миёни сипоҳ? 

Яке мардворе хиромад ба пеш, 
Ханида кунад дар ҷаҳон номи хеш? 4 

555 Мар ӯро диҳам духтари хешро, 
Супорам бад-ӯ лашкари хешро». 


1. И -б. 547, 548 нест. 

2. И -Саворону хешону. 

3. И -б. 552 нест. 

4. ТПЗИМ - Ҳар он к-аз миён бора берун занад, 

Ба гирд-андараш пеши гардун занад. 


159 


Сипоҳаш надоданд посух-ш боз, 
Битарсида буд лашкараш з-он гуроз. 

Пас он гаҳ даромад чу гурги жаён 
Зарири сипаҳбад, ҷаҳонпаҳлавон 1 . 

Чу шер андарафтоду чун пили маст 
Ҳаме куштанову ҳаме кард паст 2 . 

Чу Арҷосп дид, он замон хира шуд, 
Ки рӯзи сапедаш ҳаме тира шуд. 

560 Дигарбора гуфт: «Эй бузургони Чин, 
Тагинону шоҳону гурдони Чин, 

Набинед 3 хешону пайвастагон, 
Набинед 4 нолидани хастагон? 

Ба зери паи он ки ҳаст оташӣ, 

Ки сомиш гурз асту тир орашӣ, 

Ки таффаш бисӯзад ҳаме лашкарам, 
Кунун барфурӯзад ҳаме кишварам 5 . 

Кадом аст мард аз шумо чирадаст, 
Ки берун шавад пеши он пили маст? 

565 Ҳар он к-ӯ бад-он гурдкуш ёзадо, 
Мар ӯро аз он бора биндозадо, 

Яке ганҷи пурзарр биспорамаш, 
Кулоҳ аз бари чарх бугзорамаш». 

Ҳам эдун надод эч кас посухаш, 
Бибуд хираву зардгун шуд рухаш. 


1. Л -б. 557 нест. 

2. ТПЗЛ - Ҳаме кӯфташон ҳар сӯе зери пой 

Сипаҳдори Эрону гурдонхудой. 

3. Л -Бубинед. 

4. Л - Чунин зор. 

5. И -6.561 -563 нест. 


160 




Се бор ин суханҳо бар эшон биронд, 
Чу посух наёмад-ш, хомуш бимонд. 

Биёмад пас он Бедирафши сутург, 
Палиде, саге, ҷодуе пиргург. 

570 Ба Арҷосп гуфт: «Эй бузург 1 офтоб, 
Ба беху ба бун 2 ҳамчу Афросиёб, 

Ба пеши ту овардам ин ҷони хеш, 
Сипар кардам ин ҷони ширин ба пеш. 

Шавам пеши он пили ошуфта маст, 
Гар эдун ки ёбам бар он пил даст. 

Ба хок афканам пеши ин* 3 шаҳрёр, 

Ба ман бидҳад он лашкари бешумор». 

Аз ӯ шод шуд шоҳу кард офарин, 
Бидодаш бад-ӯ бораи хешу зин, 

575 Ҳамон тез жупини заҳробдор, 

Ки бар оҳанинкӯҳ кардӣ гузор. 

Шуд он ҷодуи зишту нопоктан 
Ба назди Зарир-он сари анҷуман 4 . 

Чу аз дур дидаш бар он саҳму хашм, 
Пур аз хок ришу пур аз гард чашм, 

Ба даст-андарун гурз чун Соми ял, 

Ба пеш-андарун кушта чун кӯҳ тал, 

Наёраст рафтан-ш дар пеши рӯй, 

Зи пинҳон ҳаме тохт бар гирди ӯй. 


1 . ИЛ - баланд. 

-фарру ба ман; И - ба тан. 

-танаш гар. 

4. ИЛ -б. 576 нест. 


161 


580 Зи пинҳон бад-он шоҳзода савор 
Бияндохт жӯпини заҳробдор 1 . 

Гузора шуд аз хусравӣ ҷавшанаш, 

Ба хун тар шуд он шаҳрёрӣ танаш 2 . 

Бияфтод аз асп - андарун шаҳрёр, 
Дареғ он ҷавон,* 3 шоҳзода савор. 

Фуруд омад он бедирафши палид, 
Силеҳаш ҳама пок берун кашид. 

Сӯи шоҳ бардошт аспу камар-ш, 
Дурафшу накӯ афсари пургуҳар-ш. 

585 Сипоҳаш ҳама бонг бардоштанд, 
Дурафш аз бари пил бугзоштанд. 

Чу Гуштосп аз кӯҳсар бингарид, 

Ба гирд андарун моҳи гурдон надид, 

Гумоне барам гуфт, к-он гурдмоҳ, 
Ки равшан будӣ з-ӯ ҳамеша сипоҳ, 

Набарда бародар-м фаррух Зарир, 
Ки шери жаён оваридӣ ба зер, 

Фикандаст аз асп, к-аз тохтан, 
Бимонданд гурдону з-андохтан. 

590 Наёмад ҳаме бонги маҳзодагон, 
Магар кушта шуд шоҳи озодагон. 

Ҳаюне битозид то размгоҳ, 

Ба наздикии он дурафши сиёҳ. 


1. И-б. 580 нест. 

2. И - пас аз б. 581 ин б. омада: 

Ба як захм жӯпин бар ӯ кор кард 
В-аз он пушти аспаш нагунсор кард. 

3. М - ончунон. 


162 


Бубинед, к-он шоҳи ман чун шудаст, 
Ки аз доғи ӯ дил пур аз хун шудаст. 

Бад-ин - андарун буд шоҳи ҷаҳон, 

Ки омад яке хун зи дида чакон. 

Ба шоҳи ҷаҳон гуфт: «Моҳи туро, 
Нигаҳдори тоҷу сипоҳи туро 

595 Ҷаҳонпаҳлавон он Зарири савор, 
Саворони туркаш' бикуштанд зор. 

Сари ҷодувони ҷаҳон Бедирафш 
Мар ӯро бияфканду бурд он дурафш. 

Чу огоҳии куштани ӯ расид, 

Ба шоҳи ҷаҳон марг омад падид. 

Ҳама ҷома то пой бидрид пок, 
Бад-он тоҷи хуррам бипошид хок. 

Чунин гуфт донанда Ҷомоспро, 

«Чӣ гӯям кунун шоҳ Лӯҳроспро? 

600 Чигуна фиристам фириста ба дар, 

Чӣ гӯям бад-он пиргашта падар? 

Чӣ гӯям чӣ кардам нигори туро, 

Кӣ бурд он набарда савори туро? 1 2 * 3 

Дареғ он гави шоҳзода, дареғ, 

Чу тобанда моҳ андарун шуд ба меғ. 

Биёред гулгуни лӯҳроспӣ, 

Ниҳед аз бараш зини гуштоспӣ. 


1 . ИЛ - туркон. 

2. И - б. 600-601 нест. 

3. М-б. 601 нест. 


163 


22 


Биёрост мар* 1 ҷустани кин-шро, 
Биварзидани* 2 дину оин-шро» 3 

605 Ҷаҳондида дастур гуфташ би пой, 

«Ба кина шудан* 4 мар туро нест рой». 

Ба фармони дастури донои роз 
Фуруд омад аз аспу биншаст боз 5 . 

Ба лашкар бигуфто: «Кадом аст шер, 

Ки боз оварад кини фаррух Зарир? 

Кӣ пеш афканад бора бар кини ӯй, 

Кӣ боз оварад бораву зини ӯй? 6 

Пазируфтам ин аз Худои ҷаҳон, 
Пазируфтани ростону меҳон, 

610 Ки ҳар к-аз миёна ниҳад пеш пой, 

Мар ӯро диҳам духтарамро Ҳумой. 

Зи лашкар наёвард кас пой пеш, 
Наҷунбид з-эшон кас аз ҷои хеш. 

ОГОҲӢ ЁФТАНИ ИСФАНДЁР АЗ КУШТА 
ШУДАНИ ЗАРИР 

Пас 7 огоҳӣ омад ба Исфандёр, 

Ки кушта шуд он шоҳзода савор. 

Падар-т аз ғами ӯ бикоҳад ҳаме, 

Кунун кини ӯ хост хоҳад ҳаме. 


-Бисозам ҳаме. 

-биварзам ҳаме. 

3. ТПЗ - Шавам, кинаи ӯ бихоҳам ҳаме, 

Ки аз дарди ӯ ман бикоҳам ҳаме. 
Бисозам ҳаме ҷустани кин-шро. 
Биварзам ҳаме дину оин-шро. 

4. М -кин хостан. 

5. Л -б. 606 нест. 

6. И - 608 нест. 

7. И-Чу. 


164 


Г ави номвар даст бар даст зад, 

Чӣ пиҳон кунад гуфт ҳангоми бад. 

6 1 5 Чун ӯро ба разм-андарун дидаме, 
Ҳамеша 1 аз ин 2 рӯз тарсидаме. 

Дареғо саворо, гаво, меҳтаро, 

Ки бахташ ҷудо кард тоҷ аз саро 3 . 

Кӣ кушт он шаҳи пил Настӯҳро, 

Кӣ канд аз замин 4 оҳанин кӯҳро? 

Дурафшу паси лашкару ҷои хеш 
Бародар-шро доду худ рафт пеш. 

Ба қалб - андар омад, миёнро бубаст, 
Гирифт он дурафши ҳумоюн ба даст. 

620 Бародар-ш буд панҷ зебои гоҳ, 

Ҳама номдорону ҳамтои шоҳ. 

Ҳама истоданд дар пеши ӯй, 

Ки лашкаршикастан будӣ кеши ӯй. 

Ба озодагон гуфт пушти сипоҳ, 

Ки «Эй номдорону пурони шоҳ, 

Нигар, то чӣ гӯям, накӯ бишнавед, 

Ба дини Худои ҷаҳон бигравед. 

Бидонед шоҳон, ки рӯзест ин, 

Ки баддин падид ояд аз покдин. 

625 Нигар, то натарсед аз маргу чиз, 

Ки кас безамона намурдаст низ. 


1 . Л - ҳама рӯз. 

2. И - ҳама сола з-ин. 

3. И-б. 616нест. 

4. Л -барканд он. 


165 


Вагар гашт хоҳад ҳаме рузгор, 

Чӣ некӯтар аз марг дар корзор. 

Шумо аз паси куштагон мангаред, 
Маҷӯед фарёду сар машмаред. 

Нигар, то набинед бугрехтан, 

Нигар, то натарсед аз овехтан 1 . 

Сари найзаҳоро ба разм афканед. 
Замоне бикӯшеду мардӣ кунед, 

630 Агар кор бандед фармони ман, 

Бимонад бад-ин колбуд ҷони ман, 

Шавад номатон дар ҷаҳон-дар бузург, 
Бимирад ҳама лашкари пиргург». 

Бад-ин андарун буд Исфандёр, 

Ки бонги падар-ш омад аз кӯҳсор, 

Ки «Эй номдорону гурдони ман, 

Ҳама мар маро чун тану ҷони ман, 

Матарсед аз найзаву тиру теғ, 

Ки аз бахши мо нест рӯи гуреғ. 

635 Ба дини Худову гав 2 Исфандёр, 

Ба ҷони Зарир он гиромӣ савор, 

Ки акнун фуруд омад андар биҳишт, 
Ба ман шоҳ Лӯҳросп нома навишт. 

Пазируфтаам ман аз он шоҳи пир, 

Ки гар бахти некам бувад дастгир, 

Ки чун боз гардам аз ин размгоҳ, 

Ба Исфандёрам диҳам тоҷу гоҳ. 


1. И-б. 629 нест. 

2. И - Худованду. 


166 


Чунон чун падар дод шоҳи маро, 

Диҳам ҳамчунон тоҷи шоҳӣ варо. 

640 Сипаҳро ҳама бо Башутан диҳам, 

Варо хусравӣ тоҷ бар сар ниҳам». 

РАФТАНИ ИСФАНДЁР БА ҶАНГИ АРҶОСП 

Чу Исфандёр он гави пилтан, 

Худованди аврангу босаҳм тан 

Аз он кӯҳ бишнид бонги падар 
Ба зорӣ ба пеш - андар афканд сар. 

Хиромиду найза ба чанг-андарун, 

Зи шарми падар сар фиканда нагун. 

Яке дизае барнишаста баланд, 

Ба сони яке деви ҷаста зи банд. 

645 Бад-он лашкари душман андарфитод, 
Чунон к-андарафтад ба гулбарг бод. 

Х,аме кушт аз эшону сар мебурид, 

Зи бимаш ҳаме мурд, ҳар к-аш бидид. 

Ва Настур пури Зарири савор, 

Зи хайма хиромид зӣ аспдор. 

Яке аспи осудаи тезрав, 

Ҷаҳанда яке кӯҳу оганда хав. 

Бихосташ аз он аспдори падар, 

Ниҳод аз бари ӯ яке зини зар 1 . 

650 Биёросту баргустувон барфиканд, 

Ба фитрок баст он каёнӣ каманд. 

Бипӯшид ҷавшан, бар-ӯ барнишаст, 

Ба майдон хиромиду найза ба даст 


1 . И -б. 698, 699 нест. 


167 


Аз он су хиромид то размгоҳ, 

Сӯи боби кушта ҳаме ҷуст роҳ. 

Ҳаме тохту он бораро тез кард, 

Ҳаме охт кина, ҳаме кушт мард. 

Аз озодагон ҳар кӣ дидӣ ба роҳ, 
Бипурсидӣ аз номдори сипоҳ. 

655 Куҷо уфтодаст гуфтӣ Зарир, 

Падар-м он набарда савори далер? 1 

Яке мард буд, номи ӯ Ардашер, 
Савори гаронмояи гурдгир. 

Бипурсид аз ӯ роҳ фарзанди хурд, 
Сӯи бобакаш роҳ бинмуд гурд. 

Фикандаст, гуфто, миёни сипоҳ, 

Ба наздикии он дурафши сиёҳ. 

Бирав зуд, к-он ҷо фитодаст ӯй, 
Магар боз биниш якбора рӯй. 

660 Пас он шоҳзода барангехт бӯр, 

Ҳаме кушт марду ҳаме кард шӯр. 

Ҳаме тохташ то бари ӯ расид, 

Чу ӯро бад-он хок кушта бидид, 2 

Бирафташ дилу ҳуш в-аз пушти зин 
Фиканд аз бараш хештан бар замин. 

Ҳаме гуфташ: «Эй моҳи тобони ман, 
Чароғи дилу дидаву ҷони ман. 


1. И-б. 665 нест. 

2. ТПЗИЛ - Бидид он рухонаш, чу наздик шуд, 

Ҷаҳонбини ӯ низ* торик шуд. 

*Л - ҷаҳон пеши ӯ гӯри. 


168 


Бад-он ранҷу сахти бипарвардиям, 
Кунун чун ки рафтӣ, ба кӣ с-пурдиям? 

665 Туро то сипаҳ дод Лӯҳроспшоҳ, 

Ва Гуштоспро дод гоҳу кулоҳ, 

Ҳаме лашкару кишвар оростӣ, 

Ҳаме размро б-орзу хостӣ. 1 

Ба комат 2 ба гетӣ барафрӯхт 3 ном, 
Шудӣ куштаву норасида ба ком. 

Шавам зӣ бародар-т фархунда шоҳ, 
Фуруд ой гӯям аз ин хуб гоҳ, 

Ки аз ту на ин буд сазовори ӯй, 

Бирав, кинаш аз душманон бозҷӯй». 

670 Замоне бар ин сон ҳаме буд дер, 

Пас он борагӣ андаровард зер. 

Ҳаме рафт бо бонг то пеши* 4 шоҳ, 

Ки биншаста буд аз бари хубгоҳ. 5 

Шаҳи Хусравон гуфт: «Эй ҷони боб, 
Чаро кардаӣ дидагонро пуроб?» 

Каёнзода гуфт: «Эй ҷаҳондор шоҳ, 
Бирав кинаи боби ман бозхоҳ, 6 

Ки мондаст шоҳам бар он хок хушк, 
Сияҳ риши ӯ парварида ба мушк». 

675 Чу аз пур бишнид шоҳ ин сухун, 
Сиёҳаш бибуд рӯзи равшан зи бун. 


1. И - 665, 666 нест. 

2. И - кунун к-ат. 

3. И - бияфрӯхт. 

4. М - наздики. 

5. И-б. 669-671 нест. 

6. Л -б. 672 нест. 


169 


Чаҳон бар ҷаҳондор торик шуд, 
Тани пилвореш борик шуд. 

«Биёред гуфто сипоҳи маро, 

Набарда қабову кулоҳи маро, 

Ки имрӯз ман аз паи кини ӯй 
Биронам зи хуни ялон чанд ҷӯй. 

Яке оташ андозам андар ҷаҳон, 

К-аз ин ҷо ба кайвон расад дуди он». 

680 Чу гурдон бидиданд аз размгоҳ, 

Аз он тира* 1 овардагоҳи сипоҳ, 

Ки хусрав басечидаш оростан, 

Ҳаме рафт хоҳад ба кин хостан, 2 

Набошем, гуфтанд ҳамдостон, 

Ки шоҳаншаҳу кадхудои ҷаҳон, 

Ба разм андар ояд ба кин хостан, 
Чаро бояд ин лашкар оростан? 

Гаронмоя дастур гуфташ ба шоҳ, 
«Набояд-т рафтан бад-он кинагоҳ. 3 

685 Ба Настур деҳ бораи барнишаст, 

Мар ӯро сӯи разми душман фирист. 

Ки ӯ оварад боз кини падар, 

Аз он к-аш ту бозоварӣ хубтар». 


1. М-ингуна. 

2. ТПЗИМ - Ба овоз гуфтанд, эй шоҳи дин, 

Набояд туро низ будан чунин. 
Набояд туро, шоҳ, кин ҷустано, 
Ки Арҷосп хоҳад ҳаме ҷастано. 

*И -б. 1 нест. 

3. И -б. 684 нест. 


170 


КУШТАНИ НАСТУР ВА ИСФАНДЁР БЕДИРАФШРО 

Бидодаш бад-ӯ шоҳ Беҳзодро, 

Сияҳ, ҷавшану хӯди пӯлодро. 

Писар шоҳи кушта миёнро бубаст, 

Сияҳранг Беҳзодро барнишаст. 

Хиромид то дар миёни сипоҳ,* 1 
Нишаста бар он хубранги сиёҳ. 

690 Ба пеши сафи душманон истод, 

Ҳаме баркашид аз ҷигар сард бод. 

«Манам, 2 - гуфт, -Настур пури Зарир, 

Пазира наёяд маро наррашер. 

Куҷо бошад он ҷодуи Бедирафш, 

Ки ӯ дорад он ковиёнӣ дурафш?» 

Чу посух надоданд озодро, 

Барангехт шабранг Беҳзодро. 

Бикушт аз тагинони лашкар басе, 

Пазира наёмад мар ӯро касе. 

695 В-аз ин сӯи дигар гав Исфандёр 
Ҳаме кушташон бемару бешумор. 

Чу солори Чин дид Настурро, 

Каёнтухмаву паҳлавон пурро, 

Ба лашкар бигуфт: «Ин кӣ шояд будан, 

К-аз ин сон ҳаме найза 3 донад задан? 

Бикушт аз ташнони ман бешумор, 

Магар гашт зинда 4 Зарири савор?! 


1 . М - Хиромида омад сӯи размгоҳ. 

2. И -ҳаме. 

3. И - теғ. 

4. ИМ - зинда гашт он. 


171 


Ки назди ман омад Зарир аз нахуст, 
Бад-инсон ҳаме тохт бора дуруст. 

700 Куҷо бошад он Бедирафши гузин, 

Ҳам акнун сӯи* 1 ман-ш хонед ҳин. 

Биёмад ҳам андар замон Бедирафш, 
Гирифта ба даст он дурафши бунафш. 

Нишаста бар он бораи хусравӣ, 
Бипӯшида он ҷавшани паҳлавӣ. 

Хиромид то назди Настуршоҳ, 

Чароғи ҳама лашкару пури шоҳ. 

Гирифта ҳамон теғи заҳробдор, 

Ки афканда буд з-ӯ Зарири савор. 

705 Бигаштанд ҳарду ба шамшеру тир, 
Сари ҷодувон турку пури Зарир. 

Пас огоҳ карданд аз он корзор 
Пуси шоҳро - фаррух Исфандёр. 

Ҳаме тохташ, то бад-эшон расид, 

Сари ҷодувон чун мар ӯро бидид, 2 

Барафканд асп аз миёни набард, 

Чу донист, к-аш бар сар афтод мард. 

Бияндохт он заҳрхӯрда бар ӯй, 

Магар, к-аш кунад тира рахшанда рӯй. 

710 Наёмад бар ӯ теғи заҳробдор, 

Гирифташ ҳамон теғ шоҳи савор. 3 

Задаш паҳлавонӣ яке бар ҷигар, 

Чунон, к-аз дигар сӯ бурун кард сар. 


1. М-бари. 

2. И - б. 707 нест. 

3. И-б. 710нест. 


172 


Зи бора нагун андарафтоду мурд, 
Бидид он каёнзодагӣ дастбурд. 

Фуруд омад аз бора Исфандёр, 
Силеҳи Зарир он гави номдор, 

Аз он ҷодуи пир берун кашид, 
Сарашро зи тан нима андарбурид. 

7 1 5 Накӯранг аспи Зариру дурафш 
Бибурду сари беҳунар Бедирафш. 

Сипоҳи каӣ* 1 бонг бардоштанд, 
Ҳама наъра аз чарх бугзоштанд, 

Ки пирӯз шуд шоҳ, душман фиканд, 
Бирафту биёвард аспи саманд. 

Шуд он шоҳзода савори далер, 

Сӯи шоҳ бурд он саманди Зарир. 2 

Сари пирҷоду ниҳодаш ба пеш, 
Кушанда бикушт, инат оину кеш! 

ГУРЕХТАНИ АРҶОСП АЗ КОРЗОР 

720 Чу боз оварид он гаронмоя кин, 

Бар аспи зарирӣ барафканд зин, 

Хиромид, то боз 3 овардгоҳ 
Ба се баҳра кард он каёнӣ сипоҳ. 

Аз он баҳраеро 4 ба Настур дод, 

Яли лашкарафрӯзи 5 фаррухнажод. 

Дигар баҳраро бо бародар супурд, 
Бузургони Эрону мардони гурд. 


1 . М - Яксара. 

2. Л-б. 718нест. 

3. Л - Хиромиду шуд то ба. 

4. И - ин якеро. 

5. И - Писар он сипахдори. 


173 


Севум баҳраро суи худ боз дошт, 

Ки чун абри ғурранда овоз дошт. 

725 Чу Настури гурданкаши поктан, 

Чу Нӯшозар, он паҳлави размзан 1 

Ҳам эдун бубастанд паймон бар ин, 
Ки гар теғи душман бидаррад замин, 

Нагардем зинда аз ин ҷанг боз, 
Надорем аз ин бадгумон чанг боз. 

Ба зин-бар бубастанд танг устувор, 
Бигуфтанду рафтанд зӣ корзор. 

Чу эшон фиканданд асп аз миён, 
Гавону ҷавонони эрониён 

730 Ҳама яксар аз ҷой бархостанд, 
Ҷаҳонро ба ҷавшан биёростанд. 

Аз эшон бикуштанд чандон савор,* 2 
К-аз он танг шуд ҷои он корзор.* 3 

Чунон хун ҳаме рафт бар кӯҳу дашт, 
К-аз он осиёҳо ба хун дарбигашт. 

Чу Арҷосп он дид, омад ба пеш 
Або номдорону мардони хеш. 

Гави гурдкуш найза андарниҳод 
Бар он наррадевони пайғунажод. 

735 Ҳаме дӯхт-шон синаҳо то ба пушт, 
Чунин то басе саркашонро бикушт. 


1. ТПЗ Ба ҳам истоданд дар пеши ӯй, 

Ки лашкаршикастан будӣ кеши ӯй. 

2. М - сипоҳ. 

3. М - овардгоҳ. 


174 


Чу донист хоқон ки мондасту бас, 1 
Наёрад шудан пеши ӯ низ кас. 

Сипаҳ ҷунб-ҷунбон шуду боз гашт, 

Ҳаме буд, то рӯз андаргузашт, 

Ҳам он гоҳ андар гурез истод, 

Бишуд, рӯяш андар биёбон ниҳод. 

Пас андарниҳоданд эрониён 
Бад-он лашкари бемари чиниён. 

740 Бикуштанд аз эшон зи ҳар сӯ басе, 
Набахшудашон, эй шигифтӣ, касе! 

БАХШОИШ ЁФТАНИ ТУРКОН АЗ ИСФАНДЁР 

Чу туркон бидиданд, к-Арҷосп рафт, 

Ҳаме омад аз ҳар сӯе теғи тафт, 

Ҳама саркашон худ пиёда шуданд, 

Ба пеши гав Исфандёр омаданд. 

Камонҳои туркӣ бияндохтанд, 

Қабои набардӣ бурун охтанд. 

Ба зориш гуфтанд: Агар шаҳрёр 
Диҳад бандагонро ба ҷон зинҳор, 

745 Ба дин-андар оему пурсиш кунем, 

Ҳама озаронро парастиш кунем. 

Пас озодагон ин суханро ба низ 
Набардоштанд эч гуна ба чиз. 

Заданд теғу куштанд аз эшон ҳаме, 

Ҷаҳон шуд зи хуншон дурахшон ҳаме. 2 


1 . И - хоқони Чин з-он сипас. 

2. И-б. 746, 747. 


175 


Чу овоз бишнид Исфандёр, 1 
Ба ҷону ба тан додашон зинҳор. 

Бад-он лашкари фаррух овоз дод, 
Гави пилтан шоҳи хусравнажод, 

750 Ки «Эй номдорони эрониён, 

Бигардед аз ин лашкари чиниён. 

Кунун к-ин сипоҳи адӯ гашт паст, 
Аз ин пас зи куштан бидоред даст, 

Ки бас зору хоранду бечоравор, 
Диҳед ин сагонро ба ҷон зинҳор. 

Бидоред даст аз гирифтан кунун, 
Мабандед касро, марезед хун. 

Матозеду ин куштагон маспаред, 
Бигардеду он хастагон бишмаред. 

755 Магиредашон баҳри ҷони Зарир, 
Бар аспони ҷангӣ мапоед дер. 2 

Чу лашкар шуниданд овои ӯй, 
Шуданд аз бари хастагон б-орзӯй. 3 

Ба лашкаргаҳи худ фуруд омаданд, 
Ба пирӯзгаштан табира заданд. 

Ҳама шаб нахуфтанд аз хуррамӣ, 
Ки пирӯзие будашон рустамӣ. 

Чу андаргузашт он шаби тирагун, 
Ба дашту биёбон ҳаме рафт хун. 


1 . Л - Аз он пас чу бишнид овои зор. 

2. И-б. 754, 755нест. 

3. Л - б. 754-756 нест. 


176 


760 Каи номвар бо сарони сипоҳ 
Биёмад ба дидори он размгоҳ. 1 

Ҳаме гирди он куштагон - бар бигашт. 
Киро дид, бигристу андаргузашт. 

Бародар-шро дид кушта ба зор, 

Бар овардгаҳ-бар дарафканда хор. 

Чу ӯро чунон зору кушта бидид, 

Ҳама ҷомаи хусравӣ бардарид. 

Фуруд омад аз шулаки хубранг 
Ба риши худ-андар зада ҳар ду чанг. 

765 Ҳаме гуфташ эй шоҳи гурдони Балх, 
Ҳама зиндагонӣ бикардем талх. 

Дареғо, нигоро, меҳо, хусраво, 
Набарда саворо, гузида гаво, 

Сутуни мано, пардаи кишваро, 

Чароғи каӣ, афсари лашкаро. 

Фароз омаду баргирифташ зи хок 
Ба дасти худаш рӯй бистурд пок. 2 

Ба тобути зарринаш - андар ниҳод, 

Ту гуфтӣ Зарир аз буна худ назод. 

770 Гав-озодагон бо ҷавонони хеш 
Ба тобутҳо - андар афканд пеш. 

Бифармуд, то куштагон бишмаранд, 
Касеро, ки хаста-ст, берун баранд. 

Бигаштанд бар гирди он размгоҳ, 

Ба дашту ба кӯҳу биёбону роҳ. 


1. И - б. 759, 760 нест. 

2. И - б. 768 нест. 


177 


Аз эрониён кушта буд си ҳазор, 

Ҳазору саду шасту шаш номдор. 

Ҳазору чиҳил номвар хаста буд, 

Ки аз пои пилон бурун ҷаста буд. 

775 В-аз он душманон кушта буд сад ҳазор, 
Аз он ҳаштсад саркашу номдор. 1 

Дигар хаста буд се ҳазору дувист, 
Чунон ҷои бад, то тавонӣ, маист. 

БОЗОМАДАНИ ГУШТОСП БА БАЛХ 

Каи номбардор фархунда шоҳ 
Сӯи гоҳ боз омад аз размгоҳ. 

Ба Настур гуфто, ки «Фардо пагоҳ 
Сӯи кишвари номвар каш сипоҳ». 2 

Гузида сипаҳбад ҳам аз бомдод 
Бизад кӯсу лашкар буна барниҳод. 

780 Ба Эронзамин боз карданд рӯй, 

Ҳама чирадил гаштаву размҷӯй. 

Мар он хастагонро бибурданд низ, 
Наҳиштанд аз он хаставу кушта чиз. 

Ба Эронзамин боз бурдандашон, 

Ба доно пизишкон супурдандашон. 

Чу шоҳи ҷаҳон боз шуд боз ҷой, 

Ба пури меҳин дод фаррух Ҳумой. 

Сипаҳро ба Настури фархунда дод, 
Аҷамро чунин буд оину дод. 


1. Л - б. 774, 775 нест. 

2. И - б. 778 нест. 


178 


2^22 


785 Бидодаш аз озодагон даҳ ҳазор 
Савори ҷаҳонҷӯву* 1 найзагузор. 

Бифармуду гуфт: «Эй гави найзабоз, 
Яке то бари шоҳи туркон битоз. 

Ба Оёсу Халлух ҳаме* 2 баргузар, 
Бикуш, ҳар кӣ ёбӣ ба кини падар». 3 

Зи ҳарч-аш бибоист, будаш ба кор, 
Бидодаш ҳама бемару бешумор.* 4 

Ҳам он гоҳ Настур бурд он сипоҳ 
Ва шоҳи ҷаҳон аз бари тахту гоҳ 

790 Нишасту каӣ тоҷ бар сар ниҳод, 
Сипаҳро ҳама яксара бор дод. 

Дари ганҷ букшод в-аз хоста, 
Сипаҳро ҳаме кардаш ороста. 

Саронро ҳама шаҳрҳо дод низ, 
Касеро наҳишт эч нодода чиз. 

Киро подшоҳӣ сазо буд, бидод, 
Киро поя боист, поя ниҳод. 

Чу андархури корашон дод соз, 

Сӯи хонаҳошон фиристод боз. 

795 Хиромид бар гоҳу бора бубаст, 

Ба гоҳи шаҳаншоҳӣ - андар нишаст. 

Бифармуд, то озар афрӯхтанд, 

Бар ӯ уди ҳиндӣ ҳаме сӯхтанд. 


- Саворони ҷангиву. 

- Бар атрофи Халлухситон. 

-б. 787 нест. 

- Бифармуд додан ҳаме шаҳрёр. 


179 


Заминаш бикарданд аз зарри пок, 

Ҳама ҳезумаш уду анбар-ш хок. 

Ҳама кори ӯро баандом кард, 

Пасаш Хони гуштоспӣ ном кард, 

Бифармуд, то бар дари гунбадаш 
Ниҳоданд Ҷомоспро мӯбадаш. 

800 Сӯи кордонон-ш нома навишт, 

Ки моро Худованд ёфа наҳишт. 

Шабони сияҳ, тирамон рӯз кард, 

К-амон бар ҳама ком 1 пирӯз кард. 2 

Ба нафрин шуд Арҷоспу мо б-офарин, 

Кӣ донад чунин ҷуз ҷаҳонофарин. 

Чу пирӯзии шоҳатон бишнавед, 

Газите ба озарпарастон диҳед. 

Чу огоҳ шуд Қайсар - он шоҳи Рум, 

Ки фаррух шуд он шоҳу Арҷоспи шум, 

805 Фириста фиристод бо хоста, 

Ғуломону аспони ороста. 

Шаҳи Барбаристону шоҳони Ҳинд, 
Газиташ бидоданду шоҳони Синд. 

ФИРИСТОДАНИ ГУШТОСП ИСФАНДЁРРО 
БА ҲАМА КИШВАР ВА ДИНИБЕҲ 
ГИРИФТАНИ ЭШОН АЗ Ӯ 

Гави номбардори беҳрӯзгор 
Нишаста ба тахти каи номдор, 


1 . И - Абар душманон чумла. 

2. Л -б. 801 нест. 


180 


Гузинони кишвар-шро бор дод, 
Бузургону шоҳони меҳтарнажод. 

Зи пеш андаромад гав Исфандёр 
Ба даст - андарун гурзаи говсор. 

810 Ниҳода ба сар-бар каёнӣ кулоҳ, 

Ба зери кулоҳаш ҳаме тофт моҳ. 

Биистод дар пеши вай бандафаш, 
Сарафкандаву даст карда ба каш. 

Чу шоҳи ҷаҳон рӯи ӯро бидид, 

Зи ҷону ҷаҳонаш ҳаме баргузид. 

Бихандид гуфт: «Эй ял Исфандёр, 
Ҳаме орзу ноядат корзор?» 

Яли теғзан гуфт: «Фармон турост, 

Ки ту шаҳрёриву кайҳон турост». 

8 1 5 Каи номвар тоҷи заррин-ш дод, 

Дари ганҷҳоро бар ӯ баркушод. 

Ҳама кори Эрон мар ӯро супурд, 

Ки ӯро будӣ паҳлавӣ дастбурд. 

Дурафше бад-ӯ доду ганҷу сипоҳ, 
«Ҳанӯзат нашуд, - гуфт,-ҳангоми гоҳ». 

Бад-ӯ гуфт поят ба зин-андар ор, 

Ҳама кишваронро ба дин-андар ор. 

Бишуд теғзан гурдкуш пури шоҳ 
Ба гирди ҳама кишварон бо сипоҳ. 

820 Ба Руму ба Ҳиндустон - бар бигашт, 
Зи дарёву торикӣ андаргузашт. 1 


1 . ТПЗЛ - Шаҳи Руму Ҳиндустону Яман 
Ҳама нома карданд зӣ пилтан. 


181 




Гузориш ҳаме кард Исфандёр 
Ба фармони Яздону парвардгор. 

Чу огаҳ шуданд аз накӯ дини ӯй, 
Гирифтанд аз ӯ роҳу оини ӯй. 

Мар ин дини беҳро биёростанд. 

Аз ин дин гузориш ҳаме хостанд. 

Бутон аз сари гоҳ месӯхтанд, 

Ба ҷои бут оташ барафрӯхтанд. 

825 Ҳама нома карданд зӣ шаҳрёр, 

Ки мо дин гирифтем аз Исфандёр. 

Бубастем киштию бигрифт соз,* 1 
Кунунат нашояд зи мо хост боз, 

Ки мо рост гаштему ҳам динпараст, 
Кунун Занду Зардушт зӣ мо фирист. 

Чу он номаи шаҳрёрон бихонд, 
Нишаст аз бари гоҳу ёрон бихонд. 

Фиристод Занде ба ҳар кишваре, 

Ба ҳар номдореву ҳар меҳтаре. 

830 Бифармуд, то номвар паҳлавон 
Ҳаме гашт бар гӯшай ҷаҳон. 

Ба ҳар ҷой, к-он шоҳ бинҳод рӯй, 
Наёмад кас андар бараш ҷангҷӯй. 2 * 3 

Ҳама худ мар 4 ӯро ба фармон шуданд, 
Бадон дар* 5 ҷаҳон пок пинҳон шуданд. 


- Ӯ бож кост. 

- Набарда басе пеши ӯй. 

- б. 831 нест. 

- ҷумла. 

- аз. 


182 


Чу гети ҳама рост шуд бар падар-ш, 
Кушод аз миён боз заррин камар-ш. 

Каивор 1 биншаст бар тахтгоҳ, 
Биёсуд якчанд худ бо сипоҳ. 

835 Бародар-шро хонд Фаршедвард, 
Сипоҳе бурун карду мардони мард. 

Бад-ӯ дод динору дирҳам басе, 
Хуросон бад-ӯ доду кардаш гусӣ. 

Чу якчанд гоҳе баромад бар ин, 
Ҷаҳон вижа гашта бад-ӯ покдин. 

Фириста фиристод ҳам зӣ падар, 

Ки эй номвар шоҳи пирӯзгар, 

Ҷаҳон вижа кардам ба фарри Худой, 
Ба кишвар пароканда соя ҳумой. 

840 Касеро ба низ аз касе бим на, 

Ба гетӣ касе 2 безару сим на. 

Фурӯзанда гетӣ ба сони биҳишт, 
Ҷаҳон гашта ободу ҳар ҷой кишт. 

Саворон ҷаҳонро ҳаме доштанд 
Ва варзигарон варз мекоштанд. 

Бар ин - бар бигардид чанде ҷаҳон, 
Ба гетӣ бадӣ буд андар ниҳон.* 3 


1 . И - ба пирӯз. 

2. И - сипаҳ яксара. 

3. М - Бад-инсон буд осуда яксар ҷаҳон, 

Пароканда гашта ҳама гумраҳон. 
Чӣ фармоӣ, эй шоҳи гарданкашон, 
Аз ин ду яке кори ман деҳ нишон. 
Биёям ба даргаҳ ба дидори ту 
Ва ё ҳеч бошад дигар кори ту. 
Фириста ҳаме бурд аз Исфандёр 
Хабарҳои некӯ бари шаҳрёр. 


183 


252 


БАДГУИ КАРДАНИ ГУРАЗМ 
АЗ ИСФАНДЁР 

Чунин гуфт гӯянда, к-он рӯзгор, 

Ки шаҳ дод тоҷе ба Исфандёр. 1 

845 Яке саркаше буд, номаш Гуразм, 
Гави номбардори фарсударазм. 

Ба дил кин ҳаме дошт з-Исфандёр, 
Надонам чишон буд* 2 оғози кор. 

Шунидам, ки Гуштоспро хеш буд, 
Писарро ҳамеша бадандеш буд. 3 

Ҳар он ҷо ки овози ӯ омадӣ, 

Аз ӯ зишт гуфтиву таъна задӣ. 

Шаҳи номбардор рӯзе пагоҳ 
Нишаста ба ором дар базмгоҳ,* 4 

850 Гузинони лашкар-шро бор дод, 
Бузургону шоҳони меҳтарнажод. 5 

Нишаста буд ӯ* 6 пеши фархунда шоҳ, 
Рух аз дард зарду дил аз кин сиёҳ. 

Фароз омад аз шоҳзода сухун, 

Нигар, то бадоҳу чӣ афканд бун. 


1 . ТПЗИЛ - Яке рӯз биншаст гав шаҳрёр 

Ва ромиш ҳаме кард бо чанд ёр. 

- чисон буд аз. 

- б. 847 нест. 

- буд аз бомдодон ба гоҳ. 

5. ИЛ -б. 849. 859 нест. 

3 ТПЗ - Ҷаҳондор гуфт: «Ин шунидам нахуст, 
Наёмад маро ин гумони дуруст». 

*4 М-ки. 

6. М - Гуразм омаду. 


184 


Ҳам он гаҳ яке даст бар даст зад, 

Чу* 1 душман бувад, -гуфт, - фарзанди бад, 

Фарозаш набояд кашидан ба пеш, 

Чунин гуфтамон мӯбади росткеш. 2 

855 Ки чун пур бо саҳм меҳтар шавад, 

Аз ӯ бобро рӯз бадтар шавад. 

Раҳӣ,к-аз худованд сар баркашид 
Аз андоза, пас сар-ш бояд* 3 бурид. 

Чу аз роздор ин сухан ҷуст боз, 
«Худованди ин роз ки в-ин чӣ роз?» 

Каён шоҳро гуфт норостгӯй, 

Ки ин роз гуфтан кунун нест рӯй. 

Шаҳи шаҳрёрон тиҳӣ кард ҷой, 
Фиребандаро гуфт: «Назди ман ой. 

860 Бигӯй ин ҳама сарбасар пеши ман, 

Ниҳон чист аз он аждаҳокеши ман?» 

Гуразми бадоҳуш гуфт: «Аз хирад 
Набояд ҷуз он чиз, к-андархурад. 

Маро шоҳ кард аз ҷаҳон бениёз, 

Сазад гар надорам ман аз шоҳ роз. 

Надорам ман аз шоҳи худ боз панд 
В-агарчи наёяд мар ӯро писанд. 4 

Надорам ҳар оина аз шоҳ роз 
В-агарчи нахоҳад зи ман гуфт боз, 


1 . М - Нишасту баҳона ҳамеҷусту роҳ, 

Ки чун шоҳи нав бар куҳан барзанад, 
Бару ёли ӯро ба хок афканад. 

2. И -б. 853, 854 нест. 

3. М - сар пас бибояд. 

4. И-б. 861 -863нест. 


185 


865 Ки гар боз гуему у нашнавад, 

Беҳ аз роҳ кардан-ш пинҳон бувад. 1 

Бидон, эй ҷаҳондор, к-Исфандёр 
Басечад ҳаме размро рӯи кор. 

Басе лашкар омад ба наздики ӯй, 

Ҳама худ сӯи ӯ ниҳоданд рӯй. 

Бар он аст, к-акнун бубандад туро, 

Ба шоҳӣ ҳаме бад писандад туро. 

Туро гар ба даст овариду бубаст, 

Кунад мар ҷаҳонро ҳама зери даст. 

870 Ту донӣ, ки он аст Исфандёр, 

Ки ӯро ба разм - андарун нест ёр. 

Чун ӯ халқа кард он каманди батоб, 
Пазира наёрад шудан офтоб. 

Ман ончӣ шунидам, бигуфтам-т рост, 

Ту беҳ дон, кунун раъю фармон турост». 

Чу бо шоҳи Эрон Гуразм ин биронд, 
Гави номбардор хира бимонд. 

Чунин гуфт ҳаргиз кӣ дид ин 2 шигифт, 
Дижам гашт в-аз пур кина гирифт. 

875 Нахӯрд эч май низу шодӣ накард, 

Абе базм биншаст бо боди сард. 

Аз андеша он шаб наёмад-ш хоб, 

Аз Исфандёраш гирифта шитоб. 


1. И-б. 865 нест. 

2. Л - Бимонд андар ин шоҳи Эрон. 
* 1 М - бихонд. 


186 


22^2 


Чу аз куҳсорон сапеда дамид, 

Фурӯғи ситора бибуд* 1 нопадид, 

Бихонд он ҷаҳондида 2 Ҷомоспро, 

Ки дастур буд шоҳ Гуштоспро. 

Бад-ӯ гуфт: «Рав* 3 назди Исфандёр, 

Мар ӯро бихон зуду назди ман ор, 

880 Ки кори бузург аст пеш - андаро, 

Ту оӣ ҳаме, эй маҳи кишваро. 

Кунун он ҳаме мар туро боядо, 

Ки бе ту маро кор барн-оядо. 

Навишташ яке номаи устувор, 

Ки «Эй номвар фаррух Исфандёр, 

Фиристодам ин пир Ҷомоспро, 

Ки ӯ пеш дидаст Лӯҳроспро. 

Чун ӯро бубинӣ, миёнро бубанд, 

Або ӯ биё бар сутури наванд. 

885 Агар хуфтаӣ, зуд барчаҳ ба пой 
В-агар худ бапоӣ, замоне мапой». 

Хирадманд шуд, номаи шоҳ бурд, 
Гузоранда кӯҳу биёбон сипурд. 

ОМАДАНИ ҶОМОСП НАЗДИ ИСФАНДЁР 

Бад-он рӯзгор андар Исфандёр 
Ба дашт-андарун буд барои шикор. 

Аз он дашт овоз додаш* 4 касе, 

Ки Ҷомоспро кард хусрав гусӣ. 


- бишуд. 

- гаронмоя. 

- шав. 

- кардаш. 


187 


^ 2^22 


Чу он бонг бишнидаш, омад шигифт, 
Бупечиду хандидан андаргирифт. 

890 Писар буд ӯро гузида чаҳор, 

Ҳама хубрӯю набарда савор.* 1 

Яке ном Баҳман, яке Меҳрнӯш, 
Севум Озарафрӯз гурди баҳуш. 

Чаҳорум варо* 2 ном Нӯшозаро, 

Ки бинҳод ӯ гунбади озаро. 

Ба шоҳи ҷаҳон гуфт Баҳман - писар, 
Ки «То ҷовидон сабз бодот сар!» 

Яке бодханда 3 * 4 бихандид шоҳ, 
Наёбам ҳаме-андар он ҳеч роҳ. 5 

895 Бад-ӯ гуфт-«Пуро, дар ин рӯзгор, 

Кас омад маро аз бари шаҳрёр. 

Зи ман хусрав озор дорад ҳаме, 
Дилаш аз раҳӣ бор дорад ҳаме». 

Гаронмоя фарзанд гуфто: «Чаро, 

Чӣ кардӣ бад-ин хусрави кишваро?» 

Шаҳи шаҳрёрон бигуфт: «Эй писар, 
Гуноҳе надонам ба ҷои падар. 

Магар он ки то дин биёмӯхтам, 

Ҳаме дар ҷаҳон озар афрӯхтам. 

900 Ҷаҳон вижа кардам ба бурранда теғ, 
Чаро дорад аз ман ба дил шоҳ реғ? 


- размҷӯю ҳама найзадор. 

- будаш. 

- мурдаворе. 

- дардворе. 

- пас аз б. 894 ин б. омада: 

Дар ин ҷой боз аз чӣ хандӣ ҳаме, 
Лаби мо зи ханда бубандӣ ҳаме? 


188 


Ҳамоно дилаш дев бифрефтаст, 

Ки бар бастани ман чунин шефтаст». 

Ҳаме то бад-ин - андарун буд шоҳ, 
Падид омад аз дур гарди сипоҳ. 

Чу аз дур дидаш зи кӯҳсор гард, 
Бидонист, к-омад фиристода мард.* 1 

Пазира шудаш зуд фарзанди шоҳ, 

Чу диданд мар якдигарро ба роҳ, 

905 Зи аспи чаманда фуруд омаданд, 

Гаву пир ҳарду пиёда шуданд. 

Бипурсид аз ӯ фаррух Исфандёр, 

Ки «Чун аст, шоҳ, он гави шаҳрёр?» 

Хирадманд гуфто: «Дуруст асту шод», 
Сарашро бибӯсиду нома бидод. 

Дуруст аз ҳама кораш огоҳ кард, 

Ки мар шоҳро дев гумроҳ кард. 2 

Хирадмандро гуфт Исфандёр, 

«Чӣ бинӣ маро андар ин рӯзгор. 

910 Аз ин гуна бо ту биёям бадар, 

На некӯ кунад кор бо ман падар. 

В-ар эдун ки н-оям ба фармонбарӣ, 
Бурун бурда бошам сар аз кеҳтарӣ, 

Яке чора соз, эй хирадманд пир, 
Набояд чунин монд бар 3 хир-хир». 

Хирадманд гуфт: «Эй шаҳи паҳлавон, 
Ба донандагӣ пиру бар тан ҷавон. 


1. Л -б. 906 - 908 нест. 

2. М -б. 904 нест. 

3. И - Нашояд-т мондан чунин. 


189 


Ту дони, ки хашми падар бар писар, 

Беҳ аз хуб меҳри писар бар падар. 

915 Бибояд-т рафтан, чунин аст рӯй, 

Ки ҳарч ӯ кунад, подшоҳ аст ӯй». 

Бад-ин истоданду гаштанд боз 
Фиристодаву шоҳи гарданфароз. 

Яке ҷои хубаш фуруд оварид, 

Пас он гоҳ хӯрданд* 1 ҳар ду набид. 2 

Дигар рӯз биншаст бар тахти хеш, 

Чу девони лашкар биёвард пеш, 

Ҳама лашкарашро ба Баҳман супурд 
В-аз он ҷо хиромид бо чанд гурд. 

920 Биёмад ба даргоҳи озода шоҳ, 

Камар баста бар сар, ниҳода кулоҳ. 

БАНД КАРДАНИ ГУШТОСП ИСФАНДЁРРО 

Чу огоҳ шуд шоҳ, к-омад писар, 

Кулоҳи каӣ барниҳода ба сар, 

Меҳону кеҳонро ҳама хонд пеш, 

Ҳамон Занд бинҳод дар пеши хеш. 

Ҳама мӯбадонро ба курсӣ нишонд, 

Пас он хусрави теғзанро бихонд. 

Биёмад гав(у) даст карда дароз,* 3 
Ба пеш-андар омад, бибурдаш намоз. 

925 Биистод дар пеши ӯ бандафаш, 
Сарафкандаву дастҳо зери каш. 


1 . М - андар гирифтанд. 

2. ТПЗИЛМ - Ба пешаш ҳаме* уд месӯхтанд. 

Ту гуфтӣ ҳаме ромиш омӯхтанд».** 
*Л - Басе анбару. **ИЛ - оташ афрӯхтанд. 

3. М-фароз. 


190 


Шаҳи хусравон гуфт бо мубадон, 
Бад-он родмардону испаҳбадон. 

«Чӣ гӯед, -гуфто,-ки озодае 
Ба сахтӣ ҳаме парварад зодае. 

Ба ҳангоми шираш ба доя диҳад, 

Яке тоҷи заррин-ш бар сар ниҳад, 

Ҳаме дорадаш, то ки чира шавад, 
Биёмӯзадаш роҳу хира шавад, 

930 Басе ранҷ бинад гаронмоя мард, 
Саворӣ кунад озмуда набард, 

Пас озодзода ба мардӣ расад, 

Чунон чун зар аз кон ба зардӣ расад. 

Мар ӯро биҷӯянд ҷӯяндагон 
В-аз ӯ беш гӯянд гӯяндагон. 

Саворе шавад неку пирӯзи разм, 
Сари анҷуманҳо ба разму ба базм. 

Ҷаҳонро кунад яксара зери пай, 
Бибошад сазовори дайҳими кай. 

935 Чу пирӯз гардад, кашад ёлу шох, 
Падар пир гашта нишаста ба кох. 

Надорад падар ҷуз яке тоҷу тахт, 
Нишаста ба айвон нигаҳбони рахт, 

Писарро ҷаҳону дурафшу сипоҳ, 
Падарро яке тоҷи заррину гоҳ, 

Набошад бад-он низ ҳамдостон, 
Шунид аз шумо кас чунин достон, 

Зи баҳри яке тоҷу афсар писар 
Тани бобро дур хоҳад зи сар?! 


191 


940 


Кунад бо сипоҳи худ оҳанги уй, 
Ниҳода дилаш тез бар ҷанги ӯй. 

Чӣ гӯед, пирон, ки бо ин писар 
Чӣ некӯ бувад коркарди падар?» 1 

Гузинон-ш гуфтанд, 2 к-Эй шаҳрёр, 
Наёяд худ ин ҳаргиз андар шумор. 

Падар зиндаву пур ҷӯёи гоҳ, 

Аз ин хомтар низ коре махоҳ». 

Ҷаҳондор гуфто, ки «Инат писар, 

Ки оҳанг дорад ба ҷони падар». 3 

945 Бубандам чунон к-аш сазовору бас, 

Ба банде ки касро набастаст кас. 

Писар гуфт: «Эй шоҳи озодахӯй, 

Маро марги ту кай бувад орзӯй? 

Надонам гуноҳи ман, эй шаҳрёр, 

Ки кардастам андар ҳама рӯзгор. 

Ба ҷони ту, эй хусрави комрон, 

Куҷо бурдан ин худ ба дил дар гумон, 4 

Валекин ту шоҳиву фармон турост, 
Туроам ману банду зиндон турост. 

950 Кунун банд фармову хоҳӣ бикуш, 
Маро дил дурустасту оҳиста ҳуш». 

Шаҳи* 5 хусравон гуфт: «Банд оваред, 
Марӯро бубандеду з-ин магзаред». 


1. И -б. 939 - 941 нест. 

2. Л - Якояк бигуфтанд. 

3. ТПЗИЛМ - Валекин ман ӯро ба чӯбе занам, 

Ки ибрат бигиранд аз ӯ* барзанам. 
* Л - гирад ибрат ҳама. 

4. ИМ -б. 948 нест. 

5. М - Сари. 


192 


22 ^ 


Ба пеш овариданд оҳангарон, 

Ғулу банду занҷирҳои 1 гарон. 2 

Бубастанд ӯро ҳама дасту пой 
Ба пеши ҷаҳондори кайҳонхудой. 

Чунонаш бубастанд пой устувор, 

Ки ҳар к-аш ҳаме дид, бигрист зор, 3 

955 Фароз овариданд пиле чу Нил, 

Мар ӯро нишоданд бар пушти пил. 

Бибурдандаш аз пеши фаррух падар, 
Сӯи Гунбадондиж пур аз хок сар. 4 

Бад-он диж-ш 5 бурданд бар кӯҳсор, 
Сутун овариданд аз оҳан чаҳор. 6 

Мар ӯро бад-он ҷо бубастанд 7 сахт, 
Зи тахташ бияфканда баргашт бахт. 

Нигаҳбон бар* 8 ӯ кард пас чанд мард, 
Гави* 9 паҳлавонзода бо доғу дард. 


1 . Л - мисморҳои. 

2. И -б. 952 нест. 

3. Л -пас аз б. 952 ин б омада: 

Дар он анҷуман кас ба хоҳиш забон 
Наҷунбонд бар шаҳрёри ҷаҳон. 

4. ТПЗИЛМ - Чу андар гиреҳ карда буд* гарданаш, 

Бифармуд он гаҳ ба диж** бурданаш. 
Биёред, гуфто, яке пили нар 
Наванде даванда чу мурғе ба пар. 

* Л - карданд занҷир дар: ** ИЛ - баста падар. 

5. ТПЗЛ - Фиристод сӯи дижи Гунбадон 

Гирифта пасу пеш испаҳбадон. 

6. Л - Пур аз дард. 

7 ИЛ аз б. 957 ин б. омада: 

Сутунҳо бикарда бузург оҳанин, 

Сар андар ҳавову тан андар замин. 

- Бубастанд ӯро бад-он ҷой. 

- Нигаҳбони. 

- Дили. 


193 


960 Бад-он танги андар ҳаме зисти, 

Замон то замон зор бигристӣ. 

РАФТАНИ ГУШТОСП БА СИСТОН ВА ЛАШКАР 
ОРОСТАНИ АРҶОСП БОРИ ДИГАР 

Баромад басе рӯзгорон бар ӯй, 1 
Ки хусрав сӯи Систон кард рӯй, 2 

Ки он ҷо кунад Занду Усто раво, 

Кунад мӯбадонро бад-он - бар гуво. 

Чу он ҷо расид он гармонмоя шоҳ, 

Пазира шудаш паҳлавони сипоҳ. 

Шаҳи Нимрӯз он ки Рустам-ш ном, 

Савора ҷаҳондида ҳамтои Сом. 

965 Або пир Дастон, ки будаш падар, 

Або меҳтарону гузинони дар* 3 

Ба роҳ 4 овариданд ромишгарон, 

Або рудҳо аз карон то карон. 

Ба шодӣ пазира шудандаш ба роҳ, 

Аз он шодмон гашт фархунда шоҳ. 

Ба Зобул-ш бурданд меҳмони хеш, 

Ҳама бандовар истоданд пеш. 

Аз ӯ Занду Усто биёмухтанд, 

Нишастанду оташ барафрӯхтанд. 

970 Баромад бар ин меҳмонӣ ду сол, 

Ҳаме хӯрд Гуштосп бо пури Зол. 


1 . Л - Баромад бар ин рӯзгори дароз. 

2. Л - соз. 

3. М - сарон сар ба сар. 

4. Л - пеш. 


194 


222 


Ба ҳар ҷо куҷо шаҳрёрон буданд, 

Чу аз 1 кори Гуштосп огаҳ шуданд, 

Ки ӯ паҳлавони ҷаҳонро бубаст, 
Тани пилвораш ба оҳан бихаст. 

Ба Зобулситон шуд ба пайғамбарӣ, 
Ки нафрин кунад бар бути озарӣ. 

Бигаштанд яксар зи фармони ӯй, 
Баҳам баршикастанд паймони ӯй. 2 

975 Чу огоҳӣ омад ба Баҳман, ки шоҳ 
Бубасташ падарро абар* 3 бегуноҳ, 4 

Набарда гузинони Исфандёр 
Аз он ҷо бирафтанд тимордор. 

Ба пеши гав Исфандёр омаданд, 
Каёнзодагон зору хор омаданд. 

Мар ӯро ба ромиш ҳаме доштанд, 
Ба зиндон-ш танҳо набугзоштанд. 

Пас огоҳӣ омад ба солори Чин, 

Ки моҳ аз камон омад андар камин. 

980 Барошуфт хусрав ба Исфандёр, 

Сӯи Гунбадондиж* 5 фиристод хор. 

Худ аз Балх зӣ* 6 Зобулистон кашид, 
Ба меҳмонии пури Дастон кашид.* 7 


1 . ИЛ - Аз он. 

2. Л - пас аз б. 974. ин б. омада: 

Ҳаме гуфт ҳар кас, ки ин шаҳрёр 
Чаро бегунаҳ баст Исфандёр. 

3. М - Бубаст он гаронмояро. 

4. ТПЛМ - Сипаҳро ҳама доштанд даст боз, 
Пас андаргирифтанд роҳи дароз. 

- Ба зиндону бандаш. 

- Зи Балх ӯ сӯи. 

- Биёбон гузориду Ҷайҳун бурид. 


195 


Ба Зобул нишастаст меҳмони Зол, 
Бад-ин рӯзгорон баромад ду сол. 

Ба Балх - андарун ҷуз ки Лӯҳроспшоҳ 
Намондаст аз эрониёну сипоҳ. 1 

Магар ҳафтсад марди оташпараст, 
Ҳама пеши озар бароварда даст. 2 

985 Миҳонро ҳама хонд шоҳи Чигил, 
Абар ҷанги Лӯҳросп-шон дод дил. 

«Бидонед, - гуфто, - ки Гуштоспшоҳ 
Сӯи Систон рафт худ бо сипоҳ. 3 

Ба Зобул нишастаст бо лашкараш, 
Саворе на андар ҳама кишвараш. 

Кунун аст ҳангоми кин хостан, 
Бибояд басечиду 4 оростан. 

Писар-ш он гаронмоя Исфандёр, 

Ба банди гарон - андар аст устувор. 

990 Кадом аст марде пижӯҳандароз, 

Ки паймояд ин жарфроҳи дароз? 

Наронад ба раҳ эчу бераҳ шавад, 

Аз эрониён яксар огаҳ шавад? 

Яке ҷодуе буд, номаш Сутӯҳ, 
Гузорандароҳу нуҳуфтапижӯҳ. 


1 . ИМ - б. 984 нест. 

2. ТПЗИЛМ - Ҷуз эшон* ба Балх - андарун нест кас 

Аз он номдорон ҳамин асту бас. 

Магар посбонони кохи ҳумой, 

Ҳало, зуд бархез, чандон мапой**. 

* ИЛ - онҳо; ** И - б. дуввӯм дида нашуд. 

3. И - Зобулистон сипардаст роҳ, Л - Нимрӯз ӯ сипардаст роҳ. 

4. И - басечидан. 


196 


«Манам, - гуфт, - оҳиставу роҳҷуй, 

Чӣ бояд ҳаме, ҳарчӣ хоҳӣ 1 бигӯй?!» 

Шаҳи Чин-ш гуфто: «Ба Эрон хиром, 
Нигаҳ кун ба дониш ба ҳар сӯ ба гом». 

995 Пижӯҳандаи роз паймуд роҳ, 

Ба Балхи гузин шуд куҷо кохи шоҳ. 

Надид андар ӯ шоҳ Гуштоспро, 
Парастандаро дид, Лӯҳроспро. 2 

Бишуд ҳамчунон пеши хоқон бигуфт, 
Ба рух пеши ӯ мар заминро бируфт. 3 

Чу Арҷосп огоҳ шуд, шод шуд, 4 
Аз андӯҳи дерина озод шуд. 5 

Саронро ҳама хонду гуфто: «Равед, 
Сипоҳи пароканда боз оваред!» 

1000 Бирафтанд гурдони лашкар ҳама, 

Ба кӯҳу биёбону ҷои рама. 

Бад-ӯ боз хонданд лашкар-шро, 
Гузида саворони кишвар-шро. 6 


1 . И - хоҳӣ кунун ҳарчи бояд. 

2. ТПЗ - Тиҳӣ дид Балх аз гав Исфандёр 

Зи шодӣ рухаш тоза шуд чун баҳор. 

3. ТПЗ - Ки Гуштосп рафтасту лашкар ҳама, 

Тиҳӣ карда аз мард кишвар ҳама. 

Ҷуз озарпарастон надидам касе, 
Бигаштам ба Балх - андарун ман басе. 
Саросар сухан пеши меҳтар бигуфт, 
Чунон чун бидонист андар нуҳуфт. 

4. ИЛМ - гашт. 

5. ИЛМ - гашт. 

6. ТПЗ - Чу гирд омадаш халлухӣ сад ҳазор, 

Гузида саворони найзагузор. 

Ба овози хусрав ниҳоданд гӯш, 
Супурданд ӯро ҳама ҳушу тӯш. 


197 


АНҶОМ ШУДАНИ ГУФТОРИ ДАҚИҚИ ВА БОЗ 
ОМАДАНИ ФИРДАВСЙ БА ГУФТОРИ ХУД БА 
СИТОИШИ ШОҲ МАҲМУД ВА НАКӮҲИШИ 
СУХАНИ ДАҚИҚӢ 

Кунун, эй сухангӯи, бедормард, 

Яке сӯи гуфтори худ боз гард, 

Дақиқӣ расонид ин ҷо сухун, 

Замона баровард умраш ба бун. 

Рабудаш равон аз сарои сипанҷ, 

Аз он пас ки бинмуд бисёр ранҷ. 

1005 Ба гетӣ намондаст аз ӯ ёдгор, 

Магар ин суханҳои нопойдор. 

Намонд ӯ, ки бурдӣ ба сар номаро, 
Бирондӣ бар ӯ сар ба сар хомаро. 

Зи Фирдавсӣ акнун сухан ёд гир, 

Суханҳои покизаву дилпазир. 1 

Чу ин нома афтод дар дасти ман, 

Ба моҳӣ гироянда шуд шасти ман. 

Нигаҳ кардам ин назму суст омадам, 

Басе байт нотандуруст омадам. 

1010 Ман инро навиштам, ки то шаҳрёр 
Бидонад сухан гуфтани нобакор. 

Ду гавҳар буд ин бо ду* 2 гавҳарфурӯш, 
Кунун шоҳ дорад ба гуфтор гӯш. 

Сухан чун бад-ин гуна бояд-т гуфт, 

Магӯю макун ранҷ бо табъ ҷуфт. 


1. ИМ -б. 1001 - 1007 нест, Л =б. 1002 - 1007 нест. 

2. М - биёвард. 


198 


Чу банди* 1 равон биниву ранҷи тан, 
Ба коне ки гавҳар наёбӣ, макан. 

Чу табъе надорӣ чу оби равон, 
Мабар даст зӣ номаи хусравон. 

1015 Даҳон гар бимонад зи хӯрдан тиҳӣ, 
Аз он беҳ ки носоз хоне ниҳӣ. 

Яке нома дидам пур аз достон, 
Суханҳои он пурманиш ростон. 

Фасона куҳан буду мансур буд, 
Табоеъ зи пайванди ӯ дур буд. 

Набурдӣ ба пайванди ӯ кас гумон, 
Пурандеша гашт ин дили шодмон. 

Гузашта бар ӯ солиён ду ҳазор, 

Гар эдун ки бартар наёяд шумор. 

1020 Гирифтам 2 ба гӯянда - бар офарин, 
Ки пайвандро роҳ дод 3 андар ин. 

Агарчи напайваст ҷуз андаке 
Зи базму зи разм аз ҳазорон яке. 

Ҳам ӯ буд гӯяндаро роҳбар, 

Ки шоҳе нишонид бар гоҳ-бар. 

Ҳаме ёфт аз меҳтарон арҷу ганҷ, 

Зи хӯи бади хеш будиш 4 ранҷ. 

Ситояндаи шаҳрёрон будӣ, 

Ба мадҳ афсари номдорон будӣ. 


1 . М - дарди. 

2. Л - Бигуфтам. 

3. Л -ҷӯяндаро дод роҳ. 

4. ИЛ - будӣ ба. 


199 


1025 Ба назм-андарун суст гашташ сухан, 

Аз ӯ нав нашуд рӯзгори куҳан. 

Ман ин нома фаррух гирифтам ба фол, 
Ҳаме ранҷ бурдам ба бисёр сол. 

Надидам сарафроз бахшандае, 

Ба гоҳи каён бар дурахшандае. 

Ҳамам ин сухан бар дил осон набуд, 
Ҷуз аз хомушӣ ҳеч дармон набуд. 

Яке боғ дидам саросар дарахт, 
Нишастангаҳи мардуми некбахт. 

1030 Ба ҷое набуд эч пайдо дараш, 

Ҷуз аз номи шоҳӣ набуд афсараш. 

Ки андархури* 1 боғ боистаме, 

Агар танг будӣ, нашоистаме. 

Суханро нигаҳ доштам сол бист, 
Бад-он то сазовори ин ганҷ кист. 

Ҷаҳондор Маҳмуди бофарру ҷуд, 

Ки ӯро кунад моҳу кайвон суҷуд, 

Абулқосим он шаҳрёри ҷаҳон, 

К-аз ӯ тоза шуд тоҷи шоҳаншаҳон, 

1035 Биёмад, нишаст аз бари тахти дод, 
Ҷаҳондор чун ӯ кӣ дорад ба ёд?! 

Сари номаро номи ӯ тоҷ гашт, 

Ба фарраш дили тира чун оҷ гашт. 2 


1. М-Гузардархури. 

2. ТПЗЛ - Ба бахшу* ба дониш, ба фарру** ҳунар 

Набуд то ҷаҳон буд, чун ӯ номвар***. 

* И -бахшиш: ** Л - ба доду ба рою: *** Л - тоҷро з-ӯ сазовортар 


200 


Зи шоҳони пешин ҳаме бугзарад, 

Нафас достонро' ба бад нашмарад. 

Чи динор бар чашми* 1 2 ӯ - бар, чи хок, 

Ба базму ба разм-андараш нест бок. 

Г аҳи базм зарру гаҳи разм теғ, 

Зи ҷӯянда ҳарду 3 надорад дареғ. 

1040 Ҳамеша сари тахташ обод бод 
В-аз ӯ ҷони озодагон шод бод! 4 

ОМАДАНИ ЛАШКАРИ АРҶОСП БА БАЛХ ВА 
КУШТА ШУДАНИ ЛӮҲРОСП 

Кунун разми Арҷоспро нав кунем, 

Ба табъи равон боғ бехав кунем. 

Чу Арҷосп огаҳ шуд аз кори шоҳ, 

Ки рафт ӯ сӯи Систон бо сипоҳ, 5 

Бифармуд, то Кӯҳрами теғзан 
Барад пеши солори Чин анҷуман. 

Ки Арҷоспро буд меҳтар писар, 

Ба хуршеди тобон бароварда сар. 

1045 Бад-ӯ гуфт: «Бугзин зи лашкар савор 
Зи гурдони шоистаи корзор, 6 

Аз эдар бирав тозиён то ба Балх, 

Ки аз Балх шуд рӯзи мо тору талх. 

Нигар то киро ёбӣ аз душманон, 

Аз оташпарастону оҳарманон, 


1. И-достонаш. 

2. М - пеши. 

3. И - ҳаргиз. 

4. ЛМ - б. 1040 нест. 

5. ЛМ - б. 1043 нест. 

6. Л - шоиста марде ҳазор. 


201 


Сароншон бибур, хонаҳошон бисуз, 
Бар эшон шаб овар ба рахшанда рӯз. 

Аз айвони Гуштосп бояд, ки дуд 
Забона барорад ба чархи кабуд. 

1050 Агар банд бар пои Исфандёр 
Бубинӣ, 1 сар овар бар ӯ рӯзгор. 

Ҳамон гаҳ сарашро зи тан боз кун, 

Зи номи ту* 2 гетӣ пуровоз кун. 

Ҳама шаҳри Эрон ба коми ту гашт, 

Ту теғиву душман ниёми ту гашт. 

Ман акнун наҷӯям ба Халлух замон. 
Дамодам биёям пас - андар дамон. 

Бихонам сипоҳи парокандаро, 
Барафшонам ин ганҷи огандаро». 

1055 Бад-ӯ гуфт Кӯҳрам, ки «Фармон кунам, 
Ба гуфтори ту ҷон гаравгон кунам». 

Чу хуршед теғ аз миён баркашид, 

Шаби тира з-ӯ доман андаркашид, 

Ба гирд омадаш халлухӣ сад ҳазор 
Гузида саворони ханҷаргузор. 3 

Биёвард Кӯҳрам ба Эрон 4 сипоҳ, 

Замин гашт чун рӯи зангӣ сиёҳ. 5 

Чу омад бар он марз, букшод даст, 
Касеро ки дидӣ, 6 ҳаме кард паст. 


1. ЛМ-Биёбӣ. 

2. М - В-аз ин рӯй. 

3. ЛМ -б. 1057 нест. 

4. Л - Зи Турон. 

5. И-б. 1057, 1058 ност. 

6. И - дидаш. 


202 




1060 Ҳама дил ба кина биёростанд, 1 
Ба тороҷу куштан биперостанд. 2 

Чу туркон расиданд наздики Балх 
Кушода забонҳо ба гуфтори талх, 

Зи Кӯҳрам чу Лӯҳросп огоҳ шуд, 
Ғамӣ гашту бо ранҷ ҳамроҳ шуд. 

Ба Яздон чунин гуфт, к-«Эй кирдгор, 
Туӣ бартар аз гардиши рӯзгор, 

Тавонову донову бахшандаӣ,* 3 
Худованди хуршеди рахшандаӣ.* 4 

1065 Нигаҳ дор дину тану тӯши ман, 
Ҳамон низ бино дилу ҳуши ман 

Ки ман, банда бар дасти эшон табоҳ 
Нагардам, на аз бими фарёдхоҳ». 5 

Ба Балх-андарун номдоре набуд 
В-аз он гурздорон саворе набуд. 

Биёмад зи бозор марде ҳазор 
Чунон чун на зебандаи корзор. 

Чу туронсипоҳ андаромад ба танг, 
Бипӯшид Луҳросп хафтони ҷанг. 

1070 Зи ҷои парастиш ба овардгоҳ 

Бишуд, барниҳод он 6 каёнӣ кулоҳ. 

Ба пирӣ биғуррид чун пили маст 
Яке гурзаи говпайкар ба даст. 


- зи некӣ бипардохтанд. 

- бурун тохтанд. 

- ёбандаӣ. 

- тобандаӣ. 

5. ТПЗ - Ба гетӣ - дарун гум макун номи ман. 

Ба ханҷар миёвар саранҷоми ман. 

6. ЛМ - Биёмад ба сар-бар. 


203 




Ба ҳар ҳамлае ҷодуе з-он сарон 
Заминро сипардӣ ба гурзи гарон. 

Ҳаме гуфт ҳар кас, ки ин номдор 
Надорад магар захми Исфандёр. 

Ба ҳар сӯ, ки бора барангехтӣ, 

Ҳамон 1 хок бо хун баромехтӣ. 

1075 Ҳар он кас, ки овози ӯ ёфтӣ, 

Ба тан-ш-андарун заҳра бишкофтӣ. 

Ба туркон чунин гуфт Кӯҳрам, ки «Чанг 
Маёзед бо ӯ якояк ба ҷанг. 

Бикӯшеду андар миён оваред, 

Хурӯши ҳузабри жаён оваред». 

Баромад чакочоки захми табар, 

Хурӯши саворони пархошхар. 

Чу Лӯҳросп андар миён боз* 2 монд, 3 
Ба бечорагӣ номи Яздон бихонд. 

1080 Зи пириву аз тобиши офтоб 

Ғамӣ гушту бахт андаромад ба хоб. 

Ҷаҳондида аз тири туркон бихаст, 
Нагунсор шуд марди яздонпараст. 

Ба хок андаромад сари тоҷдор, 

Бар ӯ анҷуман шуд фаровон савор. 

Бикарданд чок он кай ҷавшанаш, 

Ба шамшер шуд пора-пора танаш. 

Ҳаме навсавореш пиндоштанд, 

Чу хӯд аз сари шоҳ бардоштанд, 


ҳама. 

- миёна. 

3. ИЛ - миёна бимонд. 


204 


1085 Бидиданд рух лаълу* 1 кофур муй, 

Аз оҳан сияҳ он биҳиштиш рӯй. 

Бимонданд яксар аз ӯ дар шигифт, 

Ки ин пир шамшер чун баргирифт?! 

Бад-ин ҷо гар Исфандёр омадӣ, 2 
Сипаҳро бад-ин дашт кор омадӣ. 

Бад-ин андакӣ мо чаро омадем, 

Ки ҳамчун гала дар чаро омадем, 

Ба ёрон 3 чунин гуфт Кӯҳрам, ки «Кор 
Ҳамин буду ранҷ андар ин корзор, 

1090 Ки ин тоҷвар шоҳ Лӯҳросп аст, 

Ки боби ҷаҳондор Гуштосп аст. 4 

Шаҳаншоҳро* 5 фарри Яздон бувад, 
Ҳама кори ӯ базму майдон бувад. 

Чунин пир гашта парастанда буд, 
Дил аз тоҷу аз тахт барканда буд. 

Кунун тахти Гуштосп шуд з-ӯ тиҳӣ, 
Бупечад зи дайҳими шоҳаншаҳӣ». 

В-аз он пас ба Балх андаромад сипоҳ, 
Ҷаҳон шуд зи тороҷу куштан табоҳ. 

1095 Ниҳоданд сар сӯи оташкада, 

Бад-он коху айвони зарозада. 

Ҳама Занду Усто барафрӯхтанд, 
Ҳама коху айвон* 6 ҳаме сӯхтанд. 


1 . М - Падид омад он ҳамчу. 

2. И -б. 1087 нест. 

3. Л -туркон. 

4. И -б. 1090 нест. 

5. ЛМ -бандагӣ. 

6. М - чаҳондор бо. 


205 


Варо ҳирбад буд ҳаштод мард, 

Забон-шон зи Яздон пур аз ёдкард. 

Ҳама пеши озар 1 бикуштандашон, 

Раҳи габригӣ 2 барнаваштандашон. 

Зи хуншон бимурд оташи Зардуҳишт, 
Надонам, ҷазо ҷояшон ҷуз биҳишт. 

ОГОҲ ШУДАНИ ГУШТОСП АЗ КУШТА ШУДАНИ 
ЛУҲРОСП ВА ЛАШКАР КАШИДАН СУИ БАЛХ 

Зане буд Гуштоспро ҳушманд, 

Хирадманду донову рояш баланд. 

Аз охур чамон борае барнишаст, 

Ба кирдори туркон миёнро бубаст. 

Аз айвон раҳи Систон баргирифт 
В-аз он корҳо монда андар шигифт. 

Нахуфтӣ ба манзил, чу бардоштӣ, 

Дурӯза ба як рӯз бугзоштӣ. 

Чунин то ба наздики Гуштосп шуд, 

Ба огоҳиву дарди Лӯҳросп шуд. 

1105 Бад-ӯ гуфт: «Чандин чаро мондӣ, 

Худ аз Балхи бомӣ чаро 3 рондӣ? 

Сипоҳе зи Турон биёмад ба Балх, 

Ки шуд мардуми Балхро рӯз талх. 

Ҳама Балх пурғорату куштан аст 
В-аз эдар туро рӯи баргаштан аст». 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Ин ғам чарост. 

Ба як тохтан дарду мотам чарост? 


1. Л - оташ. 

2. М - Чу пурмоятар буд. 

3. Л - Балх-б-инҷо чаро. 


206 


Чу ман бо сипоҳ андароям зи ҷой, 
Ҳама кишвари Чин надоранд пой». 

1110 Чунин дод посух, ки «Ёва 1 магӯй, 

Ки кори бузург омадастат ба рӯй. 

Шаҳаншоҳ Лӯҳросп дар шаҳри Балх 
Бикуштанду шуд рӯзи мо тору талх. 

В-аз он ҷо ба Нӯшозар андаршуданд 
Раду ҳирбадро ҳама сар заданд. 

Зи хуншон фурӯзанда оташ бимурд, 
Чунин бадкуниш хор натвон шумурд. 

Бибурданд пас духтаронат асир, 
Чунин кори душвор осон магир. 

1115 Агар нестӣ ҷуз шикасти Ҳумой, 

Хирадмандро дил бирафтӣ 2 зи ҷой. 

Дигар духтари шоҳ Беҳофарид, 

Ки боди ҳаво ҳаргиз ӯро надид, 

Ки аз тахти заррин-ш бардоштанд, 
Бар ӯ ёраву тоҷ нагзоштанд». 

Чу бишнид Гуштосп, шуд пур зи дард, 
Зи мижгон биборид хуноби зард. 

Бузургони эрониёнро бихонд, 

Шунида ҳама пе ттт и эшон биронд. 2 


1. Л-ёфа. 

2. Л - нарафтӣ. 

2 ТПЗ - Ҳама зор гаштанду гирён шуданд, 
Чу бар оташи тез бирён шуданд. 
Ҳаме гуфт ҳар кас, ки Лӯҳроспшоҳ 
Ба мардӣ зи туркон тиҳӣ кард гоҳ. 
Ҳазор офарин бод бар хоки ӯй, 

Ба мину бинозад тани поки ӯй! 


207 


1 120 Нависандаи номаро хонд шоҳ, 

Бияндохт тоҷу бипардохт гоҳ. 

Саворе барафканд бар ҳар сӯе, 

Фиристод нома ба ҳар паҳлӯе, 

Ки як тан сар аз гил машӯед пок, 
Надонед боз аз баландӣ мағок. 

Биронед яксар бад-ин боргоҳ, 

Зиреҳдору бо гурзу румикулоҳ. 1 

Бибурданд нома ба ҳар паҳлаве 2 , 

Куҷо буд дар подшоҳӣ гаве. 3 

1125 Чу гашт анҷуман лашкар аз кишвараш,* 4 
Саворони ҷанговар аз лашкараш, 5 

Дирам доду аз Систон баргирифт, 

Сӯи Балхи бомӣ раҳ андаргирифт. 6 

Чу бишнид Арҷосп, к-омад сипоҳ, 
Ҷаҳондор Гуштосп бо тоҷу гоҳ, 7 


1. Л - баргустувтон бо кулоҳ. 

2. Л - кишваре. 

3. Л - саре, Л - пас аз б. 1 124 ин б. омада: 

Чу огоҳ гаштанд яксар сипоҳ, 
Бирафтанд бо гурзу румикулоҳ. 
Ҳама яксара пеши шоҳ омаданд, 
Бад-он номвар боргоҳ омаданд. 

4. М - Лашкаре бар дараш. 

5. ТПЗ - Таҳамтан яке рӯз бо ӯ бирафт, 

Дар он роҳ меронд бо дард тафт. 
Ҳаме гуфт, к-эй шахрёри замин, 
Саранҷом гетӣ бувад ҳамчунин. 

Ба гетӣ на фарзанд монад, на боб 
Ту бар сӯги боб эч гуна матоб. 
Пазируфта бодо туро зиндагӣ, 

Туро шаҳрёрӣ, маро бандагӣ, 
Бигуфт ину шоҳаш бибӯсид рӯй, 
Бимонд ӯву хусрав бишуд ҷангҷӯй. 

6. Л - Чу Гуштосп дид он сипаҳ бар дараш 

Саворони ҷанговари кишвараш. 

7. И - б. 1 127 нест. 


208 


Зи Турон биёвард чандон сипоҳ, 

Ки торик шуд рӯи хуршеду моҳ. 

Зи дарё ба дарё сипаҳ густарид, 1 
Зи лашкар 2 касе рӯи ҳомун надид. 

1130 Зи лашкар чу гард андаромад ба гард, 
Замин шуд сиёҳу ҳаво лоҷвард. 3 

Ду рӯя сипаҳ баркашиданд саф, 

Ҳама найзаву теғу жӯпин ба каф. 

Абар маймана шоҳ Фаршедвард, 

Ки бо шери дарранда ҷустӣ набард. 

Сӯи майсара гурд Настур буд, 

Зарири сипаҳдорро пур* 4 буд. 

Ҷаҳондор Гуштосп дар қалбгоҳ 
Ҳаме кард ҳар сӯ ба лашкар нигоҳ. 

1135 В-аз он рӯй Кундур сӯи маймана, 
Пиёда паси пушти ӯ бо буна. 

Сӯи майсара Кӯҳрами теғзан, 

Ба қалб-андар Арҷосп бо анҷуман. 

Баромад зи ҳарду сипаҳ бӯқу кӯс, 
Замин оҳанин шуд ҳаво обнӯс. 

Ту гуфтӣ, ки гардун бипаррад ҳаме 
Замин аз гаронӣ бидаррад ҳаме. 

Зи овози аспону захми табар 
Ҳама кӯҳи хоро фурӯ бурд сар. 


1 . Л - баркашид. 

2. ИЛМ - Ба ҷое. 

3. И - б. 1 130 нест. 

4. М - Ки чархи равонро аз ӯ нур. 


209 


2^2 


1 140 Ҳама дашт сар буд бе тан ба хок 

Ба сар-бар* 1 зи гурзи гарон чок-чок. 

Дурахшидани теғу борони тир, 
Хурӯши ялон бар деҳу 2 дору гир. 

Ситора ҳаме ҷуст роҳи гуреғ, 

Сипаҳро наёмад ҳаме ҷон дареғ, 

Ба гирд-андарун тир чун жола буд, 
Ҳама дашт аз он хастагон нола буд.* 3 

Басе кӯфта зери наъл-андарун 
Кафан синаи шеру тобут хун. 

1 145 Тани бесарону сари бетанон, 

Саворон чу пилони кафафкашон. 

Падарро набуд бар писар ҷои меҳр, 
Ҳаме гашт з-ин гуна гардонсипеҳр. 

Бибуданд аз он сон се рӯзу се шаб 
Пур аз кину пархош, ҷангу ҷалаб. 

Чунон гашт сар то сар овардгоҳ, 

Ки аз ҷӯши хун лаъл шуд рӯи моҳ. 

Або Кӯҳрами теғзан дар набард 
Баровехт чун шер Фаршедвард. 

1150 Зи Кӯҳрам бад-он гуна тан хаста шуд, 
Ки ҷон аз тани шер бугсаста шуд. 

Фаровон аз эрониён кушта буд, 

Зи хуни ялон кишвар оғушта буд. 


- Ҳама тан. 

-буд. 

Сари найзаву гурз хам дода буд. 
Ҳама дашт пур гашта афтода буд. 


210 




Писар буд Гуштоспро сиву ҳашт, 
Далерони кӯҳу саворони дашт. 

Бикуштанд яксар бар он размгоҳ, 
Ба якборагӣ тира шуд бахти шоҳ. 


ҲАЗИМАТ ШУДАНИ ГУШТОСП АЗ АРҶОСП 

Саранҷом Гуштосп бинмуд пушт, 

Бад-он гаҳ ки шуд рӯзгораш дурушт. 1 

1155 Пас андар ду манзил ҳаме тохтанд, 

Мар ӯро гирифтан ҳаме сохтанд. 

Яке кӯҳаш омад ба раҳ пургиё, 

Бад-ӯ - андарун чашмаву осиё, 

Ки бар гирди он кӯҳ як роҳ буд 
В-аз он роҳ Гуштосп огоҳ буд. 2 

Бар он кӯҳ шуд доғдил бо сипоҳ 
Зи гурдон нишастанд чандин ба роҳ. 

Чу Арҷосп бо лашкар он ҷо расид, 
Бигардид, бар кӯҳ роҳе надид. 

1160 Гирифтанд гирд-андараш чор сӯй, 

Чу бечора шуд шоҳи озодахӯй, 

Аз он кӯҳсор оташ афрӯхтанд, 

Бар он хора-бар хор* 3 месӯхтанд. 4 


1 . ТПЗ - Аз андешаи он ҳама пури хеш 

Ба тан суст шуд шоҳу дил кард реш. 
Падар куштаву кушта чандон писар, 
Бимонд андар он дарду ғам хирасар. 
Ҳама дасту шамшераш аз кор шуд, 
Ҷаҳону шаҳӣ бар дилаш хор шуд. 

2. ТПЗ - Сипахдори Эрон бар он кӯҳ шуд, 

Зи пайкори туркон беандӯҳ шуд. 

- В-аз он хору хошок. 

Ҷаҳондор Гуштоспу яксар сипоҳ 
Сӯи кӯҳ рафтанд аз овардгоҳ. 


211 


Ҳаме кушт ҳар меҳтаре бораги, 
Ниҳоданд дилҳо ба бечорагӣ. 

Чу лашкар чунин гирдаш андаргирифт, 
Шаҳи пурманиш даст бар сар гирифт. 

Ҷаҳондида Ҷомоспро пеш хонд 
В-аз ахтар фаровон суханҳо биронд. 

1165 Бад-ӯ гуфт, к-«Аз гардиши осмон 
Бигӯ он чӣ донӣ, ба пурсиш мамон, 

Ки бошад дар ин бад маро дастгир, 
Бибояд-т гуфтан ҳама ногузир». 

Чу бишнид Ҷомосп, бар пой хост, 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй хусрави додрост, 

Агар шоҳ гуфтори ман бишнавад, 
Бад-ин гардиши ахтарон бигравад, 

Бигӯям ҳама, ҳар чӣ донам, бад-ӯй, 
Агар шоҳ донад маро ростгӯй». 

1170 Бад-ӯ гуфт шоҳ «Он чӣ донӣ зи роз, 
Бигӯву мадор ин суханро дароз. * 1 

Гар эдун, ки бар абр сояд сарам, 

Ҳам аз гардиши осмон нагзарам». 

Бад-ӯ гуфт Ҷомосп к-«Эй шаҳрёр, 
Сухан бишнав аз ман, яке гӯш дор. 

Ба фармони ту фаррух 2 * 3 Исфандёр 
Ҳаме банд сояд ба бад рӯзгор. 


3 И - б. 1 161 нест. 

1. ТПЗ Бад-ӯ гуфт шоҳ, он чи донӣ, бигӯй, 

Зи ман ҷустани ҳар чӣ донӣ, биҷӯй. 

2. Л - Ту донӣ, ки фарзандат. 

3. М - Чунон донам, эй шоҳ. 


212 


Агар шоҳ букшояд уро зи банд, 
Намонад бад-ин кӯҳсори баланд». 1 

1175 Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Эй ростгӯй, 

Ки ҳам ростгӯйиву ҳам чораҷӯй. 2 

Ба тундӣ чу ӯро ба банди гарон 
Бубастам ба мисмори оҳангарон, 3 

Ҳамон гоҳ ман з-он пушаймон шудам, 
Дилам хаста шуд, сӯи дармон шудам, 

Ки ӯро бубастам дар он боргоҳ 
Ба гуфтори бадхоҳу ӯ бегуноҳ. 

Г ар ӯро бубинам дар ин рӯзи кин, 
Бад-ӯ бахшам ин тоҷу тахту нигин. 4 

1 1 80 Кӣ ёрад шудан назди он арҷманд, 
Раҳонад мар он бегунаҳро зи банд?» 

Бад-ӯ гуфт Ҷомосп: «Эй шаҳрёр, 
Манам рафтанӣ, к-ин сухан нест хор». 5 

Чунин 6 гуфт Гуштосп, к-«Эй пурхирад, 
Ки ҷон аз ҳунарҳот ромиш барад, 


1 . ТПЗИ - Бар ин он лашкар он гаҳ шавад комгор, 

Ки букшояд аз банд Исфандёр. 

Чу бишнид аз ӯ ин сухан шаҳрёр, 

Рухаш гашт чун гул ба гоҳи баҳор. 

2. И б. 1 171 1175 нест; 

Л - Ба Ҷомосп гуфт, эй хирадманд мард, 
Маро ҳаст аз ин кор дил пур зи дард. 

3. ЛМ-б. Шбнест. 

4. ИЛМ - б. 1 179 нест. 

5. ЛМ - пас аз б. 1 181 ин б. омада: 

Ба Ҷомосп шоҳи чаҳондор гуфт, 

Ки бо ту ҳамеша хирад бод ҷуфт. 

6. Л - дигар. 


213 


Бирав в-аз манаш деҳ фаровон дуруд, 
Шаби тира бугзор ногоҳ зуд. 1 

Бигӯяш, ки он кас, ки бедод кард, 
Бишуд з-ин ҷаҳон бо дили пур зи дард. 

1185 Дигар ман, ки рафтам ба коми касе, 

Ки баҳра набудаш зи дониш басе, 

Чу бедод кардам, бупечам ҳаме, 

Ба подош некӣ басечам ҳаме, 

Кунун гар кунӣ дил ту аз кина пок, 
Сари душманон андарорӣ ба хок. 

В-агарна шуд ин подшоҳиву тахт, 

Зи бун баркананд ин каёнӣ дарахт. 

Гар оӣ, супорам туро тоҷу ганҷ, 

Зи чизе ки ман гирд кардам ба ранҷ. 

1 1 90 Парастиш бувад з-ин сипас кори ман, 
Чу Лӯҳросп боби ҷаҳондори ман. 2 

Бад-ин гуфта Яздон гувои ман аст, 

Чу Ҷомосп, к-ӯ раҳнамои ман аст». 

Бипӯшид Ҷомосп тӯрӣ 3 қабой, 

Фуруд омад аз кӯҳ бе раҳнамой. 4 


1. ТПЗЛМ - Бирав тирашаб* назди он некхоҳ, 

Ки аз мо шуд озурда бар бегуноҳ. 
Дурудаш деҳ аз мову хубӣ намой. 
Биёрой гуфтору хубӣ** физой. 

* Л - Чу з-ин ҷо шавӣ. ** Л - чарбӣ. 

2. ЛМ - б. 1 190 нест. 

3. Л-Румӣ. 

4. ТПЗЛ - Ба сар барниҳода кулоҳи дупар, 

Ба оини туркон бубасташ камар. 

Яке аспи туркӣ биёвард пеш, 

Бар он асп ола зи андоза беш. 

Нишаст аз бари аспу омад ба зер, 

Ки буд марди шоиста чун наррашер, 


214 


Хирадёфта чун биёмад ба дашт, 
Шаби тира аз лашкар-андар гузашт. * 1 

Чу омад ба танги дижи Гунбадон, 
Бираст аз бади рӯзу дасти бадон. 

РАФТАНИ ҶОМОСП БА ДИДАНИ 
ИСФАНДЁР 

1195 Яке моявар пури Исфандёр, 

Ки Нӯшозараш хондӣ шаҳрёр, 

Бад-он боми диж буд чашмаш ба роҳ 
Бад-он, то ки ояд аз эронсипоҳ. 2 

Падарро бигӯяд чу бинад касе, 

Ба боло дирангаш набошад басе. 

Чу Ҷомоспро дид, к-омад ба роҳ 
Ба сар-бар яке нағз тӯрӣ кулоҳ, 

Чунин гуфт, к-омад зи Турон савор, 
Бипӯям, бигӯям ба Исфандёр. 

1200 Фуруд омад аз бораи диж давон, 

Чунин гуфт, к-«Эй номвар паҳлавон, 

Саворе ҳаме бинам аз дурроҳ, 

Кулоҳе ба сар барниҳода сиёҳ. 

Шавам, то бубинам, ки гуштоспист 
Ва ё кинаҷӯй асту арҷоспист. 


Ҳар он кас, ки ӯро бидидӣ ба роҳ, 
Бипурсидӣ ӯро зи туронсипоҳ, 

Ба овози туркӣ сухан рондӣ, 

Бигуфтӣ ба он кас, ки ӯ хондӣ. 
Надонистӣ ӯро касе кору* бор, 

Ки гуфтӣ ба туркӣ сухан ҳушёр. 

1 . ТПЗЛМ - Ҳаме ронд аспаш ба кирдори бод, 

Чунин то баромад бари шоҳзод. 

2. ТПЗЛМ - Ҳаме ронд аспаш ба кирдори бод, 

Чунин то баромад бари шоҳзод. 


215 


Агар турк бошад, бибуррам сараш, 
Ба хок афканам нобисуда бараш». 

Чунин гуфт пурмоя Исфандёр, 

Ки «Ин раҳгузар кам бувад бесавор, 

1205 Ҳамоно, к-аз Эрон яке лашкарӣ 
Сӯи мо биёяд ба пайғамбарӣ! 

Кулоҳе ба сар барниҳодаш падар 
Зи бими 1 далерони пархошхар». 

Чу бишнид Нӯшозари паҳлавон, 

Бар он бораи диж баромад давон. 

Чу Ҷомосп танг андаромад зи роҳ, 
Варо боз донист фарзанди шоҳ. 

Биёмад, бигуфт ин ба фаррух падар, 
Ки Ҷомосп омад ба наздики дар. 

1210 Бифармуд, то дар кушоданд боз, 
Биёмад хирадманду бурдаш намоз. 

Биёмад, бидодаш паёми падар, 2 
Паёме, ки оварда буд дар ба дар. 

Чунин посухаш дод Исфандёр, 

Ки «Эй аз ялони ҷаҳон ёдгор, 

Хирадманду кундовару сарфароз, 
Чаро бастаро бурд бояд намоз? 

Касеро ки бар дасту по оҳан аст, 

На мардумнажод аст, к-оҳарман аст, 

1215 Дуруди шаҳаншоҳи Эрон диҳӣ, 

Зи дониш надорад дилат огаҳӣ. 


1. И-тарси. 

2. Л - Бидодаш дуруди падар сар ба сар. 


216 


^22 


Дурудам зи Арҷосп омад кунун, 

К-аз эрониён дашт шуд пур зи хун. 

Маро банд карданд бар бегуноҳ, 
Ҳамоно Гуразм аст фарзанди шоҳ. 

Кунун ҳамчунин баста бояд танам, 

Ба Яздон гувоҳи ман аст оҳанам, 

Ки бар ман зи Гуштосп бедод буд, 

Зи гуфти Гуразм Аҳриман шод буд. 

1220 Чунин буд подош ранҷи маро, 

Ба оҳан биёрост ганҷи маро. 

Мабодо, ки ин бад фаромуш кунам, 
Хирадро* 1 ба гуфти ту беҳуш кунам». 

Бад-ӯ гуфт Ҷомосп, к- «Эй ростгӯй, 
Ҷаҳонгиру шеравжану номҷӯй, 

Дилат гар чунин аз падар сер гашт, 
Сари тахти он подшаҳ зер гашт. 2 

Зи Лӯҳроспшоҳ он парастанда мард, 

Ки туркон бикуштандаш андар набард, 

1225 Ҳамон ҳирбад низу яздонпараст, 

Ки буданд бо Занду Усто* 3 ба даст, 

Бикуштанд ҳаштод аз он мӯбадон, 
Парастандаву покдил бихрадон. 

Зи хуншон дар он хона оташ бимурд, 
Чунин бадкуниш хор натвон шумурд. 


-равонро. 

- бо божу барсам. 

Писар аз падар гар чунин хира шуд. 
Магар бахти эрониён тира шуд. 


217 


Зи баҳри ниё дил пур аз дард кун, 
Барошӯбу рухсорагон зард кун. 

Ба кини ниё гар наҷунбӣ зи ҷой, 
Набошӣ писандидаву покрой». 

1230 Чунин дод посух, ки «Эй некном, 
Баландахтару гурду гирандаком. 

Барандеш, к-он пир Лӯҳроспро, 
Парастандаву боби Гуштоспро 1 

Писар беҳ, ки ҷӯяд кунун кини ӯй, 
Ки тахти падар ҷусту оини ӯй». 

Бад-ӯ гуфт: «Ар эдун, ки кини ниё 
Наҷӯӣ, надорӣ ба дил кимиё. 

Ҳумои хирадманду Беҳофарид, 

Ки боди ҳаво рӯи эшон надид, 2 

1235 Ба Турон* 3 асиранд бо доғу дард, 
Пиёда давонанд рухсора зард». 4 

Чунин дод посух, ки «Рӯзе Ҳумой 
Маро ёд кард андар ин тангҷой? 5 


1. ТПЗ - Зи тимори ман ҳеч андеша буд, 

В-ар аз меҳрубонӣ варо пеша буд? 
Кунун чун ки душман бад-ӯ даст ёфт, 
Бад-ин кин маро аз чӣ бояд шитофт? 

2. ТПЗ - Бибурданд з- айвон бараҳнасарон 

Далерони бадхоҳ, оҳарманон. 

3. М - туркон. 

4. Л - пас аз б. 1235 ин б. омада: 

Чунин посух овард Исфандёр, 

Ки баста будам ман чунин зору хор. 
Накарданд эшон зи ман хеч ёд, 
Набарзад кас аз баҳри ман сард бод. 

5. И -пас аз б. 1236 ин б. омада: 

Чунин посух овардаш он ҳушманд, 
Ки то ман гирифтор гаштам ба банд. 


218 


Дигар низ пурмоя Беҳофарид, 

Ту гӯӣ маро дар ҷаҳон худ надид. 1 

Чаро ранҷа дорам кунун хештан, 
Наёмад аз эшон касе пеши ман? 

Падар беҳ, ки чора ба духтар кунад, 
Ҳама созҳо боб беҳтар кунад». 2 * 3 

1240 Бад-ӯ гуфт Ҷомосп, к-«Эй паҳлавон, 
Падар-т он ҷаҳондори тираравон 

Ба кӯҳе-дар аст 4 ин замон бо сарон, 
Ду дида пур аз обу лаб ночарон. 

Сипоҳе зи туркон ба гирд-андараш, 
Аз ин пас набинӣ сару афсараш. 

Набошад писанди ҷаҳонофарин, 

Ки ту сар бупечӣ зи меҳру зи дин. 5 

Бародар, ки буд мар туро сиву ҳашт 
Палангони кӯҳиву шерони дашт, 

1245 Ҳама хок доранд болину хишт, 

Ки душман аз эшон саворе наҳишт». 

Чунин посух овардаш Исфандёр, 

Ки «Чандин бародар будам номдор, 


1. И -б. 1237 нест. 

2. ИЛ - б. 1239 нест. 

3. М-б; 1238, 1239 нест. 

4. Л - кӯҳ андар аст. 

5. Чунин кин наёрад касе ёд кард. 
Бисӯзад бар эшон дили хорасанг, 
Ки номи бузургӣ даромад ба нанг. 
Чӣ гӯянд ҳар кас бад-ин рӯзгор, 
Ки хастанд ин хоҳари шаҳрёр. 
Барандешу аз номи худ ёд кун, 
Хирадро бад-ин кор устод кун. 


219 


Ҳама шоду* 1 бо ромишу ман ба банд, 
Накарданд кас ёди ин мустаманд. 2 

В-агар ман кунун худ 3 басечам чӣ суд, 
К-аз эшон баровард бадхоҳ дуд». 

Чу Ҷомосп з-он гуна посух шунид, 
Дили баста з-он гуна бо доғ дид, 

1250 Ҳаме буд бар пой пурдарду* 4 хашм, 
Пур аз орзу дил, пур аз об чашм.* 5 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй паҳлавони ҷаҳон, 
Агар тира гардад дилат бо равон, 

Чӣ гӯӣ кунун кори Фаршедвард, 

Ки будаст 6 ҳамвора бо доғу 7 дард. 

Ба ҳар ҷо ки будӣ ба базму ба разм, 
Пур аз дарду нафрин будӣ бар Гуразм. 

Пур аз захми шамшер гашта 8 танаш, 
Бурида 9 бар ӯ миғфару ҷавшанаш. 

1255 Ҳаме бугсилад зор з-ӯ ҷони ӯй, 

Бабахшой бар чашми гирёни ӯй. 10 


1. М-Ҳамасола. 

2. ТПЗ - Яке тан падарро нагуфт эч бор, 

Ки эй шаҳ, чӣ кардаст Исфандёр? 
Ки ӯро чунин мондаӣ зери банд, 
Наёяд-т аз он банди ӯ ҷуз газанд. 

3. ИЛ - кин. 

4. М - барпову дил пур зи. 

5. М - Ба зорӣ ҳаме ронд об аз ду чашм. 

6. И - буд аз ту. 

7. Л - Рухаш гашт пурхуну дил пур зи. 

8. ИЛ-дидам. 

9. ИЛ-дарида. 

10. ТПЗ- Ҳаме ҷон супорад ба овардгоҳ, 

Бубахшой бар ҷони он некхоҳ. 
Ҳаме гуфт бо он ҳама хастагӣ, 

Ки ёраб, ту бахшой он бастагӣ. 


220 


Чу овоз додаш зи Фаршедвард, 
Рухаш гашт пурхуну дил пур зи дард. 

Ҳаме гуфт, зоро, далеро, гаво, 

Яло, шердил меҳтаро, хусраво, 

Ман аз хастагиҳои ту хастаам, 
Рухонро ба хуни ҷигар шустаам. * 1 

Чу бозомадаш дил, ба Ҷомосп гуфт, 
Ки «Ин худ чаро доштӣ дар нуҳуфт? 2 

1260 Бифармой, к-оҳангар оранд чанд, 3 
Зи пои ман акнун 4 бисоянд банд». 

Биёвард Ҷомосп оҳангарон, 

Чу сӯҳони пӯлоду путки гарон. 

Бисуданд занҷиру мисмору ғул, 

Ҳама банди румӣ ба кирдори пул. 

Ҳаме дер шуд суда он бастагӣ, 

Сабук шуд дили баста з-оҳистагӣ. 

Ба оҳангараш гуфт, к-«Эй шумдаст, 
Бубандиву баста надонӣ шикаст? 

1265 Биёҳехт з-ӯ дасту бар пой хост, 

Ғамӣ шуд, биёзид бо банд рост. 


Зи тан ҷони ман магсилон то яке 
Бубинам бар Исфандёр андаке. 

1 . ТПЗ - Ту будӣ зи дил мар маро меҳрубон, 

Туро бандам аз баҳри кина миён. 
Бигуфт ину аз дил ҷудо кард ҳуш, 
Биҷӯшиду афтоду барзад хурӯш. 

2. ТПЗ - Ки то ман бар он хаста бахшудаме, 

Туро ин ҳама ранҷ нанмудаме. 

3. Л - оваранд. 

4. Л - Кунун то ки аз ман. 


221 


Бияфшурд* 1 пою бупечид даст, 

Ғулу банду занҷир дарҳам шикаст. 2 

Чу бишкаст занҷир бетӯш гашт, 
Бияфтод аз он дарду беҳуш гашт. 

Ситорашинос он шигифтӣ бидид, 
Бад-он номдор офарин густарид. 

Чу омад ба ҳуш он гави зӯрманд, 
Ҳама пеш бинҳод занҷиру банд. 3 

1270 Чунин гуфт, к-«Ин ҳадяҳои Гуразм 
Бибуррид моро зи базму зи разм. 4 

Ба гармоба шуд бо тани* 5 дардманд, 
Ба занҷир тан судаву бар ба банд. 6 


1. М-Биёзид. 

2. И -б. 1266 нест. 

3. Л- Чу омад ба ҳуш он гави номдор, 

Рухаш гашт ҳамчун гул андар баҳор. 

4. ТПЗ - Ба як ҷойгаҳ баста занҷиру банд, 

Аз он бораи диж ба ҳомун фиканд, 
Дигар гуфт к-ин ғуллу банди гарон 
Ҳаме тез мисмори оҳангарон, 

Ки бар ҷони мо буд з-он шаҳрёр 
Зи дасташ бинолам ба парвардгор. 

Ба фармони Яздон нишаста будам, 

На аз баҳри ин банд баста будам. 

На Устову Жанд -андарун Зардуҳушт 
Бигуфтаст бинмуд гарму дурушт, 

Ки ҳар, к-ӯ зи фармону панди падар 
Битобад, мар ӯ ҳаст ҷодуписар. 
Писарро падар гар ба зиндон кунад, 
Аз он беҳ, ки душман гулафшон кунад. 
Нагаштам зи фармон, нагуфтам сухун 
Бупечад, ҳар он к-ӯ бад афканд бун. 

5. М - тане. 

6. Л-б. 1270, 1271 нест. 

ТПЗ - В-аз он ҷой бо чокару ёр чанд 

Ба гармоба шуд бо тани дардманд. 
Ҳама тан гирифта зи занҷир занг, 
Зудудаш зи тан занг к-ояд ба ҷанг. 


222 


22 ^ 


Яке ҷомаи хусравони бихост, 

Ҳамон ҷавшани паҳлавонӣ бихост. 

Бифармуд, к-он бораи гомзан 
Биёреду он таргу шамшери ман. 1 

Чу чашмаш бар он борагӣ устод, 

Зи Яздони некидиҳиш кард ёд. 

1275 Ҳаме гуфт, агар ман гунаҳ кардаам, 
Азэро ба банд 2 * -андар озурдаам, 

Чӣ кард ин чамон чармаи барбарӣ, 

Ки боист кардан бад-ин лоғарӣ?! 

Бипӯеду*’’ ӯро беоҳу кунед, 

Ба хӯрдан танашро ба нерӯ кунед. 

Фиристод кас назди оҳангарон 
Ҳар он кас, ки устод буд андар он. 

Бирафтанду чанде зиреҳ сохтанд, 
Силоҳаш* 4 якояк бипардохтанд. 

ДИДАНИ ИСФАНДЁР БАРОДАРИ ХУД 
ФАРШЕДВАРДРО 

1280 Шаб омад чу Аҳримани кинахоҳ, 
Хурӯши ҷарас хост аз боргоҳ. 5 

Бар он бораи хусравӣ барнишаст, 

Яке теғи ҳиндӣ гирифта ба даст, 


1 . ТПЗ - Биёвард Ҷомосп он ч-ӯ бихост. 

Бипӯшид, он гоҳ бар пой хост. 

- Ба банди гарон. 

- Бишӯед. 

- силоҳаш. 

5. ТПЗ - Саворон тане чанд гирд омаданд, 
Ба назди сарафроз хусрав шуданд, 
Чу шаб тиратар гашт, Исфандёр 
Силеҳаш бипӯшиду бархост кор. 


223 




Худу Баҳману Озари сарфароз 
Бирафтанд пӯён ба роҳи дароз. 

Варо роҳбар пеш Ҷомосп буд, 

Ки дастури фархунда Гуштосп буд. 

Аз он бораи диж чу берун шуданд, 
Саворони ҷангӣ ба ҳомун шуданд. 1 

1285 Сипаҳбад сӯи осмон кард рӯй, 

Чунин гуфт, к-эй довари ростгӯй, 

Туӣ офаринандаи комгор, 
Фурӯзандаи ҷони Исфандёр, 2 

Гар эдун, ки пирӯз гардам ба ҷанг, 
Кунам рӯи гетӣ ба Арҷосп танг. 

Бихоҳам аз ӯ кини Лӯҳроспшоҳ, 
Ҳамон хуни 3 чандон 4 сари* 5 бегуноҳ. 

Бародар ҷаҳонбини ман сиву ҳашт, 
Ки аз хунашон лаъл шуд хоки дашт. 

1290 Пазируфтам аз Эзади* 6 додгар, 

Ки кина нагирам зи банди падар. 

Ба гетӣ сад оташкада нав кунам, 
Ҷаҳон аз ситамгора бехав кунам. 

Набинад касе пои ман дар бисот, 
Магар дар биёбон кунам сад работ. 


1. Л - пас аз б. 1284 ин б. омада: 

Бирафтанд яксар ҳама ҷангҷуй 
Аз он бораи диж ба раҳ карда рӯй. 

2. И - б. 1286 ност, Л - пас аз б. 1286 ин б. омада: 
Ту донӣ, ки аз хуни Фаршедвард 
Дилам гашт пурдарду рухсора зард. 

- кини. 

- кини чандин. 

- кини он пирсар. 

- довари. 


224 


Ба шаххе, ки каргас бар у нагзарад, 
Бар ӯ гӯру нахчир пай наспарад, 

Кунам чоҳи об андар ӯ даҳ 1 ҳазор, 
Нишонам дарахт аз бари чоҳсор. 

1295 Бубахшам зи ганҷу дирам сад ҳазор 
Ба дарвешу ҳар к-ӯ бувад хостор. 2 

Ҳама бераҳонро ба дин оварам, 

Сари ҷодувон бар замин оварам. 

Парастиш кунам пеши Яздон ба пой, 
Набинад маро кас ба ором ҷой. 3 

Бигуфту ину бардошт аспи набард, 
Биёмад ба наздики Фаршедвард. 

Варо зор бар хок-бар хуфта дид, 

Тани хуфта аз захм ошуфта дид. 4 

1 300 Зи дида буборид чандон сиришк, 

Ки хира фурӯ монд доно пизишк. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй шери пархошҷӯй, 
Туро ин газанд аз кӣ омад ба рӯй? 

К-аз ӯ кини ту бозҷӯям ба ҷанг, 

Агар шери ҷангӣ бувад, гар наҳанг?» 5 

Чунин дод посух, ки «Эй паҳлавон, 

Зи Гуштоспам ман халидаравон. 


1 . Л - сад. 

2. Л - Тавонгар кунам мардуми пешакор; Л - б. 1295 нест. 

3. ЛМ - Паратишгаҳе барнагардад тамом, 

Набинад касе ман ба орому ком. 

4. И - б. 1299 нест. 

5. ИЛ - в-ар паланг. 

6 ТПЗ - Маро ин зи Гуштосп омад ба рӯй 
Аз он беҳунар марду он гуфтугӯй. 


225 


22 


Агар пои ту 1 у* 2 накарди ба банд, 

Зи туркони Чин кай будӣ* 3 ин газанд?! 

1305 Ҳамон шоҳ Лӯҳросп бо пирсар 
Ҳама Балх аз ӯ гашт зеру забар. 

Зи гуфти Гуразм он чи бар мо расид, 
На дидаст ҳаргиз касе, на шунид. 

Ту махрӯш в-аз дода хурсанд бош, 

Ба гетӣ дарахти барӯманд бош, 

Ки ман рафт хоҳам 4 ба дигар сарой, 

Ту бояд, ки монӣ 5 ҳамеша ба ҷой. 

Чу рафтам зи гетӣ, маро ёд дор, 

Ба бахшиш равони маро шод дор. 6 

1310 Ту падруд бош, эй ҷаҳонпаҳлавон, 

Ки ҷовид бодиву равшанравон». 

Бигуфт ину рухсорагон кард зард, 
Шуд он номвар шер Фаршедвард. 

Бизад даст бар ҷавшан Исфандёр, 
Ҳама парниён бар танаш гашт 7 хор. 

Ҳаме гуфт, к-эй пок, бартар Худой, 

Ба гетӣ ту бошӣ маро раҳнамой, 

Ки пеш оварам кини Фаршедвард, 
Барангезам аз санг в-аз об гард. 


1 . ИЛ - Чу пои туро. 

- Гар ӯ чун туеро. 

- туркон ба мо н-омадӣ. 

4. ИЛ - рафтаниам. 

5. И-бошӣ. 

6. ТПЗ Гар аз хастани ман туро ғам расид, 

Маро ин табоҳӣ зи Кӯҳрам расид. 

7. ИЛ - кард. 


226 


1315 Бирезам зи тан хуни Арҷоспро, 
Шикебо кунам ҷони Лӯҳроспро. 

Бародар-ш мурда ба зин дарниҳод, 
Дили 1 пур зи кина сари 2 пур зи бод, 

Зи ҳомун баромад ба кӯҳи баланд, 
Бародар-ш баста бар аспи саманд. 

Ҳаме гуфт, к-акнун чӣ созам туро, 
Яке дахма чун барфарозам туро? 

На сим аст бо ман, на зарру гуҳар, 
На хишту на обу на деворгар. 

1 320 На ҷое дарахте чунон* 3 соядор, 

Ки хобонамат, эй гави номдор. 

Бароҳехт хафтони ҷанг аз танаш, 
Кафан кард дастору пероҳанаш. 

В-аз он ҷо биёмад бад-он ҷойгоҳ, 
Куҷо шоҳ Гуштосп гум кард роҳ. 

Басеро аз эрониён кушта дид, 

Шуда хоку санг аз ҷаҳон нопадид. 

Ҳаме зор бигрист бар куштагон, 
Бар он тангдил, бахтбаргаштагон. 4 

1 325 Ба ҷое куҷо гашта буд сахт разм, 

Ба чашм омадаш зард рӯи Гуразм. 

Ба наздики ӯ аспаш афканда буд, 
Бар ӯ хок чанде пароканда буд. 


1 . ИЛ - диле. 

2. ИЛ - лабе. 

3. М - поп дарахте бувад. 

4. ИЛ - рӯзбаргаштагон. 


227 


Чунин гуфт бо кушта Исфандёр, 

Ки «Эй марди нодони бадрӯзгор, 

Нигаҳ кун, ки донои Эрон чӣ гуфт, 
Бад-он гаҳ, ки букшод роз аз нуҳуфт, 

Ки душман ки доно бувад, беҳ зи дӯст, 
Або душману дӯст дониш накӯст. 

1330 Барандешад он кас, ки доно бувад, 

Зи коре ки бар вай тавоно бувад. 

Зи чизе ки бошад бар ӯ нотавон, 

Ба ҷустан-ш ранҷа 1 надорад равон. 

Аз 2 Эрон ҳаме ҷои ман хостӣ, 

Ту овардӣ андар ҷаҳон костӣ. 

Ту бурдӣ аз ин подшоҳӣ фурӯғ, 

Ҳаме чора ҷустиву гуфтӣ 3 дурӯғ. 

Бар ин разм хуне, ки шуд рехта, 

Ту бошӣ бад-он гетӣ овехта». 

1335 В-аз он дашт гирён сар андар кашид, 
Ба анбӯҳи гурдони туркон расид. 

Сипаҳ дид бар ҳафт фарсанг дашт, 
К-аз эшон ҳаме осмон хира гашт. 

Яке канда карда ба гирд-андарун, 

Ба паҳна зи партоби тире фузун. 

Зи канда ба сад чора-андар гузашт, 
Инонро гарон кард бар сӯи дашт. 

Талоя зи туркон чу ҳаштод мард, 

Ҳаме гашт бар гирди дашти набард. 


1. И-хаста. 

2. Л-Ба. 

3. Л - кардӣ ба гуфтй, И - ҷустӣ ба гуфтӣ. 


228 


1340 Пароканда туркон бар 1 у омаданд, 
Пур 2 овозу бо ҷустуҷу омаданд. 

Ба пурсиш гирифтанд, к-«Эй шермард, 
Чӣ ҷӯӣ бад-ин 3 шаб ба дашти набард?» 

Чунин дод посух, ки бар дашти разм 
Шуморо ҳама ком хоб асту базм. 

Чу огоҳӣ омад ба Кӯҳрам зи дашт, 

Ки Исфандёр аз шумо баргузашт, 

Маро гуфт баргир шамшери тез, 

Зи ҷоншон 4 баровар яке растахез. 

1345 Баровехт шамшеру андарниҳод, 

Ҳаме кард аз он разм 5 Гуштосп ёд. 

Бияфканд аз эшон фаровон ба роҳ 
В-аз он ҷойгаҳ шуд ба наздики шоҳ. 

РАСИДАНИ ИСФАНДЁР БАР КӮҲ БА 
НАЗДИ ГУШТОСП 

Баромад бар он кӯҳи хоро фароз, 

Чу рӯи падар дид, бурдаш намоз. 

Падар доғдил буд, бар пой ҷаст, 
Бибӯсиду бистурд рӯяш ба даст. 

Бад-ӯ гуфт: «Яздонсипос, эй ҷавон, 

Ки дидам туро шоду равшанравон. 

Зи ман бар дил озору тундӣ мадор, 

Ба кинхостан ҳеч кундӣ мадор. 


1 . ЛМ - дар пеши. 

2. Л-Ба. 

3. И - пӯӣ хама. 

4. ЛМ - Аз эшон. 

5. Л- шоҳ. 


229 


Гуразм он бадандеш, бадхуй 1 мард, 
Дили ман зи фарзанди ман тира кард. 


Бад омад ба руяш зи гуфтори бад, 

Бад ояд ба марди бад аз кори бад. 

Пазируфтам аз кирдгори ҷаҳон, 
Шиносандаи ошкору ниҳон, 

Ки гар ман шавам шоду пирӯзбахт, 
Супорам туро кишвару тоҷу тахт. 

1355 Парастишгаҳе бас кунам з-ин ҷаҳон, 
Супорам туро, он чӣ дорам ниҳон». 

Чунин посух овардаш Исфандёр, 

Ки «Хушнуд бодо зи ман шаҳрёр. 

Маро он бувад тахту ганҷу кулоҳ, 

Ки хушнуд бошад аз ин банда шоҳ. 2 3 

Ҷаҳондор донад, ки бар дашти разм 
Чу ман дидам афканда рӯи Гуразм, 

Бар-он марди бадгӯй гирён шудам, 

Зи дарди дили шоҳ бирён шудам. 

1360 Кунун он чи бад буд*’ бар мо, гузашт, 
Гузашта ҳама назди ман бод гашт. 

Аз ин пас чу ман теғи кин баркашам, 
В-аз ин кӯҳи хоро сар андаркашам, 

На Арҷосп монам, на Оёсу Чин, 

На Кӯҳрам, на Халлух, на Туронзамин», 

Чу лашкар бидонист, к-Исфандёр 
Зи банди гарон расту бад рӯзгор, 


1 . И - бадандешу бадгӯй. 

2. Л -б. 1357 нест. 

3. М - Ҳаме буданӣ низ. 


230 


Бирафтанд яксар гуруҳогуруҳ 
Ба пеши сипахдор' бар бурзи кӯҳ. 

1365 Бузургону бегонаву хеши ӯй 

Ниҳоданд сар бар замин пеши ӯй. 1 2 

Чунин гуфт некахтар Исфандёр. 

Ки «Эй номдорони ханҷаргузор, 

Ҳама теғи заҳробгун баркашед, 

Ба кин андароеду душман кушед!» 

Бузургон бар ӯ хонданд офарин, 

Ки «Моро туӣ афсару теғи кин. 

Ҳама пеши ту ҷон гаравгон кунем, 
Зи 3 дидори ту ромиши ҷон кунем. 

1370 Ҳама шаб ҳаме лашкар оростанд, 
Ҳама 4 ҷавшану найза 5 перостанд. 

Падар низ бо фаррух Исфандёр 
Ҳаме боз гуфт аз бади рӯзгор. 

Зи хуни ҷавонони пархошҷӯй 
Ба рух барниҳод аз ду дида ду ҷӯй, 

Ки буданд кушта бад-он размгоҳ, 

Зи хун бар сари тоҷваршон кулоҳ. 

Ҳамон шаб хабар назди Арҷосп шуд, 
Ки фарзанд наздики Гуштосп шуд. 

1375 Ба раҳ-бар фаровон талоя бикушт, 
Касе, к-ӯ нашуд кушта, бинмуд пушт. 


1 . Л - ҷаҳондор. 

2. ТПЗ - Ҳама кас варо офарин хонданд, 

Варо шоҳи ҷӯяндакин хонданд. 

3. Л-Ба. 

4. Л - ҳаме. 

5. Л-тир;И-теғ. 


231 


Ғами 1 гашту пурмоягонро бихонд, 
Басе пеши Кӯҳрам суханҳо биронд, 

Ки «Моро ҷуз ин буд дар ҷанг рой, 
Бад-он гаҳ, ки лашкар биёмад зи ҷой. 

Ҳаме гуфтам он девро гар ба банд 
Биёбем, гетӣ шавад бегазанд. 2 

Бигирам сари гоҳи Эронзамин, 

Ба ҳар марз бар мо кунанд офарин. 3 

1380 Кунун чун кушода шуд он девзод, 

Ба чанг аст моро ғаму сард бод. 

Зи туркон касе нест ҳамтои ӯй, 

Ки гирад ба разм-андарун ҷои ӯй. 

Чунин бо дили шоду пирӯзбахт 
Ба Турон хиромем бо тоҷу тахт. 

Бифармуд, то ҳар чӣ буд хоста, 

Зи ганҷу зи аспони ороста, 4 

Зи чизе ки аз Балхи бомӣ бибурд, 
Биёвард, яксар 5 ба Кӯҳрам супурд. 

1385 Зи Кӯҳрам-ш кеҳтар писар буд чаҳор, 
Буна барниҳоданду бастанд бор. 

Бирафтанд бар ҳар сӯе сад ҳаюн, 
ҒБшгаста абар ҳар яке раҳнамун. 

Дилаш гашт пурбиму сар пуршитоб 
В-аз ӯ дур шуд хӯрду орому хоб. 


1. И-ғамнн. 

2. И - Кунун, к-омад он деви ҷангӣ зи банд, 

Ки аз бим гетӣ шавад пургазанд. 

3. И -б. 1379 нест. 

4. ТПЗ - Зи дебои зарбафту зарру гуҳар, 

Зи динору ёқуту тоҷу камар. 

5. И - Биёварду дигар. 


232 




Яке турк буд, номи у Гургсор, 

Зи лашкар биёмад бари шаҳрёр. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй шоҳи туркону Чин, 
Зи як тан мазан номи худ бар замин, 

1 390 Сипоҳӣ ҳама хаставу кӯфта, 

Гурезону бахт андар 1 ошуфта. 

Писар куштаву сӯхта шаҳрёр, 

Ба ёрӣ кӣ омад ҷуз Исфандёр? 

Сипаҳро ҳама дилшикаста кунӣ, 

Ба гуфтор бе ҷанг хаста кунӣ. 

На доно бувад шоҳи ботарсу бок, 

Зи тарсанда мардум барояд ҳалок. 

На гурзе ба тарге фуруд омадаст, 

На тире ба баргустувоне задаст.* 2 

1395 Ҳамоварди ӯ гар биёяд, манам, 

Тани марди ҷангӣ ба хок афканам». 3 

Чу Арҷосп бишнид гуфтори ӯй, 
Бидид он дилу рои ҳушёри ӯй, 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй гурди пархошхар, 
Туро ном ҳасту нажоду гуҳар, 

Агар ин ки гуфтӣ, ба ҷой оварӣ, 
Ҳунар бар забон раҳнамой оварӣ, 

Зи хиргоҳ то пеши 4 дарёи Чин 
Туро бахшаму ганҷи Эронзамин. 


- Гурезон зи бахти бад. 

- б. 1393, 1349 нест. 

3. ИЛ-б. 1393 - 1395 нест. 

4. ЛМ - Туронзамин то ба. 


233 


1400 Сипаҳбад ту боши бад-ин лашкарам, 
Зи фармони ту як замон нагзарам». 1 

Ҳам андар замон лашкар ӯро супурд, 
Зи гетӣ ду баҳра мар ӯро шумурд. 2 

Чу хуршед зарринсипар баргирифт, 
Шаби тира з-ӯ даст бар сар гирифт. 

Бияндохт пероҳани мушкранг, 

Чу ёқут шуд чеҳри гетӣ ба ранг. 

Зи кӯҳ андаромад сипоҳи бузург, 
Ҷаҳондор Исфандёри сутург. 3 

1405 Ба пеши сипоҳ омад Исфандёр, 

Ба зин-андарун гурзаи говсор. 

Ба қалб-андарун шоҳ Гуштосп буд, 
Равонаш пур аз кини Арҷосп буд. 


1. ТПЗ - В-агар он ки донӣ, ки бо ин ҳузабр. 

Натобӣ, ту худро мапӯшон ба қабр. 
Бикардем тороҷ ганҷу буна, 

Ба Эрон наҳиштему ҷуз дармана. 

Ба шодӣ ба рӯиндиж - андар шавем, 
Нишинему бо моҳ ҳамбар шавем, 

Ки гар пар барорад ял Исфандёр, 
Наёрад гузаштан бар он раҳгузор. 

Ту нашнидӣ он достони шағол, 

Ки зад бо яке пиргӯри ҳамол, 

Ки сагро ба хона далерӣ бувад, 

Чу бегона шуд, бонги вай кам шавад. 
Варо посух овард пас Гургсор, 

Ки фардо маро бин ту, эй шаҳрёр, 

Чу рӯй андароранд лашкар ба рӯй, 
Чунонаш рабоям чу коҳе зи кӯй. 

2. ТПЗЛ - Ҳама шаб ҳаме лашкар оростанд, 

Зи дар бораи паҳлавон хостанд. 

3. ТПЗИЛ - Чу лашкар биёрост Исфандиёр, 

Ҷаҳон шуд зи гурдон чу дарёи қор. 


234 


Ҳамон низ 1 Настур пури Зарир, 

К-аз ӯ беша бугзоштӣ 2 наррашер, 

Биёрост бар маймана ҷои хеш, 
Сипаҳбад буду лашкарои хеш. 

Чу Г аргуи ҷангӣ сӯи майсара, 

Биёмад чу хур пеши бурҷи бара. 3 

1410 В-аз он рӯй Арҷосп саф баркашид, 
Ситора ҳаме рӯи ҳомун надид. 

Зи бас найзаву теғҳои бунафш 
Ҳаво гашт пурпарниёни дурафш. 

Шуда қалби Арҷосп чун обнус, 

Сӯи росташ Кӯҳраму бӯқу кӯс. 4 

Сӯи майсара буд шоҳи Чигил, 

Ки дар ҷанг аз ӯ хостӣ шер дил. 

Чу Арҷосп дид он сипоҳи гарон, 
Гузида саворони 5 найзаварон, 

1415 Биёмад, яке тунд боло гузид, 

Ба ҳар сӯи лашкар ҳаме бингарид. 6 

Шикӯҳ омад андар дилаш з-он сипоҳ, 
Ба ча ттт маттт ҷаҳон гашт яксар сиёҳ. 7 


1 . Л - Бишуд гурд. 

2. Л - Ки бугзоштӣ беша з-ӯ. 

3. И-б. 1406 1409 нест. 

4. ТПЗИЛ - Баромад зи ҳарду сипаҳ гирудор, 

Ба пеш андаромад ял Исфандёр.* 

*Дар «3» ин б. пас аз б. 1413 омада, ки ба мақсад наздиктар аст. 

5. ИЛ - саворону. 

6. ТПЗ - Сипоҳе, ки чандон надидаст кас, 

Аз андӯҳ яке сард барзад нафас. 

7. Л - б. 1416 нест. 


235 


22^2 


В-аз он пас бифармуд, то сорвон 
Ҳаюн орад аз дашт сад корвон. 1 

Чунин гуфт бо номдорон ба роз, 

Ки чун гардад ин кор бар мо дароз, 

Наёяд падидор пирӯзие, 

Дурахшидане ё дилафрӯзие, 2 

1420 Худу вижагон бар ҳаюнони чуст 
Бибояд ба осудагӣ роҳ ҷуст. 

Чу Исфандёр аз миёни ду саф 
Чу шери жиён бар лаб оварда каф, 

Ҳаме гашт бар сони гардонсипеҳр, 

Ба ҷанг* 3 -андарун гурзаи говчеҳр. 

Ту гуфтӣ ҳама дашт болои ӯст, 
Равонаш 4 * 5 ҳаме дарнагунҷад ба пӯст. 

Хурӯш омаду нолаи каррной, 
Бирафтанд гурдони лашкар зи ҷой. 

1425 Ту гуфтӣ зи хун дашт дарё шудаст, 

Зи ханҷар ҳаво чун сурайё шудаст. 

Гарон шуд рикоби ял Исфандёр, 
Биғуррид бо гурзаи говсор. 

Бияфшурд бар гурзи пӯлод мушт, 

Зи қалби сипаҳ турк* 6 сесад бикушт. 

Чунин гуфт, к-«Аз кини Фаршедвард 
Зи дарё барангезам имрӯз гард. 


1. И-б. 1416, 1417 нест. 

2. ИЛ - б. 1419 нест. 

- Ба даст. 

- зи кина. 

- В-аз оташ. 

- гурд. 


236 


В-аз 1 он пас абар 2 маймана ҳамла бурд, 
Инон бораи тезтагро супурд. 

1430 Саду шаст мард аз далерон бикушт, 

Чу Кӯҳрам чунон дид, бинмуд пушт. 

Чунин 3 гуфт, к-ин кини хуни ниёст, 
К-аз шоҳро дил пур аз кимиёст. 4 

Инонро бупечид бар майсара, 

Замин шуд чу дарёи хун яксара. 

Бикушт аз далерон саду шасту панҷ 
Ҳама номдорони ботоҷу ганҷ. 

Чунин гуфт, к-ин кини он сиву ҳашт 
Гиромӣ бародар, ки андаргузашт. 

1435 Чу Арҷосп он дид, бо Гургсор, 

Чунин гуфт, к-«Ин лашкари бешумор, 

Ҳама кушта шуд, ҳеч ҷангӣ намонд, 5 
Ба пеши саф-андар дирангӣ намонд. 6 

Надонам ту хомуш чаро мондаӣ, 

Пас он достонҳо чаро хондаӣ?» 

Зи гуфтори ӯ тез шуд Гургсор, 

Биёмад ба пеши сафи корзор. 7 

Гирифта камоне каёнӣ ба чанг, 

Яке тири пӯлодпайкон хаданг. 

1440 Чу наздик шуд, ронд андар камон, 
Бизад бар бару синаи паҳлавон. 


1. Л-аз. 

2. Л - суи. 

3. Л - Бад-ӯ. 

4. И-б. 1430- 1431 нест. 

5. Л - ҳар кӣ ҷангӣ буданд. 

6. Л - буданд. 

7. Л - Ял Исфандёр. 


237 


Зи зан андаровехт Исфандёр, 

Бад-он то гумоне барад Гургсор, 

Ки он тир бугзашт бар ҷавшанаш, 
Бихаст он каёнӣ тани равшанаш. 

Яке теғи алмосгун баркашид, 

Ҳаме хост аз тан сарашро бурид. 

Натарсид Исфандёр аз газанд, 

Зи фитрок букшод печон каманд. 

1445 Ба номи ҷаҳонофарин кирдгор, 
Бияндохт бар гардани Гургсор, 

Ба банд андаромад сару гарданаш, 
Ба хок андарафканд ларзон танаш. 1 

Ду даст аз паси пушт басташ чу санг, 
Гиреҳ зад ба гардан-ш бар полҳанг. 

Ба лашкаргаҳ овардаш аз пеши саф, 
Кашону зи хун бар лаб оварда каф. 

Фиристод бадхоҳро назди шоҳ 
Ба дасти ҳумоюни зарринкулоҳ. 

1450 Чунин гуфт, к-«Инро ба пардасарой 
Бубанду ба куштан макун хеч рой. 

Кунун то киро бар диҳад рӯзгор, 

Кӣ пирӯз баргардад аз корзор?» 

В-аз он ҷойгоҳ шуд ба овардгоҳ, 

Ба ҷанг андаровард яксар сипоҳ. 2 


1 . ТП - Фуруд омад аз пушти бора далер, 

Биёзид чангол чун наррашер. 

2. ТПЗЛ - Барангехтанд оташи корзор, 

Ҳаво тирагун шуд зи гарди савор. 
Чу Арҷосп пайкор з-он гуна дид, 
Зи ғам суст гашту дилаш бартапид. 
* Л - танҳо б. дуввӯм мавҷуд аст. 


238 


Ба ҷанговарон гуфт: «Куҳрам куҷост, 
Дурафшаш на пайдост бар дасти рост. 

Ҳамон теғзан Кундури 1 шергир, 

Ки бугзоштӣ найза бар кӯҳу тир? 

1455 Ба Арҷосп гуфтанд, к-«Исфандёр 
Ба разм-андарун буд бо Гургсор, 

Гирифтор шуд он гави наррашер 
Ба дасти ял Исфандёри далер. 2 

Зи теғи далер он ҳаво шуд бунафш, 

На пайдост он гургпайкар дурафш.» 

Ғамӣ шуд дил Арҷоспро з-он шигифт, 
Ҳаюн хост роҳи биёбон гирифт. 

Худу вижагон бар ҳаюнони маст 
Бирафтанду аспон гирифта ба даст. 

1460 Сипаҳро бад-он размгаҳ-бар бимонд, 
Худу меҳтарон сӯи Халлух биронд. 

Хурӯше баровард 3 Исфандёр 
Битӯфид 4 аз овози ӯ кӯҳсор. 5 

Ба эрониён гуфт: «Шамшери ҷанг 
Мадоред хира гирифта ба чанг. 

Ниём аз дилу хуни душман кунед, 

Зи кушта* 6 замин кӯҳи Қоран кунед». 

Бияфшурд рон лашкари кинахоҳ, 
Сипаҳ андаромад ба пеши сипоҳ. 


1 . И - Андаримон гави. 

2. ИЛМ - б. 1456 нест. 

3. Л - баромад зи. 

4. Л - Биларзид. 

5. Л-даштукор. 

6. М - туронзамин. 


239 


1465 Ба хун ғарқа шуд хоку сангу гиё, 
Бигаштӣ ба хун, гар будӣ осиё. 1 

Ҳама дашт пову сару пушт буд, 
Бурида сару теғ дар мушт буд. 

Саворони ҷангӣ ҳаме тохтанд, 

Ба коло гирифтан напардохтанд. 2 

Чу туркон шуниданд, к-Арҷосп рафт, 
Ҳама пӯстшон бар тан аз ғам бикафт. 

Касеро ки буд бора, бугрехтанд, 
Дигар таргу 3 ҷавшан фурӯ рехтанд. 

1470 Ба зорӣ бар Исфандёр омаданд, 

Ҳама дида чун навбаҳор* 4 омаданд. 

Бар эшон бибахшуд зӯрозмой 
В-аз он пас наяфканд касро зи пой. 

Зи хуни ниё дил пурозор кард, 

Сареро бар эшон нигаҳдор кард. 

Худу лашкар омад ба наздики шоҳ, 
Пур аз хун бару теғу румикулоҳ. 

Зи хун дар кафаш ханҷар афсурда буд, 
Бару китфаш аз ҷавшан озурда буд. 

1475 Бишустанд шамшеру чангаш ба шир, 
Кашиданд берун зи хафтон-ш тир. 

Ба об андаромад, сару тан бишуст 
Ҷаҳонҷӯй шодондилу тандуруст. 


1. И -б. 1465 нест. 

2. И -б. 1467 нест. 

3. И-теғу. 

4. М - Ду дида чу абри баҳор. 


240 


Яке ҷомаи тарсгорон 1 бихост, 
Биёмад сӯи довари додрост. 

Ба* 2 як ҳафта дар пеши Яздони пок 
Ҳаме буд Гуштосп бо тарсу 3 бок. 

Ниёиш ҳаме кард худ бо писар 4 
Бад-он офаринандаи додгар. 5 

1480 Ба ҳаштум ба ҷой омад Исфандёр, 
Биёмад бараш дар замон 6 Гургсор. 

Зи ширин равон дил 7 шуда ноумед, 
Тан аз бим ларзон чу аз бод бед. 8 

Бад-ӯ гуфт: «Шоҳо, ту 9 аз хуни ман 
Ситоиш наёбӣ ба ҳар анҷуман. 

Яке банда бошам ба пешат ба пой, 
Ҳамеша ба некӣ туро раҳнамой. 

Ба ҳар бад ки ояд, забунӣ кунам, 

Ба рӯиндижат раҳнамунӣ кунам». 

1485 Бифармуд, то банд бар дасту пой 
Бирад ҳамчунонаш ба пардасарой. 

Ба лашкаргаҳ омад, ки Арҷосп буд, 
Ки резандаи хуни Лӯҳросп буд. 10 


1. ЛМ-сугворон. 

2. М - Яке. 

3. Л-дарду. 

4. Л - падар. 

5. И - б. 1479 нест. 

6. И - ба даргоҳи ӯ. 

7. И - ҷону равонаш. 

8. ТПЗ - Заминро бари тахти ӯ дода бӯс, 

Зи бас бим рухсори ӯ сандарӯс. 

9. И - Эй шоҳ. 

9 Л - рӯинтанат. 

10. И -б. 1485 нест. 


241 


Бубахшид аз он размгаҳ хоста, 

Савору пиёда шуд ороста. 

Саронро супурд он ки ӯ бурда буд, 1 
Бикушт он кӣ з-ӯ 2 лашкар озурда буд. 

ФИРИСТОДАНИ ГУШТОСП ИСФАНДЁРРО 
БОРИ ДИГАР БА ҶАНГИ АРҶОСП 

В-аз он пас биёмад ба пардасарой, 

Зи ҳар гуна андохт бо шоҳ рой. 

1490 Зи Лӯҳросп в-аз кини Фаршедвард 
В-аз он номдорони рӯзи набард. 3 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Эй зӯрманд, 

Туӣ шоддил, хоҳаронат ба банд. 

Хунук он ки бар кинагаҳ кушта шуд, 

На аз нанги туркон сараш гашта шуд. 

Чу бар тахт бинанд моро нишаст, 

Чӣ гӯяд касе к-ӯ бувад зердаст. 

Бигӯям* 4 бар ин нанг, то зиндаам, 

Ба мағз-андарун оташ огандаам. 5 

1495 Пазируфтам аз кирдгори баланд, 

Ки гар ту ба Туронзамин бегазанд 

1500 Ба мардӣ шавӣ дар дами аждаҳо, 

Кунӣ хоҳаронро зи туркон раҳо, 


1 . Л - Сарони асирон, ки оварда буд. 

2. Л - аз. 

3. ТПЗ- Бигуфто ҷаҳондор Гуштоспро, 

Ки чун хостам кини Лӯҳроспро. 

Ба уммеди тоҷ аз падар чашм дошт, 
Падар з-ин сухан бар писар хашм дошт. 

4. М - Бигирям. 

5. Л - афгандаам. 


242 


Супорам туро тоҷи шоҳаншаҳи, 
Ҳамон 1 ганҷи беранҷу тахти меҳӣ. 2 

Чунин посух овардаш Исфандёр, 

Ки бе ту мабинод кас рӯзгор. 

Туро, эй 3 падар, ман яке бандаам, 

На аз баҳри шоҳӣ пижӯҳандаам. 4 

Фидои ту дорам тану ҷони хеш, 
Нахоҳам сари тахту фармони хеш. 

1505 Шавам, боз хоҳам зи Арҷосп кин, 
Намонам бару буми Туронзамин 

Ба тахт оварам хоҳаронро зи банд 
Ба бахти ҷаҳондор шоҳи баланд». 

Бар ӯ офарин кард Гуштосп, гуфт, 
Ки «Бо ту хирад бод ҳамвора ҷуфт. 

Ба рафтан-т Яздон паноҳи ту бод, 

Ба бозомадан тахт гоҳи ту бод! 5 

Бихонд он замон лашкар аз ҳар суве, 
Зи ҷое 6 ки буд мӯбаде ё гаве. 

1510 Г узин кард аз эшон даҳу ду ҳазор, 
Саворони аспафкану номдор. 7 


1 . Л - ҳама. 

2. ТПЗЛ- Маро ҷойгоҳи парастиш бас аст, 

Ки ин ганҷи ман баҳри дигар кас аст. 

3. ИЛМ - Ба пеши. 

4. И - Равонро ба фармон-ш огандаам. 

5. Л - бар ӯ буми. 

6. И-б. 1507, 1508 нест. 

7. Л - Ба ҳар ҷо. 

8 Л - мардафкани кинадор. 


243 


Бад-эшон бипардохт ганҷу 1 дирам, 
Накард эч дилро ба бахшиш дижам. 

Бубахшид тахте 2 ба Исфандёр, 

Яке тоҷи пургавҳари шоҳвор. 3 

Хурӯше баромад зи даргоҳи шоҳ, 

Ки аспи сарафрози шоҳон бихоҳ. 

Ба ҳомун кашиданд пардасарой 
Дурафше, куҷо пайкараш буд 4 ҳумой. 

1515 Ба рафтан ниҳод он замон сар сипоҳ, 
Шуд аз гард хуршеди тобон сиёҳ. 5 

Аз айвон ба дашт омад Исфандёр, 
Сипоҳе бидид аз дари корзор. 6 


1 . Л - бубахшид ганҷу ; И - ганҷу . 

2. Л - ганҷе. 

3. ТПЗ - Ду раҳ сад ҳаюн кард дар зери бор, 

Ҳама з-олати базм в-аз корзор. 

4. Л - пайкари ӯ. 

5. И-б. 1514, 1515 нест. 

6. ТПЗ- Чунон баста дар банди ӯ Гургсор 

Биёвард озурдаву сӯгвор. 

Башутан, ки буд шоҳро раҳнамой. 
Варо кард дастури фархундарой. 
Ҳаюнони пурбор чун се ҳазор 
Чи аз хӯрданиву чи динорбор, 

Ки роҳе буд он сахт душвору дур, 
Нашуд кас бад-он раҳ зи Эрон ба Тур. 
Ҷаҳонҷӯй з-он бора омад фуруд, 

Бад он, то шавад шоҳ аз он бодуруд. 
Падар мар писарро ба бар даргирифт, 
Ба гуфтори некӯ сухан даргирифт. 

Ки пирӯзу шодон зӣ аз тоҷу тахт 
Туро ёр Яздону пирӯз бахт. 

Агар боз бинам туро тандуруст, 

Ҳама ганҷ бо тоҷу тахт они туст, 
Бибӯсид дасти падарро ба меҳр, 

В-аз он ҷой баргашт рахшанда чеҳр. 
Биёмад в-аз он сӯи айвон расид, 
Ҳамон модарашро ба парда бидид. 
Бипурсидашу кард вайро дуруд, 
Ҳамин буд он к-ам зи мӯбад шунуд. 


244 


ДОСТОНИ ҲАФТ хон 
ситоиши подшоҳ МАҲМУД 

Кунун з-ин сипас ҳафт хон оварам, 
Суханҳои нағзу ҷавон оварам. 

Бигӯям ба таъйиди Маҳмудшоҳ 
Бад-он фарру он хусравонӣ кулоҳ. 

Бад-он кину доду бад-он разму базм 1 , 
Бад-он амру наҳйу бад-он рою 2 азм. 

1520 Агар бахт якбора ёрӣ кунад, 

Бар ин табъи ман комгорӣ кунад, 3 

Ки шоҳи ҷаҳон ҷовидон зинда бод, 
Бузургони гетӣ варо банда бод! 

Чу хуршеди тобанда бинмуд чеҳр, 
Биёрост рӯи заминро ба меҳр. 

Ба бурҷи бара 4 тоҷ бар сар ниҳод, 
Биёрост рӯи заминро ба меҳр. 

Пур аз гулғули раъд шуд кӯҳсор, 

Пур аз наргису лола шуд ҷӯйбор. 

1 525 Зи лола шикебу зи наргис фиреб, 

Зи сунбул ниҳебу зи гулнор зеб. 

Пуроташ дили абру пуроб чашм, 
Хурӯши муғанниву ҷастан ба* 5 хашм. 


1 . ЛМ - гиру дору бад-он разму базм. 

2. Л - хуррамӣ в-он накӯ рой, 

3. Л -б. 1520 пас аз б. 1517 омада, ки ба мазмун бештар алоқаманд аст. 
ТПЗ - Бигӯям ҳаме достони шигифт, 

К-аз он марди доно шигифтӣ гирифт. 

4. ИЛ - ҳамал 

5. М - муғаннӣ пур аз тобу. 


245 


Чу оташ барояд, биполояд об 
В-аз овози ӯ сар дарояд зи хоб. 1 

Чу бедор гардӣ, ҷаҳонро бубин, 

Ки дебост ё нақши Монӣ ба 2 Чин. 

Чу рахшанда гардад ҷаҳон з-офтоб, 
Рухи наргису лола бинад пуроб. 

1530 Бихандад, бигӯяд, ки эй шӯхчашм, 
Зи ишқи ту гирям, на аз дарду хашм. 

Нахандад замин, то нагиряд ҳаво, 
Ҳаворо нахонам кафи подшо, 3 

Ки борони ӯ дар баҳорон бувад, 

На чун ҳиммати шаҳрёрон бувад. 

Ба хуршед монад ҳаме дасти шоҳ, 
Чу 4 андар ҳамал барфарозад кулоҳ. 

Агар ганҷ пеш ояд, ар хоки хушк 
В-агар оби дарёву гар дурру мушк, 

1535 Надорад ҳаме рӯшноиш боз, 

Зи дарвешу аз шоҳи гарданфароз. 

Кафи шоҳ Абулқосим он подшо 
Чунин аст бо поку нопорсо. 

Дареғаш наояд зи бахшидан эч, 

На ором гирад ба рӯзи басеч. 

Чу ҷанг оядаш пеш, ҷанг оварад, 
Сари шаҳрёрон ба чанг оварад, 


1. И-б. 1527 нест. 

2. И - Саҳрош бо нақши Монии. 

3. И- 1529- 1531 нест. 

4. И-КИ. 


246 


Бад-он кас, ки гардан ниҳад, ганҷи хеш 
Бубахшад, наандешад аз ранҷи хеш. 1 

1540 Ҷаҳонро ҷаҳондор Маҳмуд бод 
В-аз ӯ бахшишу дод мавҷуд бод! 2 

Зи рӯиндиж акнун ҷаҳодида пир 
Нигар то чӣ гӯяд, ту з-ӯ ёд гир. 

ХОНИ АВВАЛ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР 
ДУ ГУРГРО 

Сухангӯй деҳқон чу бинҳод хон, 

Яке достон ронд аз Ҳафтхон. 

Яке ҷоми заррин ба каф баргирифт, 

Зи Гуштосп он гаҳ сухан даргирифт. 

Зи Рӯиндижу кори Исфандёр, 

Зи роҳу зи омӯзиши Гургсор. 3 

1 545 Чунин гуфт, чун ӯ биёмад ба Балх, 
Забону равон пур зи гуфтори талх. 


1. И- 1539нест. 

2. ТПЗ - Ки гар Ҷамму Кайхусраву Кайқубод, 

Фаридуну Искандари кайнажод 
Бароранд бо тоҷ сарро зи хок, 

Кунанд ин ҷаҳонро зи бедод пок, 

Ба ҳар ҳол бошанд аз ӯ боз пас, 

Ки ӯро ҷаҳондор ёр асту бас. 

Бад-ин нома чун даст кардам дароз 
Ба номи шаҳаншоҳи гарданфароз, 
Наҷустам бад-ин ман магар номи хеш, 
Бимонам, биёбам магар коми хеш. 
Ҳама паҳлавонону гарданкашон, 

Ки додам дар ин қисса з-эшон нишон, 
Ҳама мурда аз рӯзгори дароз, 

Шуд аз гуфти ман номашон зинда боз. 
Манам Исӣ он мурдагонро кунун, 
Равоншон ба мину шуда раҳнамун. 
Бимонод то ҳаст гардун ба пой, 

Мар ин достони ҳумоюн ба ҷой. 

3. Л - б. 1544 нест. 


247 


Зи пеши падар рафт Исфандёр, 

Сӯи роҳи Турон або Гургсор. 

Ҳаме ронд, то пешаш омад ду роҳ, 
Саропардаву хайма зад бо сипоҳ. 

Бифармуд, то хон биёростанд, 

Маю руду ромишгарон хостанд. 

Бирафтанд гурдони лашкар ҳама, 
Нишастанд бар хони шоҳи рама. 

1550 В-аз он пас бифармуд, то Гургсор 
Шавад хастадил 1 пеши Исфандёр 2 . 

Бифармуд, то ҷоми заррин чаҳор 
Дамодам бидоданд бар Гургсор. 

В-аз он пас бад-ӯ гуфт, к-«Эй тирабахт, 
Расонам туро ман ба тоҷу ба тахт. 

Гар эдун ки ҳар ч-ат бипурсам, ту рост 
Бигӯӣ, ҳама буми туркон 3 турост. 4 

Чу пирӯз гардам, супорам туро, 

Ба хуршеди тобон барорам туро. 

1555 Наёзорам онро, ки пайванди туст, 

Ҳам онро куҷо хешу фарзанди туст. 

В-агар хеч гардӣ ба гирди дурӯғ, 
Нагирад дурӯғат бари ман фурӯғ, 

Миёнат ба ханҷар кунам бар ду ним, 
Дили анҷуман гардад аз ту ба бим». 


1. ЛМ-доғдил. 

2. И-б. 1548- 1549 нест. 

3. ЛМ - Марзи Турон. 

4. И - пас аз б. 1553 ин б. омада: 

Ҳама шаҳри Турону туркони Чин 
Або ганҷу бо тоҷу тахту нигин. 


248 


Чунин дод посух варо Гургсор, 

Ки «Эй номвар фаррух Исфандёр, 

Зи ман нашнавад шоҳ ҷуз гуфти рост, 
Ту он кун, ки аз подшоҳон 1 сазост». 

1560 Бад-ӯ гуфт: «Рӯиндиж акнун куҷост, 
Ки он марз аз марзи Эрон ҷудост? 

Бад-ӯ чанд роҳ асту фарсанг чанд, 
Кадом аст бар вай раҳи бегазанд? 

Сипаҳ чанд бошад- бигуфто 2 дар ӯй, 
Зи болои диж ҳар чӣ донӣ, бигӯй». 

Чунин дод посух варо Гургсор, 

Ки «Эй некдил 3 , фаррух 4 * 5 Исфандёр, 

Се роҳ аст аз эдар бад-он боргоҳ, 

Ки Арҷосп хондаш ба пайкоргоҳ. 

1 565 Яке дар се моҳу яке дар ду моҳ 
Сипаҳро ҳаме ронд бояд ба роҳ. 

Яке роҳи пуробу хиргоҳу шаҳр 
Кунад бар бузургони Турон ду баҳр. 

Дигар он ки роҳаш бувад дар ду моҳ, 
Сипаҳро хуриш танг бошад ба роҳ. 

Гиё нест, обишхӯри чорпой, 

Фуруд омаданро наёбӣ ту ҷой. 

Се дигар бибуррад ба як ҳафта роҳ, 
Ба ҳаштум ба Рӯиндиж ояд сипоҳ. 


1 . Л - дар подшоҳӣ; И - бо подшоҳӣ. 

2. ИЛ - ҳам еша. 

3. Им - нек-пай. 

4. Л - шердил хусрав. 

5. М-хусрав. 


249 


1570 Пур аз шеру гург асту нараждаҳо, 

Ки аз чангашон кас наёбад раҳо. 

Фиреби зани ҷоду аз гургу шер 
Фузун асту з-он аждаҳои далер. 

Якеро зи дарё барорад ба моҳ, 

Якеро нагун андарорад ба чоҳ. 

Биёбону Сумургу сармои сахт, 

Ки чун бод хезад, бидаррад дарахт. 

В-аз он пас чу Рӯиндиж ояд падид, 
На диж дид аз он сон касе, на шунид. 

1575 Сари бора бартар зи абри сиёҳ, 

Бад-ӯ - дар фаровон силеҳу сипоҳ. 

Ба гирд-андараш обу рӯди равон, 

Ки аз диданаш тоза гардад равон. 

Ба киштӣ бар ӯ бугзарад шаҳрёр, 

Чу ояд ба ҳомун зи баҳри шикор. 

Ба сад сол агар монад андар ҳисор, 
Зи ҳомун наёяд-ш* 1 чизе ба кор. 

Ҳам андар дижаш киштманду гиё, 
Дарахти барӯманд, ҳам осиё». 

1580 Чу Исфандёр ин суханҳо шунид, 
Замоне бупечиду дам даркашид. 

Бад-ӯ гуфт: «Моро ҷуз ин роҳ нест, 
Ба гетӣ беҳ аз роҳи кӯтоҳ нест». 

Чунин посух овард пас Гургсор, 

Ки «Бар ҳафт хон ҳаргиз, эй шаҳрёр, 


1. М-набоядш. 


250 


Ба зуру ба озор нагзашт кас, 

Магар к-аз тани хештан кард бас». 

Бад-ӯ номвар гуфт: «Агар бо манӣ, 
Бубинӣ дилу зӯри оҳарманӣ. 

1585 Ба пешам чӣ ояд, чӣ гӯӣ, - нахуст, 
Ки бояд зи пайкори ӯ роҳ ҷуст?» 

Чунин дод посух варо Гургсор, 

Ки «Эй номвар марди нобокдор, 

Нахустин ба пеши ту ояд ду гург, 
Нару мода ҳар як чу пили сутург. 

Ба сони гавазнон ба сар бар суру 1 , 
Ҳаме разми шерон кунанд орзу. 2 

Ду дандон ба кирдори пили жаён, 
Бару ёл фарбеҳу лоғар миён». 

1590 Бифармуд, то ҳамчунонаш ба банд 
Ба хиргоҳ бурданд зору нажанд. 

Биёрост хуррам яке боргоҳ, 

Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ. 3 

Чу хуршед бинмуд тоҷ аз фароз, 
Ҳаво бар замин низ букшод роз, 

Зи даргоҳ бархост овои кӯс, 

Замин оҳанин шуд, сипеҳр обнӯс. 

Сӯи Ҳафтхон рӯ ба Турон ниҳод, 
Ҳаме рафт бо лашкар ободу шод. 


1 . И - сурӯй. 

2. И - орзӯй. 

3. И - б. 1591 нест. 


251 




1595 Чу аз роҳи наздик* 1 манзил расид, 

Зи лашкар ҷаҳондидае 2 баргузид. 

Башутан яке марди бедор буд, 
Сипаҳро зи душман нигаҳдор буд. 

Бад-ӯ гуфт: «Лашкар ба оин бидор, 
Ҳаме печам аз гуфтаи Гургсор. 

Манам пешрав, гар ба ман бад расад, 
Бад-ин кеҳтарон* 3 бад наёяд, сазад». 

Биёмад, бипӯшид хафтони ҷанг, 
Кашиданд бар аспи* 4 шабранг танг. 5 

Сипаҳбад чу омад ба наздики гург, 
Бияфшурд рон ҳамчу пили сутург. 

1600 Бидиданд гургон бару ёли ӯй, 

Миёни ялӣ чангу кӯполи ӯй, 

Зи ҳомун сӯи ӯ ниҳоданд рӯй 
Ду пили дижогоҳу ду ҷангҷӯй. 

Камонро ба зеҳ кард марди далер, 
Биғуррид бар сони дарранда* 6 шер. 

Ба оҳарманон тирборон гирифт, 

Ба тундӣ камини саворон гирифт. 

1605 Зи пайкони пӯлод гаштанд суст, 
Наёмад яке пеши ӯ тандуруст. 

Нигаҳ кард равшандил Исфандёр, 
Бидид он ки з-ӯ суст гаштанду зор. 


- рафтан ба. 

- яке номвар. 

- дигарон. 

- бубастанд бар пушти. 

5. ТПЗ - Сипаҳбад бар асп андаровард пой, 

Ту гуфтӣ, ки гардун баромад зи ҷой. 

6. М - ғурранда. 


252 


Яке теғи заҳробгун баркашид, 
Инонро гарон карду сар даркашид, 

Сароншон ба шамшер баркард 1 чок, 
Гил ангехт аз хуни эшон зи хок. 

Фуруд омад аз номвар борагӣ, 

Ба Яздон-ш бинмуд бечорагӣ. 

1610 Силеҳу тан аз хуни эшон бишуст, 

Бар он хок-бар покҷое биҷуст, 

Бар он рег сар 2 сӯи хуршед кард, 
Диле пур зи дарду рухе 3 пур зи гард. 

Ҳаме гуфт, к-«Эй довари додгар, 

Ту додӣ маро зӯру фарру 4 ҳунар. 

Ту кардӣ дадонро бад-ин хок ҷой 5 , 

Ту бошӣ ба ҳар некие раҳнамой». 6 

Чу омад сипоҳу Башутан фароз, 
Бидиданд ялро ба ҷои намоз. 

1615 Бимонданд аз он кор гурдон шигифт, 
Сипаҳ яксар андеша андаргирифт, 

Ки ин гург хонем ё пили маст, 

Ки ҷовид бод ин дилу теғу даст. 

Абе ӯ, ки авранги шоҳӣ мабод, 
Бузургиву базму сипоҳӣ мабод! 

Бирафтанд гурдони фархундарой, 
Бари ӯ кашиданд пардасарой. 


1 . ИЛ - Саросар ба шамшерашон кард. 

2. Л - Пур аз ранг рух. 

3. И - саре. 

4. Л - ҳушу. 

5. И - Тани Гургро чок-чок. 

6. И - некӣ Яздони пок. 


253 


Яке хони заррин биёростанд, 

Хуришҳо бихӯрданду май хостанд. 

ХОНИ ДУВУМ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР 
ШЕРОНРО 

1620 Ғам омад ҳаме баҳраи Гургсор 
Зи гургони ҷангиву Исфандёр. 1 

Бифармуд то бастаро пеши ӯй 
Бибурданд ларзону пур об рӯй. 

Се ҷоми маяш доду пурсиш гирифт, 

Ки «Акнун чӣ гӯӣ, чӣ бинам шигифт?» 

Чунин гуфт бо номвар Гургсор, 

Ки «Эй тоҷвар, шердил шаҳрёр, 

Дигар манзилат шер ояд ба ҷанг, 

Ки бо ҷанги ӯ барнатобад наҳанг. 

1625 Уқоби диловар бар он роҳи шер 
Напаррад, агарчанд бошад далер». 

Бихандид равшандил Исфандёр, 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй турки носозгор, 2 

Бубинӣ, ки фардо або наррашер 
Чӣ гӯяд ба шамшер марди * 3 далер». 

Чу торик шуд шаб бифармуд шоҳ, 

Аз он ҷойгаҳ баргирифтанд роҳ, 

Шаби тира лашкар ҳаме ронд тез 4 
Ду дида пур аз хуну дил пурситез. 5 


1. И -б. 1620 нест. 

2. И - б. 1626 нест. 

3. М - Чигуна шавам ман ба ҷангаш. 

4. ИМ - ҳаме ронданд. 

5. ИМ - Бар ӯ - бар ҳаме офарин хонданд. 


254 




1630 Чу хуршед аз он чодари лоҷвард 
Баромад, бипӯшид 1 дебои зард. 


Сипаҳбад ба ҷои далерон расид, 

Ба ҳомун ба пархоши шерон расид. 

Башутан бифармуд, к-омад ба пеш, 
В-аро пандҳо дод аз андоза беш. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Ин лашкари сарфароз 
Супурдам туро, ман шудам размсоз. 

Биёмад, чу бо шер наздик шуд, 

Ҷаҳон бар дили шер торик шуд. 

Яке нарра буду дигар модашер, 
Бирафтанд пархошҷӯю далер. 

Чу нар андаромад, яке теғ зад, 

Бишуд ранги рӯяш 2 чу ранги бусад. 

Зи сар то миёнаш ба ду ним гашт,* 3 
Дили шери мода пур аз бим гашт.* 4 

Чу ҷуфташ барошуфту омад 5 фароз, 
Яке теғ зад бар сараш сарфароз.* 6 

Ба рег-андар афтод ғалтон сараш, 

Зи хун лаъл шуд дасту рангин бараш. 

1640 Ба об андаромад, сару тан бишуст, 
Нигаҳдор ҷуз покяздон наҷуст. 

Чунин гуфт, к-«Эй довари додпок, 

Ба дастам бадонро ту кардӣ ҳалок. 


- Яке манзаре кард. 

- теғаш. 

- кард. 

- кард. 

- Барошуфту омад бари ӯ. 

- Сарфароз. 


255 


Ҳам андар замон лашкар он ҷо расид, 
Башутан бару ёли шерон бидид. 

Бар Исфандёр офарин ҳар касе' 
Бихонданд аз андоза афзун басе. 1 2 

В-аз он пас биёмад яли раҳнамой 
Ба наздики хиргоҳу пардасарой. 

1645 Ниҳоданд хону хуришҳои нағз 
Ба назди шаҳаншоҳи покизамағз. 

ХОНИ СЕВУМ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР 
АЖДАҲОРО 

Бифармуд, то пеши ӯ Гургсор 
Биёмад бадандешу бадрӯзгор. 

Се ҷоми маи лаълфомаш бидод, 

Чу Аҳриман аз ҷоми май гашт шод, 

Бад-ӯ гуфт к-«Эй марди бадбахту хор, 
Зи дидори 3 фардо чӣ дорӣ, биёр»? 4 

1650 Чу оташ ба пайкор биштофтӣ, 

Чунин бар балоҳо гузар ёфтӣ. 

Надонӣ, ки фардо чӣ ояд-т пеш, 
Бубахшой бар бахти бедори хеш. 

В-аз эдар чу фардо ба манзил расӣ, 

Яке кор пеш аст аз ин як басе. 

Яке аждаҳо пешат ояд дижам, 

Ки моҳӣ барорад зи дарё ба дам. 


1. И-Хонданд. 

2. И - Варо паҳлавони замин хонданд. 

3. Ил - Чӣ донӣ зи. 

4. Л - пас аз б. 1648 ин б. омада: 

Чӣ ояд, чӣ гӯӣ ба фардо барам, 

Бар ин роҳи душвор чун бугзарам? 


256 


Ҳаме оташ афрузад аз коми уй, 

Яке кӯҳи хорост андоми ӯй, 

1655 Аз ин роҳ агар бозгардӣ, равост, 

Равонам бар ин панди ман-бар гувост. 

Дареғат наёяд ҳаме хештан, 

Сипоҳе шуда з-ин нн ттт он анҷуман». 1 

Чунин дод посух, ки «Эй баднишон, 
Ба бандат ҳаме бурд хоҳам кашон. 

Бубинӣ чунин тезчанг аждаҳо 
Зи шамшери тезам наёбад раҳо. 

Бифармуд, то дургарон оваранд, 
Сарафроз чӯби гарон оваранд. 

1 660 Яке нағз гардуни чӯбин бисохт, 

Ба гирдаш - дарун теғҳо дарнишохт. 

Ба сар - бар яке кард сандуқи нағз, 
Биёрост он дургари покмағз. 

Ба сандуқ - дар 2 марди дайҳимҷӯй 
Ду аспи гаронмоя баст андар ӯй. 

Нишаст озмунро ба сандуқ шоҳ, 
Замоне ҳаме ронд аспон ба роҳ. 

Зиреҳдор бо ханҷари кобулӣ, 

Ба сар барниҳода кулоҳи ялӣ. 

1665 Чу шуд ҷанги* 3 он аждаҳо сохта 
Ҷаҳонҷӯй аз он ранҷ пардохта, 


1. И - б. 1656 нест: 

Л - Сипаҳро ҳаме кард хоҳӣ ҳалок, 
Надорӣ ҳаме бар тани хеш бок. 

2. Л - шуд. 

3. М-кори. 


257 




Ҷаҳон гашт чун руи занги сиёҳ, 

Зи бурҷи ҳамал тоҷ бинмуд моҳ. 

Нишаст аз бари шӯлак Исфандёр, 
Бирафт аз пасаш лашкари номдор. 

Дигар рӯз чун гашт равшан ҷаҳон, 
Дурафши шаби тира шуд дар ниҳон, 1 

Бипӯшид ҷавшан* 2 ҷаҳондори гурд, 
Сипаҳро ба фаррух Башутан супурд. 

1670 Биёвад гардуну сандуқ шер, 

Нишаст андар ӯ шаҳрёри далер. 

Ду аспи гаронмоя баст андар ӯй, 

Сӯи аждаҳо тез бинҳод рӯй. 3 

Зи дур аждаҳо бонги гардун шунид, 
Хиромидани аспи ҷангӣ бидид, 

Зи ҷой андаромад чу кӯҳи сиёҳ, 

Ту гуфтӣ, ки торик шуд меҳру 4 * 5 моҳ. 

Ду чашмаш чу ду чашма тобон зи хун, 
Ҳаме оташ омад зи комаш бурун. 

1675 Даҳан боз карда чу ғори сиёҳ, 

Ҳаме кард ғуррон бад-ӯ - дар нигоҳ. 

Чу Исфандёр он шигифтӣ бидид, 

Ба Яздон паноҳиду дам даркашид. 6 


1. И -б. 1666 - 1668 нест, Л - б. 1668 нест. 
ТПИЛМ - Башутан биёмад бари номҷӯй 
Ҳаме бо бузургону хешони ӯй. 

- хафтан. 

- б. 1671 нест. 

П - чарху. 

-хуру 

- б. 1676 нест. 


258 


Ҳаме ҷуст асп аз газандаш раҳо, 

Ба дам даркашид аспро аждаҳо. 

Фурӯ бурд гардуну аспон ба ҳам, 

Ба сандуқ - дар гашта ҷангӣ дижам 

Ба комаш чу он теғҳо дарбимонд, 
Чу дарёи хун аз даҳан барфишонд. 

1680 На берун тавонист кардан зи ком, 
Чу шамшер буд теғу комаш ниём. 

Зи гардуну аз теғҳо шуд ғамӣ, 

Ба зӯр андаромад-ш лахте камӣ. 

Баромад зи сандуқ гурди* 1 далер, 
Яке тез шамшер дар чанги шер. 

Ба шамшер мағзаш ҳаме кард чок, 
Ҳаме дуду заҳраш баромад зи хок. 

Аз он дуду он заҳр мадҳуш гашт, 
Чу кӯҳе бияфтоду беҳуш гашт. 

1685 Башутан биёмад ҳам андар замон 
Паси пушти ӯ бо сипоҳи гарон. 

Битарсид, к-ӯро бад омад ба рӯй, 
Дилаш гашт пурхуну пуроб рӯй. 

Сипоҳаш ҳама нола бардоштанд, 
Пиёда шуданд, асп бугзоштанд. 

Башутан биёмад ҳам андар шитоб, 
Ҳаме рехт бар торакаш - бар гулоб. 

Ҷаҳонҷӯй чун чашмро боз кард, 

Ба гурдони гарданкаш овоз кард, 


1 . М - марди. 


259 


^22 


1690 Ки «Беҳуш гаштам ман аз дуди заҳр, 

Зи захмаш наёмад маро ҳеч баҳр. 

Аз он хок бархост, шуд сӯи об 
Чу масте ки бедор* 1 гардад зи хоб. 

Зи ганҷури худ ҷомаи нав биҷуст 
Ба об андаромад, сару тан бишуст. 

Биёмад ба пеши худованди пок, 

Ҳаме гашт* 2 печону гирён ба хок. 

Ҳаме гуфт, к-ин аждаҳоро кӣ кушт, 
Магар он ки будаш ҷаҳондор пушт. 

1695 Сипоҳаш ҳаме хонданд офарин 
Ҳама пеши додор сар бар замин. 3 

Аз он кор пурдард шуд Гургсор, 

Куҷо зинда шуд мурда Исфандёр. 

ХОНИ ЧАҲОРУМ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР 
ЗАНИ ҶОДУРО 

Саропарда зад бар лаби об шоҳ, 

Ҳама хайма зад гирдаш - андар сипоҳ. 

Май овард бар хону майхора хост, 

Ба ёди ҷаҳондор бар пой хост. 

Бифармуд, то дар замон 4 Гургсор 
Биёмад навон пеши Исфандёр. 

1700 Маи хусравонӣ се ҷомаш бидод, 
Бихандиду з-он аждаҳо кард ёд. 


- марде ки беҳуш. 

- Ҳаме буд. 

- пас аз б. 1695 ин б омада: 

Ниҳаданду гуфтанд, к-эй шаҳрёр, 
Туӣ поку беайбу пирӯзгор. 

4. ИЛМ - доғдил. 


260 


Бад-у гуфт, к-«Эй мардуми бебаҳо, 
Бубин он дамоҳанҷ нараждаҳо. 

Аз ин пас ба манзил чӣ пеш оядам, 
Куҷо ранҷу тимор беш оядам?» 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй шоҳи пирӯзгар, 
Ҳаме ёбӣ аз ахтари нек бар. 

Чу фардо ту дар манзил оӣ фуруд, 
Ба пешат зани ҷоду орад дуруд. 

1 705 Ки дидаст аз ин пеш лашкар басе, 
Накардаст печон равон аз касе. 

Чу хоҳад, биёбон чу дарё кунад, 

Зи болои хуршед паҳно кунад. 

Варо ғӯл хонанд, шоҳо, ба ном, 

Ба рӯзи ҷавонӣ машав пеши дом. 

Ба пирӯзӣ аз аждаҳо бозгард, 
Набояд, ки ном андарорӣ ба гард». 

Ҷаҳонҷӯй гуфт: «Эй бади шӯхрӯй, 
Зи ман ҳар чӣ бинӣ ту, фардо бигӯй. 

1710 Ки ман бо зани ҷоду он бад 1 кунам, 
Ки пушту дили ҷодувон бишканам 2 . 

Ба пирӯзии додгар як Худой 
Сари ҷодувон андарорам ба пой». 

Чу пероҳани зард пӯшид рӯз, 

Сӯи бохтар гашт гетифурӯз, 

Сипаҳ баргирифту буна барниҳод, 
Зи Яздони некидиҳиш кард ёд. 


1 . Л - ҷодувон он. 

2. И-б. 1708- 1710 нест. 


261 




Шаби тира лашкар ҳаме ронд шоҳ, 

Чу хуршед бифрошт заррин кулоҳ, 

1715 Чу ёқут шуд рӯи бурҷи бара, 

Бихандид рӯи замин яксара. 

Сипаҳро ҳама бо Башутан супурд, 

Яке ҷоми заррин пур аз май бибурд 1 . 

Яке пурбаҳо низ* 2 танбур хост, 

Ҳаме разм пеш омадаш, сур хост. 

Яке бешае дид ҳамчун биҳишт, 

Ки гуфтӣ сипеҳр андар ӯ лола кишт. 

Надид аз дарахт андар ӯ офтоб, 

Ба ҳар ҷой ҷӯи равон* 3 чун гулоб. 

1720 Фуруд омад аз борагӣ, чун сазид, 

Зи беша лаби чашмае баргузид 4 . 

Яке ҷоми заррин ба каф барниҳод 
Дар он дам, ки аз май дилаш гашт шод, 

Ҳамон гоҳ танбур дар бар гирифт, 
Сароидан аз коми дил даргирифт. 

Ҳаме гуфт бо худ ял Исфандёр, 

Ки ҳаргиз набинам маю майгусор. 

Набинам ҷуз аз шеру нараждаҳо, 

Зи чанги балоҳо наёбам раҳо 5 . 

1725 Наёбам ҳаме з-ин ҷаҳон баҳрае 
Ба дидори фаррух паричеҳрае. 


-б. 1715, 1716 нест. 

- сохта нағз. 

- ҷойгаҳ чашмае. 

- Сари чашмаобе гузид. 
-б. 1723, 1 724 нест. 


262 


Биёбам зи Яздон ҳаме коми дил 
Маро гар диҳад чеҳраи дилгусил. 

Зани ҷоду овози Исфандёр 
Чу бишнид, чун гул шуд андар баҳор. 

Чунин гуфт, к-омад ҳизабре ба дом 
Або ҷомаву руду пуркарда ҷом. 

Пурожанг рӯю бадоину зишт 
Бад-он тирагӣ ҷодуиҳо навишт. 

1730 Ба сони яке турк шуд хубрӯй 
Чу дебои чинӣ руху мушкбӯй. 

Ба болой сарву чу хуршед рӯй 
Фурӯ ҳишта аз мушк то пой мӯй. 

Биёмад ба наздики Исфандёр 
Ду рух чун гулистону гул дар канор 1 . 

Ҷаҳонҷӯй чун рӯи ӯро бидид, 

Суруду маю руд бартар кашид. 

Чунин гуфт, к-«Эй додгар як Худой, 
Ба кӯҳу биёбон туӣ раҳнамой. 

1735 Биҷустам ҳам акнун паричеҳрае, 

Ба тан шӯҳрае з-ӯ маро баҳрае. 

Бидод офаринанда додори дод, 

Дилу ҷони покам парастанда бод. 

Яке ҷоми пурбодаи мушкбӯй 
Бад-ӯ дод, то лаългун кард рӯй. 

Яке нағз пӯлод занҷир дошт, 

Ниҳон карда аз ҷоду ожир дошт. 


1 . Л - Нишаст аз бари сабзаву ҷуйбор. 


263 


Ба бозуш-бар баста буд Зардуҳишт, 

Ба Гуштосп оварда буд аз биҳишт. 

1740 Бияндохт занҷир дар гарданаш 

Бад-он сон, ки нерӯ набурд аз танаш 

Зани ҷоду аз хештан шер кард, 
Ҷаҳонҷӯй оҳанги шамшер кард. 

Бад-ӯ гуфт: «Бар ман наёрӣ газанд, 
Агар оҳанин кӯҳ гардӣ баланд. 

Биёрой аз он сон, ки ҳаст он 1 рухат 
Ба шамшер бошад 2 кунун посухат. 

Ба занҷир шуд ганда пири табоҳ, 

Сару мӯи чун барфу рӯи сиёҳ. 

1745 Яке тез ханҷар бизад бар сараш, 

Ба хок андаромад сару пайкараш.* 3 

Чу ҷоду бимурд, осмон тира гашт, 
Бад-он сон, ки чашм андар ӯ хира гашт. 

Яке боду абре баромад сиёҳ, 

Бипӯшид дидори хуршеду моҳ. 

Ба боло баромад ҷаҳонҷӯй мард, 

Чу раъди хурӯшон яке вайла кард. 

Башутан биёмад сабук бо сипоҳ, 

Чунин гуфт, к-«Эй номбардор шоҳ, 

1750 На бо захми ту пой дорад наҳанг, 

На ҷоду, на шеру на гургу паланг. 

Бимонӣ бар ин ҳамнишон сарфароз, 
Ҷаҳонро ба меҳри ту бодо ниёз». 


1. ИЛМ-ҳастӣ. 

2. Л - Ки шамшер ёбӣ. 

3. М - Мабодо, ки бинӣ ту сар ё бараш. 


264 


Яке оташ аз тораки Гургсор 
Баромад зи пайкори Йсфандёр. 

ХОНИ ПАНҶУМ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР 
СИМУРҒРО 

Ҷаҳонҷӯй пеши ҷаҳонофарин 
Бимолид чанде рух андар замин. 

Бад-он беша андар саропарда зад, 
Ниҳоданд хонро 1 , чунон чун сазад. 

1755 Ба дижхим фармуд Исфандёр, 

Ки «Бо банд бадбахтро эдар ор!» 

Бибурданд ӯро бари шаҳрёр, 

Чу дидори ӯ дид Исфандёр, 

Се ҷоми маи хусравонӣ бидод, 

Чу шуд Гургсор аз маи лаъл шод, 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй турки баргаштабахт, 
Сари пири ҷоду бубин бар дарахт, 

Ки гуфтӣ, ки ҳомун чу 2 дарё кунад 3 , 

Сари хешро 4 бар сурайё кунад. 

1760 Дигар манзил акнун чӣ бинам шигифт, 
К-аз ин ҷоду андоза бояд гирифт». 

Чунин дод посух варо Гургсор, 

Ки «Эй пили ҷангӣ гаҳи корзор, 

Бад-ин манзилат кор душвортар, 
Гирояндатар бошу бедортар. 


1. ИМ-хоне. 

2. ИЛ - лашкар ба. 

3. ИЛ - барад. 

4. Л - хештан. 


265 


Яке куҳ бини сар андар ҳаво, 

Бар ӯ-бар яке мурғ фармонраво. 

Ки Симурғ хонад варо корҷӯй, 

Чу паррандакӯҳест пайкорҷӯй. 

1765 Агар пил бинад, барорад ба чанг 1 
Зи 2 дарё наҳангу ба хушкӣ паланг 3 . 

Набинад зи бардоштан ҳеч ранҷ, 

Мар* 4 ӯро чу гургу чу ҷоду масанҷ. 

Ду баччаст бо ӯ ба болои ӯй 
Ҳамон рой пайваста бо рои ӯй. 

Чу ӯ дар ҳаво рафт, густурд пар, 
Надорад замин тӯшу хуршед фар. 

Агар бозгардӣ, бувӣ судманд, 

Наёзӣ ба Симурғу кӯҳи баланд». 

1770 Таҳамтан 5 бихандиду гуфт: «Эй шигифт, 
Ба пайкон бидӯзам мар ӯро ду кифт. 

Бибуррам ба шамшери ҳиндӣ бараш, 

Ба хок андарорам зи боло сараш». 

Чу хуршеди тобанда бинмуд пушт, 

Дили ховар аз пушти ӯ шуд дурушт, 

Сари ҷангҷӯён сипаҳ баргирифт, 
Суханҳои Симурғ дар сар гирифт 6 . 

Ҳама шаб ҳаме ронд худ бо гурӯҳ, 

Чу хуршеди тобон баромад зи кӯҳ. 


1. ИЛ-абр. 

2. Л-Ба. 

3. ИЛ-Ҳизабр. 

4. М-Туро. 

5. Л - сипаҳбад. 

6. Л-б. 1771, 1773 нест. 


266 


1775 Чароғи замона замин 1 тоза кард, 2 
Дару дашт бар дигар андоза кард 3 . 

Сипаҳро ба солори лашкар супурд, 
Ҳамон аспу сандуқу гардун бибурд. 

Ҳаме рафт чун бод фармонраво, 

Яке кӯҳро дид сар дар ҳаво. 

Бад-он соя-дар аспу гардун бидошт, 
Равонро ба андеша - андар гумошт 4 . 

Чу Симурғ аз кӯҳ сандуқ дид, 

Пасаш лашкару нолаи бӯқ дид, 

1780 Зи кӯҳ андаромад чу абри сиёҳ, 

На хуршед пайдо, на тобанда моҳ. 

Бад-он буд, ки гардун бигирад ба чанг 
Бар он сон, ки нахчир гирад паланг. 

Бад-он теғҳо зад ду болу 5 ду пар 
Намонд эч Симурғро зӯру фар. 

Ба чангу ба минқор чанде тапид, 

Чу неру бишуд, з-он сипас* 6 орамид. 

Чу диданд Симурғро баччагон 
Хурӯшону хун аз ду дида чакон, 

1785 Чунон барпариданд аз он ҷойгоҳ, 

Ки аз сояшон дида гум кард роҳ. 

Чу Симурғ аз он захмҳо гашт суст, 

Ба хун аспу сандуқу гардун бишуст. 


1 . Л - фурӯғи замину замон. 

2. Л - гашт. 

3. Л - гашт. 

4. ТПЗЛМ - Ҳаме офарин хонд бар як Худой, 

Ки гетӣ ба фармони ӯ шуд ба пой. 

5. ИЛ - пову. 

6. М - тани андаромад фурӯ. 


267 


Зи сандуқ берун шуд Исфандёр, 
Буғуррнд бо олати корзор 1 . 

Ҳаме зад бар ӯ теғ, то пора гашт 2 
Чунон чорагар мурғ бечора гашт 3 . 

Ба пеши ҷаҳонофарин додхоҳ, 

Ки додаш ба ҳар неку бад дастгоҳ, 

1790 Чунин гуфт, к-«Эй довар додгар, 

Ту додӣ маро зӯру ҳушу 4 * 5 ҳунар. 

Ту бурдӣ тани ҷодувонро зи ҷой, 

Ту будӣ ба ҳар* 6 некиям 7 раҳнамой». 

Ҳамон гаҳ хурӯш омад аз каррной, 
Башутан биёвард лашкар зи ҷой 8 . 

Аз он мурғ 9 кас рӯи ҳомун надид, 
Ҷуз андому чанголи пурхун надид. 

Замин кӯҳ то кӯҳ ҷуз хун набуд, 

Зи парраш ту гӯӣ, ки ҳомун набуд. 

1795 Бидиданд пурхун тани шоҳро, 

Куҷо хира кардӣ рухи моҳро. 


1. ТПЗИЛМ - Зиреҳдор* шамшери** ҳинди ба чанг, 

Чӣ зӯр оварад мурғ неши наҳанг. 

* И - зирехдору; ** Л - зиреҳ дар бару теғи. 

2. Л - шуд. 

3. Л - шуд. 

4. И - Худованди покиву фарру. 

5. М - Худованди покиву зӯру. 

6. М - бад-ин. 

7. И - бад-ин некӯӣ. 

8. ТПЗИЛМ- Силеҳу бародар, сипоҳу писар 

Бузургони Эрон батоҷу камар. 

Л - пас аз ин б. б. зер омада: 

Ба наздики Исфандёр омаданд, 

Ҳама меҳтарон бо нисор омаданд. 

9. Л - кушта. 


268 


Бар у 1 офарин кард яксар 2 сарон, 
Саворони ҷангиву кундоварон 3 . 

Шунид ин сухан дар замон Гургсор, 
Ки пирӯз шуд номвар шаҳрёр, 

Танаш гашт ларзону рухсора зард, 
Ҳаме рафт гирёну дил пур зи дард 4 . 

Саропарда зад шаҳрёри ҷаҳон* 5 
Ба гирдаш далерони равшанравон. 

1800 Заминро ба дебо биёростанд, 

Нишастанд бар хону май хостанд. 

ХОНИ ШАШУМ - ГУЗАШТАНИ 
ИСФАНДЁР АЗ БАРФ 

В-аз он пас бифармуд то Гургсор 
Биёмад бари номвар шаҳрёр. 

Бидодаш дамодам се ҷоми набид, 
Рухаш шуд ба сони гули шанбалид. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй бадтани бадниҳон, 6 
Нигаҳ кун бад-ин кори гардон 7 ҷаҳон. 

На Симурғ пайдо, на шеру на гург, 

На он тезчанг аждаҳои сутург» 8 . 


1 . Л - Басе; И - Ҳаме. 

2. ИЛ - хондандаш. 

3. ТПЗЛ - Ки ҷовид бодо ҷаҳонпахдавон, 

Хирадманду бедору равшанравон. 

4. Л-пас аз б. 1798 ин б. омада: 

Ғамӣ гашту он кораш омад шигифт, 

Зи пайкораш андозаҳо баргирифт. 

5. М - ҷавон. 

6. Л - бадгумон. 

7. Л - коркарди. 

8. И - б. 1804 нест. 

ТПЗЛМ - Ба манзил, ки ангезад ин бор шӯр, 
Бувад обу ҷои гиёи* сутур? 

* Л - чашмаи обу ҷой. 


269 




1805 Ба овоз гуфт он замон Гургсор, 

Ки «Эй номвар, фаррух Исфандёр. 

Туро ёр буд Эзад, эй некбахт, 

Ба бор омад он хусравонӣ дарахт. 

Яке кор пеш аст фардо, ки мард 
Наандешад аз рӯзгори набард. 

На гурзу камон ёдат ояд, на теғ, 
Набинӣ дари ҷангу роҳи гуреғ. 

Ба болои як найза барф оядат, 

Ба рух рӯзгори шигарф оядат. 

1810 Бимонӣ ту бо лашкари номдор 

Ба барф - андар, эй фаррух Исфандёр. 

Агар боз гардӣ набошад шигифт, 

Зи гуфтори ман кин набояд 1 гирифт. 

Ҳаме вижа дар хуни лашкар шавӣ, 

Ту пайдорӣ* 2 аз роҳи дигар шавӣ. 3 

Маро ин дуруст аст, к-аз боди сахт 
Бидаррад замину бибуррад дарахт. 4 * 5 

В-аз он пас, ки андар биёбон расӣ, 
Яке манзил ояд ба фарсанг сӣ. 

1815 Ҳама рег тафт аст бо хоку шах, 

Бар ӯ нагзарад мурғу мӯру малах. 

Набинӣ ба ҷое яке қатра об, 

Заминаш ҳаме чӯшад аз офтоб. 


- бахти худ андоза бояд. 

- пиндорӣ. 

- Ба тундиву бадроиву бадхувӣ. 

-б. 1812- 1813 нест. 

- Бирезанд мардум чу бор аз дарахт. 


270 


На бар хоки у шер ёбад гузар, 

На андар ҳаво каргаси тезпар. 

На бар шахху регаш бирӯяд гиё, 
Заминаш равонрег чун тӯтиё. 

Биронӣ бар ин гуна фарсанг чил, 

На бо мард чону 1 на бо асп 2 дил. 

1 820 В-аз он ҷо ба Рӯиндиж ояд сипоҳ, 
Бубинӣ яке моявар ҷойгоҳ. 

Заминаш ба коми ниёз-андар аст, 
Сари бора бо хур ба роз-андар аст. 

Зи берун нахоҳад хуриш чорпой, 

Зи лашкар намонад саворе ба ҷой. 

Аз Эрону Турон агар сад ҳазор, 
Биёянд гурдони ханҷаргузор 3 , 

Нишинанд сад сол гирд - андараш, 
Ҳаме тирборон кунанд аз бараш, 

1825 Фузунӣ 4 ҳамон асту камтар ҳамон, 
Чу ҳалқаст бар дар бади бадгумон». 

Чу эрониён гуфтани Гургсор 
Шуниданд, гаштанд бо дард ёр. 

Бигуфтанд, к-«Эй шоҳи озодмард, 
Ба гирди бало, то тавонӣ, магард. 

Агар Гургсор ин суханҳо, ки гуфт 
Чунин аст, 5 ин ҳам 6 намонад нуҳуфт. 


1. Л-тобу. 

2. Л - мард. 

3. И - б. 1823 нест. 

4. ИЛМ - фаровон. 

5. ИЛ - Чунин асту. 

6. Л - худ. 


271 


2^2 


Бад-ин ҷойгаҳ маргро омадем, 

На фарсудани таргро омадем. 

1830 Чунин роҳи душвор бугзоштӣ, 

Балои даду дом бардоштӣ, 

Кас аз номдорону шоҳони гурд 
Чунин ранҷҳо барнаёрад шумурд, 

Ки пеши ту омад бад-ин Ҳафтхон, 
Бар ин - бар ҷаҳонофаринро бихон. 

Чу пирӯзгар бозгардӣ зи роҳ, 

Ба дил шоду хуррам шавӣ назди шоҳ, 

Ба роҳи дигар гар шавӣ кинасоз, 
Ҳама шаҳри Турон 1 барандат намоз. 

1835 Бад-ин* 2 сон, ки гӯяд ҳаме Гургсор, 
Тани хешро хормоя мадор. 

Ба хуни яке лашкар андармашав, 

Ки чархи куҳан бозӣ орад ба нав 3 . 

Аз он пас, ки гаштем пирӯзу шод, 
Набояд сари хеш додан ба бод». 

Чу бишнид гуфтори эшон ҷавон, 
Сипаҳро бигуфт он яли паҳлавон,* 4 

«Чӣ бояд маро тарс додан ҳаме, 

Дари тарс бар худ кушодан ҳаме? 5 * 6 


1. ИЛ-Эрон. 

- Аз ин. 

- б. 1836 нест. 

Чу бишнид Исфандёр ин сухан, 
Шуд он тоза рӯяш зи гурдон куҳан. 

5. И- Чунин посух овард пайкоргар, 

Ки эй пахдавонони боному фар. 

Л - б. 1841 нест. 

6. М - б. 1839 нест. 


272 


1840 Шумо, - гуфт, - аз Эрон ба панд омадед, 
На аз баҳри номи баланд омадед. 

Чу ин буд гуфторатон сар ба сар, 

Чӣ бастед бо ман дар ин раҳ камар, 

Ки аз гуфти ин турки шӯридабахт 
Ба ларза фитодед ҳамчун дарахт? 1 

Куҷо он ҳама хилъату панди шоҳ, 
Камарҳои заррину тахту кулоҳ? 

Куҷо он ҳама аҳду савганду банд 
Ба Яздону бо ахтари судманд, 

1 845 Ки акнун чунин суст шуд поятон, 

Ба як раҳ пароканда шуд роятон? 

Шумо боз гардед пирӯзу шод, 

Маро кор ҷуз размҷустан мабод 2 . 

Ҷаҳондори пирӯз ёри ман аст, 

Сари ахтар андар канори ман аст. 

Ба мардӣ наёяд касе ҳамраҳам, 

Агар ҷон ситонам в-агар ҷон диҳам. 

Ба душман намоям ҳунар, ҳар чи ҳаст 
Зи мардиву пирӯзиву зӯри даст. 

1850 Биёбед ҳам бегумон огаҳӣ 

Аз ин номвар фарри шоҳаншаҳӣ, 

Ки бо диж чӣ кардам ба мардиву зӯр 
Ба номи Худованди кайвону ҳур». 


1. ИМ-б. 1841, 1842 нест. 

2. Л - б. 1846 нест. 

ТПЗИЛМ - Ба гуфтори ин деви носозгор 

Чунин сустатон шуд дил аз корзор. 
Аз ин пас нахоҳам бар ин ёр кас 
Писар бо бародар маро ёр бас.* 

*Л - танҳо б. дувум мавҷуд аст. 


273 


Чу эрониён баркушоданд чашм, 
Бидиданд ча ттт ми 1 варо пур зи хашм, 

Бирафтанд пӯзишкунон пеши шоҳ, 

Ки «Гар шоҳ бинад, бубахшад гуноҳ. 

Фидои ту бодо тану ҷони мо, 

Чунин 2 буд, то буд паймони мо! 

1855 Зи баҳри ту, эй* 3 шоҳ, ғамхораем, 

На аз кӯшишу ҷанг бечораем. 

Зи мо то бувад зинда як номдор, 
Напечем як тан сар аз корзор». 4 

Сипаҳбад чу бишнид аз эшон сухан, 
Бупечид аз гуфтаҳои куҳан. 

Ба эрониён офарин карду гуфт, 

Ки «Ҳаргиз намонад ҳунар 5 дар нуҳуфт. 

Гар эдун, ки гардем пирӯзгар, 

Зи ранҷи гузашта биёбем бар, 

1860 Нагардад фаромуш ба дил ранҷатон, 
Намонад тиҳӣ бегумон ганҷатон». 

Ҳаме роҳ зад, то ҷаҳон шуд хунук, 6 
Вазид аз сари кӯҳ боде тунук. 

Баромад зи даргоҳ шайпуру ной, 

Сипаҳ баргирифтанд яксар зи ҷой. 

Ба кирдори оташ ҳаме ронданд, 
Ҷаҳонофаринро ҳаме хонданд. 


1. ИЛ-чеҳри. 

2. ИЛМ - бар ин. 

3. М-тани. 

4. ТПЗ - Сари мо ба пеши ту афканда бод, 

Ҷаҳон амру рои туро банда бод. 

5. ИЛ - сухан. 

6. И -б. 1864 нест. 


274 


^22 


1 865 Зи хуршеди тобон ниҳон кард руй, 
Ҳаме рафт хур дар паси пушти ӯй, 

Ба манзил расид он сипоҳи гарон 
Ҳама гурздорону ҷавшанварон 1 * 2 

Баҳорӣ яке хушманиш рӯз буд, 
Дилафрӯзу ҳам гетиафрӯз буд. 

Саропардаву хайма фармуд кай, 
Биёрост хону биёвард май. 

Ҳам андар замон тундбоде зи кӯҳ 
Баромад, ки шуд номвар з-он сутӯҳ. 

1 870 Ҷаҳон яксара гашт чун парри зоғ, 
Надонист кас боз ҳомун зи роғ. 

Биборид аз он абри торик барф, 

Замин шуд пур аз барфу боди шигарф. 

Се рӯзу се шаб ҳам бад-он сон ба дашт 
Дами бод аз андоза андаргузашт. 

Саропардаву хаймаҳо гашт тар, 

Зи сармо касеро набуд* 3 пову пар 4 . 

Ҳаво пуд шуд, барф чун тор гашт. 
Сипаҳдор аз он чора бечор гашт. 

1875 Ба овоз пеши Башутан бигуфт, 

Ки «Ин кори мо гашт бо дард чуфт. 

Ба мардӣ шудам дар дами аждаҳо, 
Кунун зӯру мардӣ надорад баҳо. 


1 . ИЛ - найзаварон. 

- жупинварон. 

- Якеро на. 

-б. 1872 нест. 


275 




Ҳама пеши Яздон ниёиш кунед, 
Бихонеду ӯро ситоиш кунед, 

Магар, к-ин балоҳо зи мо бугзарад, 

К-аз ин пас касемон ба кас бишмарад».* 1 

Башутан биёмад ба пеши Худой, 

Ки ӯ буд бар некӯӣ 2 раҳнамой. 

1880 Сипаҳ яксара 3 даст бардоштанд, 

Ниёиш зи андоза бугзоштанд. 

Ҳамон гаҳ биёмад яке боди х(в)аш, 
Бибурд абру рӯи ҳаво гашт каш. 

Чу эрониёнро дил омад ба ҷой, 

Бибуданд дар пеши Яздон ба пой. 

Ҳамон ҷо бибуданд гурдон се рӯз, 
Чаҳорум чу бифрӯхт гетифурӯз, 

Сипаҳбад гаронмоягонро бихонд, 

Басе достонҳои некӯ биронд. 

1885 Чунин гуфт, к-«Ин ҷо* 4 бимонед бор, 
Мадоред ҷуз олати корзор. 

Ҳар он кас, ки ӯ ҳаст сарҳангфаш, 

Ки бошад варо моя сад боркаш, 

Ба панҷоҳ обу хуриш барниҳад, 

Дигар олати парвариш барниҳад. 

Фузунӣ ҳам эдар бимонед бор, 

Кушодаст бар мо дари кирдгор 5 . 


- Кас аз мо замин наспарад. 

- неку бад. 

- ҳам андар замон. 

- к-эдар. 

-б. 1888 нест. 


276 


Чу навмед гардад зи Яздон касе, 

Аз ӯ некбахтӣ наёяд басе. 

1 890 Ба нерӯи Яздон биёбем даст 

Бад-он бадкуниш мардуми бутпараст. 

Аз он диж якояк тавонгар шавед, 
Ҳама пок бо ганҷу афсар шавед». 

Чу хур чодари зард дар сар кашид, 
Бишуд Бохтар чун гули шанбалид. 

Буна барниҳоданд гурдон ҳама, 
Бирафтанд бо шаҳрёри рама. 

Чу бугзашт аз тира шаб як замон 
Хурӯши куланг омад аз осмон. 

1895 Барошуфт аз овозаш Исфандёр, 
Паёме фиристод зӣ Гургсор, 

Ки «Гуфтӣ бад-ин манзилат об нест, 
Ҳам ин ҷои оромишу хоб нест, 

Кунун з-осмон хост бонги куланг, 
Дили мо чаро кардӣ аз об танг?» 

Чунин дод посух, ки «Эдар сутур 
Наёбад магар чашмаи оби шӯр. 

Дигар чашмаи об ёбӣ чу заҳр, 

Аз он об мурғу дадонрост баҳр». 1 

1900 Сипаҳбад чунин гуфт, к-«Аз Гургсор 
Яке роҳбар сохтам кинадор.» 

Зи гуфтори ӯ тез лашкар биронд, 
Ҷаҳондори 2 некидиҳишро бихонд. 


1. И-б. 1898, 1899 нест. 

2. Л - худованди. 


277 


ХОНИ ҲАФТУМ - ГУЗАШТАНИ ИСФАНДЁР 
АЗ РӮД ВА КУШТАН ГУРГСОРРО 

Чу як пос аз тирашаб даргузашт, 1 
Хурӯши ҷалаб омад аз пеши дашт 2 . 

Бихандид бар борагӣ шоҳи нав, 

Зи қалби сипаҳ рафт то пешрав. 

Сипаҳдор чун пеш лашкар кашид, 

Яке жарфдарёи бебун бидид. 

1905 Ҳаюне ки буд андар он корвон, 

Куҷо пешрав доштӣ сорвон, 

Ҳаме пешрав ғарқа гашт андар об, 
Сипаҳбад бад-ӯ чанг зад дар шитоб, 

Гирифташ дар он, баркашидан зи гил 
Битарсид бадхоҳ турки Чигил. 

Бифармуд то Гургсори нажанд 
Шавад доғдил пеш бо пойбанд. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй Римани хоксор, 

Чӣ кажжӣ ба кор оваридӣ чу мор 3 ? 

1910 Нагуфтӣ, ки эдар наёбӣ ту об, 

Бисӯзад туро тоби тп и офтоб? 

Чаро кардӣ, эй бадтан аз об хок, 

Сипаҳро ҳама карда будӣ ҳалок?» 

Чунин дод посух, ки «Марги сипоҳ 
Маро рӯшноист чун ҳуру моҳ. 


1 . ЛМ - бугзашт аз тирашаб; И - з-он тирашаб. 

2. ИЛМ - Ба* пеш андаромад хурӯши ҷалаб. 

* И - зи. 

3. ИЛМ - Гирифтор бар* дасти Исфандёр. 

* И - дар. 


278 


Набинам' ҳаме аз ту ҷуз пойбанд 
Чӣ хоҳам туро ҷуз балову газанд?» 

Сипаҳбад бихандиду букшод чашм, 
Фурӯ монд аз он турку нанмуд хашм. 

1915 Бад-ӯ гуфт, к-«Эй камхирад Гургсор, 
Чу пирӯз гардам ман аз корзор, 

Ба рӯиндижат-бар сипаҳбад кунам, 
Мабодо, ки ҳаргиз ба ту бад кунам. 

Ҳама подшоҳӣ саросар турост, 

Чу бо ман кунӣ дар сухан рой рост. 

Наёзорам онро, ки фарзанди туст, 

На онро, ки ӯ низ* 1 2 пайванди туст». 

Чу бишнид гуфтори ӯ Гургсор, 
Пуруммед шуд ҷонаш аз шаҳрёр. 

1 920 Зи гуфтори ӯ монд андар шигифт, 
Заминро бибӯсиду пӯзиш гирифт 3 . 

Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Он чи гуфтӣ, гузашт, 
Зи гуфтори хомат нагашт об дашт. 

Гузаргоҳи ин оби дарё куҷост? 

Бибояд намудан ба мо роҳи рост». 

Бад-ӯ гуфт: «Бо оҳан аз обгир 
Наёбад гузар парру пайкони тир 4 . 


1. ЛМ - Чӣ бинам. 

2. М - аз буму. 

3. И -б. 1920 нест. 

4. Л - Намоӣ ба мо роҳи дарё кунун, 

Сазад, гар ба некӣ шавад раҳнамун. 
Чунин дод посух варо Гургсор, 

Ки эй номвар фаррух Исфандёр. 


279 


Чу пои ман аз банд берун куни, 

Бар ин оби дарё ту афсун кунӣ» 1 . 

1925 Таҳамтан 2 фурӯ монд андар шигифт, 
Бифармуд, то 3 банд аз ӯ баргирифт. 

Ба дарёи Об-андарун Гургсор 
Биёмад ҳаюне гирифта миҳор. 

Ба ҷое ки поёбро буд гузар, 

Равон гашту лашкар паси якдигар 4 . 

Сипаҳбад бифармуд то машки об 
Пур аз бод карданд ҳам дар шитоб. 

Бубастанд дар паҳлуи 5 борагӣ, 

Сипаҳ андаромад ба якборагӣ. 

1930 Биёмад 6 ба хушкӣ сипоҳу буна, 

Бишуд майсара рост бо маймана. 

Ба наздики Рӯиндиж омад фароз 7 , 
Чунон шуд, ки 8 фарсанг даҳ 9 монд боз 10 . 

Сари ҷангҷӯён ба хӯрдан нишаст, 
Парастанда шуд ҷоми бода ба даст 11 . 

Бифармуд, то ҷавшану хӯду кабр 
Бибурданд 12 бо теғ пеши ҳизабр. 


1. ИМ -б. 1924 нест. 

2. Л - Сипаҳбуд. 

3. ИЛМ - ҳам андар замон. 

4. И- 1927нест. 

5 . И ЛМ - Ба дарё сабукбор шуд. 

6. ИЛ - Чу омад. 

7. ИМ - сипоҳ. 

8. И-зи. 

9. Л-як. 

10. ИМ - роҳ. 

11. И-б. 1932 нест. 

12. ИЛ - Биёяд ба. 


280 


222 


Кушода бифармуд, то Гургсор 
Бибурданд* 1 пеши ял Исфандёр. 

1935 Чунин гуфт, к-«Акнун ки растӣ* 2 зи бад, 
Зи ту хубиву рост гуфтан сазад. 

Чу аз тан бибуррам сар Арҷоспро, 
Дурахшон* 3 кунам ҷони Лӯҳроспро. 

Чу Кӯҳрам, ки аз хуни Фаршедвард 
Дили лашкарам 4 кард пурхуну дард. 

Ҳамон Андаримон, ки пирӯз гашт, 
Бикушт аз бузургони 5 мо сиву ҳашт, 

Сароншон бибуррам ба кини ниё, 

Падид орам аз ҳар даре кимиё. 

1940 Ҳама гӯрашон* 6 коми шерон кунам, 

Ба коми далерони Эрон кунам. 

Саросар ҷигар-шон бидӯзам ба тир, 
Биёрам зану кӯдакон-шон асир. 

Туро шод хонам аз ин, гар дижам, 
Бигӯй, он чӣ дорӣ ба дил 7 бешу 8 кам». 

Дили Гургсор андар он танг шуд, 
Забону равонаш пур аз ҷанг шуд. 

Бад-ӯ гуфт: «То чанд гӯӣ чунин, 

Ки бар ту мабодо ба дод офарин! 


- Биёмад ба. 

- акнун бирастам. 

- Дурафшон. 

4. ИЛ - лашкаре. 

5. И-далерони. 

6. М - кишвараш. 

7. Л - Бигӯ, он чӣ донӣ ҳама. 

8. И - донӣ зи бешу зи. 


281 


1945 Ҳама ахтари бад ба ҷони ту бод, 
Бурида ба ханҷар миёни ту бод! 

Ба хок-андар афканда пурхун танат, 
Замин бистару гӯр 1 пероҳанат!» 

Зи гуфтори ӯ тез шуд шаҳрёр, 
Барошуфт бар хирасар Гургсор. 

Яке теғи ҳиндӣ бизад бар сараш, 

Зи торак ба ду нима шуд то бараш. 

Ба дарё фикандандаш 2 андар замон, 
Хури моҳиён шуд тани бадгумон. 

1950 В-аз он ҷойгаҳ борагӣ* 3 барнишаст, 
Ба тундӣ миёни ялиро бубаст. 

Ба боло баромад, ба диж бингарид, 
Яке моядор оҳанин бора дид. 

Се фарсанг болову паҳно чиҳил, 

Ба ҷое надид андар ӯ обу гил. 3 

Ба паҳнои девори ӯ - бар савор 
Бирафтӣ ба тундӣ баробар чаҳор. 

Чу Исфандёр он шигифтӣ бидид, 
Яке боди сард аз ҷигар баркашид. 4 

1955 Чунин гуфт, к- «Инро нашояд ситад, 
Бад омад ба рӯи ман аз кори бад. 


1. Л-хок. 

2. ИЛ - фикандаш ҳам. 

3. Л - бораро. 

4. И - Фурӯ монд аз кин, дилаш бардамид. 


282 




Дареғ он ҳама ранҷу пайкори ман* 1 
Пушаймонӣ омад ҳама бори 2 ман. 3 * 4 

Ба гирди биёбон ҳаме бингарид, 

Ду турк андар он дашт пӯянда дид. 

Ҳаме буд ҳамроҳашон 5 чор саг, 
Сагоне ки нахчир гирад 6 ба таг. 

Зи боло фуруд омад Исфандёр 
Ба чанг-андарун найзаи корзор. 

1 960 Ба найза зи аспон ҷудо кардашон, 

Зи ҳомун 7 ба боло баровардашон. 

Бипурсиду гуфт: «Ин дижи номдор 
Чӣ ҷой асту чанд аст дар вай савор?» 

Зи Арҷосп чанде сухан ронданд, 
Ҳама дафтари диж бар ӯ хонданд, 

Ки болову паҳнои дижро бубин, 
Даре сӯи Эрон, даре сӯи Чин. 

Бад-ӯ - андарун теғзан сад ҳазор 
Саворони гарданкашу номдор. 

1965 Ҳама пеши Арҷосп чун бандаанд, 

Ба фармону рояш сарафкандаанд. 

Хуриш ҳаст чандон, ки андоза нест, 
Ба хуша-дарун ҳаст, агар тоза нест. 8 


-мо. 

- кори. 

-б. 1956 нест. 

- мо. 

5. ИЛ - Ҳаме рафт пеш - андарун. 

6. Л - гиранд оҳу. 

7. И - пиёда. 

8. И -б. 1966 нест. 


283 


Агар дар бубандад ба даҳ сол шоҳ, 
Хуриш ҳаст чандон, ки дорад сипоҳ. 

В-агар хоҳад аз Чину Мочин савор, 
Биёяд бараш номвар сад ҳазор. 

Ниёзаш наёяд ба чизе зи кас, 

Хуриш ҳасту мардони фарёдрас. 

1970 Бигуфтанду он теғи ҳиндӣ ба мушт 
Ду гарданкаши содадилро бикушт. 

РАФТАНИ ИСФАНДЁР БА РӮИНДИЖ 
БО ҶОМАИ БОЗОРГОН 

В-аз он ҷо биёмад ба пардасарой, 

Зи бегона пардахт карданд ҷой. 

Башутан бишуд назди Исфандёр, 

Сухан рафт 1 ҳар гуна аз корзор. 

Чунин 2 гуфт ҷангӣ, ки «Ин диж ба ҷанг 
Ба соли фаровон наёяд ба чанг. 

Магар хор гирам тани хешро, 

Яке чора созам бадандешро. 

1975 Ту эдар шабу рӯз бедор бош, 

Сипаҳро зи душман нигаҳдор бош. 

Тан он гаҳ бувад бегумон арҷманд, 
Сазовори шоҳиву тахти баланд, 

К-аз анбӯҳи душман натарсад ба ҷанг, 
Ба кӯҳ аз палангу ба об аз наҳанг. 

Ба ҷое фиребу ба ҷое ниҳеб, 

Гаҳе бар фарозу гаҳе дар нишеб. 


1. И-гуфт. 

2. И - Бад-ӯ. 


284 


Чу бозоргонон дар ин диж шавам, 
Надонад кас аз диж, ки ман паҳлавам. 1 

1980 Фароз оварам чора аз ҳар даре, 
Бихонам зи ҳар донише дафтаре. 

Ту бе дидбону талоя мабош, 

Зи ҳар донише сустмоя мабош. 

Агар дидбон дуд бинад ба рӯз, 

Шаб оташ чу хуршеди гетифурӯз, 

Чунон дон, ки он коркарди ман аст, 

На аз чораи ҳамнабарди ман аст. 

Сипаҳро биёрою з-эдар бирон, 
Зиреҳдор бо хӯду гурзи гарон. 

1985 Дурафши маро зуд бар пой кун, 

Ту худро ба қалб-андарун ҷой кун. 

Бирон тез бо гурзаи говсор, 

Чунон кун, ки хонандат Исфандёр». 

В-аз он ҷойгаҳ сорвонро бихонд, 

Ба пе ттт и Башутан ба зону нишонд. 

Бад-ӯ гуфт: «Сад боркаш сурхмӯй 
Биёвар сазовор бо рангу бӯй». 

Аз ӯ даҳ шутур бор динор кард, 

Дигар панҷ дебои Чин бор кард. 

1990 Дигар панҷ ҳар гунае гавҳарон, 

Яке тахти заррину тоҷи гарон. 

Биёвард сандуқ ҳаштод ҷуфт 
Ҳама банди сандуқҳо дар нуҳуфт. 


1 . Л - Нагуям, ки шоҳи ҷаҳон паҳлавам. 


285 


Саду шаст мард 1 аз ялон баргузид, 
К-аз эшон ниҳонаш наёяд падид. 

Ялонро ба сандуқҳо дарнишонд, 
Буна барниҳоду аз он ҷо биронд. 2 

Тане бист аз номдорони ӯй, 
Сарафрозу ханҷаргузорони ӯй, 

1995 Бифармуд, то бар сари корвон 
Буванд ин гаронмоягон сорвон. 

Ба пой-андарун кафшу бар тан гилем 
Ба бор-андарун гавҳару зарру сим. 

Сипаҳбад ба диж рӯй бинҳоду тафт 
Ба кирдори бозоргонон бирафт.* 3 

Ҳаме рафт бо 4 номвар корвон 
Ялони сарафроз чун сорвон. 5 

Чу бонги дарой омад аз корвон, 

Ҳаме рафт пеш - андарун сорвон.* 6 

2000 Ба диж номдорон хабар ёфтанд, 

Фаровон бигуфтанду биштофтанд, 

Ки омад яке марди бозоргон, 
Дирамгон фурӯшад ба диноргон. 

Бузургон-ш дар пеш боз омаданд, 
Харидору гарданфароз омаданд. 


1. И-гурд. 

2. ИЛ -б. 1993 нест. 

3. М - б. 1997 нест. 

4. ИЛМ - Ҳамеронд он. 

5. ТПЗИЛ - Чу наздики диж шуд, бирафт ӯ зи пеш, 

Бидид он дилу рои ҳушёри* хеш. 

* Падид оварид он дилу рои. 

6. М - Ба пеш - андарун марди бозоргон. 


286 


Бипурсид ҳар як зи солори бор 
К-«Аз ин борҳо чист, к-ояд ба кор?» 

Чунин дод посух, ки бори нахуст 
Тани шоҳ бояд, ки бинам дуруст. 

2005 Тавоноии хеш пайдо кунам, 

Чу фармон диҳад, дида бино кунам. 

Шутурбор бинҳоду худ рафт пеш, 
Ки то чун кунад тез бозори хеш. 

Яке тоси 1 пургавҳари шоҳвор 
Зи динор чанде зи баҳри нисор, 

Зи лаълу зи фирӯза чанде нигин, 
Яке аспу даҳ тахта дебои Чин.* 2 

Бар он тос пӯшид тои ҳарир, 

Ҳарир аз бару зер мушку абир. 

2010 Ба дебо биёрост бо рангу бӯй 

Ба наздики Арҷосп шуд роҳҷӯй. 3 

Чу дидаш, фурӯ рехт динору гуфт, 
Ки «Бо шаҳрёрон хирад бод чуфт. 

Яке мардам, эй шоҳ, бозоргон, 
Падар турку модар зи озодагон. 

Зи Турон бихаррам, ба Эрон барам, 
Дигар сӯи дашти далерон барам. 

Яке корвони шутур бо ман аст, 

Зи пӯшиданӣ ҷомаву барнишаст. 4 


1. ИЛ-Ҷоми. 

2. М - Яке аспу ду ҷома дебои чин, 

Ки бартофташ соиду остин. 

3. ТПЗ - Чу омад ба наздикии тахт боз, 

Заминро бибӯсиду бурдаш намоз. 

4. Л - ҷомаҳои тан аст. 


287 




20 1 5 Ҳам аз гавҳару афсару рангу буй 
Фурӯшандаам, ҳам харидорҷӯй. 

Ба беруни диж рахт 1 бугзоштам, 
Ҷаҳон дар паноҳи ту пиндоштам. 

Агар рой бинӣ* 2 ту, ин корвон 
Ба дарвозаи диж кашад сорвон. 3 

Ба бахти ту аз ҳар бад эмин шавам, 
Бад-ин сояи меҳри ту биғнавам». 

Чунин дод посух, ки «Дил шод дор, 

Зи ҳар бад тани хеш озод дор. 

2020 Наёзорадат кас ба Туронзамин, 

Ҳамон гар гироӣ ба Мочину Чин». 

Бифармуд пас то сарои фарох, 

Ба диж - дар яке кулба дар пеши кох - 

Ба Рӯиндиж-андар мар ӯро диҳанд, 
Ҳама бораш аз дашт бар сар ниҳанд. 

Бисозад бар он кулба бозоргоҳ, 
Бидорад мар ӯро ҳам* 4 андар паноҳ. 

Бирафтанд,* 5 сандуқҳоро ба пушт 
Кашиданду моҳори уштур ба мушт. 

2025 Яке марди бихрад бипурсиду гуфт, 

Ки «Сандуқро чист андар нуҳуфт?» 

Кашанда бад-ӯ гуфт: Мо ҳуши хеш 
Ниҳодем ночор бар дӯши хеш. 


- бор. 

- шоҳ бинад. 

-6.2016, 2017 нест. 

- Ҳаме дорадаш эмин. 

- гирифтанд. 


288 


Яке кулбае сохт 1 Исфандёр, 

Биёрост ҳамчун гул андар баҳор. 

Зи ҳар сӯ фаровон харидор хост, 
Бад-он кулба - бар тез бозор хост. 

Бибуд он шабу бомдодон пагоҳ, 

Ба айвон - дарун шуд ба наздики шоҳ. 2 

2030 Биёмад, бибӯсид рӯи замин 

Ба Арҷосп бархонд чанд 3 офарин. 

Чунин гуфт, к-«Ин бору ин корвон 
Ҳаме рондам тез бо сорвон, 

Бад-ӯ - андарун ёраву афсар аст, 

Ки шоҳи сарафрозро дарх(в)ар аст. 

Бигӯяд ба ганҷур то хоста 
Бубинад ҳама кулба ороста. 

Агар ҳеч шоиста бинад ба ганҷ, 
Биёрад, ҳамон он надорам 4 ба ранҷ. 

2035 Пазируфтан аз шаҳрёри замин, 

Зи бозоргон пӯзишу офарин». 

Бихандид Арҷоспу бинвохташ, 
Гаронмоятар ҷойгаҳ сохташ. 

«Чӣ номӣ?» - бад-ӯ гуфт, «Харрод ном, 
Ҷаҳонгарду бозориву шодком». 


1 . И Л - кулба барсохт. 

2. ТПЗИЛ - Зи динору мушку зи пӯшиш* се тахт 

Ҳаме бурд пеш - андарун некбахт. 

* Л - дебои румиёву чинй. 

3. Л - чанде бихонд. 

4. Л - гаҳ надорад, И - ҳамоно надорад. 


289 


^2 2 ^ 


Ба Харрод гуфт: «Эй сарозод 1 * 2 мард, 
Ба ранҷӣ, дигар гирди пӯзиш магард. 

Зи дарбон набояд туро бозхост, 

Ба назди ман ой, он гаҳе к-ат ҳавост». 

2040 Аз он пас бипурсидаш аз ранҷи роҳ, 
Аз Эрону аз шоҳу* 3 кори сипоҳ. 

Чунин дод посух, ки «Ман моҳе панҷ 
Кашидам ба роҳ-андарун дарду ранҷ». 

Бад-ӯ гуфт, к-«Аз кори Исфандёр 
Ба Эрон хабар чист в-аз Гургсор»? 

Чунин дод посух, ки «Эй некхӯй, 
Сухан ронд з-ӯ ҳар касе б-орзӯй. 

Яке гуфт, Исфандёр аз падар 
Пурозор гашту бупечид сар. 

2045 Дигар гуфт, к-ӯ к-аз раҳи Ҳафтхон 4 
Сӯи разми Арҷосп омад равон, 5 

Ки разм озмояд ба Туронзамин, 
Бихоҳад ба мардӣ зи Арҷосп кин». 

Бихандид Арҷоспу гуфт: «Ин сухан 
Нагӯяд ҷаҳондида марди 6 куҳан. 

Агар каргас 7 ояд сӯи Ҳафтхон 
Маро 8 аҳриман хону 9 мардум махон». 


- сарафроз. 

- дилорой. 

- Турону. 

- к-аз дарди он куштагон. 

5. ЛМ -Сипаҳ карду шуд бар раҳи ҳафтхон. 

6. И - пири. 

7. Л - ҳар он кас, ки. 

8. Л-Варо. 

9. Л - хон ту. 


290 


Чу бишнид ҷанги, замин буса дод, 
Биёмад зи айвони Арҷосп шод. 

2050 Дари кулбаи номвар боз кард, 

Зи доду ситад диж* 1 пуровоз кард. 

Ҳаме буд чанде хариду фурӯхт, 

Ҳаме чашм ҳар кас бар ӯ мебидӯхт. 2 

Зи диноргон як дирам настадӣ, 

Ҳаме ин бар он, он бар ин - бар задӣ. 


ШИНОХТАНИ ХОҲАРОН ИСФАНДЁРРО 

Чу хуршеди тобон зи гунбад бигашт, 
Харидори бозори вай даргузашт, 3 

Ду хоҳар-ш рафтанд аз айвон ба кӯй, 
Ғиревону бар кифтҳо - бар сабӯй. 

2055 Ба 4 наздики Исфандёр омаданд, 
Даридадилу 5 хоксор 6 омаданд. 

Чу Исфандёр 7 он шигифтӣ бидид, 

Ду рух кард аз хоҳарон нопадид. 8 

Шуд аз кори эшон дилаш пур зи бим, 
Бипӯшид рух б-остини гилем. 

Бирафтанд ҳарду ба наздики ӯй, 

Зи дида ниҳода ба рух-бар 9 * 10 ду ҷӯй. 


1 . М - Зи бозор дижро. 

2. ИЛ - Ҳаме ҳар касе чашм ӯ* бидӯхт. 
* И -ӯро. 

3. И -б. 2052, 2053 нест. 

4. Л-Чу. 

5. Л - Ду дида тару. 

6. И - Пур аз хун дилу сӯгвор. 

7. Л - он номвар. 

8. Л - пинҳоду сар даркашид. 

9. ИЛ - хун бар ду рух барниҳода. 

10. М - Зи хун бар ду рух - бар ниҳода. 


291 




Ба хоҳиш гирифтанд бечорагон 
Аз он моявар марди бозоргон, 1 

2060 Ки «Рӯзу шабон бар ту фархунда бод, 
Ҳама меҳтарон пеши ту банда бод.* 2 

Аз Эрон зи Гуштоспу Исфандёр 
Чӣ огоҳият, эй 3 гави номдор? 

Бад-ин сон ду духти яке подшо 
Асирем* 4 дар дасти нопорсо. 

Бараҳна сару пову дӯшобкаш, 5 
Падар шодмон рӯзу шаб хуфта х(в)аш. 

Бараҳна давон бар сари анҷуман, 
Хунук он ки пӯшад танашро кафан. 

2065 Бигирйем чунин ба хунин сиришк, 

Ту бошӣ бад-ин дард моро пизишк. 

Гар огоҳӣ аз шоҳ в-аз* 6 шаҳри мо 
Бар ин бум тарёк шуд заҳри мо. 

Яке бонг барзад ба зери гилем, 

Ки ларзон шуданд он ду духтар зи бим, 

Ки «Исфандёр аз буна худ мабод, 

На он кас ба гетӣ, к-аз ӯ ҳаст шод. 

На Гуштосп он шоҳи бедодгар, 

Ки чун ӯ мабинод тоҷу 7 камар! 


1. И - пас аз б. 2059 ин б. омада: 

Ба пурсиш гирифтанд, к-эй сорвон, 
Ҳамоно, к-аз Эронст ин корвон. 

- Фалак пеши фармони ту банда бод. 

- огоҳӣ астат; ЛМ - огоҳияст. 

- Гирифтор. 

- по давон обкаш. 

- Гарат огаҳӣ ҳаст. 

7. ИЛ - Мабинод чун ӯ кулоҳу. 


292 


2070 Набинед, к-эдар фурушандаам, 

Зи баҳри хури хеш кӯшандаам». 

Чу овоз бишнид фаррух Ҳумой, 
Бидонисту омад дилаш боз ҷой. 

Чу хоҳар бидонист овози ӯй, 

Бипӯшид бар хештан рози ӯй. 

Чунон хастадил 1 пе ттт и ӯ - дар 2 бимонд 
Сиришк аз ду дида ба рух барфишонд. 

Ҳама рӯй пурхоку пояш ба хок, 

Зи Арҷосп ҷонаш пур аз тарсу бок. 3 

2075 Бидонист ҷанговари покрой, 

Ки ӯро ҳаме боздонад Ҳумой. 

Сабук рӯй букшоду дида пуроб, 

Пур аз хун дилу чеҳра чун офтоб. 

Зи кори ҷаҳон монд андар шигифт, 
Дижам гашту лабро ба дандон гирифт. 

Бад-эшон чунин гуфт, к-«Ин рӯз чанд 
Бубандед 4 ҳарду лабонро 5 ба банд, 

Ки эдар ман аз баҳри ҷанг омадам, 

Ба ранҷ аз паи ному нанг омадам. 

2080 Касеро ки духтар бувад обкаш, 

Кай ояд варо дар ҷаҳон хоби х(в)аш. 

Падар осмон боду модар замин, 
Нахонам бар он рӯзгор офарин». 


1 . И - доғдил. 

2. И - ӯ-бар. 

3. И - б. 2074 нест. 

4. ЛМ - Бидоред. 

5. Л -забонро. 


293 


Пас аз кулба бархост марди ҷавон, 

Ба наздики Арҷосп омад давон. 

Чунин гуфт, к-«Эй шоҳ, фархунда бош, 
Ҷаҳондору то ҷовидон зинда бош! 

Яке жарфдарё дар он роҳ буд, 

Ки бозоргон з-он на огоҳ буд. 

2085 Зи дарё даромад яке гирдбод, 1 

Ки маллоҳ гуфт, он надорам ба ёд. 

Ба киштӣ ҳама зору гирён шудем, 

Зи ҷону тани 2 хеш* 3 бирён шудем. 

Пазируфтам аз додгар як Худой, 

Ки гар ман расам зинда з-эдар ба ҷой, 4 

Яке базм созам ба ҳар кишваре 
Ки бошад бар он кишвар-андар саре, 

Х,ама шод хонам ба меҳмони хеш, 
Ҳазина кунам наздашон ҷони хеш. 5 

2090 Ба хоҳанда бахшам каму бешро, 
Гиромӣ кунам марди дарвешро. 

Кунун шоҳ моро гиромӣ кунад, 

Бад-ин хоҳиш имрӯз номӣ кунад. 

Зи лашкар сарафроз чандон, 6 кианд 
Ба наздики шоҳи ҷаҳон арҷманд, 

Чунин сохтам ман, 7 ки меҳмон кунам 
В-аз ин хоҳиш оромиши ҷон кунам». 


1 . И - тундбод, И - Баромад зи дарё яке сахт бод. 

2. И - дарди дили. 

3. М - Чу бар оташи тез. 

4. И -б. 2087 нест. 

5. ИЛ - б. 2089 нест. 

6. Л - гурдон. 

7. ИЛ - сохтастам. 


294 


Чу Арҷосп бишнид, з-у шод гашт, 1 
Сари марди нодон 2 пур аз бод гашт. 3 

2095 Бифармуд, к-«Он, к-ӯ гиромитар аст, 

Аз ин лашкар имрӯз номитар аст, 

Ба айвони Харрод меҳмон шавед 
В-агар май диҳад, 4 пок мастон шавед». 

Бад-ӯ гуфт: «Шоҳо, гаво, бихрадо, 
Ҷаҳондору бар мӯбадон мӯбадо, 

Маро хона танг асту кохи баланд, 

Бар ин бораи диж шавем арҷманд, 

Дари меҳрмоҳ омад, оташ кунам, 

Дили номдорон ба май х(в)аш кунам». 

2100 Бад-ӯ гуфт: «Аз он роҳ рав* 5 , к-ат ҳавост, 
Ба кох-андарун мизбон подшост». 

Биёмад давон паҳлавон шодком, 
Баровард ҳезум фаровон ба бом. 

Бикуштанд аспону чанде бара, 

Кашиданд бар боми диж яксара. 

Зи ҳезум, ки бар бораи диж кашид, 

Шуд аз дуд рӯи ҳаво нопадид. 

Май оварду чун андаке 6 х(в)арда шуд, 
Гусорандаи май варо барда шуд. 

2105 Ҳама номдорон бирафтанд маст, 

Зи мастӣ ҳама 7 шохи наргис ба даст. 


1 . Л - шуд. 

2. Л - доно. 

3. Л-шуд. 

4. ИЛ - бувад. 

5. М - Он ҷо нишин. 

6. ИМ - ҳар чи буд. 

7. Яке. 


295 


ҲАМЛА КАРДАНИ БАШУТАН БА РУИНДИЖ 

Шаб омад, яке оташе барфурӯхт, 

Ки таффаш ҳаме осмонро бисӯхт. 

Чу аз дидагаҳ дидбон бингарид, 

Ба шаб оташу рӯз пурдуд дид,* 1 

Зи 2 ҷое ки буд, шодмон бозгашт, 

Ту гуфтӣ, ки бо бод анбоз гашт. 

Чу аз роҳ назди Башутан расид, 

Бигуфт, он чӣ аз оташу дуд дид. 

2110 Башутан чунин 3 гуфт, к-«Аз пилу шер 
Ба мардӣ 4 фузун аст гурди далер. 6 

Бизад нои сарғину* 5 рӯинахум, 

Баромад зи дар нолаи говдум. 

Зи ҳомун баромад сӯи диж сипоҳ, 

Шуд аз гард хуршеди тобон сиёҳ. 

Ҳама зери хафтону хӯд-андарун 
Ҳаме аз ҷигаршон биҷӯшид хун. 

Ба диж чун хабар шуд, ки омад сипоҳ, 
Ҷаҳон нест пайдо зи гарди 6 сиёҳ, 

2115 Ҳама диж пур аз номи Исфандёр, 

Дарахти бало ҳанзал овард бор. 

Бипӯшид Арҷосп хафтони ҷанг, 

Бимолид бар ҷанг бисёр чанг. 


1 . М - Ҳаво пур зи дуду зи оташ бидид. 

2. ИЛ-Ба. 

3. Илм-тунбал. 

4. ТПЗИЛ - Ки чашми бадон аз танаш дур бод, 

Ҳама рӯзгорон аз* ӯ** сур бод. 

* Л - рӯзгорони ӯ; ** И - варо. 

5. М-рӯину. 

6. И - гашт аз гарди лашкар. 


296 


Бифармуд то Куҳрами шергир 
Барад лашкару гурзу шамшеру тир. 

Ба Тархон чунин гуфт, к-«Эй сарфароз, 
Бирав тез бо лашкари размсоз. 

Бубар номдорони диж даҳ 1 ҳазор 
Ҳама размҷӯёну 2 ханҷаргузор. 

2120 Нигаҳ кун, ки ин ҷангҷӯён кианд, 

Дар 3 ин тохтан сохта 4 бар чианд». 

Сарафроз Тархон биёмад давон 
Бад-ин рӯи диж бо яке тарҷумон. 

Сипаҳ дид бо ҷавшану сози ҷанг, 
Дурафши сияҳ, пайкари ӯ паланг. 5 

Сипаҳкаш Башутан ба қалб-андарун 
Сипоҳаш 6 ҳама даст шуста ба хун. 

Ба чанг-андарун гурзи Исфандёр, 

Ба зер-андарун бораи номдор. 

2125 Ҷуз Исфандёри таҳамро намонд, 

Кас ӯро ҷуз аз 7 шоҳи Эрон нахонд. 

Сипаҳ маймана, майсара баркашид, 
Чунон шуд, ки кас рӯзи равшан надид. 

Зи захми синонҳои алмосгун 
Ту гуфтӣ ҳаме борад аз абр хун. 

Ба ҷанг андаромад сипоҳ аз ду рӯй 
Ҳар он кас, ки буд гурду пархошҷӯй. 8 


1 . И - сад. 

2. Л - размҷӯёни, И - номҷӯёни. 

3. Л - Аз, И - В-аз. 

4. Л - тохтан. 

5. И -6.2121, 2122 нест. 

6. Л - сипоҳе. 

7. ИЛ - ба ҷуз. 

8. И -б. 2128 нест. 


297 


Бишуд тез 1 * 2 Нушозари теғзан, 

Ҳаме хост пархош аз он анҷуман, 

2130 Биёмад сарафроз Т архон бараш, 

Ки аз тан ба хок андарорад сараш, 

Чу Нӯшозар ӯро ба ҳомун бидид, 

Бизад дасту теғ аз миён баркашид. 

Камаргоҳи Тархон ба ду ним кард, 
Дили 3 Кӯҳрам аз дард пурбим кард. 

Чунон ҳам ба қалби сипаҳ ҳамла бурд, 
Бузургаш яке буд бо марди хурд. 

Бар он сон ду лашкар ба ҳам баршикаст, 
Ки гарди сипаҳ бар ҳаво абр баст. 

2135 Сарафроз Кӯҳрам сӯи диж бирафт, 
Гурезон зи лашкар ҳаме рафт тафт. 

Чунин гуфт Кӯҳрам ба пеши падар, 

Ки «Эй номвар шоҳи хуршедфар, 

Аз Эрон биёмад сипоҳи бузург, 4 
Ба пеш-андарун номдори сутург. 5 

Ба болой Исфандёр аст бас, 

Бад-ин диж наёмад чун ӯ низ 6 кас. 

Ҳамон найза дар чанг 7 дорад ба ҷанг 8 
Ки дар Гунбадондиж ту дидӣ ба чанг». 9 


1. И-Бурунрафт. 

2. М - пеш. 

3. И-Дигар. 

4. И - сипоҳе ба ҷанг. 

5. И - Сипаҳбад яке пешрав чун паланг. 

6. И - ҷуз ӯ хеҷ. 

7. ИЛ - найзан ҷанг. 

8. ИЛ-чанг. 

9. ИЛ - ҷанг. 


298 


222 


2140 Ғами шуд дил Арҷоспро з-он сухан, 

Ки нав шуд дигарбора кини куҳан. 

Ба туркон* 1 ҳаме гуфт: «Берун шавед, 
Зи диж яксара сӯи ҳомун шавед. 

Ҳама лашкар андар миён оваред, 
Хурӯши ҳизабри жаён оваред. 

Яке зинда з-эшон намонед низ,* 2 
Касе номи Эрон махонед низ».* 3 

Ҳама лашкари диж 4 ба роҳ омаданд, 
Ҷигархаставу кинахоҳ омаданд. 

КУШТАНИ ИСФАНДЁР АРҶОСПРО 

2145 Чу ториктар шуд шаб, Исфандёр 
Бипӯшид нав ҷомаи корзор. 

Сари банди сандуқҳо баркушод, 

Яке то бар он бастагон ҷуст бод. 

Кабобу май оварду ҳам хӯрданӣ, 

Ҳамон ҷомаи разму пӯшиданӣ. 

Чунон хӯрда шуд ҳар якеро се ҷом, 

Май оварду гаштанд аз он шодком. 

Ҳаме 5 гуфт: к-«Имшаб шабе пурбалост, 
Агар ном гирем аз эдар сазост. 

2 1 50 Бикӯшеду кирдори 6 мардон кунед , 
Паноҳ аз балоҳо ба Яздон кунед». 


-саронро. 

- маманед дер. 

- Касеро зи Эрон мехонед шер. 

4. ИЛ - лашкар аз. 

5. ЛМ - чунин. 

6. ИЛ - пайкори. 


299 


В-аз он пас ялонро ба се баҳра кард, 
Ҳар он кас, ки ҷустанд нангу набард. 

Яке баҳра з-эшон миёни ҳисор, 

Ки ҷӯянд бо ҳар касе корзор. 

Дувум 1 баҳра то бар дари диж шаванд, 
Зи пайкору хун рехтан нағнаванд. 

Севум беҳраро гуфт аз он саркашон 
Набояд, ки ёбам аз ин пас нишон. 

2155 Ки буданд бо ман ҳама дӯш маст, 

Сароншон ба ханҷар бибурред паст. 

Худу бист мард аз далерони гурд, 
Бишуд тез, дигар бар эшон супурд. 

Ба даргоҳи Арҷосп омад далер, 
Зиреҳдору ғуррон ба кирдори шер. 2 

Чу бонги хурӯш омадаш дар сарой, 
Давон пеши озода омад Ҳумой, 

Або хоҳари хеш Беҳофарид, 

Ба 3 хуни мижа ҳарду рух нопадид. 

2160 Чу омад ба танг-андар Исфандёр, 

Ду пӯшидаро дид чун навбаҳор. 

Чунин гуфт бо хоҳарон шермард, 
К-«Аз эдар бипӯед бар сони гард. 

Бад-он ҷо, ки бозоргоҳи ман аст, 

Басе зарру сим асту роҳи ман аст, 

Бибошед то ман бад-ин размгоҳ 
Агар сар диҳам, гар ситонам кулоҳ». 


1. Л-дигар. 

2. Л - дигар. 

3. ЛМ-зи. 


300 


Бигуфт ин в-аз эшон битобид руй? 
Ба даргоҳи Арҷосп шуд кинаҷӯй. 1 

2165 Биёмад яке теги ҳинду ба мушт, 

Касеро 2 ки дид аз бузургон, бикушт. 

Ҳама боргоҳаш чунон шуд, ки роҳ 
Набуд андар он номвар ҷойгоҳ. 

Зи бас куштаву хаставу кӯфта 
Замин ҳамчу дарё шуд ошуфта. 

Чу Арҷосп аз хоб бедор шуд, 

Зи ғулғул дилаш пур зи тимор шуд. 

Биҷӯшиду бархост* 3 аз хобгоҳ, 
Бипӯшид хафтону румӣ кулоҳ. 

2170 Ба чанг-андарун 4 ханҷари обгун, 
Даҳан пур зи овозу дил пур зи хун. 

Биҷаст аз дари кох 5 Исфандёр, 

Ба даст-андарун ханҷари обдор. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Аз марди бозоргон 
Биёбӣ кунун теғи диноргон. 

Яке ҳадя бахшам-т* 6 лӯҳроспӣ, 
Ниҳода бар он мӯҳри гуштоспӣ. 

Чу онро ситонӣ, шавад хун дилат, 
Бувад зери хоки сияҳ манзилат». 7 

2175 Баровехт Арҷоспу Исфандёр, 

Аз андоза бугзашташон корзор. 


1. И-2164нест. 

2. И - Ҳар он кас. 

3. М-Арҷосп. 

4. Л - даст андараш: И - андараш. 

5. Л - Баровехт бо ӯ гав. 

6. М - орамт. 

7. ИЛМ-б. 2174 нест. 


301 




Паёпай ҳаме* 1 теғу ханҷар заданд, 

Гаҳе бар миён, гоҳ бар сар заданд. 

Ба захм-андар Арҷоспро кард суст, 
Набуд* 2 бар танаш ҳеч ҷои дуруст. 

Зи пой андаромад тани пилвор, 

Ҷудо кардаш аз тан сар Исфандёр. 3 

Чунин аст кирдори гарданда даҳр, 

Гаҳе нӯш ёбӣ аз ӯ, гоҳ заҳр. 

2180 Чӣ бандӣ дил андар сарои сипанҷ? 

Чу донӣ, ки эдар намонӣ, маранҷ. 4 

Бипардахт аз Арҷосп Исфандёр, 

Ба кайвон баровард аз айвон димор. 

Бифармуд, то шамъ бифрӯхтанд, 

Ба ҳар сӯи айвон ҳаме сӯхтанд. 

Шабистони ӯро ба ходим супурд 
В-аз он ҷойгаҳ рӯшноӣ бибурд. 

Дари ганҷи динорро мӯҳр кард, 

Бад-он ҷо намондаш* 5 касе ҳамнабард. 

2185 Биёмад сӯи охуру барнишаст, 

Яке теғи ҳиндӣ гирифта ба даст. 

Аз он тозиаспон 6 , к-аш омад гузин, 
Бифармуд, то барниҳоданд зин. 


- Ҳам эдун. 

- Надиданд. 

3. ТПЗЛ - Чу кушта шуд Арҷосп ҳам дар замон,* 

Хурӯше баромад зи кохи занон. 

* А - Чу шуд кушта Арҷосп озурдаҷон. 

4. ТПЗ - Агар шаҳрёр асту гар ҳаст гурд, 

Бад-ин сон намонад ҷаҳон дастбурд. 

5. М - Ба айвон набудаш. 

6. И - Бад-он тозиаспе. 


302 


222 


Бирафтанд аз он ҷо саду шаст мард, 
Гузида саворони рӯзи набард. 

Ҳамон хоҳаронро ба аспон нишонд, 

Зи даргоҳи Арҷосп лашкар биронд. 

В-аз эрониён номвар мард чанд 
Ба диж монд бо Соваи арҷманд. 

2190 «Чу мо^-гуфт,- аз ин бора берун шавем,* * 2 
Худу номдорон ба ҳомун шавем,* 3 

Ба туркон дари диж бубандед сахт, 

Магар ёр бошад маро нек бахт. 

Ҳар он гаҳ, ки ояд гумонтон, ки ман 
Расидам бад-он номвар анҷуман, 

Ғави дидабон бояд аз дидагоҳ, 

Ки нӯша сару тоҷи Гуштоспшоҳ. 

Чу анбӯҳ гардад бари диж сипоҳ, 

Гурезону баргашта аз размгоҳ, 

2195 Сари шоҳи туркон аз он дидагоҳ, 
Бияндохт бояд ба пе ттт и сипоҳ». 4 

В-аз он ҷо диловар ба ҳомун шитофт, 
Бикушт аз тагинон, касеро ки ёфт 5 . 

Биёмад зи диж бо саду шаст мард, 
Хурӯшону ҷӯшон ба дашти набард. 


-ман. 

- шавам. 

- шавам. 

4. ТПЗИ - В-аз он ҷо бифармуд, то посбон 

Барорад зи болои бора фиғон, 

Ки пирӯз шуд фаррух Исфандёр 
Сари шоҳи туркон бибуррид зор. 
Ба хок - андар афканд Арҷоспро 
Барафрӯхт ӯ ном Гуштоспро. 

5. ИЛ -б. 2196 нест. 


303 


Чу назди сипоҳи Башутан расид, 

Бар ӯ ҳар ки дид, офарин густарид. 

Сипоҳаш ҳама монд андар шигифт, 
Ки марди ҷавон он далерӣ гирифт. 

КУШТАНИ ИСФАНДЁР КӮҲРАМРО 

2200 Чу моҳ аз бари тахти симин бигашт, 
Се пос аз шаби тира андаргузашт, 

Ҳаме посбон бархурӯшид сахт, 

Ки «Гуштоспшоҳ аст фирӯзбахт. 1 

Ҳамеша ҷавон бод Исфандёр, 

Варо бод чарху маҳу бахт ёр! 

Ки бар кини Лӯҳросп з-Арҷосп сар 
Бибурриду бифрӯхт оину фар. 

Ба хок андарафканд шаҳро зи тахт, 
Барафрохт Гуштоспро ному бахт» 2 . 

2205 Чу туркон шуниданд аз ин сон хурӯш, 
Ниҳоданд яксар ба овоз гӯш. 

Дили Кӯҳрам аз дидбон тира гашт 3 . 
Равонаш зи овози ӯ хира гашт 4 . 

Чу бишнид то Андаримон бигуфт, 

Ки «Тирашаб овоз натвон нуҳуфт. 

Чӣ гӯӣ, ки имшаб чӣ шояд будан, 
Бибояд ҳама достонҳо задан. 


1. И - пас аз б. 2201 ин б. омада: 

Ғави посбон омад аз дидгоҳ, 

Ки гум шуд сару тоҷи Арҷоспшоҳ. 

2. Л - б. 2202, 2204 нест; И -б. 2204 нест. 

3. Л -шуд. 

4. Л - шуд. 


304 


Ки ёрад кушодан бад-ин гуна лаб 
Ба болини шоҳе чунин 1 тирашаб. 

2210 Чӣ 2 бозӣ кунад посбон рӯзи ҷанг, 

Бад-ин номдорон шавад кор танг. 

Бибояд фиристод то ҳар ки ҳаст 
Сарашро ба ханҷар бибурданд паст. 

Агар душмани мо бувад хонагӣ, 

Биҷӯяд ҳаме рӯзи бегонагӣ. 

Ба овози бадгуфтану фоли бад 
Бикӯбем мағзаш ба кӯполи бад». 

Чу з-ин гуна овоз пайваста шуд, 

Дили Кӯҳрам аз посбон хаста шуд. 

2215 Зи бас наъра аз ҳар сӯе з-ин нишон 
Пуровоз шуд гӯши гарданкашон. 

Сипаҳ гуфт: «Овоз бисёр гашт, 

Аз андозаи посбон баргузашт 3 . 

Кунун душман аз хона берун кунем 
В-аз он пас бар ин лашкар афсун кунем». 

Дили Кӯҳрам аз посбон танг шуд, 
Бупечиду рӯяш пурожанг шуд. 

Ба лашкар чунин гуфт, к-«Аз кори шоҳ 
Дили ман пур аз дард шуд з-ин сипоҳ. 

2220 Кунун бегумон боз бояд шудан, 

Надонам, к-аз ин пас чӣ шояд будан». 


1 . Л - шоҳи дар ин. 

2. ЛМ-Чу. 

3. ИЛ - даргузашт. 


305 




Бузургон чунин пушт 1 баргоштанд, 

Ба шаб дашти пайкор бугзоштанд. 

Пас андар ҳаме омад Исфандёр, 
Зиреҳдор бо гурзаи говсор. 

Чу Кӯҳрам ба дарвозаи 2 диж расид, 

Зи пас лашкар 3 эрониёнро бидид. 

Чунин гуфт, к-«Акнун ҷуз аз разм кор 
Чӣ мондаст бо гурд 4 Исфандёр? 

2225 Ҳама тегҳо баркашед аз ниём, 

Ба ханҷар фиристод бояд паём». 

Ба чеҳра чу тоб андаровард бахт, 

Бар он номдорон бишуд* 5 кор сахт. 

Ду лашкар бад-он сон барошуфтанд, 
Ҳама бар сари якдигар кӯфтанд. 

Чунин то баромад сапедадамон, 
Бузургони Чинро сар омад замон. 

Бирафтанд гурдони Исфандёр 
Бар он бораи номвар шаҳрёр. 

2230 Бурида сари гурд Арҷоспро, 
Ҷаҳондору хунрез Лӯҳроспро. 

Ба пеши* 6 сипоҳ - андар андохтанд, 

Зи пайкори туркон бипардохтанд. 

Хурӯше баромад зи туронсипоҳ, 

Зи сар баргирифтанд яксар* 7 кулоҳ. 


1. Л-рӯй. 

2. ИЛ - бари бораи. 

- бар он бора. 

- нокас. 

- бибуд. 

- Миёни. 

- гурдон. 


306 


22 ^ 


Ду фарзанди Арҷосп гирён шуданд, 

Чу бар оташи тез бирён шуданд. 

Бидонист лашкар, ки он кор чист 
В-аз он рӯзи бад бар кӣ бояд гирист? 

2235 Бигуфтанд: «Зоро, 1 далеро, саро, 
Сипаҳдор шеро,* 2 гаво, меҳтаро, 

Кӣ куштат, ки бар дашти кин кушта бод, 
Бад-ӯ* 3 ҷовидон рӯз баргашта бод! 

Киро бояд акнун супурдан буна, 
Дурафше ки дорем бар маймана? 

Чу аз шоҳ пардахт шуд тахтгоҳ 4 . 

Мабодо кулоҳу мабодо сипоҳ!» 

Сипаҳро ба марг андаромад 5 ниёз 
Зи Халлух пур аз дард шуд то Тароз. 

2240 В-аз он пас ҳама пеши марг омаданд, 
Зиреҳдор бо хӯду тарг омаданд. 

Деҳу дор бархост аз размгоҳ, 

Ҳаво шуд ба кирдори абри сиёҳ. 

Ба ҳар ҷой - бар тӯдаи кушта буд, 

Касеро куҷо рӯз баргашта буд 6 . 

Ҳама дашт бе тан сару ёл буд, 

Ба ҷои дигар дасту кӯпол буд. 

Зи хун бар дари диж ҳаме мавҷ хост, 

Кӣ донист дасти чап аз дасти рост?! 


- шоҳо. 

- шоҳо. 

- Аз ӯ. 

4. ИЛМ - пардахта шуд қалбгоҳ. 

5. ИЛ - омад акнун. 

6. И - Зи хун рег ҳамчун гил оғушта буд. 


307 


2245 Чу Исфандёр андаромад зи ҷой, 
Сипаҳдор Кӯҳрам бифшурд пой. 

Ду ҷангӣ бар он сон баровехтанд, 

Ки гуфтӣ ба ҳамшон баромехтанд. 

Таҳамтан камаргоҳи Кӯҳрам гирифт, 
Рабудаш зи рӯи замин, эй шигифт! 

Баровардаш аз ҷою зад бар замин, 
Ҳама лашкараш хонданд офарин. 

Ду дасташ бубастанду бурданд хор, 
Пароканда шуд лашкари номдор. 

2250 Ҳаме гурз борид ҳамчун тагарг, 

Замин пур зи таргу ҳаво 1 пур зи марг. 

Сар аз теғборон чу барги 2 дарахт, 
Яке рехт рахту 3 яке ёфт тахт. 

Ҳаме мавҷ зад хун дар он размгоҳ 
Саре зери наълу саре бо кулоҳ. 

Надонад касе орзуи ҷаҳон, 

Нахоҳад ба мо баркушодан ниҳон. 

Касе к-аш сарафроз буд борагӣ, 
Гурезон ҳаме ронд 4 якборагӣ. 

2255 Ҳар он кас, ки шуд дар дами аждаҳо, 
Бикушид, з-ӯ ҳам наёмад раҳо. 

Зи туркони чинӣ 5 фаровон намонд 
В-агар монд, кас номи эшон нахонд. 


1 . Л - Ҳаво пур зи гарду замин. 

2. Л - чу барг аз. 

3. Л - хуну. 

4. И - Ҳамеронд з-он ҷо ба. 

5. ИЛ - туркон зи чинӣ. 


308 


Ҳама таргу хафтон 1 фуру рехтанд; 
Ҳама дида бо хун баромехтанд. 

Давон пеши Исфандёр омаданд, 

Ҳама дида чун навбаҳор омаданд. 

Сипаҳдор хунрези 2 бедод буд, 
Сипоҳаш ба бедоди ӯ шод буд. 

2260 Касеро надод аз ялон зинҳор, 

Бикуштанд аз он хастагон бешумор. 

Зи гурдони Чин номдоре намонд, 

Ба Туронзамин шаҳрёре намонд. 

Саропардаву хайма бардоштанд, 

Бар он куштагон ҷой бугзоштанд 3 . 

Бизад бар дари диж ду дори баланд, 
Фурӯ ҳишт аз дор печон каманд. 

Сари Андаримон нагунсор кард, 
Бародар-шро зинда 4 бар дор кард. 

2265 Сипоҳе бурун кард аз ҳар сӯе, 

Зи ҷое ки омад нишон аз кӯе, 

Бифармуд, то оташ андарзаданд, 
Ҳама шаҳри Турон ба ҳам барзаданд. 

Ба ҷое яке номдоре намонд, 

Ба 5 Чину ба б Туркон* 7 саворе намонд. 


1 . И - ҷавшан. 

2. Л - хунрезу. 

3. И - бурд. 

4. ТПЗЛИМ - Чу пайдо шуд аз ҳар даре неку бад, 

Бар он рӯи диж рафту хайма бизад. 

5. И - зи. 

6. И - зи. 

7. М-Турон. 


309 


Ту гуфти, ки абре баромад сиёҳ, 
Биборид оташ бар он размгоҳ. 

Ҷаҳонҷӯй чун кор аз он гуна дид, 
Саронро биёвард, май даркашид 1 . 

НОМА НАВИШТАНИ ИСФАНДЁР БА 
ГУШТОСП ВА ПОСУХИ Ӯ 

Дабири нависандаро пеш хонд 
В-аз он чораву ҷанг лахте 2 биронд. 

Бари тахт биншаст фаррух дабир, 
Қалам хост аз турку чинӣ ҳарир 3 . 

Нахустин, ки нӯки қалам шуд сиёҳ, 
Гирифт офарин бар Худованди моҳ. 

Худованди кайвону ноҳиду ҳур, 
Худованди пилу Худованди мӯр. 

Худованди пирӯзиву фарраҳӣ, 
Худованди дайҳиму шоҳаншаҳӣ. 

2275 Худованди некидиҳу раҳнамой 
Худованди ҷою Худованди рой. 

Аз ӯ ҷовидон номи Гуштосп бод, 

Ба мину ҳама коми Лӯҳросп бод! 4 * 5 


1. И - б. 2269 нест. 

2. ИЛМ - чанде. 

3. Л - хосту қиртосу мушку абир. 

4. Л - пас аз б. 2276 ин б. омада: 

Чу пардахта шуд з-офарини Худой 
Кушоданд аз ҳар сӯе ҳушу рой. 

Аз он корҳое, ки ӯ карда буд, 

Сари душманонро, ки бистурда буд, 
Чунин гуфт, к-эй шоҳи номоварон, 
Ҳама меҳтарон мар туро кеҳтарон. 
Кунам огаҳ аз кори худ шоҳро, 

Ки ман худ напаймудаам роҳро. 

5. М - Замин равшан аз номи Лӯҳросп бод! 


310 


Расидам ба роҳе ба Туронзамин, 

Ки ҳаргиз нахонам бар ӯ офарин. 

Агар баркушоям саросар сухан, 

Сари марди 1 нав гардад аз ғам куҳан. 

Чу дастур бошад маро шаҳрёр, 
Бихонам бар ӯ чораи корзор. 

2280 Ба дидори ӯ шоду беғам шавам 

В-аз ин ранҷи дерина хуррам шавам. 

В-аз он чораҳое ки ман сохтам, 

Ки то дил зи кина бипардохтам 2 . 

Ба Рӯиндиж Арҷоспу Кӯҳрам намонд, 
Ҷуз аз мӯяву 3 дарду мотам намонд. 

Касеро надодам ба ҷон зинҳор, 

Гиё дар биёбон сар овард бор. 

Ҳама мағзи мардум хурад шеру гург, 
Ҷуз аз дил наҷӯяд паланги сутург. 

2285 Фалак равшан аз тоҷи Гуштосп бод, 
Замин гулшан аз шоҳ Лӯҳросп бод! 

Чу бар нома-бар мӯҳри Исфандёр 
Ниҳоданду ҷастанд 4 чанде савор. 

Ҳаюнони кафкафкани тезрав, 

Ба Эрон фиристод солори нав. 

Бимонд аз паи посухи номаро, 
Бикушт оташи марди худкомаро. 


1 . И - Сазад марди. 

2. И-2280, 2281 нест. 

3. И - нолаву. 

4. Л - рафтанд. 


311 


Басе барнаёмад, ки посух расид, 

Яке нома буд банди ӯро калид 1 . 

2290 Сари посухи нома буд аз нахуст, 

Ки поянда бод, он ки некӣ биҷуст. 

Хирад ёфта марди некишинос, 

Ба тангӣ зи Яздон биёбад сипос. 

Дигар гуфт, к-аз додгар як Худой 
Бихоҳам, ки ӯ бошадат раҳнамой. 

Дарахте бикиштам ба боғи биҳишт, 
К-аз он борвартар Фаридун накишт. 

Бараш сурхёқуту зар омадаст, 

Ҳама барг аз зебу фар омадаст. 

2295 Сараш мебисояд ба чархи баланд, 
Ҳам эдун бувад бехи ӯ арҷманд 2 . 

Бимонод то ҷовидон ин дарахт, 
Танободу шодондилу некбахт 3 . 

Яке 4 он ки гуфтӣ, ки кини 5 ниё, 
Биҷустам ман 6 аз чораву кимиё. 

Дигар он ки гуфтӣ зи хунрехтан, 

Ба танҳо ба разм-андар овехтан, 

Тани шаҳрёрон гиромӣ бувад, 

Ҳам аз кӯшишу ҷанг номӣ бувад. 


1. И - б. 2288, 2289 нест. 

2. ИЛМ - б. 2295 нест. 

3. ТПЗ - Расид он навишта ба наздики ман, 

Ки равшан шуд ин ҷони торики ман. 
Навишта дар ӯ, он чӣ пеш омадат, 
Ҳунарҳо зи пайванд беш омадат. 

4. Л - нахуст. 

5. Л-хуни. 

6. Л - пур. 


312 




2300 Нигаҳдори тан бошу они хирад, 

Ки ҷонро ба дониш хирад парварад. 

Се* 1 дигар, ки гуфтӣ зи чандин ҳазор 
Надодам касеро ба ҷон зинҳор. 

Ҳамеша дилат меҳрубон боду гарм, 
Пур аз шарм ҷон, лаб пуровои нарм. 

Мабодо туро пеша хун рехтан, 

На бе кина бо меҳтар овехтан. 

Чу кини бародар-т буд сиву ҳашт, 

Аз андоза хун рехтан даргузашт. 

2305 Ва* 2 дигар, к-аз он пиргашта ниё 
Зи дил дур карда баду кимиё, 

Чу хун рехтандаш, ту хун рехтӣ, 

Чу шерони ҷангӣ баровехтӣ. 

Ҳамеша бизӣ шоду беҳрӯзгор, 
Равону хирад бодат омӯзгор. 

Ниёз аст моро ба дидори ту 
Бад-он пурҳунар 3 ҷони бедори 4 ту. 

Чу нома бихонӣ, сипаҳ барнишон, 
Бад-ин боргоҳ ой бо саркашон. 

2310 Ҳаюни таковар зи дар бозгашт, 

Ҳама шаҳри Эрон пуровоз гашт. 

Савори ҳаюнон чу боз омаданд, 

Ба назди таҳамтан фароз омаданд. 


- Ва. 

- Сс. 

- пурхирад. 

- хушёри. 


313 


БОЗГАШТАНИ ИСФАНДЁР НАЗДИ 
ГУШТОСП 

Чу он нома бархонд Исфандёр, 
Бубахшид динор, барсохт кор. 

Ҷуз аз ганҷи Арҷосп чизе намонд, 
Ҳама ганҷи хешони ӯ барфишонд. 

Сипоҳаш ҳам аз ӯ тавонгар шуданд, 
Аз андозаи кор бартар шуданд. 

23 1 5 Шутур буду аспон 1 ба дашту ба кӯҳ 
Ба доғи сипаҳдори Туронгурӯҳ. 

Ҳаюн хост аз ҳар сӯе даҳ ҳазор 
Пароканда дар дашту дар кӯҳсор 2 . 

Ҳазор уштур 3 аз ганҷи динори шоҳ 
Чу сесад зи дебову тахту кулоҳ. 

Сад аз мушк в-аз анбару гавҳарон, 
Сад аз тоҷ в-аз номвар афсарон, 

Аз афканданиҳои дебо ҳазор 
Бифармуд то барниҳоданд бор. 

2320 Чу сесад шутур ҷомаи чиниён 
Зи махруту мадҳуну аз парниён. 

Иморӣ бисечид дебо ҷулайл 
Канизак бибурданд чинӣ ду хайл. 


1. Л-астар. 

2. ТПЗЛ - Ҳама ганҷи Арҷосп дар боз кард, 

Нигаҳбон дирамсахтан оғоз кард. 
Ҳаюн хост в-онҳо ҳама бор кард, 
Ба эронзамин симу зар хор кард. 
Ҳазор астар аз ҷомагӣ ҳарчӣ буд, 
Ҳазор аз зару гавҳари нобисуд 
Ҳазор аз ғуломони зарринкамар, 
Ҳам аз бадраву бардаву симу зар. 

3. Л - астар. 


314 


Ба рух чун баҳору ба болой сарв, 
Миёнҳо чу ғарву ба гаштан тазарв. 

Або хоҳарони ял Исфандёр 
Бирафтанд бутрӯй сад номдор. 

Зи пӯшидарӯёни Арҷосп панҷ 
Бирафтанд бо мӯяву дарду ранҷ. 

2325 Ду хоҳар, ду духтар, яке модараш, 
Пур аз дард бо сӯгу хаста бараш.* 1 

Пас 2 оташ ба Рӯиндиж-андар фиканд, 
Забона баромад ба чархи баланд. 

Ҳама бораи диж бизад бар замин, 
Баровард гард аз бару буми Чин. 

Се пури ҷавонро сипаҳ доду гуфт 
Пароганда* 3 бошеду бо бахт ҷуфт. 

Ба роҳ ар касе сар бупечад зи дод, 
Сароншон ба ханҷар бибурред шод. 

2330 Шумо роҳ сӯи биёбон баред, 

Синонҳо ба хуршеди тобон баред. 

Сӯи Ҳафтхон ман ба нахчиру шер 
Биёям, шумо раҳ макӯбед дер. 

Бимӯлам, 4 бигирам сари роҳро, 
Бубинам шуморо сари моҳро. 

Сӯи Ҳафтхон омад Исфандёр 
Ба нахчир бо лашкари номдор. 


1 . М - Або муя модар, ба ғам духтараш. 

2. ЛМ-Чу. 

3. М - Ки бедор. 

4. Л - нахустин. 


315 


Чу наздики он ҷои сармо расид, 

Ҳама хоста гурд бар ҷой дид. 

2335 Ҳаво хушгувору замин пурнигор, 

Ту гуфтӣ ба тир андаромад баҳор. 

В-аз он ҷойгаҳ хоста баргирифт, 

Ҳаме монд з-он ахтар андар шигифт 1 . 

Чу наздикии шаҳри Эрон расид, 

Ба ҷои далерону шерон расид, 

Ду ҳафта ҳаме гашт бо юзу боз, 

Ғамӣ буд аз он ранҷу роҳи дароз. 

Се фарзанди пурмояро чашм дошт, 

Зи дер омаданашон ба дил хашм дошт. 

2340 Биёмад сипоҳу биёмад писар, 
Бихандид бо ҳар яке тоҷвар. 

Бигуфто, ки «Роҳ* 2 ин ки ман кӯфтам, 
Зи дер омадантон барошуфтам». 

Замин бӯса доданд ҳар се писар, 

Ки чун ту кӣ дорад ба гетӣ падар? 

В-аз он ҷойгаҳ сӯи Эрон кашид, 

Ҳама ганҷ сӯи далерон кашид. 

Ҳама шаҳри Эрон биёростанд, 

Маю руду ромишгарон хостанд. 

Зи деворҳо ҷома овехтанд, 

Зи бар мушку анбар ҳаме рехтанд. 

2345 Ҳаво пур зи овози ромишгарон, 

Замин пурсаворони найзаварон. 


1. Л - б. 2336 нест. 

2. М - Ки роҳи дурушт. 


316 




Чу Гуштосп бишнид, ромиш гузид, 
Ба овози ӯ ҷоми май даркашид. 

Ба лашкар бифармуд, то ҳар кӣ буд, 
Зи кишвар касе к-ӯ бузургӣ намуд, 

Ҳама бар дараш бо табира шуданд, 
Бузургони лашкар пазира шуданд. 

2350 Падар низ бо номвар бихрадон 
Бузургони фарзонаву 1 мӯбадон, 

Биёмад ба пеши писар тозарӯй, 

Ҳама шаҳр яксар пур аз гуфтугӯй. 

Чу рӯи падар дид шоҳи ҷавон, 

Дилаш гашт шодону равшан равон. 

Барангехт аз ҷой шабрангро, 
Фурӯзандаи оташи ҷангро. 

Пиёда* 2 падарро ба бар даргирифт, 
Падар монда аз кори ӯ дар шигифт. 

2335 Ҳаме хонд бар вай басе офарин, 

Ки бе ту мабодо замону замин. 

В-аз он ҷо ба айвони шоҳ омаданд, 
Ҷаҳоне варо некхоҳ омаданд. 

Биёрост Гуштосп айвону тахт, 

Дилаш гашта* 3 хуррам аз он некбахт. 

Ба айвонҳо дарниҳоданд хон, 

Ба солор гуфто: «Меҳонро бихон». 

Биёмад зи ҳар гӯшае майгусор 
Ба наздики он хусрави 4 шаҳрёр. 


- фарзона бо. 

- Биёмад. 
-буд. 

- номвар. 


317 


222 ^ 


2360 Маи хусравони ба* 1 ҷоми булур 
Гусорандаро дод рахшон чу ҳур. 

Зи 2 май гунаи рӯяшон 3 * 4 барфурӯхт, 
Дили бадсиголон бимурду 5 бисӯхт. 

Писар хӯрд бо шарм ёди падар, 
Падар ҳамчунон низ ёди писар. 

Бипурсид Гуштосп аз Ҳафтхон, 

Аз он номвар пури фаррух ҷавон.* 6 

Ба Гуштосп гуфт он гаҳ Исфандёр, 

Ки дар базмгаҳ ин макун хостор. 

2365 Бигӯям ба пеши ту фардо ҳама, 

Аё пурхирад шаҳрёри рама 7 . 

Суханҳои дерина боз* 8 оварем, 

Ба гуфтор лабро ниёз* 9 оварем. 

Чу фардо ба ҳушёрӣ ин бишнавӣ, 

Ба пирӯзии додгар бигравӣ. 

Бирафтанд ҳар як, ки гаштанд маст, 
Гирифта яке моҳрухро ба даст. 

Сар омад кунун қиссаи Ҳафтхон, 

Ба номи ҷаҳондор инро бихон, 

2370 Ки ӯ дод бар неку бад дастгоҳ, 

Худованди хуршеду рахшанда* 10 моҳ. 


1. - хусравониву. 

2. Л-Чу. 

3. Л - чеҳраи дӯстон. 

4. - ҳама гунаи дӯстон. 

5. Л - душманонро ба оташ. 

6. - Ки бар номдорони Эрон бихон. 

- 2364, 2365 нест. 

- ёд оварем. 

- ба дод. 

- тобанда. 


318 


Агар шоҳи пируз бипсандад ин, 
Ниҳодем бар чархи гарданда зин 1 . 

Кунун хӯрд бояд маи хушгувор, 

Ки ме бӯи мушк ояд аз кӯҳсор. 

Ҳаво пурхурӯшу замин пур зи чӯш, 
Хунук он ки дил шод дорад ба нӯш. 

Дирам дораду нону нуҳлу набид, 
Сари гӯсфанде тавонад бурид. 

2375 Маро нест ин, хуррам онро ки ҳаст, 
Бубахшой бар мардуми тангдаст 2 . 

Ҳама бӯстон зери барги гул аст, 

Ҳама кӯҳ пурлолаву сунбул аст, 

Ба полез булбул бинолад ҳаме, 

Гул аз нолаи ӯ бинолад ҳаме. 

Шаби тира булбул нахуспад ҳаме, 
Гул аз боду борон бичаспад ҳаме. 

Ман аз абр бинам ҳаме боду нам, 
Надонам, ки наргис чаро шуд дижам. 

2380 Бихандад ҳаме булбул аз ҳардувон, 
Чу бар гул нишинад, кушояд забон. 


1. И - б. 2307 - 2374 нест. 

ТПЗИ - Зи мо бод бар ҷони шоҳ офарин, 
Дили ӯ мабодо ба кайҳон ғамин. 
Ҳамеша зи додори додофарин 
Бар ин номвар шоҳ бод офарин. 
Ҷаҳондори пирӯз ёри ту бод, 
Сари ахтар андар канори ту бод! 

2. Л -пас аз б. 2375 ин б. омада: 

Хунук он ки ӯ ҷом дорад ба даст, 
Зи ишқи тани моҳрух гашта маст! 


319 


Надонам, ки ошиқ гул омад, гар абр, 
Ки аз абр бинам хурӯши ҳизабр. 

Бидаррад ҳаме 1 пеши пероҳанаш, 
Дурахшон шавад оташ андар танаш. 

Сиришки ҳаво бар замин шуд гуво 
Ба наздики хуршеди фармонраво. 

Кӣ донад, ки булбул чӣ гӯяд ҳаме, 

Ба зери гул-андар чӣ ҷӯяд 2 ҳаме. 

2385 Нигаҳ кун саҳаргоҳ, 3 то бишнавӣ 
Зи булбул сухан гуфтани паҳлавӣ. 

Ҳаме нолад аз марги Исфандёр, 
Надорад ба ҷуз нола з-ӯ ёдгор 4 . 

Зи 5 овози Рустам шаби тира абр 
Бидаррад дили пилу чанги 6 ҳизабр. 


1. Л-бод. 

2. Л - пӯяд. 

3. Л - саҳаргаҳ, ки. 

4. Л - нолаи корзор. 

5. Л-Чу. 

6. Л - дилу ҷону гӯши. 


320 


ДОСТОНИ РАЗМИ ИСФАНДЁР 
БО РУСТАМ 


оғози достон 

Зи булбул шунидам яке достон, 

Ки бархонд аз гуфтаи бостон, 

Ки чун маст боз омад Исфандёр, 
Дижам гашта аз хонаи шаҳрёр, 

2390 Катоюни Қайсар, ки буд модараш, 
Гирифта шаби тира андар бараш. 

Чу аз хоб бедор шуд ними шаб 
Яке ҷоми май ҷусту 1 букшод лаб, 

Чунин гуфт бо модар Исфандёр, 

Ки « Бо ман ҳаме бад кунад шаҳрёр. 

Маро гуфт чун кини Лӯҳроспшоҳ 
Бихоҳӣ ба мардӣ зи Арҷоспшоҳ, 

Биёрӣ ту мар хоҳаронро* 2 зи банд, 
Кунӣ номи моро ба гетӣ баланд, 

2395 Ҷаҳон аз бадон пок бехав кунӣ, 
Бикӯшиву ороиши нав кунӣ, 

Ҳама подшоҳиву лашкар турост. 
Ҳамон ганҷ бо тахту 3 афсар турост. 

Кунун чун барорад сипеҳр офтоб, 
Сари шоҳ 4 бедор гардад зи хоб, 


1 . Л - хосту. 

2. М - Ҳамон хоҳаронро биёрӣ. 

3. Л-тоҷу. 

4. И - шаҳаншоҳ. 


321 


Бигуям бад-у он суханҳо, ки гуфт, 

Зи ман ростиҳо набояд* 1 2 нуҳуфт. 

Агар тоҷи шоҳӣ супорад ба ман, 
Парастиш кунам чун бутонро шаман 

2400 В-агар ҳеч тоб андарорад ба чеҳр, 

Ба Яздон, ки бар пой дорад сипеҳр, 

Агар на ман он тоҷ бар сар ниҳам, 

Ба эрониён ганҷу кишвар диҳам. 

Туро бонуи шаҳри Эрон кунам, 

Ба зӯру ба дил кори шерон кунам». 

Ғамӣ шуд зи гуфтори ӯ 3 модараш, 
Ҳама парниён хор шуд дар бараш. 

Бидонист, к-он ганҷу 4 тахту кулоҳ 
Набахшад бад-ӯ 5 номбардор шоҳ. 

2405 Бад-ӯ гуфт, к-«Эй ранҷдида писар, 
Зи 6 гетӣ чӣ ҷӯяд дили тоҷвар? 

Ҳама ганҷу фармону рои сипоҳ 
Ту дорӣ, бар ин - бар фузунӣ махоҳ. 

Яке тоҷ дорад падар-т эй писар, 

Ту дорӣ ҳама лашкару буму бар, 

Чӣ некӯтар аз наррашери жаён 
Ба пеши падар-бар камар бар миён? 

Чу 7 ӯ бигзарад, тоҷу тахташ турост, 
Бузургиву аврангу бахташ турост». 


1. М-наёрад. 

2. ИЛ -б. 2399 нест. 

3. Л - дили меҳрубон. 

4. Л - тоҷу. 

5. Л-варо. 

6. Л-Ба. 

7. ИЛ-Гар. 


322 


2410 Чунин гуфт бо модар Исфандёр, 

Ки «Неку зад ин достон ҳушёр, 

Ки пеши занон роз ҳаргиз магӯй, 

Чу гӯӣ сухан, боз ёбӣ ба кӯй 1 . 

Ба коре макун низ 2 фармони зан, 

Ки ҳаргиз набинӣ зани ройзан» 3 . 

Пурожангу ташвир шуд модараш, 

Зи гуфтан пушаймонӣ омад бараш. 

Нашуд пеши Гуштосп Исфандёр, 
Ҳаме буд бо ромишу майгусор. 

2415 Ду рӯзу ду шаб бода аз ҷом* 4 х(в)ард, 
Бари моҳрӯёнаш ором кард. 

Севум рӯз Гуштосп огоҳ шуд, 

Ки фарзанд ҷӯяндаи гоҳ шуд, 

Ҳаме дар 5 дил андеша бифзоядаш, 
Ҳаме тоҷу тахти каӣ 6 боядаш.* 7 

Бихонд он замон шоҳ Ҷомоспро, 
Ҳамон фолгӯёни 8 Лӯҳроспро 9 . 

Бирафтанд бо зиҷҳо дар канор, 
Бипурсид шоҳ 10 аз гав Исфандёр, 


1 . ТПЗ - Агар лаб бубандӣ зи баҳри газанд, 

Нагӯӣ занонро, бувад судманд. 

2. Л - макун ҳеч коре. 

3. ТПЗ - Зане гар ҷаҳон шуд ба фармони ӯй, 

Бари ӯ набошад гиромӣ чу шӯй. 

4. М - бодаи хом. 

5. Л-бар. 

6. ИЛ - тахт орзу. 

7. М - Каӣ тоҷу тахт орзу оядаш. 

8. И - фолгирони. 

9. Л - Куҷо раҳнамун буд Гуштоспро. 

10. И - Бипурсидашон. 


323 




2420 Ки «Уро бувад зиндагони дароз? 
Нишинад ба хубиву орому' ноз? 

Ба сар барниҳад тоҷи шоҳаншаҳӣ?* * 2 
Бар ӯ пой дорад беҳиву меҳӣ»?* 3 

Чу бишнид донои Эрон сухан, 

Нигаҳ кард бо зиҷҳои куҳан, 

Зи тимор мижгон пур аз об кард, 

Зи дониш бурӯҳо пур аз тоб кард, 

Ҳаме гуфт: «Бадрӯзу бадахтарам, 

Бад аз дониш ояд ҳаме бар сарам. 

2425 Маро кош, ки пеши фаррух Зарир 
Замона фикандӣ ба чанголи шер. 

Варо ман надидам пур аз хоку хун, 
Фиканда бад-он сон ба хок-андарун. 

Ва ё худ бикуштӣ 4 падар мар маро, 
Нагаштӣ ба Ҷомосп шум ахтаро 5 . 

Чу Исфандёр он ки* 6 дар ҷанги ӯй 
Бидаррад дили шер аз оҳанги ӯй, 

Зи душман ҷаҳон сар ба сар кард пок, 
Ба разм-андарун несташ тарсу бок. 

2430 Ҷаҳон аз бадандеш бебим кард, 

Тани аждаҳоро ба ду ним кард. 

Аз ин пас ғами вай бибояд кашид, 
Басе шӯру талхӣ бибояд чашид». 


- орому шодиву. 

- шоҳаншоҳон. 

- кулоҳи меҳан. 

- накиштй. 

- Нарафтӣ зи Ҷомосп нек ахтаро; ИМ - Нарафтӣ ба Ҷомосп бад 
ахтаро. 

6. М - Исфандёре ки. 


324 


Бад-у гуфт шоҳ: «Эй писандида мард, 
Сухан гӯй в-аз роҳи дониш магард. 

Гар ӯ чун Зарири сипаҳбад бувад, 
Маро зистан з-он сипас бад бувад 1 . 

Ҳало зуд биштобу бо ман бигӯй, 

К-аз ин пурсишам* 2 талхӣ омад ба рӯй. 

2435 Варо дар ҷаҳон ҳуш бар дасти кист, 
К-аз он дард моро бибояд гирист?» 

Бад-ӯ гуфт Ҷомосп, «Эй шаҳрёр, 

Ба ман барнагардад бади рӯзгор. 3 

Варо ҳуш дар Зобулистон бувад, 

Ба чанги яли пури Дастон бувад» 4 . 

Ба Ҷомосп гуфт он замон шаҳрёр, 

Ки ин корро 5 * 6 хормоя мадор. 

Агар ман сари тахти шоҳаншаҳӣ 
Супорам бад-ӯ ганҷу тоҷи меҳӣ, 

2440 Набинад бару буми Зобулситон, 
Надонад* 7 кас ӯро ба Кобулситон. 

Шавад эмин аз гардиши рӯзгор, 

Бувад ахтари некаш омӯзгор. 

Чунин дод посух ситорашумар, 

Ки «Аз 8 чархи гардон кӣ ёбад 9 гузар?! 


1. И -б. 2433 нест. 

2. М-донишам. 

3. ИЛ - к-эй. 

4. ТПЗ - Ба Зобул замонаш сар ояд ҳаме, 

Чу бо пури Дастон дарояд ҳаме. 

5. Л - мар ин рӯзро; И - ки ин рӯзро. 

6. М-рӯзро. 

7. М - набинад. 

8. ИЛ - бар. 

9. ИЛ - наёби. 


325 


Аз ин бар шуда тезчанг аждаҳо, 

Ба зӯру ба мардӣ наёбад 1 раҳо. 

Бибошад ҳама буданӣ бегумон, 
Наҷустаст аз ӯ марди доно замон. 

2445 Ба дасти бузурге барояд-ш ҳуш 

В-агар хуфта ояд ба пешаш суруш» 2 . 

Дили шоҳи Эрон 3 пурандеша шуд, 
Равонаш зи андеша чун беша 4 шуд. 

Пурандеша аз гардиши рӯзгор, 

Ҳаме бар бадӣ будаш омӯзгор. 

ХОСТАНИ ИСФАНДЁР ПОДШОҲИРО АЗ 
ПАДАР 

Чу баргашт шаб гирд карда инон, 
Сапеда баровард 5 рахшон синон, 

Нишаст аз бари тахти зар шаҳрёр, 
Бишуд пеши ӯ фаррух Исфандёр. 

2450 Ҳаме буд пешаш парасторфаш, 
Пурандешаву 6 даст карда ба каш. 

Чу дар пеши шоҳ анҷуман шуд сипоҳ. 

Зи номоварону зи гурдони шоҳ, 

Ҳама мӯбадон пеши тахташ рада, 

Ҳам 7 испаҳбадон пеши ӯ саф зада. 


1. ИЛ - мардиву дониш, ки ёбад. ИМ мардиву дониш кӣ омад. 

2. ИЛ - б. 2445 нест. 

3. Л - шоҳ аз он бад. 

4. Л - Сараш бо ғаму дард ҳампеша. 

5. Л - баровард хуршеди. 

6. ИЛ - пурандеша дил. 

7. Л - зи. И - В-аз. 


326 




Пас Исфандёр он гави 1 пилтан 2 
Баровард аз дард он гаҳ 3 сухан. 

Бад-ӯ гуфт: «Шоҳо, анӯша бадӣ, 

Туро 4 бар замин фарраи эзадӣ. 

2455 Сари доду меҳр аз ту пайдо шудаст, 
Ҳамон тоҷу тахт аз ту зебо шудаст. 

Туро, эй падар, ман яке бандаам,* 5 
Ҳама б-орзӯи ту пӯяндаам. 6 * 7 

Ту донӣ, ки Арҷосп аз баҳри дин 
Биёмад чунон бо саворони Чин 

Бихӯрдам ман* 8 он сахт савгандҳо, 

Чу пазруфтам 9 он эзадӣ пандҳо, 

Ки ҳар кас, ки орад бад-ин дин* 10 шикаст, 
Дилаш тоб гирад, шавад бутпараст, 

2460 Миёнаш ба ханҷар кунам бар ду ним, 
Набошад маро аз касе тарсу бим. 

В-аз он пас, ки Арҷосп омад ба ҷанг, 
Набаргаштам аз ҷанги ҷангипаланг 11 . 

Маро хор кардӣ ба гуфти Гуразм, 

Чу ҷоми каӣ доштӣ рӯзи базм. 


1 . Л - яли. 

2. ИМ - таҳмтан. 

3. Л - дарди дил як. 

4. И - тӯӣ. 

5. ИЛ - танам. 

-б. 2456 нест, Л - Ҳамеша барои ту ман зиндаам. 

- пӯяндаем. 

- Ҳаме хӯрдам. 

- пазируфтам, И - бинмудам. 

- ба дин-дар. 

11. ТПЗМ - Яке гӯрсон кардам аз дашти кин, 

Саворе намондам абар пушти зин. 


327 


Бубасти тани ман ба банди гарон, 
Ба занҷиру мисмори оҳангарон. 

Сӯи Ганбадондиж фиристодиям, 

Зи хорӣ ба бегонагон додиям. 

2465 Ба Зобул шудӣ, Балх бугзоштӣ, 
Ҳама размро базм пиндоштӣ. 

Надидӣ ҳамон 1 теғи Арҷоспро, 
Фикандӣ ба хун шоҳ 2 Лӯҳроспро. 

Чу Ҷомосп омад, маро баста дид, 
В-аз он бастагиҳо маро 3 хаста дид, 

Маро подшоҳӣ пазируфту тахт, 

Бар ин низ чанде бикӯшид сахт. 

Бад-ӯ гуфтам ин бандҳои гарон, 
Сутунҳову мисмори оҳангарон, 4 * 5 

2470 Ба Яздон намоям ба рӯзи шумор, 
Бинолам зи бадкун ба парвардгор 6 . 

Маро 7 гуфт, к-аз хуни чандин сарон 
Сарафроз бо гурзҳои гарон, 

Дар он размгаҳ хаста танҳо ба тир, 
Ҳамон хоҳаронро, ки бурданд асир, 


1. ИЛ-ҳаме. 

2. Л - пир. 

3. М - Ҳама мар туро чун бандаем. 

4. Л - пас аз б. 2469 ин б. омада: 

Бимон ҳамчунин ҳам ба фармони шоҳ, 
Нахоҳам сипоҳу нахоҳам кулоҳ. 

5. М - Чи занҷиру мисмори оҳангарам. 

6. Л - пас аз б. 2470 ин б. омада: 

Маро гуфт агар панди ман бишнавӣ, 
Бисозӣ бар ин тахт-бар паҳлавӣ. 

7. Л - дигар. 


328 


Дигар гурди* 1 озода Фаршедвард 
Фикандаст хаста ба дашти набард 2 ? 

Зи туркон гурезон тани 3 шаҳрёр, 
Ҳаме печад аз банд Исфандёр 

2475 Насӯзад 4 дилат бар чунин корҳо, 
Бад-ин дарду тимору озорҳо». 

Суханҳо ҷуз ин* 5 низ бисёр гуфт, 

Ки гуфтор бо дарду ғам буд ҷуфт 6 . 

Ғулу банд барҳам шикастам ҳама, 
Давон омадам пеши шоҳи рама. 

Аз эшон бикуштам фузун аз шумор, 
Зи кирдори ман шод шуд* 7 шаҳрёр. 

Гар аз Ҳафтхон андарорам 8 сухун, 
Ҳамоно, ки ҳаргиз наёяд ба бун. 

2480 Зи тан боз кардам сар Арҷоспро, 
Барафрохтам ном Гуштоспро. 

Зану кӯдакон-шон бад-ин боргоҳ 
Биёвардаму ганҷу тахту кулоҳ 9 . 

Ҳама некуиҳо 10 ниҳодӣ ба ганҷ, 
Маро моя хун омаду суд ранҷ. 


1 . М - Бародарт. 

2. И -б. 2473 нест. 

3. ИЛ - шуда. 

4. И - напечад. 

5. М - чунин. 

6. ТПЗ - Биёвард чандин зи оҳангарон, 

Ки соянд он бандҳои гарон. 

Ҳаме кори оҳангарон дер буд, 
Дили ман бар оҳанги шамшер буд. 

7. М - Нагӯям сухан каж бари. 

8. ИЛ -баркушоям. 

9. И - тоҷу ганҷу сипоҳ. 

10. Л - хоста. 


329 


Зи бас банду 1 савганду паймони ту 
Дилам гармтар шуд ба 2 фармони ту. 

Ҳаме гуфтӣ, ар боз бинам туро, 

Зи равшан равон баргузинам туро, 

2485 Супорам туро афсару тахти оҷ, 

Ки ҳастӣ ба мардӣ сазовори тоҷ. 

Маро аз бузургон ҳаме шум хост, 

Ки гӯянд: «Ганҷу сипоҳат куҷост?» 

Баҳона кунун чист? Ман бар чиам, 

Пур аз ранҷ пӯён зи баҳри киам? 

Шаҳон гуфтаи худ ба ҷой оваранд, 

Зи аҳду зи паймони худ нагзаранд. 

Писарро бинеҳ тоҷ акнун ба сар, 

Чунон чун ниҳодат ба сар-бар падар». 3 

ПОСУХ ДОДАНИ ГУШТОСП ПИСАРРО 

2490 Ба фарзанд посух чунон дод шоҳ, 

Ки «Аз ростӣ бугзарӣ, нест роҳ. 

Аз ин беш кардӣ, ки гуфтӣ ту кор, 

Ки ёри ту бодо ҷаҳонкирдгор. 

Набинам кунун душмане дар ҷаҳон, 

На дар ошкоро, на андар ниҳон, 

Ки номи ту ёбад, на печон шавад, 

Чӣ печон? Ҳамоно, ки беҷон шавад. 

Ба гетӣ надорӣ касеро* 4 ҳамол, 

Магар пурҳунар номвар пури Зол, 


1. Л-панду. 

2. Л - Ҳаме нагзарам ман зи. 

3. ИЛМ - б. 2488, 2489 нест. 

4. М - Зи гетӣ надонам туро кас. 


330 


2495 Ки урост то ҳаст Зобулситон, 

Ҳамон Бусту Ғазнину Кобулситон. 

Ба мардӣ ҳамон з-осмон бугзарад, 
Ҳаме хештан кеҳтаре нашмарад. 

Бупечад зи рою зи фармони ман, 

Сар андарнаёрад ба паймони ман 1 . 

Ҳамон 2 пеши Ковуси кай 3 банда буд, 
Зи Кайхусрав андар ҷаҳон зинда буд. 

Ба шоҳӣ зи Гуштосп ронад сухан, 

Ки ӯ тоҷ нав дораду ман 4 куҳан. 

2500 Ба гетӣ туро нест кас ҳамнабард 
Зи румиву туриву озодмард 5 . 

Сӯи Систон рафт бояд кунун, 

Ба кор оварӣ ҷангу рангу фусун. 

Бараҳна кунӣ теғу кӯполро, 

Ба банд оварӣ Рустами Золро. 

Завора, Фаромарзро ҳамчунин 
Намонӣ, ки кас барнишинад ба зин. 

Ба додори гетӣ, ки ӯ дод зӯр, 
Фирӯзандаи ахтару моҳу ҳур, 


1 . ИЛМ - б. 2497 нест. 

2. Л - куҷо; ИМ - ҳам ӯ. 

3. Л - Ковус ӯ. 

4. ИЛМ-мо. 

5. ТПЗ - Ҳамоно шунидӣ, ки Лӯҳроспшоҳ 

Чу Кайхусраваш дод тахту кулоҳ, 
Ҳама зар фишонданд бар тахти оҷ, 
Барафшонд ӯ хок бар тахту тоҷ. 

Ба овоз гуфт он бади баднишон 
Ба наздики он шоҳи гарданкашон. 


331 


2205 Ба Занду ба Зардушту дини беҳи, 
Ба Нӯшозару озару фарраҳӣ 1 , 

Ки чун ин суханҳо ба ҷо оварӣ, 

Зи ман нашнавӣ з-он сипас доварӣ. 

Супорам туро ганҷу тахту кулоҳ, 
Нишонам-т бо тоҷ дар пешгоҳ». 

Чунин посух овардаш Исфандёр, 
Ки «Эй пурҳунар номвар шаҳрёр, 

Ҳаме дур монӣ зи расми куҳан, 

Бар андоза бояд, ки ронӣ сухан. 

2510 Ту бо шоҳи Чин ҷӯй ҷангу 2 набард, 
Аз он номдорон* 3 барангез гард. 

Чӣ ҷӯӣ набарди яке марди пир, 

Ки Ковус хондӣ варо шергир? 

Зи гоҳи Манучеҳр то Кайқубод 
Ҳама шаҳри 4 Эрон 5 бад-ӯ буд шод 6 . 


1. Бар он кас ҳаме хок бояд фишонд, 

Ки Лӯҳроспро шоҳ бояд-ш хонд. 

Чу Рустам аз ин гуна гӯяд ҳаме, 

Ба фармону роям напӯяд ҳаме. 
Ниҳонӣ ба дил кина дорад ба мо, 
Шуда пеши худ шоҳи фармонраво. 
Надидӣ чу Арҷосп омад ба Балх, 

Ба мо-бар ҳама комҳо кард талх. 

Зи раҳ бозгардиду н-омад ба ҷанг, 

Ту гуфтй, ки аз ман варо буд нанг. 

Зи душман чӣ ояд ҷуз инҳо, бигӯй, 

Чу ин аст оину пиндори ӯй. 

ИЛМ - 2505 нест. 

2. Л - ҷанг ҷую. 

3. М - Зи Чину зи Халлух. 

4. ИМ - буми. 

5. Л - Дили шаҳрёрон. 

6. Л - пас аз б. 2512 ин б. омада: 

Накӯкортар з-ӯ ба гетӣ касе 
Набудаст, к-овард гетӣ басе. 


332 


Ҳаме хондандаш худованди Рахш, 
Ҷаҳонгиру шеравжану тоҷбахш. 

На ӯ дар' ҷаҳон номдори 1 2 нав аст, 
Бузург асту бо аҳди Кайхусрав аст. 

25 1 5 Агар ахди шоҳон набошад дуруст, 
Набояд зи Гуштосп маншур ҷуст» 3 . 

Чунин дод посух ба Исфандёр, 

Ки «Эй пури гарданкаши 4 номдор 5 , 

Ҳар он кас, ки аз роҳи Яздон бигашт, 
Ҳамон аҳди ӯву ҳамон 6 боди дашт. 

Шунидӣ ҳамоно, ки Ковусшоҳ 
Ба фармони Иблис гум кард роҳ. 

Ҳаме б-осмон шуд ба парри уқоб, 

Ба зорӣ ба сорӣ 7 фитод андар об. 

2520 Зи Ҳомоварон девзоде бибурд, 

Шабистони шоҳӣ мар ӯро супурд. 


1. Л-андар. 

2. Л - номдоре. 

3. И - пас аз б. 2512 ин б. омада: 

Ту худ будӣ, эй шоҳ, меҳмони ӯ, 

Ба Рустам ду-се моҳ дар хони ӯ. 

Зи шоҳони Эрон набаргаштааст, 
Агар бандагиро камар бастааст. 
Ки ӯ подшоҳии Лӯҳросп дод, 
Ҳамон Золи Соми Наримоннажод. 
Зи баҳри шаҳаншоҳ хӯрданд хок, 
Нишонданд бар тахт бо тоҷ пок. 
Туро шаҳрёрӣ зи Лӯҳроспшоҳ 
Расонид Яздон - худованди моҳ. 
Бар эшон дарафтодани хоки роҳ 
Биҳишт андарояд паи тоҷу гоҳ? 

4. ИМ - шердил пурҳунар. 

5. Л -б. 2516 нест. 

6. Л-ӯгаштчун. 

7. И - зориву хорӣ. 


333 


Сиёвуш ба озори у кушта шуд, 

Ҳама дударо рӯз баргашта шуд. 

Касе к-ӯ зи аҳди ҷаҳондор гашт, 

Ба пеши дари ӯ нашояд гузашт 1 . 

Агар тахт хоҳӣ ҳаме бо 2 кулоҳ, 

Раҳи Систон гиру баркаш 3 сипоҳ. 

Чу он ҷо шавӣ, 4 * 5 дасти Рустам бубанд, 
Биёраш ба бозӯ фиканда каманд. 

2525 Завора, Фаромарз, Дастони Сом 
Набояд, ки созанд пеши ту дом. 

Пиёда давоншон бад-ин боргоҳ, 

Биёвар ҳаме, то бубинад сипоҳ. 

Аз он пас напечад сар аз мо касе, 

Агар кому гар ранҷ 6 ёбад басе». 

Сипаҳбад бурӯҳо пур аз чин бикард 7 , 
Бад-ӯ гуфт: «Ту гирди инҳо магард 8 . 

Туро нест Дастону Рустам ба кор, 

Ҳаме чора 9 ҷӯӣ зи Исфандёр. 

2530 Дареғ оядат тахти шоҳӣ ҳаме, 

Зи гетӣ маро дур хоҳӣ ҳаме. 


1. Л - пас аз б. 2521 ин б. омада: 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-эй номдор, 
Ту чандин баҳона ба пешам маёр. 

2. Л - ҳоҳиву ганҷу. 

3. Л-гирхудбо. 

4. Л -равӣ. 

5. М - андар шавӣ. 

6. Л - ганҷ, И - тоҷ гар ганҷ. 

7. ИЛ - тоб кард. 

8. ИЛМ - Ба шоҳи ҷаҳон гуфт, к-аз дин магард. 

9. ЛМ - роҳ. 


334 


22 


Туро бод ин тоҷу тахти меҳон 1 , 

Маро гӯшае бас бувад дар 2 ҷаҳон. 

Валекин* 3 туро ман яке бандаам, 

Ба фармону роят сарафкандаам» 4 . 

Бад-ӯ гуфт Гуштосп:* 5 «Тундӣ макун, 
Бузургӣ* 6 биёбӣ, нажандӣ макун. 

Зи лашкар гузин кун фаровон савор, 
Ҷаҳондидагон аз дари корзор. 

2535 Силеҳу сипоҳу дирам пеши туст, 
Нажандӣ ба ҷони бадандеши туст. 

Чӣ бояд маро бе ту ганҷу сипоҳ 
Ҳам ин тахти шоҳиву зарринкулоҳ»? 7 

Чунин посух овардаш 8 Исфандёр, 

Ки «Лашкар наёяд маро худ ба кор. 

Г ар эдун, ки ояд замонам фароз, 

Ба лашкар надорад ҷаҳондор боз». 

Зи пеши падар бозгашт ӯ ба тоб, 

Ҳам аз баҳри тоҷу ҳам аз гуфти боб. 


1 . Л - каён. 

2. Л-з-ин. 

3. М - Зи лашкар. 

4. ТПЗ - Ҳам акнун биронам сӯи Систон 
Ба фармонат, эй хусрави кинситон. 
Агар бад бувад кори ман, кирдгор 
Туро пурсад, эй шоҳ, рӯзи шумор. 
Шавам назди Рустам ба кину ситез, 
Агар хезад андар ҷаҳон растахез. 

- Падар гуфт дар кор. 

-Баландӣ 

7. ТПЗ - Дили худ ба хира чӣ дорӣ ба печ, 

Дирангӣ макун, роҳи Зобул басеч 
Чу рафтӣ, ҳама Систонро бисӯз, 

Бар эшон шаб овар ба рахшанда рӯз. 

8. Л - дод посух ял. 


335 


2540 Ба айвони хеш андаромад дижам, 

Лаби пур зи боду дили пур зи ғам. 

ПАНД ДОДАНИ КАТОЮН ИСФАНДЁРРО 

Катоюни хуршедрух 1 пур зи хашм, 

Ба пеши писар шуд пур аз об чашм. 

Чунин гуфт бо фаррух Исфандёр, 

Ки «Эй аз ялони ҷаҳон 2 ёдгор, 

Зи Баҳман шунидам, ки аз гулситон 
Ҳаме рафт хоҳӣ ба Зобулситон. 

Бубандӣ ҳаме Рустами Золро, 
Худованди шамшеру кӯполро. 

2545 Зи гетӣ ҳаме панди модар ниюш, 

Ба бад тез маштобу бар бад макӯш! 

Саворе, ки бошад ба нерӯи пил 
Ба пайкор хор оядаш 3 рӯди Нил. 

Бидаррад ҷигаргоҳи деви сапед, 

Зи шамшери ӯ гум кунад роҳ 4 шед. 

Ҳам ӯ шоҳи Ҳомоваронро бикушт, 
Наёраст гуфтан кас ӯро дурушт 5 . 


1 . ИМ - Чу бишнид; дил, Л - Чу бишнид шуд. 

2. И - дар ҷаҳон аз ялон. 

3. И - Зи хун ронад андар замин. 

4. ИЛ - шавад роҳи. 

5. ТПЗЛ- Ҳамоно чу Сӯҳроб дигар савор 

Набудаст ҷангӣ гаҳи корзор. 

Ба пеши падар шуд ба ҳангоми ҷанг, 
Ба овардгаҳ кушта шуд бедиранг.* 

Ба майдон бияндохт Пӯлодванд 
Ки гурдон гирифтӣ ба хамми каманд. 
Шунидӣ ҳамоно, к-аз Аквондев 
Чи гуна баровард Рустам ғирев? 

Чу Комуси ҷангӣ ба хамми каманд 
Пиёда гирифту кашидаш ба банд? 


336 


Ба кини Сиёвуш зи Афросиёб, 

Зи хун кард гетӣ чу дарёи об. 

2550 Аз он гурд чандон, ки гӯям сухун, 
Ҳунарҳош ҳаргиз наёяд ба бун * 1 . 

Мадеҳ аз паи тоҷ сарро ба бод, 

Ки бо тоҷ худ кас зи модар назод 2 . 

Падар пир гаштасту барно туӣ, 

Ба зӯру ба мардӣ тавоно туӣ. 

Сипаҳ яксара бар ту доранд чашм, 
Маяфкан танат дар балоҳо ба хашм. 

Ҷуз аз Систон дар ҷаҳон ҷой ҳаст, 
Ҷавонӣ макун, тез 3 манмой даст. 

2555 Маро хоксори ду гетӣ макун, 

Аз ин меҳрубо мом бишнав сухун». 4 

Чунин посух овардаш Исфандёр, 

Ки «Эй меҳрубон, ин сухан ёд дор. 

Ҳамон аст Рустам, ки донӣ ҳаме, 
Ҳунарҳош чун Занд хонӣ ҳаме. 

Накӯкортар з-ӯ ба Эрон касе 
Наёяд падид, ар* 5 биҷӯй басе. 

Мар ӯро ба басташ набошад сазо, 
Чунин бад на хуб ояд аз подшо 6 . 


Зи шангул шуниди, ки рузи набард 
Ба ханҷар чӣ гуна баровард гард? 

* Л - танҳо ду б. аввал дида шуд. 

1. ЛМ-2550нест. 

2. ТПЗ - Ки нафрин бар ин тахту ин тоҷ бод, 

Бад-ин куштану шӯру тороҷ бод! 

3. Л - далерӣ макун тезу. 

4. ТПЗ - Ту разми Таҳамтан ба бозӣ мадор, 

Махур бо тану ҷони худ зинҳор. 

5. М - наёбӣ дигар худ. 

6. Л - б. 2559 нест; 2558, 2559 нест. 


337 




2560 Валекин набояд шикастан дилам, 

Ки чун бишканӣ дил, зи тан бугсилам. 

Чӣ гуна кашам сар зи фармони шоҳ, 
Чӣ гуна гузорам чунин пешгоҳ? 

Маро гар ба Зобул сар ояд замон, 
Бад-он сӯ кашад гардиши осмон. 1 * 2 

Чу Рустам сар орад 3 ба фармони ман, 
Зи ман нашнавад сард ҳаргиз сухан» 4 . 

Биборид хун аз мижа модараш, 

Ҳама пок барканд мӯй аз сараш. 

2565 Бад-ӯ гуфт, к-«Эй жандапили жаён, 5 * 6 
Зи нерӯ ҳаме хор дорӣ* 7 равон. 

Басанда набошӣ ту бо пилтан, 

Аз эдар марав* 8 бе яке анҷуман. 

Мабар пеши пили жаён ҳуши хеш, 
Ниҳода бар ин гуна бар дӯши хеш 9 . 


1. Л - ахтарам бегумон. 

2. М - Бар он сӯ кашад осмон бегумон 

3. И-биёяд. 

4. И - пас аз б. 2563 ин б. омада: 

Чу н-ояд бубандам варо ҳарду даст, 
Биёрам ба пеши падар хору паст. 

- Ҳаме хор гирӣ зи неру. 

- ҷавон. 

-Ҳаме хор гирӣ ба тезӣ. 

-машав. 

9. ТПЗ - Наёрад сар андар ба паймони ту, 
На ҳаргиз дарояд ба фармони ту. 
Битарсад зи беғораву сарзаниш, 

Ки ӯ беш дорад зи гурдон маниш. 

Зи мардӣ наёрад касеро ба ёд, 

Ба гавҳар зи Ҷамшед дорад нажод. 
Шунидам, ки ӯ пеши Ковуси кай 
Сухан боз нагрифту бардошт пай. 
Ба як пушти даст он гави б-офарин 
Бизад пеши ӯ Тусро бар замин. 


338 


Агар з-ин нишон коми ту рафтан аст, 
Ҳама коми бадгавҳар Оҳарман аст. 

Ба дӯзах мабар кӯдаконро ба пой, 

Ки доно нахонад туро покрой». 

2570 Ба модар чунин гуфт пас ҷангҷӯй, 

Ки «Нобурдани кӯдакон нест рӯй. 

Чу андар паси парда бошад ҷавон, 
Бимонад манишпасту тираравон * 1 . 

Ба ҳар размгаҳ-андар эшон ба кор 
Маро бояд, эй модари ҳушёр. 

Басе лашкарам худ набояд маро 
Ҷуз аз хешу пайванду чанде саро» 2 . 

ЛАШКАР ОВАРДАНИ ИСФАНДЁР БА ЗОБУЛ 

Ба шабгир ҳангоми бонги хурӯс 
Зи даргоҳ бархост овои кӯс. 


Ба Ковуси кай гуфт: «Ман бартарам, 
Ба мардиву шоҳӣ ман андарх(в)арам. 
Нишондам бар ин тахт ман Кайқубод, 
На аз ки ту бим дорам, на дод». 

1 . Ба рози ҷавонй зи Ковусшоҳ 
Чунон сар бупечид дар пешгоҳ. 

Пас аз пириву доди мардӣ, ки дод, 

Чӣ гуна диҳад номи худро ба бод? 

Ту гӯӣ ҳамоно, ки пандаш диҳам, 

Ба афсунгарӣ пойбандаш ниҳам. 

Ҳар он кас, ки як рӯз зояд ба пеш 
Хирадмандӣ ӯро бувад низ беш. 

Зи модар сухан дарпазиру марав, 

Ба рою хирад панди модар шунав. 

ТПЗ - Бувад мард аз баҳри кӯполу гурз, 

Ки бифрозад андар ҷаҳон ёлу бурз. 

2. И - б. 2572, 2573 нест: 

Л - Чу бишнид гуфтори фаррухҷавон, 
Дилаш гашт пурдарду тира равон. 
Ҳама шаб зи дарди писар модараш 
Зи дида буборид хун дар бараш. 


339 


2575 Чу пиле ба асп андаровард пой, 
Биёвард чун бод лашкар зи ҷой. 

Ҳаме ронд то пешаш омад ду роҳ 
Фурӯ монд бар ҷой шоҳу 1 сипоҳ. 

Дижи гунбадон* 2 буд роҳаш яке, 
Дигар сӯи Зобул кашид андаке. 

Шутур он ки дар пеш будаш, 3 бихуфт, 
Ту гуфтӣ ки бо хок гаштаст ҷуфт. 

Ҳаме чӯб зад бар сараш сорвон, 

Зи рафтан бимонд он замон корвон. 

2580 Ҷаҳонҷӯйро он бад омад ба фол, 

Бифармуд, к-аш сар бибурранду ёл. 

Бад-он то бад-ӯ боз гардад бадӣ, 
Нагардад табаҳ фарраи эзадӣ. 

Буриданд гурдон ҳам он ҷо сараш, 
Бад-ӯ гашт ҳам дар* 4 замон ахтараш. 

Ғамӣ гашт аз он уштур Исфандёр, 
Гирифт он замон ахтари шум хор. 

Чунин гуфт: «Он кас, ки пирӯз гашт, 
Сару бахти ӯ гетиафрӯз гашт. 

2585 Бад нек ҳар ду зи Яздон бувад, 

Лаби мард бояд, ки хандон бувад». 

В-аз он пас 5 биёмад сӯи Ҳирманд, 
Ҳаме буд тарсон зи бими газанд. 


1. ИМ-пилу. 

2. - сӯи Гунбадон. 

3. Л - рафтӣ. 

4. М - Бад-ӯ бозгашт он. 

5. ИЛ-ҷо. 


340 


Бар оин бубастанд пардасарой, 
Бузургони лашкар гузиданд 1 ҷой. 

Широе бизад шоҳу бинҳод тахт, 
Бад-он* 2 тахт шуд ҳар кӣ буд некбахт. 

Май оварду ромишгар Исфандёр 3 , 
Нишаста Башутан бари шаҳрёр 4 . 

2590 Ба ромиш дили хештан шод кард 
Дили 5 родмардон пур аз бод кард. 

Чу гул бишкуфид аз маи солх(в)ард 
Рухи номдорону шоҳи набард, 

Ба ёрон чунин гуфт, к-«Аз рои шоҳ 
Бупечидаму дур гаштам зи роҳ. 

Маро гуфт бар кори Рустам басеч 
Зи банду зи хорӣ маёсой ҳеч. 

Накардам, нарафтам ба роҳи падар, 
Ки он шердил марди пархошхар 

2595 Басе ранҷ дорад ба ҷои сарон, 

Ҷаҳон рост кард ӯ ба гурзи гарон. 

Ҳама шаҳри Эрон бад-ӯ зиндаанд, 
Агар шаҳрёранд, агар бандаанд. 

Фиристодае бояд акнун далер, 6 * 7 
Хирадманду бодонишу 8 ёдгир. 


1 . Л - гирифтанд. 

2. М - Бари. 

3. Л - ромишгаронро бихонд. 

4. Л - Басе зарру гавҳар бар эшон биронд. 

5. Л-сари. 

6. Л - Фиристода бояд яке тезвир. 

7. М-дабир. 

8. Л - донандаву. 


341 


Саворе, ки 1 ояд ба наздики мо, 

Кунад равшан ин 2 ҷони* 3 торики мо. 

2600 Ба хубӣ* 4 диҳад даст банди маро, 

Ба дониш набинад газанди маро, 

Нахоҳам ман ӯро ба ҷуз некуӣ, 

Агар дур дорад сар аз бадхуӣ». 

Башутан бад-ӯ гуфт, к-«Ин аст роҳ, 
Бад-ин бошу озори 5 мардон махоҳ» 6 . 

ФИРИСТОДАНИ ИСФАНДЁР БАҲМАНРО 
БА НАЗДИ РУСТАМ 

Бифармуд, то Баҳман омад ба пеш, 
Сухан гуфт бо вай зи андоза беш. 

Бад-ӯ гуфт: «Аспи сияҳ барнишин, 
Биёрой танро ба дебои Чин. 

2605 Бинеҳ бар сарат афсари хусравӣ, 
Нигораш ҳама гавҳари паҳлавӣ. 

Бад-он сон, ки ҳар кас, ки бинад туро, 

Зи гарданкашон баргузинад туро. 

Бидонад, ки ҳастӣ ту хусравнажод, 
Кунад офаринандаро бар ту ёд. 

Бубар панҷ болои зарринситом, 
Сарафроз даҳ мӯбади некном. 

Ҳам аз роҳ то хони Рустам бирон, 
Макун кор бар хештан-бар гарон. 


1. Л-Агарӯхуд. 

2. Л - Дурахшон кунад; И - дурафшон кунад. 

3. М - Дурахшон кунад рои. 

4. М - чарбӣ. 

5. Л - озарми. 

6. И -б. 2602 нест. 


342 


2^2 


26 1 0 Дурудаш деҳ аз мову неки намой, 
Биёрой гуфтору чарбӣ физой. 

Бигӯяш, ки ҳар кас, ки гардад баланд, 
Ҷаҳон дорадаш аз бадӣ бегазанд, 

Зи додор бояд, ки дорад сипос, 

Ки ӯяст ҷовид некишинос. 

Чу бошад физояндаи* 1 некуӣ, 

Ба парҳез дорад дил аз 2 * 3 бадхуӣ. 

Бияфзоядаш комгориву ганҷ, 

Бувад шодмон дар сарои сипанҷ. 

2615 Чу дурӣ гузинад зи кирдори зишт 
Биёбад бад-он гетӣ-андар биҳишт. 

Баду нек бар мо ҳаме бугзарад, 

Чунин донад он кас, ки дорад хирад, 

Саранҷом бистар бувад тирахок, 
Бипаррад равон сӯи Яздони пок. 

Ба гетӣ ҳар он кас, ки Яздон 4 шинохт, 
Бикӯшиду бо шаҳрёрон бисохт 5 , 

Кунун аз ту андоза гирем рост, 
Набояд бар ин-бар фузунӣ, на кост, 

2620 Ки бугзоштӣ солиён бешумор, 

Бидидӣ ба гетӣ басе шаҳрёр 

Агар бозҷӯӣ зи роҳи хирад 
Бидонӣ, ки чунин на андархурад, 


- гирояндаи. 

- Бипарҳезад он аз бади. 

- Бипарҳезад аз озу аз. 

4. ИЛ - некӣ. 

5. ТПЗИЛМ - Ҳар* он бар ки корӣ, ҳамон бидравӣ, 

Сухан ҳар чӣ гӯӣ, ҳамон бишнавӣ. 

* ТПЗ - ҳамон. 


343 


Ки чандин бузургиву ганҷу сипоҳ 
Гаронмоя аспону тахту кулоҳ, 

Ҳама аз ниёгони ман ёфтӣ, 

Чу дар бандагӣ тез биштофтӣ. 

Чӣ моя ҷаҳон дошт Лӯҳроспшоҳ, 
Накардӣ гузар сӯи он боргоҳ. 

2625 Чу ӯ шаҳрёрӣ ба Гуштосп дод, 
Наёмад аз он пас худ аз шоҳ ёд. 

Сӯи вай яке нома нанвиштаӣ, 

Аз ороиши бандагӣ гаштаӣ. 

Нарафтӣ ба даргоҳи ӯ бандавор, 
Нахондӣ мар ӯро ҳаме 1 шаҳрёр. 

Зи Ҳушангу Ҷамму Фаридуни гурд, 
Ки аз тухми Заҳҳок шоҳӣ бибурд, 

Ҳаме рав чунин то сари Кайқубод, 
Ки тоҷи бузургӣ ба сар барниҳод, 

2630 Чу Гуштосп наншаст як шаҳрёр, 2 
Ба разму ба базму ба рою шикор. 

Пазируфт покиза дини беҳӣ, 

Ниҳон гашт бедодиву бераҳӣ. 

Чу рахшанда шуд роҳи кайҳонхидев, 
Ниҳон шуд бадомӯзиву роҳи дев, 3 

В-аз он пас чу Арҷосп омад ба ҷанг, 
Сипаҳ чун палангону меҳтар наҳанг 4 . 


1 . Л - Ба гетӣ нахоҳӣ касе. 

2. ИЛ - номдор. 

3. Л - хуршед. 

4. Л -б. 2633 нест. 


344 


Надонист кас лашкарашро шумор, 
Пазира шудаш номвар шаҳрёр. 

2635 Яке гӯрсон кард аз дашти кин, 

Ки ҷое надиданд рӯи замин. 

Ҳамоно, ки то растахез ин сухан 
Миёни бузургон нагардад куҳан. 

Кунун Ховар ӯрост то Бохтар, 

Ҳаме бишканад гардани шери 1 нар. 

Зи Турон бирав то дари Синду Рум, 
Ҷаҳон шуд мар ӯро чу як мӯҳра мум. 

Зи дашти саворони найзагузор 
Ба даргоҳи ӯ низ чанде савор 

2640 Фиристанд аз он шаҳрҳо 2 божу сов, 
Ки бо ҷанги ӯ нестшон зӯру тов. 

Аз он гуфтам ин бо ту, эй паҳлавон, 
Ки ӯ аз ту озурда дорад равон. 

Нарафтӣ бад-он номвар боргоҳ, 
Накардӣ бад-он номдорон нигоҳ. 

Г аронӣ гузидастӣ андар ҷаҳон, 

Ҳаме хештан дорӣ андар ҷаҳон, 

Фаромуш туро меҳтарон чун кунанд, 
Магар мағзи дил пок берун кунанд. 

2645 Ҳамеша ҳама некӯӣ сохтӣ 3 , 

Ба фармони шоҳон сар афрохтӣ 4 . 


1 . ИЛМ - пушти шерони. 

2. Л - Фиристодаш аз марзҳо, И - Фиристанд аз ин марзҳо. 

3. ИЛ - хостӣ. 

4. ИЛ - биёростӣ. 


345 


Агар баршуморад касе ранҷи ту, 

Ба гетӣ фузун ояд аз ганҷи ту. 

Зи шоҳон касе бар чунин достон 
Зи банда набуданд ҳамдостон. 

Маро гуфт Рустам зи бас хоста, 
Ҳамон 1 кишвару ганҷи ороста 

Ба Зобул нишастасту гаштаст маст, 
Нагирад кас аз маст чизе ба* 2 даст. 

2650 Чу кор оядаш дурӣ аз размгоҳ, 
Набинад маро низ дар базмгоҳ. 

Барошуфту як рӯз савганд х(в)ард 
Ба рӯзи сапеду шаби лоҷвард, 

Ки ӯро ба ҷуз баста дар боргоҳ 
Набинад касе з-ин гузида сипоҳ. 3 

Кунун ман аз Эрон бад-ин омадам, 
Набуд 4 шоҳдастур, то дам задам. 

Бипарҳезу печон шав аз хашми ӯй, 
Надидӣ, 5 ки ха ттт м оварад ча ттт ми ӯй 6 . 

2655 Чу эдар биёиву фармон кунӣ, 

Равон аз нишастан пушаймон 7 кунӣ, 

Ба хуршеду равшан равони Зарир, 

Ба ҷони падар-м он гаронмоя шер, 

Ки ман з-ин пушаймон кунам шоҳро, 
Барафрӯзам ин ахтару моҳро. 


1. Л-ҳамаз. 

2. М - Наёрад ба ҳар кори ман пеш. 

3. Л — аз ин пас ҷаҳондор шоҳ. 

4. Л - бибуд. 

5. Л - набояд. 

6. И - б. 2664 нест. 

7. Л - Равонро ба пӯзиш гаравгон. 


346 


2^2 


Башутан бар ин-бар гувои ман аст, 
Равону хирад раҳнамои ман аст, 

Ки ман чанд аз ин ҷустам ороми шоҳ, 
Валекин ҳаме аз ту дидам гуноҳ. 

2660 Падар шаҳрёр асту ман кеҳтарам, 

Зи фармони ӯ як замон нагзарам. 

Ҳама дуда акнун* 1 бибояд нишаст, 
Задан рою судан бад-ин кор даст. 

Завора, Фаромарзу Дастони Сом, 
Ҷаҳондида Рӯдобаи некном, 

Ҳама панди ман як ба як 2 бишнавед, 
Бад-ин хуб гуфтори ман бигравед. 

Набояд, ки ин* 3 хона вайрон шавад, 
Куноми палангону шерон шавад. 

2665 Чу баста туро назди шоҳ оварам, 

Бад-ӯ - бар фаровон гуноҳ оварам. 

В-аз он пас бибошам ба пешаш ба пой, 
Зи хашму зи кин орамаш боз ҷой. 

Намонам, ки боде ба ту барвазад, 
Бад-он сон, ки аз гавҳари ман сазад». 

РАСИДАНИ БАҲМАН БА НАЗДИ ЗОЛ 

Суханҳои он номвар пешгоҳ 
Чу бишнид Баҳман, биёмад ба роҳ. 

Бипӯшид зарбафти шоҳаншаҳӣ, 

Ба сар барниҳод он кулоҳи меҳӣ. 


- бо ҳам. 

- сар ба сар. 

- Набояд, ки-тон. 


347 


2670 Хиромон биёмад зи пардасарой, 
Дурафши дурафшон паси ӯ ба пой. 

Ҷаҳонҷӯй бугзашт бар Ҳирманд, 
Ҷавоне сарафрозу аспе баланд. 

Ҳам андар замон дидбонаш бидид, 

Сӯи Зобулистон фиғон баркашид, 

Ки омад набарда саворе далер 
Ба ҳаррои заррин, сиёҳе ба зер. 1 

Паси пушти ӯ хормоя савор, 

Таносон гузашт аз лаби рудвор. 

2675 Ҳам андар замон Зол бар зин нишаст, 
Каманде ба фитроку гурзе ба даст. 

Биёмад чу аз дида 2 ӯро бидид, 

Яке боди сард аз ҷигар баркашид. 3 

Чунин гуфт, к-ин номвар паҳлавист, 
Сарафроз бо ҷомаи хусравист. 

Зи Лӯҳросп дорад ҳамоно нажод, 

Паи ӯ бад-ин бум фархунда бод! 

Зи дида биёмад ба даргоҳ рафт, 

Замоне пурандеша бар зин бикафт. 4 

2680 Ҳам андар замон Баҳман омад падид, 
Сар аз чархи гарданда бартар кашид.* 5 

Надонист марди ҷавон Золро, 
Барафрохт он хусравӣ ёлро. 


1 . Л - яке наррашер. 

2. ЛМ - ҳамон гаҳ чу. 

3. И -б. 2673 -2676 нест. 

4. Л - ҳафт. 

5. М - В-аз ӯ рояти хусравӣ густарид. 


348 


Чу наздиктар гашт, овоз дод, 

Чунин гуфт, к-«Эй марди деҳқоннажод, 

Сари анҷуман 1 пури Дастон куҷост, 

Ки дорад замона бад-ӯ пушт рост? 

Ки омад ба Зобул ял Исфандёр, 
Саропарда зад бар лаби ҷӯйбор». 

2685 Бад-ӯ гуфт Зол «Эй писар ком ҷӯй, 
Фуруд ою, май хоҳу ором ҷӯй. 

Кунун Рустам ояд зи нахчиргоҳ, 

Завора, Фаромарзу чандин 2 сипоҳ. 

Ту бо ин саворон биё 3 арҷманд, 

Биёрой дилро ба бигмоз чанд». 

Чунин дод посух, ки «Исфандёр 
Нафармудамон ромишу майгусор. 

Гузин кун яке марди ҷӯяндароҳ, 

Ки бо ман биёяд ба нахчиргоҳ». 

2690 Чунин дод посух, ки «Номи ту чист, 
Ҳаме бугзарӣ тезкоми ту чист? 

Бар онам, ки ту хеши Гуштоспӣ, 

Г ар аз тухмаи шоҳ Лӯҳроспӣ?» 

Бад-ӯ гуфт Баҳман, ки «Ман Баҳманам, 
Зи пушти ҷаҳондори рӯинтанам». 

Чу бишнид гуфтори ӯ сарфароз, 

Фуруд омад аз аспу бурдаш намоз. 4 


1 . Л - ростон. 

2. ИЛ - чанде. 

3. Л - бибош. 

4. ТПЗ - Навозиш ба ҳар ҷо бувад дастгир, 

Чи аз тезбарно, чи аз марди пир. 


349 


Бихандид Баҳман, пиёда бибуд, 
Бипурсиду ӯ гуфту Баҳман шунуд. 1 

2695 Басе кард хоҳиш, ки эдар биист, 

Чунин тезрафтан туро рӯй нест, 

Бад-ӯ 2 гуфт: «Пайғоми Исфандёр 
Нашояд гирифтан чунин суст хор». 

Гузин кард гурде 3 ки донист роҳ, 
Фиристод бо ӯ ба нахчиргоҳ. 

Ҳаме рафт пеш - андарун раҳнамун, 
Ҷаҳондидае номи ӯ Шерхун. 

Ба ангушт бинмуд нахчиргоҳ, 

Ҳам андар замон бозгашт ӯ зи 4 роҳ. 

ПАЙҒОМ ДОДАНИ БАҲМАН РУСТАМРО 

2700 Яке кӯҳ буд пеши марди ҷавон 
Барангехт он бораи паҳлавон. 

Нигаҳ кард аз он пас ба нахчиргоҳ, 
Падид омад он паҳлавони 5 сипоҳ. 

Яке мард ҳамчун кӯҳи Бесутун 
Дарахте гирифта ба чанг-андарун. 


1. Л - Бипурсид бисёру пӯзиш намуд; И - пас аз б. 2694 ин б. омада: 

Бад-ӯ гуфт Баҳман чӣ доред ном, 

Ту эй пири дида ҷаҳон шодком? 

Бад-ӯ гуфт: «Ман пури Соми савор 
Зи тухми Нарим аз ҷаҳон ёдгор. 

Ҳаме Золро дар канораш гирифт, 

Ҳаме монд з-он бурзу боло шигифт. 

Бад-ӯ гуфт Зол, эй худованди рой, 

Ба тундй мазан гом, эдар бипой. 

2. Л - Чунин. 

3. ИЛ - марде. 

4. Л - Нишон доду худ боз паймуд роҳ. 

5. Л - Бидид он бари паҳлавони. 


350 


Яке наррагуре зада бар дарахт, 

Ниҳода бари хеш кӯполу рахт. 

Яке ҷоми пурмай ба дасти дигар, 
Парастанда бар пой, пешаш писар. 

2705 Ҳаме гашт Рахш андар он марғзор, 
Дарахту гиё буду ҳам ҷӯйбор. 

Чунин гуфт Баҳман, ки «Ин Рустам аст, 
Ва ё офтоби сапедадам аст?! 

Ба гетӣ касе мард аз инсон надид, 

На аз номдорони пешин шунид. 

Битарсам, ки бо ӯ ял Исфандёр 
Натобад, бупечад сар аз корзор. 1 

Ман ӯро ба як санг беҷон кунам, 

Дили Золу Рӯдоба печон кунам». 

27 1 0 Яке санг аз он кӯҳи хоро биканд, 

Фурӯ ҳишт аз он кӯҳсори баланд. 

Зи нахчиргоҳаш Завора бидид, 

Ҳам овози он санги хоро шунид. 2 

Хурӯшид, к-«Эй паҳлавони савор, 

Яке санг ғалтон шуд аз кӯҳсор. 

Наҷунбид Рустам, набинҳод гӯр, 

Завора ҳаме кард аз он гуна шӯр. 

Ҳаме буд то санг наздик шуд, 

Зи гардаш ҳама кӯҳ торик шуд. 


1 . ТПЗ - Яке рой бояд кунун кард соз, 

Ки ӯ дар нишеб асту ман дар фароз. 
Аз он пас, ки ояд ба разм - андарун, 
Ба майдони кин созамаш сарнагун. 

2. И-б. 2708-2711 нест. 


351 


2715 Бизад пошна, санг андохт 1 дур, 
Завора бар-ӯ офарин карду сур. 2 

Ғамӣ 3 шуд дили Баҳман аз кори ӯй, 4 
Чу дид он бузургиву дидори ӯй. 5 

Ҳаме гуфт: «Агар фаррух Исфандёр 
Кунад бо чунин номвар корзор, 

Тани хеш дар ҷанг расво кунад, 
Ҳамон беҳ, ки бо ӯ мудоро кунад. 

Гар эдун, ки з-ӯ беҳтар омад ба ҷанг, 
Ҳама шаҳри Эрон бигирад ба чанг». 

2720 Нишаст аз бари бораи бодпой, 
Пурандеша аз кӯҳ шуд боз ҷой. 

Бигуфт он шигифтӣ ба мӯбад, ки дид 
В-аз он роҳи осон сар андаркашид. 

Чу омад ба наздики нахчиргоҳ, 
Таҳамтан бидидаш ҳамон гаҳ зи роҳ. 

Ба мӯбад чунин гуфт, к-он мард кист, 
Ман эдун гумонам, ки гуштоспист. 

Пазира шудаш бо Завора ба ҳам 
Зи нахчир ҳар кас, ки буд бешу кам. 

2725 Пиёда шуд аз асп 6 Баҳман чу дуд, 
Бипурсидашу некуиҳо намуд. 7 

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «То номи хеш 
Нагӯӣ, наёбӣ зи ман коми хеш». 


1 . Л - биндохт. 

2. ИЛ - пур. 

3. И-Ғамин. 

4. И-ӯ. 

5. И-ӯ. 

6. Л - бора. 

7. И -б. 2725 нест; Л - фузуд. 


352 


Чунин 1 гуфт: «Ман пури Исфандёр, 
Сари ростон Баҳмани номдор». 

Варо паҳлавон зуд дар бар гирифт, 

Зи дер омадан пӯзиш андаргирифт. 

Бирафтанд ҳар ду ба ҷои нишаст, 

Худу номдорони меҳтарпараст. 

2730 Чу биншаст Баҳман, бидодаш дуруд, 
Зи шоҳу зи эрониён барфузуд. 2 

В-аз он пас чунин гуфт, к-«Исфандёр, 
Чу оташ бирафт аз дари шаҳрёр. 

Саропарда зад бар лаби Ҳирманд, 

Ба фармони пирӯз шоҳи баланд. 

Паёме расонам зи Исфандёр, 

Агар бишнавад паҳлавони савор». 3 

Чунин гуфт Рустам, ки «Фарзанди шоҳ 
Биранҷиду з-ин сон бипаймуд роҳ. 

2735 Хӯрем, он чӣ дорем чизе нахуст, 

Пас он гаҳ ҷаҳон зери фармони туст». 4 

Бигустард бар суфра-бар нони нарм, 
Яке гӯрибирён баровард гарм. 

Парастанда хон* 5 пеши Баҳман ниҳод, 
Таҳамтан 6 суханҳо ҳаме 7 кард ёд. 


1 . ИМ - Бад-у. 

2. Л -ҳар кӣ буд. 

3. И -б. 2732, 2733 нест. 

4. ТПЗ - Бифармуд, то хон ниҳоданд пеш, 

Бад-ин сон, ки ӯ дошт оини хеш. 

5. М - Ба дасторхон. 

6. ИЛ - гузашта. 

7. Л - бар ӯ. 


353 


Бародар-шро низ бо у нишонд 
В-аз он номдорон дигар кас 1 нахонд. 2 

Дигар гӯр бинҳод пеши танаш, 3 
Ки ҳар бор гӯре будӣ хӯрданаш. 4 

2740 Намак барпароканд 5 бибрид х(в)ард, 6 
Назора бар ӯ он сарафроз мард. 7 

Ҳаме хӯрд Баҳман зи гӯр андаке, 

Зи Рустам набуд хӯрданаш 8 садяке. 

Бихандид Рустам бад-ӯ гуфт: "Шоҳ, 

Зи баҳри хуриш дорад ин пешгоҳ. 

Хуриш чун бад-ин гуна дорӣ ба хон, 

Чӣ сон рафтӣ андар дами 9 Ҳафтхон? 

Чӣ гуна занӣ найза дар корзор, 

Чу хӯрдан чунин дорӣ, эй шаҳрёр»? 

2745 Бад-ӯ гуфт Баҳман, ки «Хусравнажод 
Сухангӯю бисёрхора мабод. 

Хӯриш кам бувад, кӯшиши ҷанг беш, 

Ба каф барниҳад ҳар замон ҷони хеш». 

Бихандид Рустам ба овоз гуфт, 

Ки «Мардӣ зи мардон нашояд нуҳуфт» 10 . 


1. И-касеро. 

2. Л - басеро бихонд, Л - пас аз ин б. ин б. омада: 

Завора, Фаромарз чун пили маст, 

Ҳамон номдорони яздонпараст. 

3. ЛМ - дар пеши хеш. 

4. Л - Куҷо буд хӯрдаш яке гӯр беш. 

5 . И - барарфганду . 

6. И - хӯрд. 

7. И - гурд. 

8. ЛМ - Набуд хӯрданаш пеши ӯ. 

9. Л - Чи гуна бар раҳи. 

10. И - набошад зи мардон шигифт, пас аз б. 2747 ин б. омада: 
Л - Яке ҷоми май хост аз майгусор, 

Ки киштӣ накардӣ бар ӯ-бар гузор. 


354 


Яке ҷоми заррин пур аз бода кард 
В-аз ӯ ёди мардони озода кард. 

Дигар ҷом бар дасти Баҳман ниҳод, 

Ки баргир аз он кас, ки хоҳӣ ту ёд. 

2750 Битарсид Баҳман зи ҷоми набид, 
Завора нахустин даме даркашид. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй баччаи шаҳрёр, 

Зи* 1 ту шод бодо маю майгусор». 

Аз ӯ бистад он ҷом Баҳман сабук, 
Дилором майхорае буд тунук. 

Ҳаме монд аз Рустам ӯ дар 2 шигифт, 

Аз он хӯрдану ёлу бозуву кифт. 3 

Нишастанд бар бора ҳарду савор, 

Ҳаме ронд Баҳман бари номдор. 

2755 Бидодаш якояк ба Рустам паём 
Аз Исфандёр он яли некном. 4 

ПОСУХ ДОДАНИ РУСТАМ БАҲМАНРО 

Чу бишнид Рустам зи Баҳман сухан, 
Пурандеша шуд мағзи марди куҳан. 

Чунин гуфт: «Оре, шунидам паём, 
Дилам шуд ба дидори ту шодком. 

Зи ман посух ин бар ба Исфандёр, 

Ки эй шердил меҳтари номдор, 

Ҳар он кас, ки дорад равонаш хирад, 
Сари мояи корҳо бингарад. 


1. М-Ба. 

2. ИЛ - андар. 

3. ТПЗ - Чу аз хони нахчир бархостанд, 

Сабук бораи меҳтарон хостанд. 

4. ИЛ - шодком. 


355 


2760 Чу мардиву пирузиву хоста 
Варо бошаду ганҷи ороста, 

Бузургиву гурдиву номи баланд, 

Ба назди гаронмоягон арҷманд, 

Ба гетӣ бар ин сон, ки акнун туӣ, 
Набояд, ки дорад сарат 1 бадхуӣ. 

Бибошем бар доду 2 яздонпараст, 
Нагирем дасти бадиро ба даст. 

Сухан, ҳар чӣ бар гуфтанаш рӯй нест, 
Дарахте бувад, к-аш бару бӯй нест. 

2765 Агар ҷони ту биспарад роҳи оз, 
Шавад кор бесуд бар ту дароз. 

Чу меҳтар сарояд сухан, сахта беҳ, 

Зи гуфтори бад ком пардахта беҳ. 

Зи гуфтори он кас шудӣ* 3 банда шод, 
Ки гуфтӣ, ки чун ӯ зи модар назод. 

Ба мардиву фарҳангу 4 рою хирад 
Ҳаме бар ниёкони худ бугзарад. 

Чу пайдост 5 номат ба Ҳиндустон, 

Ба Чину ба Руму ба Ҷодуситон.* 6 

2770 Аз ин пандҳо дорам аз ту сипос, 

Ситоиш кунам рӯзу дар шаб се пос. 

Зи Яздон ҳаме орзу хостам, 

Ки акнун бад-он дил биёростам, 


1 . Л - дилат. 

2. Л - ҳамвора. 

3. М - будӣ. 

4. Л - гурдиву. 

5. И-Бадидаст. 

6. М - Чунин аст номат ба Барбарситон, 

Ба Руму ба Чину ба Ховарситон. 


356 


322 


Ки бинам писандида чеҳри туро, 
Бузургиву мардиву* 1 меҳри туро. 

Нишинем як бо дигар шодком, 

Ба ёди шаҳаншоҳ гирем ҷом. 

Кунун ончи ҷустам ҳама ёфтам, 

Ба хоҳишгарӣ* 2 тез биштофтам. 

2775 Ба пеши ту оям ҳаме бесипоҳ, 

Зи ту бишнавам, он чи фармуд шоҳ. 

Биёрам барат аҳди шоҳону дод, 

Зи Кайхусрав оғоз то Кайқубод. 

Кунун, эй таҳамтан, ту дар кори ман 
Нигаҳ кун ба озору кирдори 3 ман. 

Бад-он некуиҳо, ки ман кардаам, 
Ҳамон ранҷу сахтӣ, ки ман бурдаам, 

Парастидани шаҳрёрон ҳамон, 

Аз имрӯз то рӯзи пешинзамон. 

2780 Чу подоши он ранҷ банд оядам, 

Ҳам аз шоҳи Эрон газанд оядам, 

Ҳамон беҳ, ки гетӣ набинад касе, 

Чу бинад, бад-ӯ - дар намонад басе. 

Биёям бигӯям ҳама рози хеш, 

Зи гетӣ барафрозам овози хеш. 

Гар аз ман гуноҳе биёяд падид, 

К-аз он бад сари ман бибояд бурид, 

Бубандам ба бозу яке полҳанг, 
Пиёда биёям ба чарми паланг. 


- гурдиву . 

- хоҳиш ҳаме. 

- кирдори бисёри. 


357 


^2 2 ^ 


2785 Аз он пас, ки ман гардани жандапил 
Шикастам, фикандам ба дарёи Нил, 

Суханҳои нохуш зи ман дур дор, 

Ба бадҳо дили 1 дев ранҷур дор. 

Магӯй он чи ҳаргиз нагуфтаст кас, 
Ба мардӣ макун бодро дар қафас. 

Бузургон бар оташ наёбанд роҳ, 

Ба дарё гузар нест бе ошиноҳ. 

Ҳамон тобиши моҳ 2 натвон нуҳуфт, 
На рӯбаҳ тавон кард бо шер ҷуфт. 

2790 Ту бар роҳи ман - бар ситеза марез, 
Ки ман худ яке мояам дар ситез. 

Надидаст кас банд бар пои ман, 

На бигрифт шери жаён ҷои ман. 

Ту он кун, ки аз подшоҳӣ* 3 сазост, 
Мадор эч бо* 4 дев-бар дасти рост. 5 

Ба ҳарза 6 зи дил дур кун хашму кин, 
Ҷаҳонро ба ча ттт ми ҷавонӣ мабин. 

Ба дил хуррамӣ дору бугзор руд, 
Туро бод аз покяздон* 7 дуруд. 

2795 Гиромӣ кун ин хонаи мо ба сур, 
Мабош аз парастандаи хеш дур. 

Чунон чун будам кеҳтари Кайқубод, 
Кунун аз ту дорам дилу мағз шод. 


- тани. 

- меҳр. 

- шаҳрёрон. 

- озро. 

- Магард аз паи он, ки он норавост. 

6. ИЛМ - мардӣ. 

7. М - Ки аз покдодор бодат. 


358 


Чу ои ба наздики ман бо сипоҳ, 

Ҳам эдар бибошӣ ба шодӣ ду моҳ. 

Биёсояд аз ранҷ марду сутур, 

Дили душманон гардад аз рашк кӯр. 

Ҳама дашт нахчиру мурғ андар об, 
Агар дер монӣ, бигирад шитоб. 

2805 Бубинам зи ту зӯри мардони ҷанг, 

Ба шамшер шер афканӣ ё паланг. 

Чу хоҳӣ, ки лашкар ба Эрон барӣ, 

Ба наздики шоҳи далерон барӣ, 

Кушоям дари ганҷҳои куҳун, 

Ки эдар фикандам ба шамшер бун. 

Ба пеши ту орам ҳама ҳарчи ҳаст, 
Куҷо* 1 гирд кардам ба нерӯи даст. 

Бидор, ончи дориву дигар бубахш, 
Макун бар дили мо чунин рӯз пахш. 2 

2810 Чу ҳангоми рафтан фароз оядат, 

Ба дидори хусрав ниёз оядат, 

Инон аз 3 инонат напечам 4 ба роҳ, 
Хиромон биёям ба наздики шоҳ. 

Ба пӯзиш кунам нарм хашми варо, 
Бибӯсам сару пову чашми варо. 

Бипурсам зи бедоди шоҳи баланд, 

Ки дастам чаро кард бояд ба банд. 


1 . М - Ки ман. 

2. ТПЗЛ - Дирам деҳ сипаҳрову тундӣ макун, 

Чу хушши биёбӣ, нажандӣ макун. 

3. Л-бо. 

4. Л - бубандам. 


359 


Ҳама ҳар чи гуфтам кунун ёд дор, 

Бигӯ пеши пурмоя Исфандёр». 

БОЗГАШТАНИ БАҲМАН 

2815 Зи Рустам чу бишнид Баҳман, бирафт 1 , 
Ҳаме ронд бо мӯбади пок тафт. 2 

Таҳамтан замоне ба раҳ-бар бимонд, 
Завора, Фаромарзро пеш хонд, 

К-«Аз эдар бар наздики Дастон шавед, 
Ба назди маҳи Зобулистон шавед. 

Бигӯед, к-Исфандёр омадаст, 

Ҷаҳонро яке хостор омадаст. 

Ба айвонҳо тахти заррин ниҳед, 

Ба вай 3 ҷомаи хусравоин ниҳед. 

2820 Чунон ҳам чу ҳангоми Ковусшоҳ 
В-аз ӯ низ пурмоятар боргоҳ 

Бисозед чизе ки шояд х(в)ариш 
Набояд, ки кам бошад аз 4 парвариш, 

Ки наздики мо пури шоҳ омадаст, 

Пур аз кинаву размгоҳ омадаст. 

Гави номдор асту шоҳи 5 далер, 
Наандешад аз ҷанги як дашт шер. 

Шавам пеши ӯ, гар пазирад навид, 

Ба некӣ бувад ҳар касеро умед. 


1. Л-сухан. 

2. Л - Равон гашт бо мӯбади поктан. 

3. Л - бад-ӯ. 

4. Л - хӯришҳои хуб аз паи. 

5. Л - шере. 


360 


2825 Агар некуи бинам андар сараш, 

Зи ёқути сурх 1 оварам афсараш. 

Надорам аз ӯ ганҷу гавҳар дареғ, 

На баргустувону на кӯполу теғ. 

В-агар боз гардонадам ноумед, 
Набошад маро рӯз бо ӯ сапед, 

Ту донӣ, ки ин тобдода каманд 
Сари жандапилон дарорад 2 ба банд». 

Завора бад-ӯ гуфт: «Мандеш аз ин, 
Наҷӯяд касе разм, к-аш нест кин. 

2830 Надодам ба гетӣ яке шаҳрёр 
Ба рою ба мардӣ чу Исфандёр. 

Наёяд зи марди хирад кори бад, 
Надид ӯ зи мо ҳеч кирдори бад». 

Завора биёмад ба наздики Зол 
В-аз он рӯй Рустам барафрӯхт ёл. 

Биёмад дамон то лаби Ҳирманд, 
Сараш хира гашта зи бими газанд. 

Инонро гарон кард дар пеши рӯд, 
Ҳаме буд то Баҳман орад 3 дуруд. 

2835 Чу Баҳман биёмад ба пардасарой, 
Ҳаме буд пеши падар-бар ба пой. 

Бипурсид аз ӯ фаррух Исфандёр, 

Ки «Посух чӣ додат гави номдор?»* 4 


1 . ИЛМ - ёқуту зар. 

2. ИМ - жандапил андарорад. 

3. Л - Ҳамедод бар покяздон. 

4. М - Чӣ бишнидӣ аз паҳлавони савор? 


361 


Чу бишнид, биншаст пеши падар, 
Бигуфт он чи бишнид аз ӯ дар ба дар 

Нахустин дурудаш зи Рустам бидод, 
Зи пайғому посух ҳаме кард ёд. 

Ҳама дида пеши падар боз гуфт, 
Ҳамон низ нодида андар нуҳуфт. 

2840 Бад-ӯ гуфт: «Чун Рустами пилтан 
Набинам* 1 2 касе низ дар анҷуман. 

Дили шер дорад, тани жандапил, 
Наҳангон барорад зи дарёи Нил. 

Биёмад кунун то лаби Ҳирманд, 

На ҷавшан, на хӯду на гурзу каманд. 

Ба дидори шоҳ омадасташ ниёз, 
Надонам чӣ дорад ба дил 3 бо ту роз» 

Зи Баҳман барошуфт Исфандёр, 
Варо бар сари анҷуман кард хор. 

2845 Бад-ӯ гуфт, к-«Аз мардуми сарфароз 
Назебад, ки бо зан нишинад ба роз. 

Дигар кӯдаконро 4 ба коре бузург, 
Фиристад, набошад далеру сутург. 

Ту гарданкашонро 5 куҷо дидаӣ, 

Ки бонги паи асп* 6 нашнидаӣ, 7 


1. Л - пас ащ б. 2837 ин б. омада: 

Забон баркушод он далери ҷавон 
Зи гуфтору кирдори он паҳлавон. 

2. М - Набинад. 

3. Л - ҳаме. 

4. Л - кӯдакеро. 

5. Л - шери жиёнро. 

6. М - овози рӯбоҳ. 

7. Л - Ки Рустам ба мардӣ писандидаӣ. 


362 


Ки Рустам ҳаме пили ҷанги куни, 
Дили номвар анҷуман бишканӣ». 

Чунин гуфт пас бо Башутан ба роз, 
Ки «Он шери ҷанговари сарфароз, 

2850 Ҷавоне ҳаме созад аз хештан 

Зи солаш наёяд ҳамоно ттт икан». 

РАСИДАНИ РУСТАМ ВА ИСФАНДЁР 
БО ЯКДИГАР 

Бифармуд, к-аспи сияҳ зин кунанд, *' 
Ба болош-бар 1 2 зини заррин кунанд.* 3 

Пас аз лашкари номвар сад савор 
Бирафтанд бо фаррух Исфандёр. 4 

Аз он сӯ хурӯше баровард Рахш 
В-аз ин сӯй аспи яли тоҷбахш. 

Таҳматан зи Рахш андаромад фуруд, 
Пиёда ҳаме дод ялро дуруд. 

2855 Пас аз офарин гуфт, к-«Аз як Худой 
Ҳаме хостам, то бувад раҳнамой, 

Ки ту бо бузургон дар ин 5 ҷойгоҳ 
Чунин тандуруст омадӣ бо сипоҳ. 

Нишинему гуфтори фаррух ниҳем 
В-аз он пас яке хуб посух диҳем. 

Чунин дон, ки Яздон гувои ман аст, 
Хирад з-ин сухан раҳнамои ман аст, 


1 . М - кунед. 

2. ИЛМ - болои ӯ. 

3. М - кунед. 

4. ТПЗИЛМ - Биёмад дамон то лаби Ҳирманд 

Ба фитрок - бар карда печон каманд. 

5. Л - бо номдорон бад-ин. 


363 


22 ^ 


Ки ман з-ин суханҳо нагирам фуруғ, 
Нагардам ба ҳар ҷой 1 гирди дурӯғ, 

2860 Ки рӯи Сиёвуш агар дидаме, 

Бад-он тозарӯӣ нагардидаме. 

Намонӣ ҳаме ҷуз Сиёвахшро, 

Мар он тоҷдори ҷаҳонбахшро. 

Хунук шоҳ, к-ӯ чун ту дорад писар, 
Ба болову чеҳрат 2 бинозад падар. 

Хунук шаҳри Эрон, ки тахти туро 
Парастанду бедор бахти туро! 

Дижамбахт он, к-аз ту ҷӯяд 3 набард, 
Зи бахту 4 зи тахт андарояд ба гард. 

2865 Ҳама душманон аз ту пурбим бод, 
Дили бадсиголат ба ду ним бод! 

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод 
Шабони сияҳ бар ту чун рӯз бод!» 

Чу бишнид гуфтораш Исфандёр, 
Фуруд омад аз бораи шоҳвор. 5 

Тани пилвораш* 6 ба бар даргирифт, 
Фаровон бар ӯ* 7 офарин баргирифт, 

Ки «Яздон сипос, эй ҷаҳонпаҳлавон, 
Ки дидам туро шоду равшанравон. 

2870 Сазовор бошад ситудан туро, 

Ялони ҷаҳон хок будан туро. 


1. Л-кор. 

2. ИЛ - фарат. 

3. И - кас, ки бо ту. 

4. ИМ - Биҷӯяд. 

- роҳвор; ИМ - номдор. 

- Чу хушнуд шуд. 

- Бидидам. 


364 


2^2 


Хунук он ки чун ту писар бошадаш, 
Яке шох бинад, ки бар бошадаш! 

Хунук он ки бошад варо чун ту пушт 
Бувад эмин аз рӯзгори дурушт. 1 

Чу дидам* 2 туро ёдам омад Зарир 
Сипаҳдори аспафкани наррашер», 3 

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эй паҳлавон, 
Ҷаҳондору* 4 бедору равшанравон, 

2875 Яке орзу дорам, эй шаҳрёр, 5 
Ки бошам бад-он орзу комгор, 

Ки оӣ хиромон сӯи хони ман, 

Ба дидор равшан кунӣ ҷони ман. 

Сазои ту гар нест, чизе ки ҳаст, 
Бикӯшему бо он бисоем даст». 

Чунин посух овардаш Исфандёр, 

Ки «Эй аз ялони ҷаҳон ёдгор, 

Хдр он кас, ки ӯ чун ту бошад ба ном, 
Бад-ӯ шаҳри Эрон бувад* 6 шодком. 

2880 Нашояд гузар кардан аз рои ӯй, 
Гузашт аз бару бум в-аз ҷои ӯй. 

Валекин зи фармони шоҳи ҷаҳон, 
Напечам равон ошкору ниҳон. 


1. ИЛ - пас аз б. 2872 ин б. омада: 

Хунук Зол, к-аш бугзарад рӯзгор, 
Ба гетӣ бимонад туро ёдгор. 

- Хирадманду. 

- шергир. 

- Хирадманду. 

5. ЛМ - аз номдор. 

6. М - Ҳама шаҳри Эрон бад-ӯ. 


365 




Ба Зобул нафармуд моро диранг, 

На бо номдорони ин бум* 1 ҷанг. 

Ту он кун, ки бар ёбй аз рӯзгор, 

Бар он рав, ки фармон диҳад шаҳрёр. 2 

Ту худ банд бар пой неҳ бе диранг, 
Набошад зи банди шаҳаншоҳ нанг. 

2885 Туро чун барам баста наздики шоҳ, 
Саросар бад-ӯ бозгардад гуноҳ. 

Аз ин бастанат ман равон 3 хастаам, 

Ба пеши ту - андар камар бастаам. 

Намонам, ки то шаб бимонӣ ба банд, 
На бар ҷонат ояд зи чизе газанд. 

Ҳаме бадгумонӣ ту,* 4 эй паҳлавон, 
Бадӣ н-ояд аз шоҳ худ бегумон. 

Маро шоҳ гуфтаст, к-ин тахти оҷ 
Туро дод хоҳам або ганҷу тоҷ. 5 

2890 Аз он пас чу 6 ман тоҷ бар сар ниҳам, 
Ҷаҳонро ба дасти ту - андар ниҳам. 

Ба наздики додор бошад гуноҳ, 

На шарм оядам низ аз рӯи шоҳ. 

В-агар боз гардӣ ба Зобулситон, 

Ба ҳангоми бишкуфани гулситон, 

Биёбӣ ту чандон зи ман хоста, 

Ки гардад бару бумат ороста». 


- он марз. 

-б. 2883 нест. 

- он бастагӣ ман ҷигар. 

- Ҳамон хубӣ ангор. 

5. ИЛМ - б. 2889 нест. 

6. ИЛ - ки. 


366 




Бад-у гуфт Рустам, ки «Эй номдор, 
Ҳаме ҷустам аз довари кирдгор,* 1 

2895 Ки хуррам кунам дил ба дидори ту 
Кунун чун шунидем* 2 гуфтори ту, 

Ду гарданфарозем пиру ҷавон, 
Хирадманду бедор ду* 3 паҳлавон. 

Битарсам, ки чашми бад ояд ҳаме, 
Сар аз хоби хуш баргирояд ҳаме. 

Ҳаме ёбад андар миён дев роҳ, 

Дилат каж кунад аз паи тоҷу гоҳ. 

Яке нанг бошад маро з-ин сухан, 

Ки то ҷовидон он нагардад куҳан. 

2900 Ки чун ту сипаҳбаднажоде, 4 саре,* 5 
Сарафроз шереву кундоваре, 

Наёӣ замоне ту дар* 6 хони ман, 
Набошӣ бар ин марз меҳмони ман. 

Г ар ин кина аз мағз берун кунӣ, 
Бикӯшиву бар дев афсун кунӣ, 

Зи дидорат ороиши* 7 ҷон кунам, 

Зи ман ҳар чӣ хоҳӣ ту, фармон кунам, 

Магар банд, к-аз банд орӣ бувад, 
Шикасте бувад, зишт коре бувад. 


- комгор. 

- шавам шодмона ба. 

- сипаҳбад саре, афсаре. 

- сипаҳбад гузида. 

- Ба шодӣ наёӣ сӯи. 

- бедордил. 

- гуфтори ту ромиши. 


367 


2905 Набинад маро зинда бо банд кас, 

Ки равшан равонам бар ин аст бас». 1 

Ба посух чунин гуфт Исфандёр, 

Ки «Эй аз гавони ҷаҳон ёдгор, 

Ҳама рост гуфтӣ, нагуфтӣ дурӯғ, 

Зи кажжӣ нагиранд мардон фурӯғ. 

Валекин Башутан шиносад, ки шоҳ 
Чӣ фармуд, чун ман бирафтам ба роҳ. 

Маро гуфт, бар кори Рустам басеч 
Ба ҷуз банду размаш нахоҳӣ ту ҳеч. 2 

2910 Гар акнун биёям сӯи хони ту 
Бувам шоду пирӯз меҳмони ту, 

Чу гардан бупечӣ зи фармони шоҳ, 
Маро тобиши рӯз гардад табоҳ. 

Яке он ки ман бо ту ҷанг оварам, 

Ба пархош хӯи паланг оварам. 

Фаромӯш кунам меҳри* 3 нону намак, 
Зи покинажод андароям ба шак. 

В-агар сар бупечам зи фармони шоҳ, 
Бад-он гетӣ оташ бувад ҷойгоҳ. 4 

2915 Туро орзу гар чунин омадаст, 

Як имрӯз бо май бисоем даст. 

Кӣ донад, ки фардо чӣ хоҳад будан, 
Бар ин достонҳо набояд задан». 


1. ТПЗ- Маро сар ниҳон гар шавад зери санг, 

Аз он беҳ, ки номам барояд ба нанг. 

2. ИЛМ - б. 2909 нест. 

3. М - ҳаққи. 

4. Л - б. 2914 нест. 


368 


Бад-у гуфт Рустам, ки «Эдун кунам, 
Шавам, ҷомаи роҳ берун кунам. 

Ба як ҳафта нахчир кардам ҳаме, 

Ба ҷои бара гӯр х(в)ардам ҳаме. 

Ба ҳангоми хӯрдан маро бозхон, 

Ту бо дудаи хеш биншин ба хон». 

2920 В-аз он ҷойгаҳ Рахшро барнишаст, 
Дили хастаро андар андеша баст. 

Биёмад давон,* 1 то ба айвон расид, 
Рухи Золи Соми Наримон бидид. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй меҳтари номдор, 
Расидам ба наздики Исфандёр. 

Савореш дидам чу сарви саҳӣ, 
Хирадманд бо зебу бо фарраҳӣ. 

Ту гӯӣ, 2 ки шоҳ Офаридуни гурд 
Бузургиву доноӣ ӯро супурд. 

2925 Ба дидан фузун омад аз огаҳӣ, 

Ҳаме тофт з-ӯ фарри шоҳаншаҳӣ». 

НАХОНДАНИ ИСФАНДЁР РУСТАМРО 
БА МЕҲМОНӢ 

Чу Рустам бирафт аз лаби Ҳирманд, 
Пурандеша шуд номдори баланд. 

Башутан, ки буд шоҳро раҳнамой, 
Ҳамон гаҳ биёмад ба пардасарой. 

Чунин гуфт бо вай ял Исфандёр, 

Ки «Коре гирифтем душвор 3 хор. 


1 . М - дамон. 

2. ЛМ - гуфтӣ. 

3. И-душвору. 


369 


Ба айвони Рустам маро кор нест, 

Варо назди ман низ дидор нест. 

2930 Ҳамон гар наёяд, нахонам-ш низ, 

Гар аз мо пур ояд якеро қафиз. 

Дили зинда аз кушта бирён шавад, 
Сар аз ошноиш гирён шавад». 

Башутан бад-ӯ гуфт, к-«Эй номдор, 
Бародар кӣ дорад* 1 чу Исфандёр? 

Ба Яздон, ки дидам шуморо нахуст, 
Ки як номвар бо дигар кин наҷуст. 

Дилам гашт аз он кор чун навбаҳор 2 , 
Ҳам аз Рустаму ҳам зи Исфандёр. 

2935 Чу дар коратон жарф кардам 3 нигоҳ, 
Бубандад ҳаме бар хирад дев роҳ. 

Ту огоҳӣ аз кори дину ҳунар, 

Зи фармони Яздону рои падар, 

Бипарҳезу бо ҷон ситеза макун, 
Ниюшанда бош аз бародар сухун. 

Шунидам ҳама, ҳар чӣ Рустам бигуфт, 
Бузургиш бо мардумӣ буд ҷуфт. 

Насояд ду пои варо банди ту, 
Наадешад аз фарру авранди ту. 

2940 Савори ҷаҳон пури Дастони Сом, 

Ба бозӣ сар андарнаёрад ба дом. 4 


1. М-ёбад. 

2. И - ҳамчун баҳор. 

3. И - кардам акнун. 

4. Л - пас аз б. 2940 ин б. омада: 

Чун ӯ паҳлавоне зи гарданкашон 
Надодаст донои гетӣ нишон. 


370 




Битарсам, ки ин кор гардад дароз 
Ба зиштӣ миёни ду гарданфароз. 

Бузургиву аз шоҳ донотарӣ, 

Ба ҷангу ба мардӣ тавонотарӣ. 

Яке базм ҷӯяд, дигар разму кин, 

Нигаҳ кун, ки то кист боофарин». 

Чунин дод посух бад-ӯ* 1 номдор, 

Ки «Гар сар бупечам ман аз шаҳрёр, 

2945 Маро худ ба гетӣ накӯҳиш бувад, 

Ҳамон пеши Яздон пижӯҳиш бувад. 

Касе чашму дилро ба сӯзан надӯхт», 

Ду гетӣ ба Рустам нахоҳад фурӯхт. 

Тани поку ҷони туро судманд, 

Бад-ӯ гуфт: «Ҳар чиз, к-ояд зи панд, 

Ҳама гуфтам акнун, беҳӣ баргузин* 2 
Дили шаҳрёрон наёрад ба кин». 

Сипаҳбад зи холигарон хост хон, 

Касеро нагуфташ, ки Рустам* 3 бихон. 

2950 Чу нон хӯрда шуд, ҷоми май баргирифт,* 4 
Зи Рӯиндиж андоза андаргирифт. 5 * 6 


Чӣ гуна тавон кард пояш ба банд, 
Макун он, ки Яздон надорад писанд 
Суханҳои (нозеби) нодилпазир 
Сазад, гар нагӯяд яли шергир. 

- варо. 

- Туро гуфтам, акнун туӣ беҳгузин. 

- нафармуд, кӯро. 

- майро бихост. 

- он гаҳ сухан дар гирифт. 

- Он гаҳ сухан кард рост. 


371 




В-аз он мардуми худ ҳаме ёд кард, 

Ба ёди шаҳаншаҳ ҳаме бода х(в)ард. ! 

Ҳаме буд Рустам ба айвони хеш, 

Зи хӯрдан нигаҳ дошт паймони хеш. 

Чу дере баромад, наёмад касе, 

Нигаҳ кард Рустам ба раҳ-бар басе. 1 2 

Чу ҳангоми нонхӯрдан* 3 андаргузашт, 
Зи мағзи далер об бартар гузашт. 

2955 Бихандиду гуфт: «Эй бародар ту хон 
Биёрою озодагонро бихон. 

Гар ин аст оини Исфандёр, 

Ки ин 4 кори моро гирифтаст хор, 

Ки меҳмон кунадмон, наёрад навид, 
Ба некӣ мадоред аз вай умед».* 5 

Бигуфт ину пас хон биёростанд, 
Бихӯрданд нонрову бархостанд. 

Чу бархост аз ҷо гави паҳлавон, 
Фаромарзро гуфт андар замон: 6 

2960 «Бифармой, то Рахшро зин кунанд, 
Ҳамон зин ба ороиши Чин кунанд. 

Шавам, бозгӯям ба Исфандёр, 

Ки гар шоҳзодӣ, сухан ёд дор, 


1. И - б. 2951 нест; 

ЛМ - Ба ёди шаҳаншоҳ май хӯрд шод, 
Аз он номдорон ҳаме кард ёд. 

- б. 2953 нест. 

- ҳангоми хӯрдан. 

-Ӯ- 

- б. 2956, 2957 нест. 

6. ИЛ -6.2957 -2959 нест. 


372 


Ки ҳар, к-у зи гуфти худ андаргузашт, 
Раҳи родмардӣ зи худ дарнавашт». 1 

ПӮЗИШ КАРДАНИ ИСФАНДЁР АЗ 
НОХОНДАНИ РУСТАМ БА МЕҲМОНӢ 

Нишаст аз бари Рахш бар сони пил 
Хурӯшидани асп шуд бар ду мил. 

Биёмад дамон то ба наздики об, 
Сипаҳро ба дидори ӯ буд шитоб. 

2965 Ҳар он кас, ки аз лашкар ӯро бидид, 
Дилаш меҳри пайванди ӯ баргузид. 

Ҳаме гуфт ҳар он кас, ки ин номдор 
Намонад ба кас ҷуз ба Соми савор. 

Бар он кӯҳаи зин кӯҳи оҳан аст, 

Ҳамон Рахш гӯӣ, ки Оҳарман аст. 

Агар ҳамнабардаш бувад жандапил, 
Барафшон ту бар 2 тораки пил Нил. 

Хирад нест андар сари шаҳрёр, 

Ки бофарру гурде 3 чу Исфандёр 

2970 Бад-ин сон ҳаме аз паи тоҷу гоҳ 
Ба куштан диҳад номдоре чу моҳ. 

Ба пирӣ сӯи ганҷ тозонтар аст, 

Ба меҳру ба дайҳим нозонтар аст. 

Чу омад ба наздики Исфандёр, 

Ҳамон гаҳ пазира шудаш номдор. 

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эй паҳлавон, 
Навоину навсозу фаррух ҷавон, 


1 . ИМ - б. 296 1 , 2962 нест; Л - б. 2962 нест. 

2. Л - барафшонад аз. 

3. Л - К-аз ин гуна шоҳе. 


373 


Хироме наярзид меҳмони ту, 

Чунин буд то буд паймони ту? 

2975 Сухан ҳар чи гӯям, зи ман 1 ёд гир, 
Машав тез бо пир бар хира-хир. 

Ҳаме хештан бас бузург оядат, 

В-аз ин номдорон сутург оядат. 

Ҳамоно ба мардӣ сабук дориям, 

Ба рою ба дониш тунук дориям. 

Ба гетӣ чунон дон, ки Рустам манам, 
Фурӯзандаи тухми 2 Найрам манам. 

Бихояд зи ман даст 3 деви сиёҳ, 4 
Сари ҷодувон андарорам ба чоҳ. 5 

2980 Бузургон, ки диданд кабри 6 маро, 

Ҳам ин шери ғуррон, ҳизабри 7 маро, 

Ҳама ҷанг нокарда бугрехтанд, 

Ҳама дашт тиру камон рехтанд. 8 

Чу Комуси ҷангиву Хоқони Чин, 
Саворони ҷангиву 9 мардони кин, 

Ки аз пушти зиншон* 10 ба хамми каманд 
Рабудам, саропой кардам ба банд. 

Нигахдори шоҳони Эрон манам, 

Ба ҳар ҷой пушти далерон манам. 


1 . 

2 . 

3 . 

4. 

5. 

6 . 

7. 

8 . 

9. 

10 . 


Л - ҳама. 

ИЛМ - тахти. 

Л - чанг. 

Л - сапед. 

Л - Дили ҷодувонро кунам ноумед. 
Л - бурзи. 

Л - Бару бораву теғу гурзи. 

ИЛ - б. 2981 нест. 

Л - савори дирангеву. 

М - аспон. 


374 


2985 Аз ин хоҳиши ман машав дар гумон, 
Мадон хештан бартар аз осмон. 1 

Ман аз баҳри ин фарру авранди ту 
Биҷӯям ҳаме рою пайванди ту. 

Нахоҳам, ки чун ту яке шаҳрёр 2 
Табаҳ гардад аз ҷанги ман рӯзгор, 

Ки ман Соми ялро бихонам далер, 
К-аз ӯ беша бугзоштӣ наррашер. 

Ба гетӣ манам з-ӯ кунун ёдгор, 

Аё шоҳзода, ял Исфандёр.* 3 

2990 Басе паҳлавони ҷаҳон будаам, 

Ба бад рӯз ҳаргиз напаймудаам. 

Зи душман ҷаҳон пок ман кардаам, 
Басе ранҷу сахтӣ, ки 4 ман х(в)ардаам. 5 

Сипосам зи Яздон, ки бугзашт сол, 
Бидидам яке шоҳи фаррух ҳамол, 

Ки кин хоҳад аз марди нопокдин, 
Ҷаҳоне бар ӯ бар кунанд офарин». 

Бихандид бар Рустам Исфандёр, 
Чунин гуфт, к-«Эй пури Соми савор, 

2995 Шудӣ тангдил чун наёмад хиром? 
Биҷустам ҳаме з-ин сухан кому ном. 

Чунин гарм буд рӯзу роҳи дароз, 
Накардам туро ранҷа, тундӣ масоз. 


1 . Л - пас аз б. 2985 ин б. омада: 

Агар чарх бо ман бувад сахткӯш, 
Ба гурзи гаронаш бимолам ду гӯш. 

2. ИМ - номдор. 

3. М - Наёяд ба пешам хузарб ошкор. 

4. ИЛМ - тимор. 

5. ИМ - бурдаам. 


375 


222 


Ҳаме гуфтам аз бомдоди пагоҳ 
Ба пӯзиш биёям бари ту ба роҳ. 

Ба дидори Дастон шавам шодмон, 

Ҳаме шод дорам равон як замон. 

Кунун худ ту ин* 1 ранҷ бардоштӣ, 

Ба дашт омадӣ, хона бугзоштӣ. 

3000 Биёрому биншину бардор ҷом, 

Зи тундиву тезӣ мабар ҳеч ном». 

Ба дасти чапи хеш-бар ҷой кард, 

Зи Рустам ҳаме маҷлис орой кард. 

Ҷаҳондида гуфт: «Ин на ҷои ман аст, 

Ба ҷое нишинам, ки рои ман аст». 

Ба Баҳман чунин гуфт:* 2 «Бар дасти рост 
Биёрой ҷояш бад-он сон,* 3 ки хост. 4 

Чунин гуфт бо шоҳзода ба хашм, 

Ту неку* 5 маро 6 бину букшой ча ттт м. 7 

3005 Ҳунар бину ин номвар гавҳарам, 

Ки аз тухмаи Соми кундоварам. 8 


- Ту акнун чунин. 

- Бифармуд меҳтар, ки. 

- Нишастан биёрой з-он сон. 

4. ТПЗ - Ба по хост он гоҳ Баҳман дижам, 

Бар абру бароварда аз кина хам. 

Чу Рустам варо дид, з-он гуна тез, 
Барошуфт з-он пас ба хашму ситез. 

5. М-кибурзи. 

6. Л - Ки оини ман. 

7. ТПЗ - Надонӣ ту, эй пури шоҳи гавон, 

Ки ман Рустамам дар ҷаҳон пахдавон. 

8. ТПЗЛ- Ҳамон Сом аз тухми Ҷамшед буд, 

Намоянда чун моҳу хуршед буд. 

ИЛ - пас аз б. ин б. омада: 

Ҳунар бояд аз мард, фарру нажод 
Кафе род дорам, диле пур зи дод. 


376 


Сазовори ман гар туро нест ҷой, 
Маро ҳаст пирӯзиву фарру 1 рой». 2 

Аз он пас ба фарзанд фармуд шоҳ, 
Ки курсии заррин ниҳад пеши гоҳ. 3 

Биёмад бар он курсии зар нишаст, 
Пур аз хашму бӯё турунҷе ба даст. 

НАКӮҲИШ КАРДАНИ ИСФАНДЁР 
НАЖОДИ РУСТАМРО 

Чунин гуфт бо Рустам Исфандёр, 

Ки «Эй шердил меҳтари номдор, 

3010 Ман эдун шунидастам аз мӯбадон, 
Бузургону бедордил бихрадон, 

Ки Дастони бадгавҳар аз дев зод, 

Ба гетӣ фузун з-ин надорад нажод. 4 

Фаровон зи Сомаш ниҳон доштанд, 
Варо 5 растахези ҷаҳон доштанд. 


1. Л-ному. 

2. И -б. 3006 нест. 

ТПЗ - Қубоду Сиёвушу Ковуси кай, 
Ҷаҳонгир Кайхусрави некпай 
Маро менишонданд паҳлӯи х(в)ад 
Чунон чун ҷаҳонпаҳлавонро сазад. 

3. ТПЗ - Бад ӯ гуфт биншин ба дил шодком, 

Сазовор ҷои ту бодо мудом. 

4. И - пас аз б. 301 1 ин б. омада: 

Парастандае буд ба мушкӯи Сом, 

Ки рондӣ бад ӯ гаҳ-гаҳе Сом ком. 
Шунидам чу Дастон зи модар бизод, 
Баромад ҳама коми Эрон ба бод. 

Кӣ чун ӯ зи модар ҷудо шуд ба фол 
Ҷаҳон сар ба сар гашт пур қилу қол. 
Зи зодан чу модар-ш пардахта шуд, 
Равонаш аз он дев пардахта шуд. 

5. ИМ - ҳаме. 


377 


Танаш тираву рую муяш сапед, 

Чу дидаш, дили Сом шуд ноумед. 

Бифармуд, то пеши дарё баранд, 
Магар мурғу моҳӣ варо бишкаранд. 

3015 Биёмад, бигустард Симурғ пар, 
Надид андар ӯ ҳеч оину фар. 

Бибурдаш ба ҷое, ки будаш куном, 
Зи бурдан мар ӯро хуриш буд ком.* 1 

Бари баччагонаш бияндохт хор, 

Ки гоҳи хӯриш з-ӯ гузоранд кор. 

Ба хӯрдан чу карданд сӯяш басеч, 
Рамиданд аз вай, нахӯрданд ҳеч. 

Мар ӯро чунон хор бугзоштанд 
В-аз ӯ рӯй якбора баргоштанд. 2 

3020 Агарчанд Симурғ ноҳор буд, 

Тани Зол пеш-андараш хор буд. 3 

Раҳо кард вайро ба пеши куном, 

Ба дидори ӯ кас набуд шодком. 

Ҳаме хӯрд афканда мурдор ӯй, 

Зи ҷома бараҳна тани хор ӯй. 

Барафканд Симурғ бар Зол меҳр, 
Бар ӯ гашт аз ин гуна чанде сипеҳр. 

Аз он пас, ки мурдор чанде чашид, 
Бараҳна сӯи Систонаш кашид. 

3025 Пазируфт Сомаш зи бебаччагӣ, 

Зи нодониву пириву ғарчагӣ. 


1 . М - Ба дидори у кас набуд шодком. 

2. Л- 3017- 3019 нест. 

3. ИМ-б. 3017 -3020 нест. 


378 


Хуҷаста бузургону шоҳони ман 
Ниёи ману 1 некхоҳони ман, 

Варо баркашиданду доданд чиз, 

Фаровон бар ӯ сол бугзашт низ. 

Яке сарв, буд нобисуда сараш, 

Чу бо шоҳ шуд, Рустам омад бараш. 

Зи мардиву фарҳангу 2 дидори ӯй 
Ба гардун баромад чунин кори ӯй. 

3030 Бар ин гуна - бар подшоӣ гирифт, 

Биболиду нопорсоӣ гирифт». 3 

ПОСУХИ РУСТАМ БА ИСФАНДЁР ВА СИТОИШИ 
НАЖОД ВА КИРДОРИ ХУД 

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Ором гир, 

Чӣ гӯӣ суханҳои нодилпазир? 

Дилат сӯи кажжӣ биболад ҳаме, 

Равонат зи девон бинолад ҳаме. 

Ту он гӯй, к-аз подшоҳон сазост, 

Нагӯяд сухан шоҳ ҷуз роҳи рост. 

Ҷаҳондор донад, ки Дастони Сом 
Бузург асту бодонишу некном. 

3035 Хдм он Сом пури Наримон будаст, 
Наримони гурд аз каримон будаст. 

Чунон то ба Гаршосп доранд зод, 

Ба Ҷамшед оранд яксар нажод. 


1 . ИМ - ниёкони ман. 

2. ИМ - болову. 

3. ТПЗ - Зи фармони шоҳон кунун бугзарад, 

Ҳаме роҳи фарзонагӣ наспарад. 
Наёред аз мурғи мурдор ёд, 

Чи гӯям, зи Яздонатон шарм бод! 


379 


Ниёкон-тро подшоҳи зи мост 
В-агарна касе номи эшон нахост. 

Қубоди гузинро зи Албурзкӯҳ 
Ман овардам андар миёни гурӯҳ. 1 

Вагарна яке бутпарастанда мард 
На бо ганҷу лашкар, на бо дору бард. 2 

3040 Ҳамоно шунидастӣ овои Сом 

Набуд дар замона чун ӯ некном 3 . 

Нахустин ба Тус-андарун аждаҳо, 

Ки аз чанги ӯ кас нагаштӣ раҳо, 

Ба дарё наҳангу ба хушкӣ паланг, 
Дамаш нарм кардӣ ба кӯҳ хорасанг. 

Ба дарё сари моҳиён барфурӯхт 
В-аз ӯ бар ҳаво парри каргас бисӯхт. 

Ҳаме пилро даркашидӣ ба дам, 

Дили хуррам аз ёди ӯ шуд дижам. 4 

3045 Дигар саҳмгин 5 * 6 дев буд бадгумон, 
Танаш бар 7 замину сараш 8 б-осмон, 

Ки дарёи Чин то миёнаш будӣ, 

Зи тобидани хур зиёнаш будӣ. 


1 . ИЛМ -б. 3036, 3037 нест. 

2. ИЛМ - Бузург асту Ҳушанг будаш падар, 

Ба гетӣ шумар хусрави тоҷвар. 

3. И - шодком. 

4. ТПЗ - Ба дарё - дарун буд ӯ ҷойгир, 

Зи заҳраш шудӣ оби дарё чу қир. 
Бикушт ончунон аждаҳоро ба гурз, 
Ҷаҳон гуфт ӯро: «зиҳӣ фарру бурз». 

5. Л - Ва дигар яке. 

6. М - андар ӯ. 

7. Л - ду пояш замину. 

8. Л-сурин. 


380 


Ҳаме моҳи аз об бардошти, 

Пас 1 аз гунбади моҳ 2 бугзоштӣ 3 . 

Ба хуршед моҳиш бирён шудӣ, 

Аз ӯ чархи гарданда гирён шудӣ. 4 

Ду патёра з-ин гуна беҷон 5 шуданд, 

Зи теғи яли 6 Сом бирён 7 шуданд. 

3050 Ҳамон модарам духти Меҳроб буд, 
К-аз ӯ кишвари Синд шодоб буд, 

Ки Заҳҳок будаш ба панҷум падар, 

Зи шоҳони гетӣ бароварда сар. 

Нажоде аз ин номвартар кирост, 
Хирадманд гардан напечад зи рост. 

Ҳунар он ки андар ҷаҳон сар ба сар 
Ялонро зи ман ҷуст бояд ҳунар. 

Ҳамон аҳди Ковус дорам нахуст, 

Ки бар ман баҳона набояд-т ҷуст. 

3055 Ҳамон* 8 аҳди Кайхусрави додгар, 

Ки чун ӯ набаст аз каён кас 9 камар. 

Заминро ҳама сар ба сар гаштаам, 

Басе шоҳи бедодгар 10 куштаам. 

Чу ман баргузаштам зи Ҷайҳун бар об, 
Зи Турон ба Чин рафт Афросиёб. 


1. ЛМ-сар. 

2. И - чарх. 

3. Л - бифроштӣ. 

4. ТПЗ - Камаргоҳи ӯро ба ду ним кард, 

Ҷаҳонро аз он дев бебим кард. 

5. Л - печон. 

6. ИЛ - теғу дили. 

7. ИЛМ - беҷон. 

8. М-Дигар. 

9. И - Бузургон. 

10. И-бедодро. 


381 


Чу Ковуси кай шуд ба Мозандарон, 
Сухан гуфт Дастон басе андар он. 1 

Шунидӣ, ки бар вай чӣ омад зи дев, 
Ба кӯрӣ зи ҷонаш баромад ғирев. 

3060 Бирафтам ба танҳо ба Мозандарон 
Шаби тору фарсангҳои гарон, 2 

На Аржанг мондам, на деви сапед, 

На Санҷа, на Авлоди Ғундӣ, на Бед. 

Ҳамон аз паи шоҳ фарзандро 
Бикуштам далери хирадмандро, 

Ки гурде чу Сӯҳроб дигар 3 набуд 
Ба зӯру ба мардиву размозмуд. 

Зи шашсад ҳамоно фузун аст сол, 

Ки то ман ҷудо гаштам аз пушти Зол. 

3065 Ҳаме 4 паҳлавон будам андар ҷаҳон, 
Яке буд бо ошкорам ниҳон. 

Ба сони Фаридуни фаррухнажод, 

Ки тоҷи бузургӣ ба сар барниҳод. 

Зи тахт андаровард Заҳҳокро, 
Супурдаш сару тоҷи ӯ хокро. 

Дигар Сом к-ӯ буд моро ниё, 

Бибурд аз ҷаҳон донишу кимиё. 

Се дигар, ки чун ман бубастам камар, 
Таносон шуд аз ранҷҳо тоҷвар. 


1. ТПЗИЛМ - Зи Ковус дар ҷанги Ҳомоварон 

Ба танҳо бирафтам ба Мозандарон. 

2. ИЛМ - б. 3058 - 3060 нест. 

3. И-номй. 

4. ИЛ - ҳама. 


382 




3070 Бад-он хуррами руз ҳаргиз набуд, 
Паи мард бероҳ бар диз набуд, 

Ки ман будам андар ҷаҳон комрон, 
Маро буд шамшеру гурзи гарон. 

Бад-он гуфтам ин то бидонӣ ҳама, 

Ту шоҳиву* 1 гарданкашон чун рама. 

Ту андар замона расида навӣ, 
Агарчанд бо фарри кайхусравӣ. 

Тани хеш бинӣ ҳаме дар ҷаҳон, 

На огоҳӣ* 2 аз корҳои ниҳон. 

3075 Чу бисёр шуд гуфтаҳо, май х(в)арем, 
Ба май ҷони андӯҳро бишкарем». 

СИТОИШ КАРДАНИ ИСФАНДЁР 
НАЖОДИ ХЕШРО 

Зи Рустам чу Исфандёр ин шунид, 
Бихандиду шодон дилаш бардамид. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Аз ранҷу пайкори ту 
Шунидам ҳама дарду тимори 3 ту. 

Шунав, корҳое, ки ман кардаам, 

Зи гарданкашон сар баровардаам. 4 

Нахустин камар бастам аз баҳри дин, 
Тиҳӣ кардам аз бутпарастон замин. 

3080 Кас аз ҷангҷӯёни 5 гетӣ надид, 

Ки аз куштагон хок шуд нопадид. 


- Тӯӣ шоҳу. 

- Наӣ огаҳ. 

- кору кирдори. 

- б. 3077, 3078 нест. 

5. ИМ - Ки дар ҷанг кас рӯи. 


383 


Нажоди ман аз пушти* 1 Гуштосп аст, 
Ки Гуштосп аз пушти* 2 Лӯҳросп аст, 

Ки Лӯҳросп буд пури Аврандшоҳ, 

Ки ӯро будӣ он замон ному ҷоҳ. 

Ҳам 3 Авранд аз тухмаи 4 Кайпашин, 
Ки кардӣ падар бар Пашин 5 офарин. 

Пашин буд аз тухмаи Кайқубод, 
Хирадманд 6 шоҳе, дилаш пур зи дод. 

3085 Ҳаме рав чунин 7 то Фаридуншоҳ, 

Ки бехи 8 каён буду зебои гоҳ. 

Ҳамон модарам духтари Қайсар аст, 
Ки ӯ бар сари румиён афсар аст. 

Ҳамон Қайсар аз Салм дорад нажод, 
Нажоде баоину 9 бофарру дод. 

Ҳамон Салм пури Фаридуни гурд, 

Ки аз хусравон гӯи мардӣ 10 * 11 бибурд. 

Бигӯям ману кас нагӯяд, ки нест, 

Ки бе раҳ фаровону раҳ андакест. 

3090 Ту онӣ, ки пеши ниёкони ман, 12 

Бузургону фархунда 13 покони ман, 14 


1. М-тухми. 

2. М - Гуштоспшоҳ пури. 

3. Л-Буд. 

4. ЛМ - гавҳари. 

5. Л - Пашин бар писар. 

6. - ҳунарманд. 

7. Л - ҳамэдун бирав. 

8. ИЛ - асли. 

9. И - зи тухми Фаридуни. 

10. ИЛ-мурдӣ. 

1 1 . М - Номи гурдй. 

12. И-мо. 

13. ИМ - бузургони бедору. 

14. И-мо. 


384 


Парастанда буди ту худ бо ниё, 
Наҷӯям ҳаме з-ин сухан кимиё. 

Ту шоҳӣ зи шоҳони ман ёфтӣ, 

Чу дар бандагӣ тез 1 биштофтӣ. 

Бимон, то бигӯям ҳама, ҳарчи ҳаст, 
Яке дар дурӯғ аст, бинмой даст. 

Ки то шоҳ Гуштоспро дод 2 тахт, 

Миён баста дорам ба мардиву бахт. 

3095 Ҳар он кас, ки баргашт аз роҳи дин, 
Бикуштам ба майдони Турону Чин. 

В-аз он пас, ки моро ба гуфти Гуразм, 
Бубастам падар, дур кардам зи базм, 

Ба Лӯҳросп аз банди ман бад расид, 
Шуд аз турк рӯи замин нопадид. 

Сӯи Гунбадондиж ба пайғамбарӣ 
Ҷаҳондида Ҷомосп шуд лашкарӣ. 

Биёмад, чу з-он гунаам баста дид, 

Аз андеша ҷону дилам хаста дид, 3 

3100 Биёвард чанде зи 4 оҳангарон, 

Ки моро кушояд зи банди гарон. 

Ҳаме кори оҳангарон дер буд, 

Дили ман 5 бар оҳанги шамшер буд. 


1 . ИМ - Агарчанд бар кина. 

2. ИЛ - б. 3098, 3099 нест. 

3. ИЛМ - б. 3098, 3099 нест. 

4. ИЛМ - Ҷомосп. 

5. Л - Маро дил. 


385 




Дилам танг шуд, бонгашон барзадам, 
Тан аз дасти оҳангарон бистадам. 

Барафрохтам сар зи ҷои нишаст, 
Ҳама' банд барҳам шикастам ба даст. 

Бирафтам аз он ҷо бад-он размгоҳ, 

Ки Гуштоспро бахт гум кард роҳ. 1 2 

3105 Гурезон шуд Арҷосп аз пеши ман 
Бад-он сон яке номдор анҷуман. 

Ба мардӣ бубастам камар бар миён, 
Ҳаме рафтам аз пас чу шери жаён. 

Шунидӣ, ки дар Ҳафтхон пеши ман 
Чӣ омад зи шерону он Аҳриман. 3 

Ба чора ба Рӯиндиж - андар шудам, 
Ҷаҳоне бар он гуна барҳам задам. 4 

Ба Туронзамин 5 он чи 6 ман кардаам, 
Ҳамон ранҷу сахтӣ, ки ман бурдаам, 

3110 Ҳамоно надидаст гӯр аз паланг, 

На аз шасти маллоҳ* 7 коми наҳанг. 

Яке диж ҳамон* 8 бар сари кӯҳ буд, 

Ки аз бартарӣ дур аз анбӯҳ буд. 

Чу рафтам, ҳама бутпарастон буданд, 
Саросема бар сони мастон буданд. 


1. Л - Ғулу. 

2. ИЛ - б. 3104 нест. 

3. И - б. 3106, 3107 нест; Л - девони он анҷуман. 

4. ТПЗИЛ - Биҷустам ҳаме кини эрониён, 

Ба хуни бузургон бубастам миён. 

- Турону Чин. 

- Турону Чин он ки. 

- Гар аз шасти сайёд. 

- тирадаж. 


386 


Зи ҳангоми Тури Фаридуни гурд, 

Кас андар ҷаҳон номи он диж набурд. 

Ба мардӣ ман он бораро бистадам, 
Бутонро ҳама бар замин барзадам. 

3115 Барафрӯхтам оташи Зардиҳишт, 

Ки бо миҷмар оварда буд аз биҳишт. 

Ба пирӯзии додгар як Худой, 

Ба Эрон чунон омадам боз ҷой, 

Ки моро ба ҳар ҷой душман намонд, 
Ба бутхонаҳо-дар бараҳман намонд. 

Ба танҳо тани хеш ҷустам набард, 

Ба пархош тимори ман кас нах(в)ард. 

Суханҳо кунун гашт 1 бар мо дароз, 
Агар ташнаӣ, ҷоми май барфароз. 

СИТОИШ КАРДАНИ РУСТАМ 
ПАҲЛАВОНИИ ХУДРО 

3120 Чунин гуфт Рустам ба Исфандёр, 

Ки «Кирдор монад зи мо ёдгор. 

Кунун доддеҳ бошу бишнав сухан, 

Аз ин номбардор пири 2 куҳан. 

Агар ман нарафтӣ ба Мозандарон, 

Ба гардан бароварда гурзи гарон, 


1 . Л - Сухан буд бар ин гуна. 

2. ИЛ - марди. 

* М - Куҷо зӯри суммаш. 


387 




Куҷо кур 1 буд Геву Гударзу Тус, 

Шаҳи номвар ҳам зи ғам пурфусӯс. 2 

Кӣ кандӣ дилу мағзи деви сапед, 

Киро буд ба бозӯи хеш ин умед? 

3125 Кӣ Ковуси кайро кушодӣ зи банд, 

Кӣ овардӣ ӯро ба тахти баланд? 3 

Зи банди гарон бурдамаш сӯи тахт, 
Шуд Эрон ба ӯ 4 шоду ӯ некбахт. 

Сари ҷодувонро бикандам зи тан, 
Сутудон надиданду гӯру кафан. 

Дар он размҳо ёри ман 5 Рахш буд, 
Ҳамон теғи 6 тезам ҷаҳонбахш буд. 

В-аз он пас, ки шуд сӯи Ҳомоварон, 
Бубастанд пояш ба банди гарон, 

3 1 30 Бибурдам аз эрониён лашкаре 
Ба ҷое ки буд меҳтаре ё саре. 

Бикуштам ба ҷанг-андарун шоҳашон,* 7 
Тиҳӣ кардам он номвар гоҳашон.* 8 

Ҷаҳондор Ковус худ баста буд, 

Зи ранҷу зи тимор дилхаста* 9 буд. 


1. ЛМ - баста. 

2. Л - Ҳаме кард гардун бар эшон фусӯс. 

3. ИЛМ-б. 3125 нест. 

4. ИЛ - бад-ӯ. 

5. ЛМ - Маро ёр дар Ҳафтхон. 

- Чу шамшери. 

- шоҳро. 

- гоҳро. 

- тимори он. 


388 


Ба Эрон буд Афросиёб он замон 
Або лашкару номвар меҳтарон. 1 

Биёвардам аз банд Ковусро, 

Ҳамон Геву Гударзу ҳам Тусро. 

3135 Ба Эрон кашидам зи Ҳомоварон 
Ҳамон паҳлавонону номоварон. 2 

Шаби тира чун ман 3 бирафтам зи пеш, 
Ҳама ном ҷустам, на ороми хеш. 

Чу дид он дурафшон дурафши маро, 
Ба гӯш омадаш бонг Рахши маро, 

Бипардохт Эрону шуд сӯи Чин, 

Ҷаҳон шуд пур аз доду пурофарин. 

Г ар аз ёли Ковус хун омадӣ, 

Зи пушташ Сиёвахш чун омадӣ. 

3140 Чу Кайхусрав аз покмодар назод, 

Кӣ Лӯҳроспро номи шоҳӣ 4 ниҳод? 5 


1 . ИМ - Ҷаҳон пур зи дуди бади бадгумон. 

2. ИЛ - Худу шоҳ бо лашкари бекарон. 

3. ИЛМ-танҳо. 

4. ИЛМ - тоҷ бар сар. 

5. ТПЗИЛ - Падар он далери гаронмоя мард 

Зи нанг андар он анҷуман хох(в)ард, 
Ки Лӯҳроспро шоҳ боист хонд, 

В-аз ӯ дар ҷаҳон ном чанде бимонд.* 
Зи ман бишнав, эй гурд, Исфандёр 
Мабош эмин аз гардиши рӯзгор. 

Ту такя чунин бар ҷавонӣ макун, 

Зи пири ҷаҳондида бишнав сухун. 
Макун ончи Г уштосп гӯяд ҳаме, 

Ки ӯ роҳи дониш напӯяд ҳаме. 

* ИЛ - танҳо ду б. аввал мавҷуд аст. 


389 


Чи нози бад-ин тоҷи гуштоспи , 1 
Бад-ин ёраву тахти лӯҳроспӣ? 


1 . Ба хӯи бад ӯ бистад аз боб тахт, 

Ки нафрин бад-ӯ боду бар тоҷу бахт! 
Падар чун мар ӯро сабуксор дид, 
Парастишгаҳе аз ҷаҳон баргузид. 

Чу дидаш мар ӯро чунон кинаҷӯй. 

Ба оташкада рафт бо оби рӯй. 

Биёмад ба Зобул падарро ба Балх 
Раҳо кард танҳош бо коми талх. 
Саранҷом аз Чин бурун тохтанд, 

Ба хорӣ мар ӯро ба хун охтанд. 

Касе к-ӯ падарро чунон хор кард, 
Писарро нахоҳад ғаме кор кард. 
Саранҷом ҳилат ба ту кард боз, 

Ба ту бадхуӣ кард Гуштосп соз. 

Бихоҳад ба дил марги Исфандёр, 

Ки фармуд бо Рустамаш корзор. 
Ҳамоно зи ту ҳаст тарсон дилаш, 

Фурӯ рафта пои дил андар гилаш. 
Набинад ба хоб ӯ, ки бар ман газанд 
Расад аз туву ман шавам пойбанд. 
Макун, эй писар, бишнав аз ман дуруст, 
Ки Гуштосп худ душмани ҷони туст. 

Ба ту то набояд варо дод тахт, 

Ба пайкори ман мар туро кард сахт. 
Бимон то ки он тоҷу тахту кулоҳ 
Ба дӯзах барад ё ба абри сиёҳ. 

Падар, к-ӯ зи фарзанд дорад, дареғ, 
Сари гоҳ, андар сараш бод теғ! 

Падар, к-ӯ ба дастон кунад гум писар, 
Чи дарранда гурге чи чунон падар?! 

Ба ҷои падар мар туро Зол бас, 

Зи Рустам ҳамон гурзу кӯпол бас. 

Ба Эрону Турон туро шаҳ кунам, 

Зи ту дасти бадхоҳ кӯтаҳ кунам. 

В-агар бастани ман ҳаме боядат, 

Аз ин бастагӣ ҳеч накшоядат. 

Ки ман аз кушоди камон рӯзи кин 
Бидӯзам ҳаме осмон бар замин. 

Маро буд ин мардиву ному ком, 

Ки Лӯҳросп буд як савора ба Шом. 
Маро буд ин ганҷи ободу бум, 

Ки Гуштосп оҳангаре буд ба Рум. 


390 


Ки гуяд, бирав, дасти Рустам бубанд, 
Набандад маро даст чархи баланд 1 ! 

Ман аз кӯдакӣ то шудастам куҳан, 
Бад-ин гуна аз кас набурдам сухан. 

Маро хорӣ аз пӯзишу хоҳиш аст 
В-аз ин нарм гуфтан маро коҳиш аст». 

3145 Зи тезиш хандон шуд Исфандёр, 
Биёзиду дасташ гирифт устувор. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй Рустами пилтан, 
Чунонӣ, ки бишнидам аз анҷуман. 

Ситабр аст бозут чун рони шер, 

Бару ёл чун аждаҳои далер. 

Миён тангу борик ҳамчун паланг, 

Чун он гирдгаҳ баркашад рӯзи ҷанг?» 

Бияфшурд чангаш миёни сухан, 

Зи барно напечид* 2 марди куҳан. 

3150 Зи нохун ҳаме рехташ оби зард, 
Ҳамоно напечид аз он дард мард. 

Гирифт он замон дасти меҳтар ба даст, 
Чунин гуфт, к-«Эй шоҳи Яздонпараст, 

Хунук шоҳ Гуштосп он номдор, 

Ки ӯ пур дорад чу Исфандёр! 

Хунук он ки чун ту писар зоядаш 3 , 
Ҳама фарри гетӣ бияфзоядаш». 4 


1 . ТПЗМ - Вагарна куҷо буд тоҷи шумо, 

Ҳамон ёраву тахти оҷи шумо? 
Ту андар ҷаҳон паҳлавони навӣ, 
Навоину аз тухми Кайхусравӣ. 

2. М - бихандид. 

3. ИМ - зояд ӯ. 

4. ИМ - бияфзод ӯ. 


391 


Ҳаме гуфту чангаш ба чанг-андарун, 
Ҳаме дошт то чеҳри ӯ шуд чу хун. 

3155 Ҳама нохунаш пур зи хуноб кард 1 , 
Бурӯи сипаҳбад пур аз тоб кард 2 . 

Бихандид аз он фаррух Исфандёр, 
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй Рустами номдор, 

Ту имрӯз май хӯр, ки фардо ба разм 
Бупечиву ёдат наёяд зи базм. 

Чу ман барниҳам зин ба аспи* 3 сиёҳ, 
Ба сар барниҳам хусравонӣ кулоҳ, 

Ба найза зи аспат ниҳам бар замин 
Аз он пас на пархош ҷӯӣ, на кин. 

3160 Ду дастат бубандам барам назди шоҳ, 
Бигӯям, к-аз ӯ ман надидам гуноҳ. 

Бибошам ба пешаш ба хоҳишгарӣ, 
Бисозам зи ҳар гунае доварӣ. 

Раҳонам туро аз ғаму дарду ранҷ, 
Биёбӣ пас аз ранҷ хубиву 4 ганҷ». 

Бихандид Рустам зи Исфандёр, 

Бад-ӯ гуфт: «Сер оӣ аз корзор. 

3165 Куҷо дидаӣ ҷанги ҷанговарон, 

Куҷо ёфтӣ боди гурзи гарон? 

Агар бар чунин рӯй гардад сипеҳр, 
Бипӯшад миёни ду тан рӯи меҳр, 


1 . И - гашт. 

2. И - гашт. 

3. М - зини заррин ниҳам бар. 

4. ИМ - бисёр. 


392 




Ба ҷои маи сурх кин оварем, 
Камону каманду камин оварем 1 . 

Ғави кӯс хоҳем з-овои руд, 

Ба теғу ба кӯпол бошад дуруд. 

Бубинӣ ту, эй фаррух Исфандёр, 
Гироидану ҷустани* 2 корзор. 

Чу фардо биёям ба дашти набард, 
Ба овард мард андарояд ба мард. 

3170 Зи кӯҳа ба оғӯш бардорамат, 

Ба наздики фархунда 3 Зол орамат. 

Нишонам-т бар номвар тахти оҷ, 
Ниҳам бар сарат-бар дилафрӯз тоҷ. 

Куҷо ёфтастам ман аз Кайқубод, 

Ба мину ҳамин 4 ҷони ӯ шод бод. 

Кушоям дари ганҷи пурхоста, 5 
Ниҳам пеши ту яксар 6 ороста.* 7 

Диҳам бениёзӣ сипоҳи туро, 

Ба чарх 8 андарорам кулоҳи туро. 

3175 В-аз эдар 9 биёям ба наздики шоҳ, 
Гурозону тозону хуррам ба роҳ. 

Ба мардӣ туро тоҷ бар сар ниҳам, 
Сипосе ба Гуштосп аз он барниҳам. 


-6.3166,3167 нест. 

- печиши. 

3. ИМ - Чунон ҳам ба наздики. 

4. И - Ҳамон; Л - ҳаме. 

5. И - ганҷу ҳам хоста. 

6. И - Ки дорам ниҳон беш ороста. 

7. М - ганҷу ҳар хоста. 

8. ИМ-баабр. 

9. Л - Аз он ҷо. 


393 


В-аз он пас бубандам камар бар миён, 
Чунон чун бубастам* 1 ба пеши каён. 

Зи шодӣ дили хешро нав кунам, 

Ҳама рӯи полез бехав кунам. 

Чу ту шоҳ бошиву ман паҳлавон, 

Касеро намонад ба тан-дар равон». 

МАЙ ХӮРДАНИ РУСТАМ БО ИСФАНДЁР 

3180 Чунин посух овардаш Исфандёр, 

Ки «Гуфтори бешӣ наёяд ба кор. 

Шикам гурсуна, рӯз ниме гузашт, 

Зи пайкор гуфтор бисёр гашт. 

Биёред чизе ки дореду хон, 

Касеро ки бисёр гӯяд, махон». 

Чу бинҳод, Рустам ба хӯрдан гирифт, 
Бимонданд аз хӯрдани ӯ шигифт 2 . 

Ял Исфандёру ялон 3 яксара 
Ниҳоданд ҳар сӯ ба пешаш бара. 

3185 Ҳаме хӯрд Рустам аз онҳо ҳама, 

Шигифт андар ӯ монд шоҳу рама 4 . 

Бифармуд меҳтар, ки ҷом оваред, 
Бад-ӯ-дар маи сурхфом оваред. 

Бубинем, то Рустам акнун ба 5 май 
Чӣ гӯяд, чӣ ҷӯяд зи Ковуси кай». 

Биёвард пас ҷоми май майгусор, 

Ки бугзашта бар вай басе рӯзгор. 


1 . М - ҳам, ки бастам. 

2. И-б. 3182, 3183 нест. 

3. Л - гавон. 

4. ИЛ - б. 3185 нест. 

5. ИЛ-Зи. 


394 




Ба ёди шаҳаншоҳ Рустам бих(в)ард, 
Баровард аз он чашмаи зард* 1 гард. 

3 1 90 Ҳамон ҷомро кӯдаки майгусор 
Биёвард пурбодаи шоҳвор. 

Таҳамтан чунин гуфт бо ӯ ба роз, 

Ки «Бар хон* 2 наёяд ба обат ниёз. 

Чаро об дар ҷоми май афканӣ, 

Ки тези набиди куҳан бишканӣ?» 

Башутан чунин гуфт бо майгусор 
Ки «Бе об ҷоме пур аз май 3 биёр». 

Май оварда ромишгаронро бихонд, 

Зи Рустам ҳаме дар шигифтӣ бимонд. 

3195 Чу ҳангомаи рафтан 4 омад фароз, 

Зи май лаъл шуд Рустами сарфароз. 

Чунин гуфт бо Рустам 5 Исфандёр, 

Ки «Шодон бизӣ, то бувад рӯзгор! 

Маю ҳар чӣ хурдӣ, туро нӯш бод, 
Равони туро ростӣ тӯш бод!» 

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эй номдор, 
Ҳамеша хирад бодат омӯзгор. 

Ҳар он май, ки бо ту хурам, нӯш 6 гашт, 
Равони хирадмандро тӯш 7 гашт. 


- сурх. 

-май. 

- як ҷоми дигар. 

- ҳангоми рафтан-ш. 

5. ИМ-ӯял. 

6. И - нӯша. 

7. И - тӯша. 


395 


3200 Гар ин кина аз дил-т 1 берун куни, 
Бузургиву дониш ба афзун кунӣ, 

Зи дашт андароӣ сӯи хони ман, 

Бувӣ шод якчанд меҳмони ман 2 , 

Ки ман 3 ҳарчӣ гуфтам, ба ҷой оварам, 
Хирад пеши ту раҳнамой оварам. 

Биёсой якчанду бар бад макӯш, 

Сӯи мардуми ёзу боз ор ҳуш». 

Чунин гуфт бо ӯ ял Исфандёр, 

Ки «Тухме ки ҳаргиз нарӯяд, макор. 

3205 Ту фардо бубинӣ зи мардон ҳунар, 

Чу ман тохтанро бубандам камар. 

Тани хештан низ мастой ҳеч 
Ба айвон шаву кори фардо басеч. 

Бубинӣ, ки ман дар сафи корзор 
Чунонам, ки бо бодаву майгусор. 

Натобӣ ту бо ман ба дашти набард, 
Шунав панди ман 4 , гирди размам магард 5 . 

Ҳунар беш бинӣ зи гуфтори ман, 

Маҷӯй андар ин кор тимори ман, 

3210 Ҳар он ч-ат бигӯям, ту бипзир панд 
Ба гуфтори шоҳ андароӣ ба банд 6 . 


1. Л-мағз. 

2. ТПЗИМ - Гиромӣ кунӣ хона бар* мо ба сур, 

Мабош аз парастандаи хеш дур. 

* Н - хонаи. 

3. И - Сухан. 

4. Л - Зи ман бишнаву. 

5. ИМ - б. 3208 нест. 

6. ИМ - б. 3210 нест. 

ТПЗМ - Ки фармони шаҳ пеши яздоншинос 
Чу фармони Яздон бувад бо сипос. 


396 


Чу аз шаҳри Зобул ба Эрон шавем, 

Ба наздики шоҳи далерон шавем». 

Дили Рустам аз ғам пурандеша шуд, 
Ҷаҳон пеши ча ттт маттт чу як беша шуд, 

Ки гар ман диҳам даст банди варо, 
Вагар сар фарозам газанди варо, 

Ду кор аст ҳарду банафрину бад, 
Газоянда расме навоину бад. 

3215 Ҳам аз банди ӯ бад шавад номи ман, 
Ҳам аз куштанаш бад саранҷоми ман 1 . 

Ба гирди ҷаҳон ҳар кӣ ронад сухан, 
Накӯҳидани ман нагардад куҳан, 

Ки Рустам зи дасти ҷавоне нараст, 

Ба Зобул шуда дасти ӯро бубаст. 

Ҳама номи ман бозгардад ба нанг, 
Намонад зи ман дар ҷаҳон бӯю ранг. 

В-агар кушта ояд ба дашти набард, 
Шавад назди шоҳон маро рӯй зард, 

3220 Ки ӯ шаҳрёри ҷавонро бикушт, 

Бад-он к-ӯ сухан гуфт бо ӯ дурушт. 

Ба ман-бар пас аз марг нафрин бувад, 
Ҳамон номи ман пири 2 бедин бувад. 

В-агар ман шавам кушта бар дасти ӯй, 
Намонад ба Зобулситон рангу бӯй. 


1 . ТПЗ - Чӣ чора-сту ин корро роҳ чист, 

Ки бар карду нокард бояд гирист? 

2. Л - низ. 


397 


Гусиста 1 шавад тухми 2 Дастони Сом, 
Зи Зобул нагирад касе низ ном. 

Валекин ҳаме 3 хуб гуфтори ман 
Пас аз ман бигӯянд дар 4 анҷуман. 

3225 Агар ҳеч монида будӣ зи ман, 

Хирад бегумон ҷон рабудӣ зи ман. 

Чунин гуфт пас бо сарафроз мард, 

Ки «Андеша рӯи маро зард кард. 

Ки чандин чӣ гӯӣ ту аз кори банд? 
Битарсам, к-аз ин банд ёбӣ газанд 5 . 

Магар осмонӣ сухан дигар аст, 

Ки чархи равон аз б гумон бартар аст. 

Ҳама панди девон пазирӣ ҳаме, 

Ба* 7 дониш сухан барнагирӣ ҳаме 8 . 

3230 Ту яктодиливу надидаҷаҳон, 

Чунон дон, ки дарди ту ҷӯяд ниҳон. 

Гар эдун, ки Гуштосп бо тоҷу тахт, 
Наёбад ҳаме серӣ аз рӯзу бахт, 

Ҳаме гирди гетӣ давонад туро, 

Ба ҳар сахтие-бар биронад туро. 

Зи рӯи замин як сар андеша кард, 
Хирад чун табар, ҳуш чун теша кард, 


1. Л - шикаста. 

2. ИЛ - номи. 

3. И-ҳамин. 

4. И -аз ин пас бигӯянд бар; ЛМ - аз ин пас накӯянд бар. 

5. И -б. 3227. нест. 

6. Л - равонро. 

7. М-Зи. 

8. ТПЗЛ- Туро сол бар н-омад аз рӯзгор, 

Надонӣ фиребу бади шаҳрёр. 


398 




Ки то кист андар ҷаҳон номдор, 

Ки аз ту напечад сар аз корзор, 

3235 К-аз он номвар бар ту ояд газанд, 
Бимонад бад-ӯ тоҷу тахти баланд, 

Ки шояд, ки бар тоҷ нафрин бувад* 1 
В-аз ин достон хок болин бувад.* 2 

Ҳаме ҷони ман дар накӯҳиш ниҳӣ, 
Чаро дил на андар пижӯҳиш ниҳӣ? 

Ба тан ранҷ дорӣ бад-ин дасти хеш, 
Гар аз бадгумон дил наёяд-т реш.* 3 

Макун шаҳрёро, ҷавонӣ макун, 

Чунин дар бало комронӣ макун 4 . 

3240 Макун шаҳрёро, дили мо нажанд, 
Маёвар ба ҷони ману худ газанд 5 . 

Зи Яздону аз рӯи ман шарм дор, 
Махӯр бар тани хештан зинҳор. 

Туро бениёзист аз 6 ҷанги ман 
В-аз ин 7 кӯшишу разму 8 оҳанги ман. 

Замона ҳаме тохтат бо сипоҳ, 

Ки бар дасти ман худ ту гардӣ 9 табоҳ. 

Бимонад ба гетӣ зи ман номи бад, 

Ба Гуштосп бодо 10 саранҷоми бад!» 


- кунам. 

- кунам. 

- Агар бадгумонй, бад ояд-т пеш. 
-б. 3238, 3239 нест. 

-б. 3240 нест. 

- Шабобӣ, на бозист ин. 

- макун. 

- кардан. 

9. ЛМ - гашт хоҳӣ. 

10. Л -бод ин. 


399 


3245 Чу бишнид гарданкаш Исфандёр, 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй Рустами номдор, 

Ба донои пе ттт ин нигар, то чӣ гуфт, 
Бад-он гаҳ ки бо ҷон хирад кард ҷуфт, 

Ки пири фиребанда коно бувад, 
Агарчанд пирӯзу доно бувад. 

Ту чандин ҳаме бо ман афсун кунӣ, 

Ки то чанбар аз ёл берун кунӣ. 

Ту хоҳӣ, ки ҳар кас ки ин бишнавад, 
Бад-ин чарб гуфтори 1 ту бигравад. 

3250 Маро ном хонанд нопокрой, 

Туро марди ҳушёру некифизой. 

Бигӯянд, к-ӯ бо хирому навид, 

Биёмад варо кард чандин умед. 

Сипаҳбад зи гуфтори ӯ сар битофт, 

Аз он пас, ки ҷуз ҷанг чизе* 2 наёфт. 

Ҳама хоҳиши ӯ ҳаме хор дошт, 

Забоне пур аз талх гуфтор дошт. 

Чунон дон, ки 3 ман сар зи фармони шоҳ 
Напечам, на аз баҳри тоҷу кулоҳ. 

3255 Бад-ӯ ёбам андар ҷаҳон хубу зишт, 
Бад-ӯяст дӯзах, бад-ӯям 4 биҳишт. 

Туро ҳарчи хӯрдӣ, физоянда бод, 
Бадандешагонро газоянда бод. 


1. Л-хубгуфтор. 

2. М - к-аз ӯ хуб коре. 

3. Л-ҳаме. Гуфт. 

4. И - аз ӯям. 


400 


Ту акнун ба хуби 1 ба айвон бипуй, 
Сухан ҳарчи бишнидӣ, он ҷо бигӯй. 

Биёрою мар 2 ҷангро соз кун 
В-аз ин дар мапаймой бо ман сухун. 

Пагоҳ ою бар ҷанг чора бисоз, 
Макун з-ин сипас кор бар мо дароз. 

3260 Ту фардо бубинӣ ба овардгоҳ, 

Ки гетӣ шавад пеши чашмат сиёҳ. 

Бидонӣ, ки пайкори мардони мард 
Чӣ гуна бувад рӯзи нангу набард». 

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эй номҷӯй 3 , 
Туро гар чунин омадаст орзӯй, 

Танат 4 бар таки Рахш меҳмон кунам, 
Ба гурзу 5 ба кӯпол дармон кунам. 

Ту дар паҳлавӣ хеш бишнидаӣ, 

Ба гуфтори эшон бигарвидаӣ, 

3265 Ки теғи далерон бар Исфандёр 
Наёяд ба овард ҳаргиз 6 ба кор. 

Бубинӣ ту фардо синони маро, 
Ҳамон гирдкарда инони маро. 

К-аз он пас ту 7 бо номдорони мард, 
Наҷӯӣ ба овардгаҳ-бар набард». 


1 . Л - ба хушшӣ. 

2. Л - сипоҳат ҳама; ИМ - силеҳат ҳама. 

3. ИМ - шерхӯй. 

4. ИМ-Туро. 

5. ИМ - саратро. 

6. ИЛМ - Ба овардгаҳ-бар наёяд. 

7. ИЛ - Ки то низ. 


401 




Лаби марди барно пур аз ханда шуд, 
Ҳаме Рустам 1 он хандаро банда шуд. 

Ба Рустам чунин гуфт, к-«Эй номҷӯй, 
Сабук тез 2 гаштӣ бад-ин гуфтугӯй. 

3270 Чу фардо биёям 3 ба дашти набард, 

Шавӣ огаҳ аз кори 4 мардони мард. 

На ман кӯҳаму зерам аспе чу кӯҳ, 
Ягона* 5 яке мардумам бегурӯҳ. 

Ҷуз аз номи Яздон маро дастгир 
Намебошад аз захми шамшеру тир. 

Гар аз гурзи ман бод ёбад сарат, 

Бигиряд ба дарди ҷигар модарат. 

В-агар кушта н-оӣ б ба овардгоҳ, 
Бубандам ба бандат 7 , барам назди шоҳ, 

3275 Бад-он, то чунин банда бо шаҳрёр 
Наҷӯяд ба овардгаҳ корзор». 

БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА АЙВОНИ ХУД 

Чу Рустам биёмад зи пардасарой, 

Замоне ҳаме буд бар дар ба пой. 

Ба карпос 8 гуфт: «Эй сарои умед, 
Хунук* 9 рӯз, к-андар ту буд Ҷаммшед 10 . 


1 . И - Ҳама кеҳтар. 

2. ИЛ-Чаро. 

3. ИЛ - биёӣ. 

4. ИМ - Бубинӣ ту оварди. 

- Ба танҳо. 

- гардӣ. 

- Бубандам-т бар зин. И - бари зин. 

- карёс. 

- Хуш он. 

10. ТПЗ- Ба гоҳи Фаридун ҳумоюн будӣ, 
Замони Манучеҳр маймун будӣ. 


402 


Ҳумоюн буди гоҳи Ковуси кай, 

Ҳамон рӯзи Кайхусрави некпай. 

Дари фарраҳӣ бар ту акнун бубаст, 

Ки бар тахти ту носазое нишаст». 

3280 Шунид ин суханҳо ял Исфандёр, 

Пиёда биёмад бари номдор. 

Ба Рустам чунин гуфт, к-«Эй покрой,* * 1 
Чаро тез гаштӣ ба пардасарой? 

Сазад, гар ба ин буми Зобулситон 
Ниҳад донишӣ ном Ғулғулситон, 

Ки меҳмон чу сер ояд аз мизбон, 

Ба зиштӣ барад номи ӯ бар забон». 

Саропардаро, - гуфт, - буд рӯзгор, 

Ки Ҷамшедро доштӣ дар канор 2 , 

3285 Ки ӯ роҳи Яздони кайҳон биҳишт, 

На хуш рӯз будаш, на хуррам биҳишт 3 . 

Ҳам он рӯз, к-аз баҳри Ковусшоҳ 
Будӣ пардаву соябони сипоҳ 4 , 

Ки ӯ рози Яздон ҳаме бозҷуст, 

Ҳаме хост дид ахтаронро дуруст. 

Замин з-ӯ саросар пурошӯб гашт,* 5 
Пур аз ғорату ханҷару чӯб гашт. 


Хуҷаста будӣ дар гаҳи Кайқубод, 
К-аз ӯ гашт гетӣ ҳама пур зи дод. 

1. М-некрой. 

2. И - б. 3284 нест. 

3. ТПЗ - Ҳамон низ огаҳ Фаридуншоҳ 

Шуд аз бахт бар тахт абри сиёҳ, 
Зи гоҳи Манучеҳр то Кайқубод 
Касе дини Яздон наёвард ёд. 

4. Л - пардаи сояи. 

5. М - Заминро саросар пурошӯб кард. 


403 


Кунун моядори ту Гуштосп аст, 

Ба пеши вай-андар чу Ҷомосп аст. 

3290 Нишаста ба як даст чун Зардиҳишт, 
Ки бо Занду Уст омада 1 аз биҳишт. 

Ба дигар Башутан гави некмард, 
Наҷӯяд ба гетӣ ҳамон* 2 гарму сард. 

Ба пеш-андарун фаррух Исфандёр, 
К-аз ӯ шод шуд гардиши рӯзгор 3 . 

Дили некмардон бад-ӯ зинда шуд 4 , 
Бад аз бими шамшери ӯ банда шуд» 5 . 

Биёмад ба дар паҳлавони савор, 
Пас-андар ҳаме дидаш Исфандёр. 

3295 Чу баргашт аз ӯ, 6 бо Башутан бигуфт, 
Ки гурдиву мардӣ нашояд нуҳуфт. 

Надидам бар ин гуна аспу савор, 
Надонам, ки чун хезад ин корзор. 

Яке жандапил аст бар кӯҳи Ганг, 
Агар бо силеҳ андарояд ба ҷанг, 

Зи боло ҳаме бугзарад фарру зеб, 
Битарсам, ки фардо бубинад нишеб. 

Ҳаме сӯзад аз фарру чеҳраш дилам, 

Зи фармони додор дил нагсилам. 


1. ИЛ-омадаст. 

2. М - Ҳаме. 

3. И -6.3291, 3292 нест. 

4. Л - гашт. 

5. Л - гашт. 

6. Л-ӯ. 


404 


3300 Чу фардо биёяд ба овардгоҳ, 

Бар ӯ - бар кунам рӯзи равшан сиёҳ 1 . 

Башутан бад-ӯ гуфт: «Би пт нав сухун, 
Ҳаме гӯямат, эй бародар, макун. 

Туро гуфтам аз пешу 2 гӯям ҳаме 
На аз ростӣ дил бишӯям ҳаме. 

Маёзор касро, ки озодмард 
Сар андарнаёрад ба озору дард. 

Бихусб имшабу бомдоди пагоҳ 
Бирав то ба айвони ӯ бесипоҳ. 

3305 Ба айвони ӯ рӯз фаррух кунем, 

Сухан ҳарчи пурсад-ш, 3 посух кунем. 

Ҳама кор некӯст 4 з-ӯ дар ҷаҳон 
Миёни кеҳону миёни меҳон. 

Ҳаме сар напечад зи фармони ту, 
Дилаш рост бинам ба паймони ту. 

Ту чандин 5 чӣ кӯшӣ ба кину ба хашм, 
Бишӯй аз дилат кину аз хашм 6 ча ттт м». 

Яке посух овардаш Исфандёр, 

Ки «Бар гӯшаи гулситон руст хор». 

3310 Бад-ӯ гуфт, к-«Аз мардуми покдин 
Ҳамоно назебад, ки гӯяд чунин. 

Г ар эдун, ки дастури Эрон туӣ, 

Дилу чашму гӯши далерон туӣ, 


1 . ТПЗ - Ва ё ӯ сар орад ба ман рӯзгор, 

Ки донад, ки чун гардад ин корзор? 

2. ИМ - гуфтам пеш. 

3. ИЛ - пурсанд. 

4. Л - нек аст. 

5. ЛМ-боӯ. 

6. Л - Бишӯяд зи дил кину хашмат зи. 


405 


Ҳаме хуб дони чунин роҳро, 
Хирадрову озурдани шоҳро. 

Ҳама ранҷ, 1 тимори ман 2 бод гашт, 
Ҳамон дини Зардушт бедод гашт, 

Ки гӯяд, ки ҳар к-ӯ зи фармони шоҳ 
Бупечад, ба дӯзах барад пойгоҳ.* 3 

33 1 5 Маро чанд гӯӣ гунаҳгор шав, 

Зи фармони 4 Гуштосп безор шав? 

Ту гӯиву ман худ чунин 5 кай кунам, 
Ки оре ба гуфтори ту най 6 кунам. 

Гар эдун, ки тарсӣ ҳаме аз танам, 
Ман имрӯз тарси туро бишканам. 

Касе безамона ба гетӣ намурд, 
Бимурд он ки номи бузургӣ набурд. 

Ту фардо бубинӣ, ки бар дашти ҷанг 
Чӣ кор оварам пеши ҷангинаҳанг». 

3320 Башутан бад-ӯ гуфт, к-«Эй номдор, 7 
Чунин чанд гӯӣ ту аз корзор? 

Ки то ту расидӣ ба гурзу камон, 
Набуд бар ту Иблиси бад бадгумон 8 . 

Ба дил девро роҳ додӣ кунун, 

Ҳаме нашнавӣ панди ин раҳнамун. 


1 . ИЛ - ранҷу. 

2. ИЛМ-мо. 

3. М - бувад ҷойгоҳ. 

4. ИЛ - гуфтори. 

5. Л - гӯӣ ман ин худ ҳаме. 

6. Л — аз роҳу фармони ту пай. 

7. ИМ - шаҳрёр. 

8. Л - Иблисро бад гумон; И - Иблисро ин гумон. 


406 


^22 


Дилат тира* 1 бинам, сарат пурситез, 
Кунун ҷома бар тан кунам рез-рез. 

Чӣ гуна кунам ман, ки тарс аз дилам 
Бад-ин сон ба якборагӣ бугсилам? 

3325 Ду ҷангӣ, ду марду ду шери далер, 

Чӣ донам, ки пушти кӣ ояд ба зер?» 

Варо номвар ҳеч посух надод, 

Дилаш гашт пурдарду сар пур зи бод. 

ПАНД ДОДАНИ ЗОЛ РУСТАМРО 

Чу Рустам биёмад ба айвони хеш, 
Надид ӯ ҷуз аз разм дармони хеш.* 2 

Завора биёмад ба наздики ӯй, 

Варо дид тирадилу зардрӯй. 

Бад-ӯ гуфт ӯ: 3 «Теғи ҳиндӣ биёр, 
Ҳамон ҷавшану 4 миғфари корзор. 

3330 Камон ору баргустувони ситабр, 5 
Каманд ору гурзи гарон ору бабр». 6 

Завора бифармуд, то ҳарчӣ гуфт, 
Биёвард ганҷури ӯ аз нуҳуфт. 

Чу Рустам силеҳи набардӣ 7 бидид, 
Сар афшонду бод аз ҷигар баркашид. 

Чунин гуфт, к-«Эй ҷавшани корзор. 
Баросудӣ аз ҷанг як рӯзгор. 


- Хира. 

- Нигаҳ кард чанде ба ёрони хеш. 

- рав. 

4. ЛМ - найзаву. 

5. Л - баргустувон ору тир. 

6. Л - Эй далер. 

7. И - набардаш. 


407 


Кунун кор пеш омадат, сахт бош, 

Ба ҳар кор* 1 пероҳани бахт бош! 

3335 Чунин размгоҳе ки ғуррон ду шер 2 
Ба ҷанг андароянд ҳар ду далер 3 . 

Кунун то чӣ пеш орад Исфандёр, 

Чӣ бозӣ кунад дар дами корзор». 

Чу бишнид Дастон зи Рустам сухан, 
Пурандеша шуд мағзи* 4 марди куҳан. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй номвар паҳлавон, 

Чӣ гуфтӣ, к-аз ин 5 тира гаштам 6 равон? 

Ту то барнишастӣ ба зини набард, 
Набудӣ магар якдилу покмард? 

3340 Ба фармони шоҳон сарафрохта, 

Ҳамеша дил аз ранҷ пардохта 7 . 

Битарсам, ки рӯзат сар ояд ҳаме, 

Ки 8 ахтар ба хоб андарояд ҳаме. 

Мар ин* 9 тухми Дастон зи бун барканад, 
Зану кӯдакон-мон ба хок афканад. 

Ба дасти ҷавоне чу Исфандёр, 

Агар ту шавӣ кушта дар корзор, 

Намонад ба Зобулситон обу хок, 
Баландӣ бар ин бум гардад мағок. 


1. М-ҷой. 

2. Л - ҳарду далер. 

3. Л - Чу ғурранда шер. 

4. М - ҷони. 

5. И -к-аз он. 

6. И - гардад. 

7. ТПЗ - Натарсидӣ аз шер в-аз аждаҳо, 

На дев омад аз захми гурзат раҳо. 

8. И-К-аз. 

9. М - ҳама. 


408 


3345 В-ар эдун, ки уро расад з-ин газанд, 
Намонад* 1 туро низ номи баланд. 

Ҳаме ҳар касе достонҳо занад 2 , 
Бароварда номи туро бишканад, 3 

Ки ӯ шаҳрёри ҷавонро 4 бикушт, 
Бад-он, к-ӯ сухан гуфт бо вай дурушт 5 . 

Ҳаме бош дар пеши ӯ-дар б ба пой, 
Вагарна ҳам акнун бипардоз ҷой. 

Ба пайғулае шав зи пешаш ниҳон, 

Ки кас нашнавад номат андар ҷаҳон, 

3350 К-аз ин бад туро тира гардад равон, 
Бипарҳез аз ин шаҳрёри ҷаҳон 7 . 

Ба ганҷу ба ранҷ 8 ин сухан бозхар, 
Мабар 9 пеши дебои чинӣ табар 10 . 

Сипоҳи варо хилъат орой низ 
В-аз ӯ бозхар хештанро ба чиз. 

Чу баргардад ӯ аз лаби Ҳирманд, 

Ту пой андаровар ба Рахши баланд. 

Чу эмин шавӣ, 11 бандагӣ кун ба роҳ, 
Бад-он то бубинӣ яке рӯи шоҳ. 


1. М - Набошад. 

2. ИЛМ - зананд. 

3. ИЛМ - бишкананд. 

4. ИМ - шаҳрёре зи Эрон. 

5. И - Набарда саворе зи шерон бикушт. 

6. И - ту пеши ӯ бар. 

7. ИЛ - ҷавон. 

8. - зар. 

9. Л - сипар. 

10. Л - мабар. 

1 1 . Л - шудй. 


409 


3355 Чу бинад туро, кай кунад кори 1 бад, 
Худ аз шоҳи Эрон 2 бадӣ 3 кай сазад?». 

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эй марди пир, 
Суханҳо бад-ин гуна осон магир. 

Ба мардӣ маро сол бисёр гашт, 

Баду нек чанде 4 ба сар баргузашт. 

Расидам ба девони Мозандарон, 

Ба разми 5 саворони Ҳомоварон. 

Ҳамон разми Комусу хоқони Чин, 

Ки ларзон шудӣ* 6 зери аспаш 7 замин. 

3360 Кунун гар 8 гурезам зи Исфандёр, 

Ту дар Систон коху гулбун 9 мадор. 

Ба нерӯи Яздони парвардгор 
Чӣ тарсам зи Гуштоспу Исфандёр?! 

Ман арчи шудам пир, рӯзи набард 
Сари чарху моҳ андарорам ба гард 10 . 

Чу ман бабр пӯшам ба рӯзи набард, 
Чи сад жандапилу чи як дашт мард. 

Зи хоҳиш, ки гуфтӣ басе рондаам, 
Бад-ӯ дафтари кеҳтарӣ хондаам. 

3365 Ҳаме хор гирад суханҳои ман, 
Бупечад сар аз донишу рои ман. 


1. ИЛ-боту. 

2. Л -шоҳ кардан. 

3. И -кирдори бад. 

4. Л -ҳарду. 

5. Л -набарди. 

6. М - будй. 

7. ИЛ -буди зери эшон. 

8. ИМ -Агар ман. 

9. ИЛ - гулшан. 

10. ИЛМ - б. 3361, 3362 нест. 


410 




Гар у сар зи кайвон фуруд оради, 
Равонаш бари ман дуруд орадӣ, 

Аз ӯ нестӣ ганҷу гавҳар дареғ, 

Ҳамон гурзу кӯполу хафтону теғ. 

Сухан чанд гуфтам, ба чизе набаст,* 1 
Зи гуфтор бод аст моро ба даст. 

Гар эдун, ки фардо кунад корзор, 
Дил аз ҷони ӯ ҳеч хаста* 2 мадор, 

3370 Ки ман теғи тезам нагирам ба даст, 
Сари номдораш бигирам ба шаст.* 3 

Напечам ба овардгаҳ-бар* 4 инон 
На кӯпол бинад, на захми синон. 

Бубандам ба овардгаҳ роҳи ӯй, 
Бигирам ба нерӯ камаргоҳи ӯй. 

Зи кӯҳа ба оғӯш баргирамаш, 

Ба шоҳӣ зи Гуштосп бипзирамаш. 

Биёрам нишонам-ш бар тахти ноз 5 
В-аз он пас кушоям дари ганҷ боз 6 . 

3375 Чу меҳмони мо 7 буда бошад се рӯз, 
Ҷаҳорум, чу аз чарх гетифурӯз 

Бияндозад он чодари лоҷвард, 

Падид ояд ин ҷоми ёқути зард, 

Сабук боз бо ӯ бубандам камар, 

В-аз эдар ниҳам сӯи Гуштосп сар. 


- Чунин чанд гуфтам ба чандин нишаст. 
-ранҷа. 

- Гиромӣ тани ӯ нахоҳам бихаст. 

- ба овард бо ӯ. 

-оҷ. 

- ганҷу тоҷ. 

- ман. 


411 


Нишонам-ш бар номвар тахти оҷ, 
Ниҳам бар сараш-бар дилафрӯз тоҷ. 

3380 Бубандам камар пеши ӯ бандавор, 
Наҷӯям ҷуз аз коми Исфандёр. 

Ту донӣ, ки ман пеши тахти Қубод 
Ба мардӣ чӣ кардам, ту дорӣ ба ёд. 1 

Ту фармой акнун, ки пинҳон шавам 
Ва ё банди ӯро ба фармон шавам». 

Бихандид аз гуфти ӯ Золи Зар, 
Замоне биҷунбонд аз андеша сар. 

Бад-ӯ гуфт Зол, «Эй писар, ин сухун, 
Ки гуфтӣ, сараш нест пайдо зи бун, 

3385 Ки девонагон ин сухан бишнаванд, 
Бад-ин хом гуфтори ту биграванд. 2 

Қубоде ба кӯҳе нишаста дижам, 

На тахту кулоҳу на ганҷу дирам. 

Ту бо шоҳи Эрон баробар макун, 
Сипаҳдору бо рою ганҷи куҳун. 

Чу Исфандёре ки фағфури Чин, 
Нависад ҳаме номи ӯ бар нигин. 

Ту гӯӣ, ки аз кӯҳа бардорамаш, 3 
Ба бар сӯи 4 айвони 5 Зол орамаш. 


1. ТПЗ Ба гетӣ сиришти сутургӣ маро, 

Ҳам ӯ дод ному бузургӣ маро. 

2. Л - Награванд; И - гуфторҳо награванд. 

ТПЗ - Ту гуфтӣ, ки дар пеши тахти Қубод 

Ба мардӣ чӣ кардам, ту дорӣ ба ёд, 

Л - Бигуфт, эй писар, пеши тахти Қубод 
Чӣ кардиву ман худ чӣ дорам ба ёд. 

3. Л - баргирамаш. 

4. Л - Рабуда дар. 

5. И - каш-дар сӯи хони. 


412 


3390 Нагуяд чунин мардуми солх(в)ард, 

Ба гирди дари ахтари бад 1 магард. 

Бигуфтам туро он ки буд рои ман, 

Ту донӣ кунун, эй маҳи анҷуман». 

Бигуфт ину бинҳод сар бар замин, 
Ҳаме хонд бар кирдгор офарин. 

Ҳаме гуфт, к-«Эй довари кирдгор,* 2 
Бигардон ту аз мо бади рӯзгор». 

Бад-он гуна то хур баромад зи кӯҳ, 
Наёмад забонаш зи хоҳиш 3 сутӯҳ. 

ҶАНГИ РУСТАМ БО ИСФАНДЁР 

3395 Чу шуд рӯз Рустам бипӯшид кабр, 
Нигаҳбони тан кард бар кабр бабр. 

Каманде ба фитроки зин- дар бубаст, 4 
Бар он бораи пилпайкар нишаст. 

Бифармуд, то шуд Завора бараш, 
Фаровон сухан ронд аз лашкараш. 

Бад-ӯ гуфт: «Рав, 5 лашкаророй бош, 
Бар он кӯҳаи рег бар пой бош». 

Завора биёмад, сипаҳ гирд кард 
Ба майдон, ки орад ба дашти набард. 

3400 Таҳамтан ҳаме рафт найза ба даст, 

Чу берун шуд аз ҷойгоҳи нишаст. 

Сипоҳаш бар ӯ хонданд офарин, 

Ки «Бе ту мабод аспу кӯполу зин». 


1 . И - носипосӣ. 

2. М - комгор. 

3. ИМ-лоба. 

4. ИЛ - барбубаст. 

5. И-ӯ. 


413 


Ҳаме рафт Рустам, Завора пасаш, 

Ки ӯ буд дар подшоҳӣ касаш. 

Биёмад чунин то лаби Ҳирманд, 

Ҳама лаб пур аз боду ҷонаш нажанд. 

Сипаҳ бо бародар ҳам ин ҷо бимонд, 
Сӯи лашкари шоҳи Эрон биронд. 

3405 Чунин гуфт пас бо Завора ба роз, 

Ки «Ман дасти он бадраги девсоз 

Ҳам акнун аз ин разм кӯтаҳ кунам, 
Равонро сӯи равшанӣ раҳ кунам. 1 

Битарсам, ки бо ӯ бибояд задан, 
Надонам, к-аз ин пас чӣ шояд будан. 

Ту эдар бимону сипаҳро бидор, 
Шавам, то чӣ пеш оварад рӯзгор. 2 

Агар тунд ёбам-ш ҳам з-он нишон, 
Нахоҳам зи Зобулситон саркашон. 

3410 Ба танҳо тани хеш ҷӯям набард, 

Зи лашкар нахоҳам касе ранҷа кард. 3 

Касе бошад аз бахт пирӯзу шод, 

Ки бошад ҳамеша дилаш пур зи дод». 4 

Гузашт аз бари рӯду боло гирифт, 
Ҳаме монд аз кори гетӣ шигифт. 


1. И - б. 3406 нест. 

2. И - б. 3408 нест. 

3. ТПЗ - В-агар бо сипаҳ пешам ояд ба ҷанг, 

Бихоҳам туро, бас маёвар диранг. 

4. ТПЗ - Бигуфт ину маркаб биронд аз шитоб 

Хурӯшону ҷӯшон ба наздики об. 


414 


Хурушиду 1 гуфт: «Эй ял 2 Исфандёр, 
Ҳамовардат омад, баророй кор». 

Чу бишнид Исфандёр ин сухан 
Аз он шери пархошҷӯи куҳан, 

3415 Бихандиду гуфт, инак оростам, 
Бад-он гаҳ, ки аз хоб бархостам. 

Бифармуд то ҷавшану хӯди ӯй, 
Ҳамон найзаву гурзаи говрӯй 3 * 4 

Бибурданду, пӯшид равшан бараш, 
Ниҳод он кулоҳи каён 5 бар сараш. 

Бифармуд то зин бар аспи сиёҳ 
Ниҳоданду бурданд наздики шоҳ. 

Чу аспи сияҳ дид пархошҷӯй, 

Зи зӯру зи мардӣ ки буд андар ӯй, 

3420 Ниҳод ӯ 6 буни найзаро бар замин, 
Зи рӯи замин* 7 андаромад ба зин. 

Ба сони паланге, ки бар пушти гӯр 
Нишинад, 8 барангезад аз гӯр шӯр. 

Сипоҳаш 9 шигифтӣ фурӯ монданд, 
Бар он номвар 10 офарин хонданд. 

Ҳаме шуд чу назди Таҳамтан расид, 
Мар ӯро бад-он бора танҳо бидид. 


1 . Л - Чунин. 

2. Л - бо фаррух, И - хурӯшид, к-эй фаррух. 

3. И - тарк бо найзаи ҷангҷӯй; Л - гурзу он найзан ҷангҷӯй. 

4. М - гурз бо найзаи ҷангҷӯй. 

5. ИЛ - кай. 

6. ИЛ - он. 

7. М - хоки сияҳ. 

8. Л - ба тундӣ. 

9. ИМ - Сипаҳ дар. 

10. ИЛ - номдор. 


415 


Пас аз бораги бо Башутан бигуфт, 
Ки «Моро набояд бад-ӯ ёру ҷуфт. 

3425 Чу танҳост, мо низ танҳо шавем, 1 
Зи пастӣ бар он тундболо шавем». 2 

Бад-он гуна рафтанд ҳарду ба разм, 
Ки гуфтӣ, ки андар ҷаҳон нест базм. 

Чу гаштанд наздик пиру ҷавон, 

Ду шери сарафрозу ду паҳлавон, 

Хурӯш омад аз бораи ҳарду мард, 
Ту гуфтӣ бидаррид 3 дашти набард. 

Чунин гуфт Рустам ба овози 4 сахт, 
Ки «Эй шоҳи шодондилу 5 некбахт, 

3430 Бад-ин 6 гуна мастезу тундӣ 7 макӯш, 8 
Ба донанда букшой якбора гӯш. 9 

Агар ҷанг хоҳиву хун рехтан, 

Бад-ин сон такопӯю* 10 овехтан, 

Бигӯ то савор оварам зобулӣ, 

Ки бошанд бо ҷавшани 11 кобулӣ. 


1. ИМ-равем. 

2. ИМ - равем. 

ТПЗЛ - Башутан зи пас боз шуд бо сипоҳ 
Яли номвар гурди лашкарпаноҳ, 

Гумон бурд Рустам, к-аш аз дур дид, 

Ки кӯҳе абар бора зӣ ӯ чамид. 

3. Л - биларзид. 

4. И - овоию. 

5. Л - бинодили, И - марди шодондили. 

6. Л - аз ин. 

7. Л - бадро. 

8. И - мастез, з-ин сон маҷӯш. 

9. Л - Сӯи мардумӣ тозу боз ор ҳуш; И - як бор букшой гӯш. 

10. М-сахтиву. 

1 1 . ИМ - Зиреҳдор бо ханҷари; Л - ханҷари. 


416 




Ту эрониёнро бифармой низ, 

Ки то гавҳар ояд падид аз пашиз. 1 

Бад-ин размгаҳшон ба ҷанг оварем, 
Худ эдар замоне диранг оварем. 

3435 Бибошад ба коми ту хун рехтан, 
Бар ин гуна сахтӣ баровехтан». 

Чунин посух овардаш Исфандёр, 
Ки «Чандин чӣ гӯӣ ҳаме нобакор? 

Аз айвон ба шабгир бархостӣ, 

Аз он тундболо маро хостӣ. 

Чаро сохтӣ бар 2 ман акнун фиреб, 
Ҳамоно бидидӣ ба 3 тангӣ нишеб. 

Чӣ бояд маро ҷанги Зобулситон, 
Ҳамон 4 ҷанги Эрону Кобулситон? 

3440 Мабодо чунин ҳаргиз оини ман,* 5 
Сазо нест ин кор дар дини ман.* 6 

Ки эрониёнро ба куштан диҳем, 
Худ андар ҷаҳон тоҷ бар сар ниҳем. 

Манам пеш, ҳар гаҳ ки ҷанг оядам, 
Агар пеш ҷангӣ паланг оядам. 7 

Туро гар ҳаме ёр бояд, биёр, 

Маро ёр ҳаргиз наёяд ба кор 8 . 


1. И - б. 3443 нест. 

2. ИЛМ-бо. 

- расидаст. 

- дигар. 

- мо. 

-мо. 

Манам пешрав ҳар ки ояд ба ҷанг, 
Агар пеши ҷанги ман ояд паланг. 

8. Л - бас бошадам кирдгор. 


417 


Маро ёр дар ҷанг Яздон бувад, 

Сару кор бо бахти хандон бувад. 

3445 Туӣ ҷангҷӯву манам ҷангхоҳ, 
Бигардем бо якдигар бесипоҳ. 

Бубинем то аспи Исфандёр 
Сӯи охур ояд ҳаме бесавор 

Ва ё 1 бораи Рустами ҷангҷӯй 2 
Ба айвон ниҳад бехудованд рӯй». 

Ниҳоданд паймон ду ҷангӣ, ки кас, 
Набошад дар он ҷанг фарёдрас. 3 

Фаровон 4 ба найза баровехтанд, 
Ҳаме хун зи ҷавшан фурӯ рехтанд. 

3450 Чунин то синонҳо ба ҳам барнишаст, 
Ба шамшер бурданд ночор даст. 

Ба овард гардан* 5 барафрохтанд, 
Чапу рост ҳар сӯ 6 ҳаме тохтанд. 

Зи нерӯи гурдону захми сарон* 7 
Шикаста шуд он теғҳои гарон.* 8 

Барафрохтанд он замон ёлро, 

Зи зин баркашиданд кӯполро 

Ҳаме рехтанд андар овард гурз, 

Чу санг андарояд зи болои бурз. 


1. И-гар. 

2. ИЛМ - номҷӯй. 

3. ТПЗ- Аз он пас ҳаме ҷангро хостанд, 

Набарди ялонӣ биёростанд. 

4. Л - нахустин. 

5. М-савор. 

6. ИЛМ - ду. 

7. М - теғҳоро канор. 

8. М - Пур аз хашму. 


418 


3455 Чу шери жаён ҳарду ошуфтанд, 

Аз он захм* 1 2 3 4 андомҳо кӯфтанд. 1 

Ҳам аз даста бишкаста гурзи гарон, 

Фурӯ монд аз кор дасти сарон. 

Гирифтанд аз он пас дуволи камар. 

Ду аспи таковар бароварда пар. 

Яке буд ба дасти ял Исфандёр, 

Дигар буд ба дасти гави номдор. 

Ба нерӯ кашиданд зӣ хештан 
Ду гурди сарафрозу ду пилтан. 2 

3460 Ҳаме зӯр кард ин бар он, он бар ин, 
Наҷунбид як шер аз пушти зин. 

Пароканда гаштанд аз овардгоҳ 3 
Ғамӣ гашта гурдону 4 аспон табоҳ. 5 

Каф андар даҳоншон шуда хуну хок, 
Ҳама кабру баргустувон чок-чок. 

КУШТА ШУДАНИ ПИСАРОНИ ИСФАНДЁР 
АЗ ДАСТИ ЗАВОРА ВА ФАРОМАРЗ 

Бад-он гаҳ, ки ҷанги ялон шуд дароз, 
Ҳаме дер шуд Рустами Зол боз, 6 

Завора биёвард аз он сӯ сипоҳ 
Яке лашкари доғдил кинахоҳ. 


1. И -б. 3455 нест. 

Л - Чу шерони ҷангӣ барошуфтанд, 
Ҳаме бар сари якдигар кӯфтанд. 

2. И - б. 3458, 3459 нест. 

3. И - ҳарду савор. 

4. Л - мардону. 

5. И - Ғамин гашт аспон аз он корзор. 

6. Л - сарафроз. 


419 


3465 Ба эрониён гуфт: «Рустам куҷост, 
Бад-ин рӯз хомӯш будан 1 чарост? 

Шумо сӯи Рустам ба ҷанг омадед, 
Хиромон 2 ба коми наҳанг омадед. 

Ҳаме дасти Рустам бихоҳед баст, 

Бар ин размгаҳ - бар нашояд нишаст. 

Завора ба дашном лаб баркушод, 
Ҳаме кард гуфтори нохуб ёд. 

Барошуфт аз он пури Исфандёр, 
Саворе буд аспафкану номдор. 

3470 Ҷавоне 3 ки Нӯшозараш буд ном, 
Сарафрози он лашкару 4 шодком, 

Барошуфт бо сагзӣ он номдор, 
Забонро ба дашном букшод хор. 

Чунин гуфт, к-«Эй сагзии бехирад, 
Надонӣ, ки ҳар кас, ки дин парварад, 5 

Ба мардӣ бияндозад аз худ маниш, 

Ба фармони шоҳон кунад парвариш. 

Нафармуд моро ял Исфандёр 
Чунин бо сагон сохтан корзор. 6 

3475 Кӣ печад сар аз рою фармони ӯй, 

Кӣ ёрад гузаштан зи паймони ӯй? 


1. И-нишастан. 

2. Л-ҳамоно. 

3. И - саворе. 

4. ИЛ - Сарафрозу ҷанговару. 

5. ИМ - б. 3472 нест. 

6. Л -б. 3472 - 3474 нест. 


420 


Кунун ар шумо' нодурусти кунед, 

Ба ҷанг 1 2 -андарун пешдастӣ кунед, 

Бубинед якбор ҷанговарон 
Ба теғу синону ба гурзи гарон». 

Завора бифармуд, к-«Андарниҳед 3 
Саронро зи хун тоҷ бар сар 4 ниҳед!» 

Завора биёмад зи пушти 5 сипоҳ, 
Деҳодеҳ баромад зи овардгоҳ. 

3480 Бикуштанд з-эрониён бешумор, 

Чу Нӯшозар он дид, барсохт кор. 

Саманди сарафрозро барнишаст, 
Биёмад яке теғи ҳиндӣ ба даст. 

В-аз он сӯ яке гурди лашкарпаноҳ 
Биёмад, ки буд сарфарози сипоҳ, 6 

Ки он номвар 7 буд Алвой 8 ном, 
Сарафрозу аспафкану шодком. 9 

Чу аз дур Нӯшозар ӯро бидид, 
Бизад дасту теғ аз миён баркашид. 

3485 Баровард як захм зад бар сараш, 

Зи бора ба хок андаромад бараш 10 . 


1 . ЛМ - Агар ҷанг бар. 

2. Л - кор. 

3. ҷаҳед. 

4. Л - бар сар афсар. 

5. Л - Ҳамон гаҳ биёмад ба пеши. 

6. ИЛ - б. 3482 нест. 

7. ЛМ - яке номвар. 

8. ИМ-Алвоба. 

9. ТПЗИЛ - Куҷо найзаи Рустам ӯ доштӣ, 

Паси пушти ӯ ҳеч нагзоштӣ. 

10. ИМ-б. 3485 нест, 

Л - Яке теғ зад бар сару гарданаш, 

Ба ду ним шуд пилпайкар танаш: 


421 


Завора барангехт аспи набард, 
Бишуд назди * 1 Нӯшозар овоз кард, 

Ки ӯро фикандӣ, кунун пой дор, 

Ки Алвойро ман нахонам савор. 

Завора яке найза зад бар сараш, 

Ба хок андаромад ҳамон гаҳ бараш. 2 

Чу Нӯшозари номвар кушта шуд, 
Сипаҳро ҳама рӯз баргашта шуд. 

3490 Бародар-ш гирёну дил пурхурӯш, 
Ҷавоне ки буд номи ӯ Меҳрнӯш, 

Ғамӣ шуд дили марди шамшерзан, 
Барангехт он бораи пилтан. 

Бирафт аз миёни сипаҳ пеши саф, 

Зи дарди ҷигар бар лаб оварда каф. 

В-аз он сӯ Фаромарз чун пили маст 
Биёмад яке теғи ҳиндӣ ба даст. 

Баровехт бо номвар 3 Меҳрнӯш, 
Дурӯя зи лашкар баромад хурӯш. 

3495 Гиромӣ ду пархошҷӯи ҷавон 
Яке шоҳзода, яке* 4 паҳлавон. 

Чу шерони ҷангӣ барошуфтанд, 
Ҳаме теғ бар якдигар кӯфтанд. 


ТПЗИ - Бизад бар сару тарги он номдор, 
Ба ду нима шуд то миёни савор. 

1 . ИЛМ - Ба тундӣ. 

2. ТПЗ - Бикушт ончунон шоҳи озодро, 

Ва ногаҳ ба як захм бедодро. 

3. Л — ӯ ҳаме. 

4. М - дигар. 


422 


Ба овардгаҳ тез шуд Меҳрнуш, 
Набудаш ҳаме бо Фаромарз тӯш. 1 

Яке теғ ёзид, 2 к-ӯро занад, 

Сари номдораш ба хок афканад. 

Бизад теғ бар гардани аспи хеш, 

Сари бодпой андаромад ба пеш. 

3500 Фаромарз кардаш пиёда табоҳ, 

Зи хун лаъл шуд хоки овардгоҳ, 

Чу Баҳман бародар-шро кушта дид, 
Замин зери ӯ чун гил оғушта дид, 

Биёмад ба наздики Исфандёр, 

Ба ҷое ки буд оташи корзор. 

Бад-ӯ гуфт к-«Эй боби равшанравон, 3 
Сипоҳе ба ҷанг омад аз сагзиён. 

Ду пури ту Нӯшозару Меҳрнӯш, 

Ба зорӣ ба сагзӣ супурданд ҳуш. 

3505 Ту андар набардиву мо пур зи дард, 
Ҷавонону кайзодагон 4 зери гард. 

Бар ин тухма-бар 5 нанг то ҷовидон 
Бимонад зи кирдори нобихрадон». 

Дили марди бедор шуд пур зи хашм, 
Пур аз бод лабҳо, пур аз об чашм. 


1. И - 3495 - 3497 нест. 

2. ИЛ - бугзорд. 

3. ИЛМ - наррашери жиён. 

4. Л - озодагон. 

5. Л - тухма аз, И - тухма ин. 


423 


Ба Рустам чунин гуфт, к-«Эй девзод, 1 
Чаро гаштӣ аз роҳи оину дод? 2 

Нагуфтӣ,* 3 ки лашкар наёрам ба ҷанг? 
Туро нест ороишу ному нанг, 

3510 Надорӣ зи ман шарм в-аз кирдгор, 
Натарсӣ, ки пурсад ба рӯзи шумор? 

Надонӣ, ки мардони паймоншикан 
Ситуда набошанд дар анҷуман. 

Ду сагзӣ ду пури маро куштаанд 
В-аз он хирагӣ ҳам набаргаштаанд». 

Чу бишнид Рустам, ғамӣ 4 гашт сахт, 
Биларзид бар сони шохи 5 дарахт. 

Ба ҷону сари шоҳ савганд х(в)ард, 

Ба хуршеду шамшеру дашти набард, 

3515 Ки «Ин 6 ҷанг ҳаргиз нафармудаам, 
Касеро ки ин кард, настудаам. 

Бубандам ду дасти бародар кунун, 

Ки ӯ буд андар бадӣ раҳнамун. 

Фаромарзро низ баста ду даст 
Биёрам бари шоҳи яздонпараст. 

Ба кини гаронмоягон-шон бикуш, 
Машӯрон бар ин кор беҳуда ҳуш». 

Чунин гуфт бо Рустам Исфандёр, 

Ки «Бар хуни товус агар хуни мор 


1 . ИМ - бад нишон. 

2. ИМ - Чунин аст паймони гарданкашон? 

3. М - Ту гуфтӣ. 

4. И - ғамин. 

5. И - барги. 

6. ЛМ - ман. 


424 


3520 Бирезем, нохубу нох(в)аш бувад, 

На оини шоҳони саркаш бувад. 

Ту, эй баднишон, чораи хеш соз, 

Ки омад замонат ба тангӣ фароз. 

Тани Рахш бо ҳарду ронат ба тир, 
Баромезам акнун чу бо об шир. 

Бад-он то кас аз бандагон з-ин сипас 
Нарезанд хуни 1 худованд кас. 

Агар зинда бошӣ, бубандам-т чанг, 

Ба наздики шоҳат барам бедиранг. 

3525 Вагар 2 кушта оӣ зи 3 пайкони тир, 

Ба хуни 4 ду пури гаронмоя гир». 

Бад-ӯ гуфт Рустам, к-«Аз ин гуфтугӯй 
Чӣ ояд, 5 магар кам шавад обрӯй. 6 

Ба Яздон паноҳу ба Яздон гирой, 

Ки ӯй аст бар некуӣ 7 раҳнамой. 8 

ГУРЕХТАНИ РУСТАМ БА БОЛОИ КӮҲ 

Камон баргирифтанду тири хаданг, 
Ҳаме гум шуд аз рӯи хуршед ранг. 

1. Л - наҷӯяд кин бо. 

2. И - Агар. 

3. И-ба. 

4. ИМ - кини. 

5. И - бошад. 

6. И - пас аз б. 3526 ин б. омада: 

Ман аз панд бо ту чӣ гӯям кунун? 

Ду пурат фитода ба хок - андарун. 

Ба ҳар ҷой бо мардуми тезрой 
Чӣ гуна тавонам будан раҳнамой? 

Кунун беҳуда гуфтугӯят чӣ суд, 

Ки ин ҳарду пури туро кор буд. 

7. Л - неку бад. 

8. ТПЗ - Бигуфт ину бар кард рахшанда Рахш 

Биғуррид аз кин яли тоҷбахш. 


425 


Зи пайкон ҳаме оташ афрухтанд, 
Ба тан-бар зиреҳро ҳаме дӯхтанд. 

3530 Дил Исфандёр андар' он танг шуд, 
Бурӯҳои 1 2 чеҳраш пурожанг шуд. 

Чу ӯ даст бурдӣ ба тиру камон, 
Нарастӣ кас аз шасти 3 ӯ бегумон. 4 

Ба тире ки пайконаш алмос буд, 
Зиреҳ пеши ӯ ҳамчу қиртос буд. 

Чу у аз камон тир букшоду шаст, 
Тани Рустаму Рахши ҷангӣ бихаст. 

Ҳаме тохт бар гирдаш Исфандёр, 
Наёмад бар ӯ тири Рустам ба кор. 

3535 Чу тир аз кафи шоҳ раста 5 шудӣ, 
Тани Рустаму Рахш 6 хаста шудӣ. 

Бад-ӯ 7 тири Рустам наёмад 8 ба кор, 
Фурӯ монд Рустам аз он корзор. 

Бигуфт он гаҳе Рустами номдор, 
Ки рӯинтан аст ин ял Исфандёр. 9 

Тани Рахш аз ин тирҳо гашт суст, 
Набуд бораву марди ҷангӣ дуруст. 


1 . Л - Дили шоҳи Эрон аз. 

2. Л - Бурӯҳову. 

3. ИЛ-тири. 

4. ТПЗИ - Яке чархро баркашид он далер,* 

Ки хуршедро ранг шуд чун зарир.** 
* И - шуҷоъ; ** И - Ту гуфтӣ, ки хуршед шуд бо шуоъ. 

5. Л - ҷаста. 

6. Л - Рустам аз тир. 

7. И - бар ӯ. 

8. И-Чун-омад. 

9. И -б. 3536 нест. 


426 


Чу монда шуд аз кор Рахшу савор, 
Яке чора созид бечоравор. 1 

3540 Фуруд омад аз Рахши рахшон 2 чу бод, 
Сари номвар сӯи боло ниҳод. 

Ҳамон Рахши хаста 3 сӯи хона шуд, 
Чунин бо худованд бегона шуд. 

Зи андоми Рустам ҳаме рафт хун, 
Шуда сусту ларзон кӯҳи Бесутун. 

Бихандид чун дидаш Исфандёр 
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй Рустами* 4 номдор, 

Чаро кам шуд он нерӯи пили маст, 

Зи пайкон чаро кӯҳи оҳан бихаст? 

3545 Куҷо рафт он мардиву гурзи ту, 

Ба разм-андарун фарраву бурзи ту? 

Гурезон ба боло чаро бар шудӣ, 

Чу овози шери жаён бишнудӣ? 

На* 5 онӣ, ки дев аз ту гирён шудӣ, 

Дад аз таффи теғи ту бирён шудӣ? 

Чаро пили 6 ҷангӣ чу рӯбоҳ гашт, 7 
Зи ҷангаш 8 чунин даст кӯтоҳ гашт?» 9 

В-аз он рӯй чун Рахши хаста бирафт, 
Сӯи пойгаҳ мехиромид тафт, 10 


1. И - б. 3539 нест. 

2. ЛМ - Рахш Рустам. 

3. И - рахшон. 

4. М - Меҳтари. 

5. М-Ту. 

6. И - шери. 

7. ИЛ - шуд. 

8. Л-размаш. 

9. ИЛ - шуд. 

10. ИЛМ - б. 3549 нест. 


427 




3550 Завора паи Рахши рахшон бидид, 

Ки аз дур бо хастагӣ даррасид. 

Сияҳ шуд ҷаҳон пеши чашмаш ба ранг, 
Хурӯшон ҳаме рафт* 1 то ҷои ҷанг. 

Тани пилтанро чунон 2 хаста дид, 

Ҳама хастагиҳош нобаста дид. 

Бад-ӯ гуфт: «Хез, аспи ман барнишин, 
Ки пӯшам зи баҳри ту хафтони кин». 

Бад-ӯ гуфт: «Рав пеши Дастон, бигӯй, 
Ки аз дудаи Сом шуд рангу бӯй. 

3555 Нигаҳ кун, ки то чораи кор чист, 

Бар ин хастагиҳо пурозор кист? 

Гар аз захми пайкони Исфандёр 
Шаберо сар орам бад-ин рӯзгор, 

Чунон донам, эй Зол, к-имрӯз ман 
Зи модар бизодам дар ин анҷуман. 3 

Чу рафтӣ, ҳама чораи Рахш соз, 

Ман оям зи пас, гар* 4 бимонам дароз». 

Завора зи пеши бародар бирафт, 

Ду дида сӯи Рахш бинҳод тафт. 

3560 Замоне ҳаме буд, Исфандёр 

Хурӯшид, к-«Эй Рустами номдор, 

Ба боло чунин чанд бошӣ ба пой, 

Кӣ хоҳад будан мар туро раҳнамой? 


- Ҳаме тохт. 

- пири ҷангӣ чунон; И - марди ҷангӣ чунон. 
-б. 3557 нест. 

- Кунун гар. 


428 


Камон бифкан аз дасту бабри баён 
Бароҳеху букшой банд аз миён. 

Пушаймон шаву дастро деҳ ба банд, 
К-аз ин пас наёбӣ ту аз ман газанд. 

Бад-ин хастагӣ пеши 1 шоҳат барам, 
Зи кирдорҳо бегуноҳат барам. 

3565 Вагар ҷангсозӣ 2 ту андарз кун, 

Якеро нигаҳбони ин марз кун. 

Гуноҳе ки кардӣ, зи Яздон бихоҳ, 

Ба пӯзиш сазад гар, бубахшад гуноҳ. 

Магар додгар бошадат раҳнамой, 

Чу берун равӣ 3 з-ин сипанҷӣ сарой». 

Чунин гуфт Рустам, ки «Бегоҳ гашт, 4 
Зи неку зи бад* 5 даст кӯтоҳ гашт. 6 

Ту акнун сӯи лашкарат бозгард, 
Шаби тира кас менаҷӯяд набард. 

3570 Ман акнун ҳаме сӯи айвон шавам, 
Биёсояму як замон биғнавам. 

Бубандам ҳама хастагиҳои хеш, 
Бихонам касеро зи хешон ба пеш. 

Завора, Фаромарзу Дастони Сом 
Касеро зи хешон ки доранд ном, 

Бисозам кунун, ҳарчӣ фармони туст, 
Ҳама ростӣ зери паймони туст». 


1 . Л - назди. 

2. Л - ҷӯй. 

3. ИЛ - шавӣ. 

4. Л - шуд. 

5. М - Зи разм ин замон. 

6. Л - шуд. 


429 


Бад-у гуфт руинтан Исфандёр, 

Ки «Эй пурманиш, пири носозгор, 

3575 Ту марди бузургиву зӯрозмой, 

Басе чора дониву найрангу рой, 

Бидидам саросар* 1 фиреби туро, 
Бихоҳам, ки бинам нишеби туро. 

Ба ҷон имшабе додамат зинҳор, 

Ба айвон расӣ, коми кажжӣ махор. 

Сухан ҳарчӣ пазруфтӣ аз ман, бикун 
В-аз ин пас мапаймой бо ман сухун». 

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эдун кунам, 
Ки бар хастагиҳо-бар афсун кунам». 

3580 Чу баргашт аз пеши Исфандёр, 

Нигаҳ кард, то чун шавад номдор. 

Гузар кард пурхастагиҳо ба об, 

Аз он захми пайкон шуда пуршитоб. 

Чу бугзашт Рустам чу киштӣ зи рӯд, 
Зи Яздон ҳаме дод танро дуруд. 

Ҳаме гуфт, к-«Эй довари додпок, 

Гар аз хастагиҳо шавам ман ҳалок, 

Кӣ хоҳад зи гарданкашон кини ман, 
Кӣ гирад дилу рою оини ман?» 

3585 Чу Исфандёр, аз пасаш бингарид, 
Бар он сӯи рудаш ба хушкӣ бидид, 

Ҳаме гуфт, к-онро 2 нахонанд мард, 
Яке жандапил аст бо дору бард. 


1. М-ҳамеман. 

2. ИЛ - К-инро. 


430 


Шигифте фуру монд Исфандёр, 

Ҳаме гуфт, к-«Эй довари кирдгор, 

Чунон офаридӣ, ки худ хостӣ, 

Замону заминро биёростӣ». 1 

Чу гуфт ин сухан, шоҳ шуд 2 боз ҷой, 
Хурӯшидан омад зи пардасарой. 

3590 Зи Нӯшозари гурд в-аз Меҳрнӯш, 
Башутан биёмад бараш бо хурӯш. 3 

Саропардаи шоҳ пурхок буд, 

Ҳама ҷомаи меҳтарон чок буд. 

Фуруд омад аз бора Исфандёр, 
Ниҳод он сари куштагон дар канор. 

Ҳаме гуфт зор: «Эй ду гурди ҷавон, 
Куҷо шуд аз ин колбадтон равон?» 4 

Чунин гуфт пас бо Башутан, ки «Хез, 
Бар ин куштагон оби дида 5 * 6 марез, 

3595 Ки суде набинам зи хунрехтан, 
Нашояд ба ҷон - андар овехтан. 

Ҳама маргроем барнову пир, 

Ба рафтан хирад бодамон дастгир. 

Ба тобути заррину дар маҳди соҷ 
Фиристодашон зӣ худованди тоҷ. 


1 . ТПЗ - Сипос аз Худое, ки ҷон офарид, 

Замину замону макон офарид, 

Ки бар ман надодаш бад-ин разм даст, 
Бар ӯ омад аз ман бад-ин сон шикаст. 

2. ИЛМ - Бад-он гаҳ, ки шуд номвар. 

3. Л - пур аз дарду ҷӯш. 

4. Л - Ки шуд ҷони ширинатон ройгон. 

5. И - хунӣ: Л - об чандин. 

6. М - оби хунун. 


431 


Паёме фиристод назди падар, 

Ки он шохи рои ту омад ба бар. 

Ту киштӣ ба об-андар андохтӣ, 

Зи Рустам ҳаме чокаре сохтӣ. 

3600 Чу тобути Нӯшозару Меҳрнӯш 
Бубинӣ, ба озор 1 чандин макӯш. 

Ба чарм - андар аст гови Исфандёр, 
Надонам чӣ пеш оварад* 2 рӯзгор. 3 

Нишаст аз бари тахт бо сӯгу дард, 
Суханҳои Рустам ҳама ёд кард. 

Чунин гуфт пас бо Башутан, ки «Шер 
Бупечад зи чанголи марди далер, 

Ба Рустам нигаҳ кардам имрӯз ман 
Бад-он бурзу болои он пилтан, 

3605 Ситоиш гирифтам ба Яздони пок, 
К-аз ӯй аст уммеду з-ӯй аст бок. 

Ки парвардгораш чунон 4 офарид, 

Бар он офарин, к-ӯ ҷаҳон офарид. 

Чунин корҳо рафт бар дасти ӯй, 
Расида ба дарёи Чин* 5 шасти ӯй. 

Ҳаме баркашидӣ зи дарё наҳанг, 

Ба дам даркашидӣ ба ҳомун паланг. 

Бад-он сон бихастам танашро ба тир, 
Ки аз хуни ӯ хок гашт обгир. 


1 . Л - ту дароз, И - ту бар оз. 

2. М - чӣ ёбад бар аз. 

3. ТПЗ - Ту бар тахт нозиву ӯ дар гудоз. 

Намонад туро ҷовидон тахти ноз. 

4. И - парвардгор ончунон. 

5. М - ба дарёи Чин - дар будӣ. 


432 


3610 Пиёда зи ҳомун ба боло бирафт 
Сӯи рӯд бо кабру шамшер тафт. 

Баромад чунон хаста аз обгир, 
Саросар танаш пур зи пайкони тир. 

Бар онам, ки ӯ чун ба айвон шавад, 1 
Зи айвон равонаш 2 ба кайвон шавад. 3 

РОЙ ЗАДАНИ РУСТАМ БО ХЕШОН 

В-аз он рӯй Рустам ба айвон расид, 
Мар ӯро бад-он гуна Дастон бидид. 4 

Завора, Фаромарз гирён шуданд 
В-аз он хастагиҳош бирён шуданд. 

3615 Зи сар бар ҳаме канд Рӯдоба мӯй, 

Бар овози эшон 5 ҳаме хаст 6 рӯй. 

Биёмад Завора кушода 7 миён, 

Аз ӯ кабр букшоду 8 бабри баён. 

Ҳар он кас, ки доно буд аз кишвараш, 
Нишастанд яксар ҳама бар 9 дараш. 

Бифармуд, то Рахшро пеши ӯй 
Бибурданд ҳар кас, ки буд чораҷӯй. 

Ҷаҳондида 10 Дастон ҳаме канд мӯй, 
Бар он хастагиҳо бимолид рӯй. 


1 . Л - расад. 

2. Л - равонаш зи айвон. 

3. Л-расад. 

4. ТПЗЛ - Чу Рустам ба айвон шуд, андар замон 

Бар ӯ гирд шуд сар ба сар дудмон. 

5. И - инон. 

6. И - Ҳама хаста. 

7. Л - Завора ба зудӣ кушодаш. 

8. Л - баркашиданд. 

9. Л - дар. 

10. ИЛМ - гаронмоя. 


433 


3620 Ҳаме гуфт: «Ман зинда бо пирсар, 
Бад-ин сон бидидам гиромиписар». 

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Нолиш 1 чӣ суд, 
Ки ин з-осмон буданӣ кор буд. 

Ба пеш аст коре ки душвортар 
В-аз ӯ ҷони ман зи пур зи тимортар, 

Ки ман ҳамчу 2 рӯинтан Исфандёр 
Надидам ба мардӣ гаҳи корзор. 3 

Расидам ба ҳар сӯ ба гирди ҷаҳон, 
Хабар ёфтам з-ошкору ниҳон. 

3625 Гирифтам камаргоҳи деви сапед, 

Задам бар замин ҳамчу як шохи бед. 4 

Хадангам зи сандон гузар ёфтӣ, 

Забун доштӣ, гар сипар ёфтӣ. 

Задам чанд бар кабри Исфандёр, 
Чунон буд, ки бар санг резанд хор. 5 

Ҳамон теги ман гар бидидӣ паланг, 
Ниҳон доштӣ хештан зери санг. 

Надаррад ҳаме ҷавшан андар бараш, 
На як* 6 пораи парниён бар сараш. 

3630 В-агарчанд ман низ пӯзиш кунам, 

Ки ин сангдилро фурӯзиш кунам. 


1. к-аз ин ғам. 

2. Л - Ба гетӣ чу. 

3. И - б. 3623 нест. 

4. ТПЗИМ - Битобам ҳаме сар зи Исфандёр 

Аз он зӯру он бахшиши корзор. 

5. ТПЗИ - Агар бурдаме дастро сӯи санг, 

Ба чангам шудӣ* санг чун бодранг, 
Гирифтам камарбанди Исфандёр, 
Гироянда дасти маро дошт хор. 

* И - дастам будй. 

6. М - ОН. 


434 


Наҷуяд зи ман ҷуз ҳама нох(в)аши 
Ба гуфтору кирдор бо саркашӣ. 

Сипосам зи Яздон, ки шаб тира шуд, 
Варо дида аз тирагӣ 1 хира шуд. 

Бирастам ман аз чанги ин аждаҳо, 
Надонам, ки чун ҷуст хоҳам 2 * 3 баҳо. 

Чу андешам акнун, ҷуз ин нест рой, 

Ки фардо бигардонам аз Рахш пой. 

3635 Ба ҷое равам, к-ӯ 4 наёбад нишон, 

Ба Зобулситон гӯ бикун 5 сар фишон. 

Саранҷом аз ин кор сер ояд ӯй, 

Агарчи зи бад сер дер ояд ӯй». 

Бад-ӯ гуфт Зол: «Эй писар гӯш 6 дор 
Сухан чун ба пой оварӣ, ҳуш 7 дор. 

Ҳама корҳои ҷаҳонро дар аст, 

Магар маргро, к-он дари дигар аст. 

Яке чора донам 8 ман инро гузин, 

Ки Симурғро ёр хонам бар 9 ин. 

3640 Гар 10 ӯ бошадам з-ин сипас 11 раҳнамой, 
Бимонад ба мо марзу кишвар 12 ба ҷой. 


1 . ИМ - Бад-он тирагӣ чашми ӯ. 

2. Л - к-аз ин хаста ёбам. 

3. М - К-аз ин растан оям. 

4. Л - кам; И - шавам к-ам. 

5. Л - гар кунад. И - Зобулситон гар кунад. 

6. Л - хуш. 

7. Л - бигӯям ҳама гӯш. 

8. Л - Созам; И - дорам. 

9. Л-дар. 

10. Л-Ки. 

1 1 . Л - сухан. 

12. Л - магар кишвару бум. 


435 


Вагарна шавад буми мо пургазанд 
Аз Исфандёр, он яли бадписанд». 

ЧОРА СОХТАНИ СИМУРҒ РУСТАМРО 

Чу гаштанд 1 ҳар ду бар он рой тунд, 2 
Гузин Зол омад ба болои тунд. 3 

Аз айвон се миҷмар пуроташ бибурд, 
Бирафтанд бо ӯ се ҳушёр гурд. 

Фусунгар чу бар теғи боло расид, 

Зи дебо яке пар ба* 4 берун кашид. 

3645 Ба 5 миҷмар яке оташе барфурӯхт, 

Бар оташ аз он пар-ш 6 лахте бисӯхт. 

Чу як пос аз 7 тирашаб даргузашт, 

Чу гуфтӣ, ки рӯи ҳаво тира 8 гашт. 

Нигаҳ кард Зол он гаҳе аз фароз, 

Зи Симурғ дидаш ҳаво пуртароз. 9 

Ҳамон гаҳ чу мурғ аз ҳаво бингарид, 
Ду рахшидани оташи тез дид. 

Нишаста бараш Зол бо доғу дард, 

Зи афроз мурғ андаромад ба гард. 

3650 Чу Симурғро дид Зол аз фароз, 

Ситудаш фаровону бурдаш намоз. 


1 . Л - Чу гаштанд. 

2. Л - ройманд. 

3. Л - боло баланд. 

4. М - парр. 

5. Л-зи. 

6. Л - парр, ИМ - Зи болой он парр. 

7. Л - посе аз он. 

8. ИМ - ҳаво чун сиёҳабр. 

9. ИМ - б. 3647 нест. 


436 




Ба пешаш се миҷмар пур аз буй кард, 

Зи хуни ҷигар бар рухаш ҷӯй кард. 

Бад-ӯ гуфт Симурғ: «Шоҳо, чӣ буд, 

Ки омад бад-ин сон ниёзат ба дуд?» 

Бад-ӯ* 1 гуфт, к-«Ин бад ба душман расод, 
Ки бар ман расид аз бади баднажод. 

Тани Рустами шердил хаста шуд, 

Зи тимори ӯ 2 пои ман баста шуд. 

3655 Аз он хастагӣ бими ҷон асту бас, 

Бар он гуна хаста надидаст кас. 

Ҳамон Рахш гӯӣ, ки беҷон шудаст, 

Зи пайкон чунон зору печон шудаст. 

Биёмад бар ин кишвар Исфандёр, 
Накӯбад* 3 ҳаме ҷуз дари корзор. 

Нахоҳад ҳаме кишвару тоҷу тахт, 

Буну бор 4 хоҳад ҳаме аз дарахт». 

Бад-ӯ 5 гуфт Симурғ, к-«Эй паҳлавон, 
Мабош андар ин кор хастаравон. 

3660 Сазад гар намоӣ ба ман Рахшро, 

Ҳам он сарфарози ҷаҳонбахшро. 

Касе сӯи Рустам фиристод Зол, 

Ки лахте ба чора барафроз ёл. 


- парвон. 

- Чунин. 

- аз он хастагӣ. 

- Наҷӯяд. 

- бару беҳ. 

- ҳаме. 


437 


2 


Бифармой то Рахшро ҳамчунон 
Биёранд пешаш ҳам 1 андар замон, 2 

Чу Рустам бар он тундболо расид, 
Ҳамон мурғ равшанравонро бидид, 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй жандапили баланд, 
Зи дасти кӣ гаштӣ чунин дардманд? 3 

3665 Чаро разм ҷустӣ зи Исфандёр, 

Ҳаме оташ афкандӣ андар канор?» 

Бад-ӯ гуфт Зол «Эй худованди меҳр, 
Чу акнун намудӣ ба мо пок чеҳр. 

Гар эдун, ки Рустам нагардад дуруст, 
Куҷо хоҳам андар ҷаҳон ҷой ҷуст? 

Ҳама Систон пок вайрон кунанд, 
Куноми палангону шерон кунанд. 4 

Шавад канда ин тухмаи мо зи бун, 
Кунун бар чӣ ронем бо ӯ сухун?» 

3670 Нигаҳ кард мурғ андар он хастагӣ 
Биҷуст андар ӯ рӯи* 5 пайвастагӣ. 

Ба минқор аз он хастагӣ хун кашид 
В-аз ӯ ҳашт* 6 пайкон ба берун кашид. 


1. Л-пешиман. 

2. Л - пас аз б. 3662 ин б. омада: 

Худу Рахш ҳарду ба боло барой, 

Ки эдар падид оядат раҳнамой. 
ТПЗЛ - Хабар чун ба наздики Рустам расид, 
Худу Рахш ҳарду ба боло кашид. 

-б. 3663, 3664 нест; ЛЗ - бад-инсон нажанд. 
-б. 3668 нест. 

- низ. 

- Аз ӯ чор. 


438 




Бар он хастагиҳош молид* 1 пар, 

Ҳам андар замон гашт бо зӯру фар. 

Бад-ӯ гуфт: «Ин 2 хастагиҳо бубанд, 
Ҳаме бош як ҳафта дур аз газанд. 

Яке парри ман тар бигардон ба шир, 
Бимол андар он хастагиҳои тир». 

3675 Бар он ҳам нишон Рахшро пеш хост, 
Бад-ӯ ҳамчунон кард минқор рост. 

Бурун кард пайкон шаш аз гарданаш, 
Набуд эч пайкон дигар дар* 3 танаш. 

Ҳамон гаҳ хурӯше баровард Рахш, 
Бихандид шодон дили тоҷбахш. 

Бад-ӯ гуфт Симурғ, к-«Эй* 4 пилтан, 
Туӣ номдори ҳама анҷуман. 

Чаро разм ҷустӣ зи Исфандёр, 

Ки ӯ ҳаст рӯинтану номдор?» 

3680 Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Гар ӯ зи банд 
Нагуфтӣ, нагаштӣ дили ман нажанд. 

Маро куштан осонтар ояд зи нанг, 
Агар бозмонам ба сахтӣ* 5 зи ҷанг». 

Чунин* 6 дод посух, к-«Аз Исфандёр 
Агар сар ба хок оварӣ, нест ор, 


1 . М - хастагиҳо бимолид. 

2. ИЛМ-К-ин. 

- хаста ё баста ҷое. 

- мурғ, эй. 

- ба ҷое. 

- Бад-ӯ. 


439 




Ки у ҳаст шаҳзодаву размзан, 

Фари эзадӣ дорад он поктан. 1 

Гар эдун, ки бо ман* 2 ту паймон кунӣ, 
Сар аз ҷанг ҷустан пушаймон кунӣ. 

3685 Наҷӯӣ фузунӣ зи 3 Исфандёр 
Гаҳи кинаву 4 кӯшиши корзор. 

Ту ӯро кунӣ лоба* 5 фардо ба пеш, 
Фидо дорӣ ӯро тану ҷони хеш. 6 

Гар эдун, ки ӯро сар ояд замон, 
Наандешад аз пӯзишат бегумон, 

Пас он гаҳ яке чора созам туро, 

Ба хуршед сар барфарозам туро». 

Чу бишнид Рустам, аз ӯ* 7 шод гашт 
В-аз андешаи ҷангаш озод гашт. 

3690 Бад-ӯ гуфт, к-«Аз гуфти ту нагзарам, 
Агар теғ борад ҳаво бар сарам». 

Бад-ӯ гуфт Симурғ, к-«Аз роҳи меҳр 
Бигӯям ҳаме бо ту рози сипеҳр, 8 


1 . 


2 . 

3 . 

4. 


И - б. 3683 нест; Л - дораду зӯри тан. 

ТПЗ - Ки андар замона чун ӯ кас нахост, 
Бад-ӯ дорад Эрон ҳаме пушт рост. 

Л - пас аз б. 3683 ин б. омада: 

Бипарҳезӣ аз худ, набошад шигифт, 
Маро аз худ андоза бояд гирифт, 

Ки он ҷуфти ман мурғи бодастгоҳ 
Ба дастон зи шамшер кардаш табоҳ. 
М - Агар бо ман акнун. 

ИЛ - бар. 

ИЛ - На дар ҷустану. 

- Яке лова овар ту. 

- б. 3686 нест. 

- Бад-он. 

-б. 3690, 3691 нест. 


440 


Ки ҳар кас ки хуни ял Исфандёр 
Бирезад, варо бишкарад рӯзгор. 

Ҳамон низ то зинда бошад, зи ранҷ, 
Раҳоӣ наёбад, намонад-ш ганҷ. 

Бад-ин гетӣ аз' шӯрбахтӣ бувад, 

Чу бугзашт, дар 1 2 ранҷу сахтӣ бувад. 

3695 Бад-ин гуфта 3 ҳамдостон гар шудӣ, 4 
Ба душман-бар 5 акнун диловар шудӣ. 6 

Шигифте намоям ҳам имшаб туро, 
Бубандам* 7 зи гуфтори бад лаб туро». 8 

Бад-ӯ гуфт: «Рав Рахшро 9 барнишин, 
Яке ханҷари обгун баргузин». 10 

Чу бишнид Рустам, миёнро бубаст 
В-аз он ҷойгаҳ Рахшро барнишаст. 

Ҳаме ронд то пеши дарё расид, 

Зи Симурғ рӯи ҳаво тира дид. 


1 . ИЛ - куштанаш. 

2. ИЛ - В-агар бугзарад. 

3. Л-сон. 

4. Л -шовӣ. 

5. Л - душман ту. 

6. Л - шавӣ. 

7. М - Бидӯзам. 

8. ТПЗ - Бад-ӯ гуфт Рустам, ки ҳамдостон 

Шудам ман, кунун ҳарчи хоҳӣ бирон. 
Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ, 

Зи мардум намонад чуз аз гуфтанӣ, 
Ба номи накӯ гар бимирам, равост, 
Маро ном бояд, ки тан маргрост. 

9. ИЛМ - Бирав, Рахши рахшандаро. 

10. ТПЗ- Ҳамехон ту бар кирдгор офарин, 

В-аз эдар бирав сӯи дарёи Чин, 
Маяндеш аз роҳи дуру дароз, 

Ки имшаб расонам-т он ҷо фароз. 
Бад-он бешае-дар дарахтест газ, 
Ситабр асту парварда аз оби раз. 
Намоям туро ман гаронмоя чӯб, 
Бипардозу з-он мағзи душман бикӯб. 


441 


3700 Чу омад ба наздики дарё фароз, 

Фуруд омад он мурғи гарданфароз. 1 

Газе дид бар хок, сар бар ҳаво, 
Нишаст аз бараш мурғи фармонраво. 

Ба Рустам намуд он замон роҳи хушк, 
Ҳаме омад аз боди ӯ бӯи мушк. 2 

Бифармуд, то рафт Рустам ба пеш 
Бимолид бар торакаш парри хеш. 

Бад-ӯ гуфт: «Шохе гузин росттар, 
Сараш бартару тан-ш баркосттар. 

3705 Бад-ин газ бувад ҳуши Исфандёр, 

Ту ин чӯбро хормоя мадор. 

Бар оташ-бар ин чӯбро рост кун, 
Ҳаме нағз пайкон нигаҳ кун куҳун. 

Се парру ду пайкон бад-ӯ дарнишон, 
Намудам туро аз газандаш нишон». 

Чу бубрид Рустам буни шохи газ, 
Биёмад зи дарё ба айвону даз. 

Бад-он раҳ, ки Симурғ буд раҳнамой, 
Ҳаме буд бар торакаш-бар ба пой. 

3710 Бад-ӯ гуфт: «Акнун чу Исфандёр 
Биёяд, ки ҷӯяд зи ту корзор, 

Ту хоҳиш куну ҷӯй аз ӯ ростӣ, 

Мазан ҳеч гуна дари костӣ. 

Магар бозгардад ба ширинсухан. 

Ба ёд оядаш рӯзгори куҳан, 


1. И - б. 3700 нест. 

2. И - б. 3702 нест. 


442 


22 


Ки ту чанд гаҳ буди* 1 андар ҷаҳон 
Ба ранҷу ба сахтӣ зи баҳри меҳон. 

Чу пӯзиш кунӣ чанду напзирадат, 

Ҳаме аз фурӯмоягон гирадат, 

3715 Ба зеҳ кун камонрову ин тири газ 
Бад-ин гуна парвардаи 2 оби раз, 

Абар чашми ӯ рост кун ҳарду даст, 
Чунон чун бувад мардуми газпараст. 

Замона барад рост онро ба чашм, 
Шавад кӯру бахт андарояд 3 ба хашм». 

Тани Зол Симурғ 4 падруд кард, 

Аз ӯ тор в-аз хештан пуд кард. 

В-аз 5 он ҷойгаҳ шоддил барпарид, 

Чу андар ҳаво Рустам ӯро бидид, 

3720 Яке оташи хуб дархост кард, 

Ҳамон чӯби газро бар он рост кард. 

Ҳаме тири 6 * 7 пайкон бар ӯ барнишонд, 
Чу шуд рост, парҳо бад-ӯ дарнишонд. 

БОЗГАШТ АНИ РУСТАМ БА ҶАНГИ 
ИСФАНДЁР 

Сапеда ҳамонгаҳ* 8 зи кӯҳ бардамид, 
Миёни шаби тира - андар хамид. 


1 . М - пӯпдӣ. 

2. ИЛ - парварда дар. 

3. Л - Бад он гаҳ, ки бахт андаромад. 

4. ИЛ - Золро мурғ. 

5. Л-Аз. 

6. ИЛ - яке тез. 

- Ҳаме тез. 

- сапедадам он гаҳ. 


443 




Бипушид Рустам силеҳи 1 набард. 
Басе 2 аз ҷаҳонофарин ёд кард. 3 

Чу омад бари лашкари номдор, 

Ки кин ҷӯяду разми Исфандёр. 

3725 Сарафроз шуд Рустами чораҷӯй, 
Хурӯше баровард беғораҷӯй, 

Ки «Эй шердил, чанд* 4 хусбӣ чунин, 
Ки Рустам ниҳодаст бар Рахш зин? 

Ту бархез акнун* 5 аз ин хоби х(в)аш, 
Баровез бо Рустами кинакаш». 6 

Чу бишнид овозаш Исфандёр, 
Силеҳи ҷаҳон пеши 7 ӯ гашт хор. 

Чунин гуфт пеши Башутан, ки «Шер 
Бари марди ҷоду набошад далер. 

3730 Гумоне набурдам, ки Рустам зи роҳ 
Ба айвон кашад кабру бабру кулоҳ. 

Ҳамон борагӣ Рахш зер - андараш, 
Зи пайкон набуд эч пайдо бараш. 

Шунидам, ки Дастони ҷодупараст 
Ба ҳар кор ёзад ба хуршед даст. 

Чу хашм орад, аз ҷодувон бугзарад, 
Баробар нагардад ҳаме бо хирад». 


1. И-силоҳи. 

2. ИЛМ - ҳаме. 

3. ТПЗ - Нишаст аз бари кӯҳаи жандапил, 
Ҳаме шуд чу киштӣ ба дарёи Нил. 

- размҷӯё чӣ. 

- Бад-ӯ гуфт. 

- б. 3724 - 3727 нест. 

- назди. 


444 




Башутан бад-у гуфт бо оби чашм, 

Ки «Бар душманат бод тимору хашм. 

3735 Чӣ будат, ки имрӯз пажмурдаӣ, 
Ҳамоно, ки шаб хоб нокардаӣ? 

Миёни ҷаҳон 1 ин ду ялро чӣ буд, 

Ки чандин ҳаме ранҷ бояд фузуд? 

Надонам, ки бахти кӣ шуд кундрав, 
Ки кин оварад ҳар замон нав ба нав». 

Бипӯшид ҷавшан ял Исфандёр, 
Биёмад бари Рустами номдор 2 . 

Хурӯшид, чун рӯи Рустам бидид, 

Ки «Номи ту бод аз ҷаҳон нопадид! 3 

3740 Фаромӯш кардӣ ту, сагзӣ, магар 
Камону бари марди 4 пархошхар? 

Ту аз ҷодуи Зол гаштӣ дуруст, 
В-агарна канорат* 5 ҳаме дахма ҷуст. 

Кунун рафтиву ҷодуӣ сохтӣ, 

Бад-ин сон сӯи разми ман тохтӣ. 6 

Бикӯбам-т аз он гуна имрӯз ёл, 

К-аз ин пас набинад туро зинда Зол». 7 


1 . И - ялон. 

2. ИМ - Ба ҷанг - андарун олати корзор. 

3. ТПЗЛ - Бар он сон*, ки аз ман бихастӣ ту дӯш, 

Набудат дилу мағзу на рою** хуш. 

* Л - Бигуфташ; ** Л -ҷону мағзу на. 

- Камонро ба зеҳ кард. 

- тани ту. 

6. ТПЗЛ - Чунонат бидӯзам ҳама тан ба тир, 

Ки н-ояд ба бар чораи Золи пир. 

7. ТПЗ - Чу Рустам мар ӯро бар он гуна дид, 

Яке боди сард аз ҷигар баркашид. 


445 


ь 2 ;=« 2 к 2 к 


Чунин гуфт Рустам ба Исфандёр, 

Ки «Эй сер ногашта аз корзор, 1 

3745 Битарс аз ҷаҳондор Яздони пок, 

Хирадро макун бо дил-андар магок. 

Ман имрӯз не* 2 баҳри ҷанг омадам, 
Паи пӯзишу ному нанг омадам. 3 

Ту бо ман ба бедод* 4 кӯшӣ ҳаме, 

Ду ча ттт ми хирадро бипӯшӣ ҳаме. 

Ба додори Зардушту дини беҳӣ, 

Ба Нӯшозару озару фарраҳӣ, 

Ба хуршеду моҳу ба Устову Занд, 5 
Ки дилро биронӣ зи* 6 роҳи газанд. 

3750 Нагирӣ 7 ба ёд он суханҳо, ки рафт 
В-агар пӯст бар тан касеро бикафт. 

Биё, то бубинӣ яке хони ман, 
Раванда-ст коми ту бар ҷони ман. 

Кушоям дари ганҷи дерина боз, 

Куҷо гирд кардам ба рӯзи дароз. 

Кунам бор бар борагиҳои хеш, 

Ба ганҷур деҳ, то биронад зи пеш. 

Баробар ҳаме бо ту оям ба роҳ, 

Равам, гар ту фармон диҳӣ, пеши шоҳ. 

3755 Пас ар шоҳ бикшад маро, шоядам, 
Ҳамон низ гар банд фармоядам. 


-б. 3742, 3743 нест. 

- Н-аз. 

-б. 3746 нест. 

- бадиро чӣ кӯшӣ. 

- надорӣ ба. 

- битобӣ. 

- наёрӣ. 


446 


Нигаҳ кун, ки донои пешин чи гуфт, 
Ки касро* 1 мабод ахтари шум ҷуфт. 

Ҳамон 2 чора ҷӯям, ки то рӯзгор 
Туро сер гардонад аз корзор». 3 

Чунин дод посух, ки «Марди фиреб 
Наям рӯзи пайкору 4 рӯзи 5 ниҳеб. 

Аз айвони хон чанд гӯӣ ҳаме, 

Рухи оштӣ чанд шӯӣ ҳаме? 

3760 Агар зинда хоҳӣ, ки монӣ ба ҷой, 

Нахустин ба тан банди моро бисой». 

Дигарбора Рустам забон баркушод: 
«Макун, шаҳрёро, зи бедод ёд. 

Макун номи ман зишту ҷони ту 6 хор, 
Ки ҷуз бад наёяд аз ин корзор. 

Ҳазорон-т гавҳар диҳам шоҳвор, 
Ҳамон тоҷ бо ёраву 7 гӯшвор. 

Ҳазорон-т кӯдак диҳам нӯшлаб, 8 
Бувандат парастанда дар 9 рӯзу шаб. 

3765 Ҳазорат канизак диҳам халлухӣ, 

Ки зебои тоҷанд бо фаррухӣ. 


1 . М - ҳаргиз. 

2. ИЛ - Ҳаме. 

3. ТПЗ - Чаро дил-т аз ин гуна чун санг шуд, 

Ҳама орзӯи дилат ҷанг шуд? 

Ба Яздон гар ин ҷангу бедору кин 
Ба дур афканӣ, ном гирӣ аз ин. 

4. И - пархошу. 

5. Л - гоҳи. 

6. Л - дар ҷаҳон номи ман зишту. 

7. ИМ - Або ёраву тавқу бо. 

8. Л - банда; ИМ - ридак. 

9. Л - Ки бошад парастаст, ИМ - парастандаи тахти ту. 


447 




Дари ганҷи Соми Наримону Зол, 
Кушода кунам пешат, эй беҳамол. 

Ҳама пок пеши ту гирд оварам, 

Зи Кобулситон низ мард оварам. 

Ҳама мар туро пок фармон баранд, 1 
Гаҳи разм бадхоҳро бишкаранд. 2 

В-аз 3 он пас ба пешат парасторваш 4 
Равам то ба пеши шаҳи кинакаш. 

3770 Зи дил дур кун, шаҳрёро, ту кин, 

Мадеҳ девро дар тани худ камин. 5 

Ҷуз аз банд* 6 дигар туро даст ҳаст, 

Ба ман-бар ту шоҳиву яздонпараст, 

Ки аз банди ту ҷовидон номи бад 
Бимонад маро, 7 бад ба ту кай сазад?» 

Ба Рустам чунин гуфт Исфандёр, 

Ки то чанд гӯӣ ҳаме нобакор? 

Маро гӯӣ аз роҳи Яздон бигард, 

Зи фармони шоҳи ҷаҳондидамард 8 

3775 Ки ҳар, к-ӯ зи фармони шаҳ шуд бурун, 
Худовандро карда бошад фусун. 

Ҷуз аз разм ё банд чизе маҷӯй, 

Чунин гуфтаниҳои* 9 хира магӯй. 10 


- Чу базм оядат пеш, фармон кунам. 

- бари шаҳрёр. 

- оштиро бишӯй. 

- сухан. 

- Макун девро бо хирад ҳамнишин. 

- Ба чуз банди. 

- Ба ман в-аз ту фарҷоми бад. 

- ҷаҳонбон бигард. 

- гуфтаниҳо ба. 

- пас аз б. 3775 ин б. омада: 

Ба тундӣ ба посух гави номдор 
Чунин гуфт, к-эй пурҳунар шаҳрёр. 


448 


ТИР АНДОХТАНИ РУСТАМ ИСФАНДЁРРО 
БА ЧАП1М 

Чу донист * 1 Рустам, ки лоба ба кор 
Наёяд ҳаме пеши Исфандёр , 2 

Камонро ба зеҳ карду он тири газ, 

Ки пайкон-шро дода буд оби раз, 

Ҳамон гаҳ ниҳодаш варо дар камон, 
Сари хеш кардаш сӯи осмон 3 . 


Ҳаме хор дорӣ ту гуфтори ман, 

Ба хира чӣ меҷуӣ озори ман? 

Чунин дод посух, ки чандон фиреб 
Ҳамоно ба танг андаромад нишеб. 

1 . ИЛМ - Бидонист. 

2. ТПЗ - Хурӯшиду гуфто, Башутан бихон, 

Ки бошад гувоҳам бар ин достон, 
Ки ман чанд гуна пижӯҳиш кунам, 
Накарда бадӣ роҳи пӯзиш кунам. 
Бидонад, ки аз ман набуд ҷангу кин, 
Нагардидам аз кешу оину дин. 
Бихандид аз он гуфтан Исфандёр 
Чунин гуфт, к-эй паҳлави номдор, 
Чӣ ҷӯӣ баҳона гаҳи тохтан, 

Бад-ин гуна рангу фусун сохтан? 
Башутан на дур асту донад ҳаме, 

Зи мо достонҳо бихоҳад ҳаме. 

3. Пас овоз карду Башутан бихонд, 

Чу Рустам варо дид, хира бимонд. 
Чунин гуфт пас бо Башутан ба роз, 
Ки, эй покдил, марди гарданфароз, 
Басе лоба кардам ба Исфандёр, 
Наёмад бараш лоба гуфтан ба кор. 
Ту дониву дидӣ зи ман бандагӣ 
Напазруфту сер омад аз зиндагй. 
Агар ӯ шавад кушта бар дасти ман, 
Зи ман бозгӯӣ ба ҳар анҷуман. 

Ки «Рустам басе лобаву зор кард, 
Набуд суд наздики озодмард». 

Бад-ӯ бонг барзад ял-Исфандёр, 

Ки бисёр гуфтан наёяд ба кор. 

Биё, то чӣ дорӣ ту аз кори ҷанг, 

Ки ҷустӣ ба гетӣ басе ному нанг. 

Чу бишнид Рустам гави размсоз 
Бидонист, к-омад замонаш фароз. 


449 


3780 Ҳаме гуфт, к-«Эй довари моҳу ҳур, 
Физояндаи донишу фарру зӯр. 

Ҳаме бинӣ ин пок ҷони маро, 
Равони маро, ҳам тавони маро, 

Ки ман чанд кӯшам, * 1 ки Исфандёр 
Магар сар бигардонад 2 аз корзор? 

Ту донӣ, ки бедод кӯшад ҳаме, 

Ба ман ҷангу 3 мардӣ фурӯшад ҳаме. 

Ба бодафраҳи ин гуноҳам магир, 

Ту, эй офаринандаи моҳу тир. 

3785 Чу дар кор чанде, бидидаш диранг, 4 
Ки Рустам ҳаме дер шуд сӯи ҷанг, 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй Рустами номдор, 5 
Бишуд сер ҷони ту аз корзор. 6 

Бубинӣ кунун тири гуштоспӣ, 

Дили шеру пайкони лӯҳроспӣ. 7 

Таҳамтан газ андар камон ронд зуд 
Бад-он сон, ки Симурғ фармуда буд, 

Бизад рост* 8 бар чашми Исфандёр, 
Сияҳ шуд ҷаҳон пеши он номдор. 9 


ТПЗМ - Чу он тири газ ронд андар камон, 
Худовандро хонд андар ниҳон. 

1 . И - чандин бикӯшам. 

2. ИМ - бупечонад. 

3. Л - ҳаме ҷангу. 

4. Л - худкома ҷангӣ. 

5. ИЛМ - сагзии бадгумон. 

6. ИЛМ - Нашуд сер ҷонат зи тиру камон. 

7. ТПЗ - Яке тир бар тарги Рустам бизад, 

Чунон, к-аз камони саворон сазад. 

8. М-тир. 

9. ТПЗ - Ба ду нӯги пайкон ду чашмаш бидӯхт. 

Бимурд оташи кина чун барфурӯхт. 


450 


3790 Хам овард болои сарви саҳи, 

Аз ӯ дур шуд донишу фарраҳӣ. 

Нагун шуд сари шоҳи яздонпараст, 
Бияфтод чочӣ 1 камонаш зи даст. 

Гирифташ фашу ёли аспи сиёҳ, 

Зи хун лаъл шуд хоки овардгоҳ. 

Чунин гуфт Рустам ба Исфандёр, 

Ки «Овардӣ он тухми зуфтӣ ба бор. 

Ту онӣ, ки гуфтӣ, ки рӯинтанам, 
Баланд осмон бар замин барзанам. 2 

3795 Ба як тир баргаштӣ аз корзор, 
Бихуфтӣ бар ин бораи номдор. 3 

Ҳам акнун ба хок андарояд сарат, 
Бисӯзад дили меҳрубон модарат». 

Ҳамон гаҳ сари номбардор шоҳ 
Нагун андаромад зи пушти сипоҳ. 

Замоне ҳаме буд, то ёфт ҳуш, 

Бар он хок биншасту букшод гӯш. 

Сари тир бигрифт берун кашид, 

Ҳаме парру пайкон-ш дар хун кашид, 

3800 Ҳамон гаҳ ба Баҳман расид огаҳӣ, 

Ки тира шуд он фарри шоҳаншаҳӣ. 

Биёмад ба пеши Башутан, бигуфт, 

Ки пайкори мо гашт бо дард ҷуфт. 


1. ИМ - чинӣ. 

2. ТПЗ - Ман аз ту саду шаст тири хаданг 

Бихӯрдам, нанолидам аз ному нанг. 

3. ТПЗЛ - Бихӯрдӣ яке чӯбатири газин, 

Ниҳодӣ сари хеш бар пеши* зин. 

*л - Саратро ба қарбуси. 


451 


Тани жандапил андаромад ба хок, 
Ҷаҳон гашт аз ин дард бар мо 1 мағок. 

Бирафтанд ҳарду пиёда давон 
Зи пеши сипаҳ то бари паҳлавон. 

Бидиданд ҷангӣ бараш пур зи хун, 
Яке тири пурхун ба даст-андарун 2 . 

3805 Башутан бар ӯ ҷомаро кард чок, 
Хурӯшону бар сар ҳаме рехт хок. 

Ҳаме гашт Баҳман ба хок-андарун, 
Бимолид рухро бар он гарм хун. 

Башутан ҳаме гуфт: «Рози ҷаҳон 
Кӣ донад зи номоварону меҳон? 3 

Чу Исфандёре, ки аз баҳри дин 
Ба мардӣ бароҳехт шамшери кин, 

Ҷаҳон кард пок аз бади бутпараст, 

Ба бедод ҳаргиз наёзид даст. 

3810 Ба рӯзи ҷавонӣ ҳалок омадаш, 

Сари тоҷвар сӯи хок омадаш 4 . 

Бадеро, к-аз ӯй аст гетӣ ба дард, 
Пурозор аз ӯ ҷони озодмард, 

Фаровон бар ӯ бугзарад рӯзгор, 

Ки рӯзе 5 набинад бади корзор». 


1 . Л - бар чашми ӯ чун 

2. Л - пас аз б. 3804 ин б. омада: 

Ду пайкон бар ӯ сохта бар ду сар, 
Миёнаш якеву ба тан-бар-ш пар. 

3. ТПЗЛ - Магар кирдгори равону сипеҳр, 

Худованди кайвону ноҳиду меҳр. 

4. ИЛ - б. 3810 нест. 

5. Л - ҳаргиз. 


452 


2^2 


Ҷавонон гирифта сараш дар* 1 канор, 
Ҳаме хун сутурданд аз он шаҳрёр. 

Башутан бар ӯ-бар ҳаме мӯя кард 
Рухи 2 пур зи хуну дили 3 пур зи дард. 

3815 Ҳаме гуфт зор: «Эй ял, Исфандёр, 
Ҷаҳондор в-аз тухмаи шаҳрёр. 

Кӣ барканд ин* 4 кӯҳи ҷангӣ зи ҷой, 
Кӣ афканд шери жаёнро зи пой? 

Ки канд ин писандида дандони пил, 
Кӣ афканд дар мавҷи дарёи Нил? 5 

Чӣ омад бар ин тухма аз чашми бад, 
Ки бар бадкуниш, бегумон, бад расад. 

Куҷо шуд дилу ҳушу оини ту, 
Тавоноиву ахтару дини ту? 6 

3820 Куҷо шуд ба разм он накӯ сози ту, 
Куҷо шуд ба базм он хуш овози ту? 7 

Чу кардӣ ҷаҳонро зи бадхоҳ пок, 
Наёмад-т аз шер в-аз дев* 8 бок. 

Кунун, к-омадат судмандӣ ба кор, 
Ҳаме хок бинам-т парвардгор 9 ». 


- гирифтандаш андар 

- рухе. 

- саре. 

- канд инчунин. 

5. ТПЗ - Кӣ хуршеди тобандаро тор кард? 

Кӣ шоҳи сарафрозро хор кард? 

Ки биншонд ин шамъи афрӯхта, 

К-аз ӯ шуд ҳама дудмон сӯхта? 

6. И - б. 3819 нест. 

7. Л - б. 3820 нест. 

8. М-шеруазмор. 

9. ТПЗЛ - Ки нафрин бар ин тахту ин тоҷ* бод, 

Сазад гар наёрам аз ӯ ҳеч ёд.** 


453 


Чунин гуфт бодониш Исфандёр, 

Ки «Эй марди донои беҳрӯзгор, 

Макун хештан * 1 пе ттт и ман-дар табоҳ, 
Ки ин буд баҳри ман аз чарху моҳ 2 . 

3825 Тани мурдаро 3 хок бошад ниҳол, 

Ту аз куштани ман бад-ин сон манол. 

Куҷо шуд Фаридуну Ҳушангу Ҷам, 
Зи бод омада, боз гашта 4 ба дам. 

Ҳамон 5 покзода ниёкони ман 6 , 

Гузида сарафрозу покони ман, 7 

Бирафтанду моро супурданд ҷой, 
Намонад касе дар сипанҷисарой. 8 

Фаровон бикӯшидам андар ҷаҳон, 

Чи дар ошкоро, чи андар ниҳон, 

3830 Ки то роҳи 9 Яздон ба ҷой оварам, 
Хирадро бад-ин раҳнамой оварам. 

Чу аз ман гирифт ин сухан равшанӣ, 
Зи бад баста шуд дасти оҳарманӣ. 


Ки чун ту саворе яли шаҳрёр 
Фикандаш бад-ин сон бар ин хок хор. 

Сазад, гар шавад мурдарӣ тоҷу гоҳ*** 

Бар он бевафокор**** Гуштоспшоҳ. 

* Тоҷу он тахт; **Л - Бар ин кӯшиши бешу ин бахт бод. *** Л - Ки на тоҷ бодо, на тахту 
сипоҳ; **** Л - ин бевафодор. 

1. И-хешро. 

2. ИЛ - тоҷу гоҳ. 

3. Л-куштаро. 

4. И - гардад. 

5. Л - ҳама. 

6. И - мо. 

7. И - мо. 

8. Л - ошкору. 

9. Л-рон. 


454 


22 


Замона биёзид чанголи шер,* 1 
Маро ҳамчу гӯр андаровард зер* 2 , 

Умедам чунон аст, к-андар биҳишт 
Дилу ҷони ман бидравад, ҳарчи кишт. 

Ба мардӣ маро пури Дастон накушт, 
Нигаҳ кун бар ин газ, ки дорам ба мушт. 

3835 Бад-ин чӯб шуд рӯзгорам ба сар, 

Зи Симург в-аз Рустами чорагар. 

Фусунҳову ин бандҳо Зол сохт, 

Ки ин банду ранг аз ҷаҳон ӯ ттт инохт». 

Чу Исфандёр ин сухан ёд кард, 

Бупечиду бигрист Рустам бадард. 

Биёмад ба наздики Исфандёр 
Бимонда зи ғам хаставу сӯгвор. 

Чунин гуфт пас бо Башутан бадард, 

Ки «Мардӣ зи мардон сазад ёд кард. 3 

3840 Чунон аст, к-ӯ гуфт яксар сухун, 4 
Зи мардӣ ба кажжӣ наяфканд бун 5 . 

Ҳамоно, ки аз* 6 деви носозгор 
Маро баҳра ранҷ омад аз рӯзгор, 7 

Ки то ман ба мардӣ камар бастаам, 

Ҳаме разми гарданкашон ҷустаам. 


-тез. 

- Набуд з-ӯ маро рӯзгори гурез 

3. ИЛМ-б. 3838, 3839 нест. 

4. Л - сухан. 

5. Л - мардиву гурдӣ бияфканд тан. 

6. М - Чунин гуфт, к-аз. 

7. ИЛ-3841 нест. 


455 




Саворе надидам чу Исфандёр 
Зиреҳдор, бо ҷавшани корзор 1 . 

Чу бечора баргаштам аз ҷанги ӯй, 
Бидидам камону бару чанги ӯй, 

3845 Сӯи чора гаштам зи бечорагӣ, 
Надодам бад-ӯ сар ба якборагӣ. 

Замоне варо дар камон сохтам, 

Чу рӯзаш сар омад, бияндохтам. 

Гар ӯро ҳаме бахт ёр омадӣ, 

Маро тири газ кай ба кор омадӣ?! 

Аз ин хоки тира бибояд шудан, 

Ба парҳез як дам нашояд задан. 

Ҳамоно, к-аз ин* 2 бад нишона манам 
В-аз ин тири газ бо фасона манам». 

АНДАРЗ КАРДАНИ ИСФАНДЁР 
РУСТАМРО 

3850 Чунин гуфт бо Рустам Исфандёр, 

Ки «Акнун сар омад маро рӯзгор. 

Ту аз ман* 3 мапарҳезу хез, эдар ой, 
Ки моро дигаргуна гаштаст рой. 

Магар бишнавӣ панду андарзи ман, 
Зи баҳри писар мояи дур зи* 4 ман. 

Бикӯшиву онро ба ҷой оварӣ, 
Бузургӣ бар ӯ раҳнамой оварӣ». 


- Далеру ҷавону гави номдор. 

- ҳамон аст, к-аз. 

- акнун. 

- Бидонӣ ту сармояи арзи. 


456 


2^2 


Таҳамтан ба гуфтори у дод гуш, 
Пиёда биёмад бараш бо хурӯш. 

3855 Ҳаме рехт хун аз ду дида ба шарм, 
Ҳаме мӯя кардаш ба овои нарм. 

Чу Дастон хабар ёфт аз размгоҳ, 

Аз айвон чу бод андаромад ба роҳ 1 . 

Завора, Фаромарз чун беҳушон 
Бирафтанд то ҷойгоҳи* 2 нишон. 

Хурӯше баромад зи овардгоҳ, 

Ки торик шуд рӯи хуршеду моҳ. 

Ба Рустам ҳаме гуфт Зол: «Эй писар, 
Туро пеш 3 гирям ба дарди ҷигар, 

3860 Ки эдун шунидастам аз мӯбадон, 

Зи ахтаршиносону аз бихрадон,* 4 

Ки ҳар кас, ки ӯ хуни Исфандёр 
Бирезад, варо бишкарад рӯзгор. 

Бад-ин гетияш 5 ранҷу сахтӣ бувад 
В-агар бугзарад, шӯрбахтӣ шавад». 6 

Чунин гуфт бо Рустам Исфандёр, 

Ки «Аз ту надидам бади рӯзгор. 


1. Л - пас аз б. 3856 ин б. омада: 

Зи хона биёмад ба дашти набард. 
Ду дида пур аз обу дил пур зи дард. 

- Бирафтанду ҷустанд чанде 

- беш. 

Ки эдун шунидам зи донои Чин 
В-аз ахтаршиносони Эронзамин. 

5. Л - куштанаш. 

6. Л - бувад. 


457 


^22225 225 


Замона чунин буду буд, он чи буд, 
Надонад касе рози чархи кабуд. 1 * 2 

3865 На Рустам, на мурғу на тиру камон 
Ба разм аз тани ман бибурданд ҷон,* 3 

Ки ин кард Гуштосп бо ман чунин, 
Бар ӯ - бар нахоҳам зи ҷон офарин 4 . 

Маро гуфт, рав, Систонро бисӯз, 
Нахоҳам, к-аз ин пас бувад Нимрӯз. 

Бикӯшид, то лашкару тоҷу ганҷ* 5 
Бад-ӯ монаду ман бимонам ба ранҷ.* 6 

Кунун Баҳман ин номвар пури ман, 
Хирадманду бедору дастури ман. 

3870 Ба меҳри дил ӯро зи ман дарпазир, 
Ҳаме ҳарчӣ гӯям, зи* 7 ман ёд гир. 

Ба Зобулситон-дар варо шод дор, 
Суханҳои* 8 бадгавҳарон ёд 9 дор. 

Биёмӯзаш ороиши корзор, 
Нишастангаҳи базму разму шикор. 

Маю ромишу захми ҷавгону гӯ, 
Бузургиву ҳар гунае гуфтугӯ. 

Чунин гуфт Ҷомоспи гумбуданом, 

Ки ҳаргиз ба гетӣ мабинод ком, 


-б. 3852 - 3864 нест. 

- Сухан ҳар чӣ гуям, бибояд шунуд 

Баҳона ту будӣ, падар буд замон, 
На симурғу Рустам, на тиру камон. 
VI - б. 3866 нест. 

- тахт. 

- мо бубандем рахт. 

- туро. 

- ҳама кори. 

- бадгӯйро бод. 


458 


3875 Ки Баҳман зи ман ёдгоре бувад, 
Сарафрозтар шаҳрёре бувад. 

Ҳамон ҳар ки аз тухми Баҳман бувад, 
Ба шоҳӣ сазовору равшан бувад» 1 . 

Таҳматан чу бишнид, бар пой хост, 

Ба бар зад ба фармони ӯ дасти рост, 

Ки гар бугзарам, з-ин сухан нагзарам, 
Сухан ҳарчи гуфтӣ, ба ҷой оварам 2 , 

Нишонам-ш бар номвар тахти оҷ, 
Ниҳам бар сараш -бар дилафрӯз 3 тоҷ 4 . 

3880 Зи Рустам чу бишнид гӯё сухан, 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй паҳлавони* 5 куҳан. 

Чунон дон, ки Яздон гувои ман аст, 
Бад-ин дини беҳ раҳнамои ман аст, 

К-аз он некуиҳо, ки ту кардаӣ, 

Сар аз мардумиҳо баровардаӣ 6 , 

Кунун номи некат ба бад бозгашт, 

Зи ман рӯи гетӣ пуровоз гашт. 

Ҳам 7 омад равони туро баҳр аз ин 
Чунин буд рои ҷаҳонофарин», 

3885 Чунин гуфт пас бо Башутан, ки «Ман 
Наҷӯям ҳаме з-ин ҷаҳон ҷуз кафан. 


1. ИЛМ-б. 3876 нест. 

2. Л - гуфтиш фармон барам; И - ту фармон барам. 

3. И-дилорой. 

4. ТПЗЛ - Ба пешаш бубандам камар бандавор, 

Худованд хонам-ш, ҳам шаҳрёр. 

5. М - нав гир чун шуд. 

6. ИЛМ - Зи шоҳони пешин, ки парвардаӣ. 

7. ИЛМ - ғам. 


459 


Чу ман бугзарам з-ин сипанҷисарой 
Ту лашкар биёрою шав боз ҷой. 

Чу рафтӣ ба Эрон падарро бигӯй, 

Ки чун ком дидӣ,* 1 баҳона маҷӯй. 

Замона саросар ба коми ту гашт, 
Ҳама мӯҳрҳо зери 2 номи ту гашт. 

Умедам на ин буд наздики ту, 

Сазо ин буд аз ҷони торики ту. 

3890 Ҷаҳон рост кардам ба шамшеру дод, 
Ҷаҳон пок гашт аз бади баднажод 3 . 

Ба Эрон чу дини беҳӣ рост гашт, 
Бузургиву шоҳӣ маро хост гашт. 

Ба пеши сарон 4 пандҳо додиям, 
Ниҳонӣ ба куштан фиристодиям. 

Кунун з-ин сухан ёфтӣ коми дил, 
Биёрою биншин ба ороми дил. 

Чу эмин шудӣ, маргро дур кун, 

Ба айвони шоҳӣ яке сур кун. 

3895 Туро тахту сахтиву кӯшиш маро, 
Туро тоҷу тобуту пӯшиш маро. 

Чӣ гуфт он ҷаҳондида деҳқони пир, 
Ки нагрезад аз марг пайкони тир. 

Машав эмин аз ганҷ в-аз тоҷу гоҳ 5 , 
Равонам туро чашм дорад ба роҳ. 


1. М-Ёбӣ. 

2. Л - марзҳо пур зи. 

3. ИЛМ - Ба бад кас наёрист кард аз ту ёд. 

4. И - меҳон. 

5. Л - тахту тоҷу кулоҳ. 


460 


Чу ои, ба ҳам пеши довар шавем, 
Бигӯему гуфтори ӯ бишнавем 1 . 

Чу з-ӯ* 2 боз гардӣ, ба модар бигӯй, 

Ки марг омад инбора 3 пархошҷӯй. 

3900 Ки бо тири ӯ кабр чун бод буд, 

Гузар кард, агар кӯҳи пӯлод буд. 4 

Пас аз ман ту зуд ой, эй меҳрубон, 

Ту аз ман маранҷу маранҷон равон. 

Бараҳна макун рӯй бар анҷуман, 
Мабин низ чеҳри ман андар 5 кафан. 

Зи дидор зорӣ бияфзоядат, 

Кас аз бихрадон низ настоядат. 

Ҳамон хоҳаронрову ҷуфти маро, 

Ки ҷӯён будандӣ 6 нуҳуфти маро, 

3905 Бигӯӣ бар он пурҳунар бихрадон, 

Ки падруд бошед то ҷовидон. 

Зи тоҷи падар бар сарам бад расид, 
Дари ганҷро ҷони ман шуд калид. 

Фиристодам инак ба наздики ӯй, 

Ба шарм оварад ҷони торики ӯй». 

Бигуфт ину барзад яке тездам, 

Ки «Бар ман зи Гуштосп омад ситам». 


1 . Л - пас аз б. 3898 ин б. омада: 

Миёни ману ту бад-ин доварӣ 
Кунад довари доварон доварӣ. 

2. М - К-аз ӯ. 

3. Л - Ки сер омад аз ҷанг. 

4. Л - пас аз б. 3900 ин б. омада: 

Замона замонаш фароз оварид 
Ба марге, ки кас дар ҷаҳон он надид. 

5. И - маро бар. 

6. Л - чунон надидй. 


461 


Ҳам он гаҳ бирафт аз танаш ҷони пок, 
Танаш хаста з-он тирЧбар тира хок 1 2 . 

3910 Бару ҷома Рустам ҳама пора кард 

Сараш пур зи хоку рухаш 3 пур зи гард 4 . 

Ҳаме гуфт зор: «Эй набардасавор, 

Ниё шоҳи ҷангӣ, падар шаҳрёр. 

Ба хубӣ шуда дар ҷаҳон номи ман, 

Зи Гуштосп бад шуд саранҷоми ман». 

Чу бисёр бигрист, бо кушта гуфт, 

Ки «Эй дар ҷаҳон шоҳи беёру ҷуфт. 

Равони ту шуд б-осмон дар биҳишт, 
Бадандеши ту бидравад, ҳарчӣ кишт». 

39 1 5 Завора бад-ӯ гуфт к-«Он номдор, 
Набоист пазруфт аз ӯ зинҳор. 

Зи доно 5 ту нашнидӣ ин достон, 

Ки баргӯяд 6 аз гуфтаи бостон, 

Ки гар парварӣ баччаи наррашер, 
Шавад тездандону гардад далер, 

Чу сар баркашад зуду ҷӯяд шикор, 
Нахуст андарояд ба парвардгор. 

Ду паҳлав барошӯбад аз хашми бад, 
Нахустин аз ин бад ба Эрон расад, 


1. ИЛ-афганда. 

2. ТПЗ - Чу Баҳман ба назди Башутан расид, 

Ҳама ҷома бар тан саросар дарид. 

3. Л-дилаш. 

4. Л - дард. 

5. ЛМ-деҳқон. 

6. Л - ёд орад. 


462 


3920 Ки шуд кушта шоҳе чу Исфандёр, 

Бубинӣ аз ин пас бади 1 рӯзгор. 

Зи Баҳман расад бад ба Зобулситон, 
Бупечанд пирони Кобулситон. 

Нигаҳ кун, ки чун ӯ шавад шаҳрёр,* 2 
Ба пеш оварад кини Исфандёр». 3 

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Бо осмон, 

Натобад бадандешу некугумон. 

Ман он баргузинам, ки ча ттт ми хирад 
Бад-он бингарад, ном боз оварад. 

3925 Гар ӯ бад кунад, печад аз рӯзгор, 

Ту чашми балоро ба тундӣ махор». 4 

БУРДАНИ БАШУТАН ТОБУТИ ИСФАНДЁРРО 
НАЗДИ ГУШТОСП 

Яке нағз тобут кард оҳанин, 

Бигустард фарше зи дебои Чин. 

Дарандуд 5 як рӯи оҳан ба қир, 

Пароканда бар қир мушку абир. 

Зи дебои зарбафт кардаш кафан, 

Хӯрушон бад-ӯ номдор анҷуман. 

В-аз он пас, ки пӯшид равшан бараш, 

Зи пирӯза бар сар ниҳод афсараш. 

3930 Сари тангтобут карданд сахт, 

Шуд он борвар хусравонӣ дарахт. 


1 . Л - бароварда аз хашм. 

2. М - тоҷдор. 

3. Л - Бияфганд з-ин пас ба бад. 

4. ТПЗ - Пас аз марги ту хоки Зобулситон 

Ба Эрон кашад ин гави кинситон. 

5. И - Биёлуд. 


463 


Чиҳил уштур овард 1 Рустам гузин, 

Зи боло фурӯҳишта дебои Чин. 

Яке уштуре 2 зери тобути шоҳ 
Чапу рост уштур, пас - андар сипоҳ, 

Ҳама рӯйканда,* 3 ҳама канда мӯй, 
Забон шоҳгӯву равон шоҳҷӯй 4 . 

Башутан ҳаме рафт 5 пеши сипоҳ 
Бурида фашу думми аспи сиёҳ. 

3935 Бар ӯ барниҳода нагунсор зин, 

Зи зин андаровехта гурзи кин. 

Ҳамон номвар хӯду хафтони ӯй, 
Ҳамон таркашу* 6 миғфари 7 ҷангҷӯй. 

Сипаҳ рафту Баҳман ба Зобул бимонд, 
Зи мижгон ҳаме хуни дил барфишонд. 

Таҳамтан бибурдаш ба айвони хеш, 
Ҳаме парваронид чун ҷони хеш. 

Ба Гуштосп огоҳӣ омад зи роҳ, 

Нагун шуд сари номбардор шоҳ. 

3940 Ҳама ҷомаҳо чок шуд дар бараш, 

Ба хок андаромад сару афсараш. 

Хурӯше баромад зи Эрон 8 ба зор, 
Ҷаҳон шуд пур аз номи Исфандёр. 


1. Л - Чил астар биёвард. 

2. ИМ - ду уштур будӣ. 

3. М-хастарӯю. 

4. ТПЗ - Нагун карда кӯсу дарида дурафш, 

Ҳама ҷома карда кабуду бунафш. 

5. ИЛ-буд. 

6. М - ҷомаву. 

7. Л - миғфару ҷавшани. 

8. ИЛМ-айвон. 


464 


2^2 


Ба Эрон ба ҳар су, ки рафт огаҳи, 
Бияндохтанд он кулоҳи меҳӣ. 

Ҳаме гуфт Гуштосп, к-«Эй покдин, 
Ки чун ту набинад замону замин. 

Пас аз рӯзгори Манучеҳр боз, 
Наёмад чу ту низ гарданфароз. 

3945 Биёлуд теғу биполуд кеш, 

Ҷаҳонро ҳаме дошт бар ҷои хеш». 

Бузургони Эрон гирифтанд хашм 
В-аз озарми Гуштосп шустанд ча ттт м. 

Ба овоз гуфтанд, к-«Эй шӯрбахт, 

Чу Исфандёре ту аз баҳри тахт 

Ба Зобул фиристӣ ба куштан диҳӣ,* 1 
Худ андар ҷаҳон тоҷ бар сар ниҳӣ 2 , 

Саратро зи тоҷи шаҳон* 2 шарм бод, 
Ба рафтан паи ахтарат гарм бод!» 

3950 Бирафтанд яксар зи айвони ӯй, 

Пур аз хок шуд тоҷу кайвони ӯй. 

Чу огоҳ шуд модару хоҳарон, 

Аз айвон бирафтанд бо духтарон. 

Бараҳна сару пой пургарду хок, 

Ба бар-бар* 3 ҳама ҷомаҳо карда чок. 

Башутан ҳаме рафт гирён ба роҳ, 
Паси пушт тобуту аспи сиёҳ. 


- Ту бар гоҳ тоҷи меҳӣ барниҳӣ. 

- Баҳона ба чархи равон барниҳӣ; И - Ту бар гоҳ тоҷи меҳӣ барниҳӣ. 

- тан-бар. 


465 


2 2 ^ 


Занон бар 1 Башутан баровехтанд, 
Ҳаме хун зи мижгон фурӯ рехтанд, 

3955 К-аз ин тангтобут сар баркушой, 
Тани куштаро низ моро намой. 

Башутан ғамӣ 2 шуд миёни занон 
Хурӯшону ҷӯшону баррухзанон 3 . 

Ба оҳангарон гуфт: «Сӯҳони тез 
Биёред, к-омад маро растахез». 

Сари тангтобутро боз кард, 

Ба наввӣ яке мӯя оғоз кард. 

Чу модар-ш бо ҳоҳарон рӯи шоҳ 
Пур аз мушк диданду риши сиёҳ, 

3960 Бишуд ҳуш зи пӯшидарӯёни ӯй, 

Пур аз хун дили ҷаъдмӯёни ӯй. 

Чу аз беҳушӣ боз ҳуш омаданд, 

Ба наздики фаррух суруш омаданд. 

Бирафтанд яксар зи болини шоҳ 
Хурӯшон ба наздики аспи сиёҳ. 

Бисуданд аз меҳр 4 ёлу сараш, 
Катоюн ҳаме рехт хок 5 аз бараш, 

К-аз ӯ шоҳро рӯз баргашта шуд,* 6 
Дар овард бар пушти ӯ кушта шуд* 7 


1. Л-бо. 

2. И - ғамин. 

3. ЛМ - гӯшт аз ду бозу канон. 

- пурмеҳр. 

- хун. 

-буд. 

-буд. 


466 


3965 Ҳаме гуфт модар-ш, к-«Эй шумпай, 
Ба пе ттт и ту-бар кушта шуд шоҳ кай? 1 

Аз ин пас киро бурд хоҳӣ ба ҷанг, 
Киро дод хоҳӣ ба чанги наҳанг?» 

Ба ёлаш ҳаме андаровехтанд, 

Ҳаме хок бар торакаш рехтанд. 

Ба абр андаромад хурӯши сипоҳ, 
Башутан биёмад ба айвони шоҳ. 

Чу шуд танг наздики тахташ фароз, 
Набӯсид тахту 2 набурдаш намоз. 

3970 Ба овоз гуфт: «Эй сари саркашон, 

Зи баргаштани корат омад нишон. 

Ту з-ин бо тани хеш бад кардаӣ, 

Дам аз шаҳрёрон 3 баровардаӣ. 

Зи ту дур шуд фарраву бихрадӣ, 
Биёбӣ ту бодафраи эзадӣ. 

Шикаста шуд, эй 4 номвар, пушти ту, 
Аз ин пас бувад бод дар мушти ту. 

Писарро ба куштан диҳӣ баҳри тахт, 
Ки на тоҷ бинод чашмат, на бахт! 

3975 Ҷаҳоне пур аз душману 5 аз 6 бадон 
Намонад ба ту тоҷ то ҷовидон. 

Бад-ин гетӣ-андар накӯҳиш бувад, 

Ба рӯзи шуморат пижӯҳиш бувад». 


1. Л -б. 3965 нест. 

2. ИМ - Башутан чу дидаш. 

3. ЛМ - шаҳри Эрон. 

4. ИЛ - он. 

5. Л-душманону. 

6. И - пур. 


467 


Бигуфт ину рух суи Ҷомосп кард, 

Ки «Эй шуми бадкешу бадрой* 1 мард. 

Ба 2 гетӣ наронӣ 3 сухан ҷуз дурӯғ, 

Ба кажжӣ гирифтӣ ба ҳар сӯ 4 фурӯғ, 

Миёни каён душманӣ афканӣ, 

Ҳаме ин бад-он, он бад-ин барзанӣ. 

3980 Надонӣ ҳаме ҷуз бад омӯхтан, 
Гусистан* 5 зи некӣ, бадӣ тӯхтан. 

Яке тухм киштӣ ту андар ҷаҳон, 

К-аз он* 6 бидравӣ ошкору ниҳон. 

Бузурге ба 7 гуфтори ту кушта шуд, 

Ки рӯзи бузургон ҳама гашта шуд. 

Ту омӯхтӣ шоҳро роҳи бад, 

Аё пири бадкешу бадхоҳи бад 8 .* 9 

Ту гуфтӣ, ки ҳуши ял Исфандёр 
Бувад дар кафи Рустами номдор». 

3985 Бигуфт ину гирён забон баркушод, 
Ҳама панду андарзи ӯ кард ёд 10 . 

Ҳам андарзи Баҳман ба Рустам бигуфт, 
Баровард розе, ки буд аз 11 нуҳуфт. 


1 . М - бадкуниш шуми бероҳ. 

2. Л - зи. 

3. ИЛМ - надонӣ. 

4. ИЛМ - зи ҳар кас. 

5. М-Буридан. 

6. М - Аё пири бемағзи дур аз хирад. 

7. ИЛ-зи. 

8. Л - б. 3983 нест. 

9. М - Аё пири бемағзи дур аз хирад. 

10. ТПЗЛ- Башутан бигуфт, он чи будаш ниҳон 

Ба овоз бо шаҳрёри ҷаҳон. 

1 1 . Л - дар. 


468 


Чу бишнид андарзи у шаҳрёр, 
Пушаймон шуд аз кори Исфандёр. 

Чу пардахта шуд аз бузургон сарой, 
Бирафтанд Беҳофариду Ҳумой. 

Ба назди падар-дар бихастанд рӯй, 
Зи дарди бародар биканданд мӯй. 

3990 Ба Гуштосп гуфтанд, к-«Эй номдор, 
Наандешӣ аз марги 1 * 2 Исфандёр, 

Ки ӯ шуд нахустин ба кини Зарир, 
Ҳаме гӯр бистад зи чанголи шер. 

Зи туркон ҳама кини ӯ боз хост, 
Бад-ӯ шуд сари подшоҳит рост. 

Ба гуфтори бадгӯй кардиш 3 банд 
Ба ғулли гарону амуду каманд. 

Чу ӯ баста омад, ниё кушта шуд, 
Сипаҳро ҳама рӯз баргашта шуд. 

3995 Чу Арҷосп омад зи Халлух ба Балх, 
Ҳама зиндагонӣ шуд аз ранҷ талх. 

Чу моро, ки будем пӯшидарӯй 4 , 
Бараҳна биёвард аз айвон ба кӯй. 

Чу Нӯшозари зардуҳиштӣ бикушт, 
Гирифт он замон подшоҳӣ ба мушт. 

Ту фарзанд дидӣ, ба мардӣ чӣ кард, 
Баровард аз эшон даму дуду гард. 


1. И-кори. 

2. М - Биандеш. 

3. Л - бадгӯ кардӣ ба. 

4. ИЛ - пӯшида дорем рӯй. 


469 


Зи Руиндиж овард моро барат, 
Нигаҳбони лашкар буду кишварат.* 1 

4000 Зи эдар ба Зобул фиристодияш, 

Басе панду андарзҳо додияш, 

Ки то аз паи тоҷ беҷон шавад, 

Ҷаҳоне бар ӯ зору печон шавад. 

На Симурғ кушташ, на Рустам, на Зол, 
Ту куштӣ мар ӯро, чу куштӣ, манол! 

Туро шарм бодо зи риши сапед, 

Ки фарзанд куштӣ зи баҳри умед. 

Ҷаҳондор пеш аз ту бисёр буд, 

Ки бар тахти шоҳӣ сазовор буд, 

4005 Ба куштан надоданд фарзандро, 

На аз дудаву хешу пайвандро». 2 

Чунин гуфт пас бо Башутан, ки «Хез, 
Бар ин оташи духтарон об рез». 

Биёмад Башутан зи айвони шоҳ, 
Занонро биёвард аз он ҷойгоҳ. 

Башутан чунин гуфт бо модараш, 

Ки «Чандин чи шеван кунӣ бар сараш 3 , 


1. М-афсарат. 

2. ТПЗ - Писар гар зи ту тоҷи шоҳӣ биҷуст, 

Ту ҷустӣ зи Лӯҳросп гоҳ аз нахуст, 
Сӯи Рум рафтӣ равон пурситез 
Чу хунӣ равад сӯи роҳи гурез. 
Ҳаме то ба ту тоҷ наспурду тахт, 
Туро рӯз торӣ буду кор сахт. 

На кушту на дар оташ андохтат, 
Ҳаме тоҷу тахти меҳӣ сохтат. 

Ту будӣ, ки аз баҳри ночизу чиз 
Писарро зи ҷон хостй пурқафиз. 

3. Л - Ба тундӣ чу гӯӣ дараш. 


470 


Ки у шод хуфтасту равшанравон* 1 , 

Ки сер омад аз марзу аз марзбон. 

4010 Чӣ дорӣ кунун дил ба тимори ӯй, 

Кунун дар биҳишт аст бозори ӯй». 

Бипазруфт модар зи фарзанд 2 панд, 

Ба доди Худованд кардаш писанд. 

В-аз он пас ба соле ба ҳар барзане 
Ба Эрон хурӯше буду шеване. 

Зи тири газу банди Дастони Сом 3 
Ҳаме мӯя карданд шабгиру шом 4 . 

БОЗ ФИРИСТОДАНИ РУСТАМ БАҲМАНРО 
БА ЭРОН 

Ҳаме буд Баҳман ба Зобулситон 
Ба нахчиргаҳ бо маю гулситон. 

40 1 5 Савориву майхӯрдану боргоҳ 

Биёмӯхт Рустам бад-он кинахоҳ. 

Ба ҳар чиз беш аз писар дошташ, 

Шабу рӯз хандон ба бар дошташ 5 . 

Чу гуфтору кирдор пайванд шуд, 

Дари кин ба Гуштосп - бар банд шуд. 

Я ке нома бинвишт Рустам бадард, 

Ҳама кори фарзанди ӯ ёд кард. 


1 . М - Нӯшинравон. 

2. ИЛ - диндор. 

3. ЛМ - панди Симурғу Зол. 

4. ЛМ - бисёр сол. 

5. ТПЗ - Набуд огаҳ аз корҳои ниҳон, 

Ки аз вай чӣ бархезад андар ҷаҳон. 
Зи душман наёяд магар душманӣ 
Ба фарҷом, агарчанд некӣ кунӣ. 


471 


Сари нома кард офарин аз нахуст, 

Бар он кас, ки кина ба пӯзиш бишуст. 

4020 Дигар гуфт: Яздон гувои ман аст, 
Башутан бад-ин раҳнамои ман аст, 

Ки ман чанд гуфтам ба Исфандёр, 
Магар сар бигардонад аз 1 корзор. 

Супорам бад-ӯ кишвару ганҷи хеш, 
Гузид ӯ зи ҳар гунае ранҷи хеш, 

Замонаш чунон буд, ки букшод чеҳр, 
Маро дил пур аз дарду ҳам пур зи меҳр. 

Бад-он гуна буд гардиши осмон 
Писанда* 2 набошад касе бо замон. 

4025 Кунун ин ҷаҳонҷӯй назди ман аст, 

Ки фаррухтар аз урмузди ман аст. 

Ҳунарҳои шоҳонаш омӯхтам, 

Аз андарз воми хирад тӯхтам. 

Чу паймон кунад шоҳи пӯзишпазир, 
К-аз ин пас наандешад аз кори пир, 

Ниҳони тану 3 ҷони ман пеши ӯст, 

Агар ганҷу тоҷ 4 аст, агар мағзу пӯст», 

Чу он нома шуд назди шоҳи ҷаҳон, 
Пароканда шуд дар миёни меҳон. 

4030 Башутан биёмад гувоҳӣ бидод, 
Суханҳои Рустам ҳама кард ёд. 


1 . ИЛМ - кам кунад кинаву . 

2. М - Басанда. 

3. Л-ману. 

4. Л - В-агар тоҷу ганҷ. 


472 


Ҳамон зориву панду андарзи хеш 1 , 
Сухан гуфтан аз ганҷ в-аз марзи хеш 2 . 

Зи Рустам дили номвар гашт х(в)аш, 
Назад низ бар дил зи тимор таш. 

Ҳам андар замон нома посух навишт 3 , 
Ба боғи бузургӣ дарахте бикишт. 

Чунин гуфт, к-аз даври чархи баланд 
Чу хоҳад расидан касеро газанд, 

4035 Ба парҳез чун боздорад касе, 

Агар сӯи дониш гирояд басе? 

Башутан бигуфт, он чӣ дархостӣ, 
Дили ман ба хубӣ биёростӣ. 

Зи гардуни гардон кӣ ёрад гузашт, 
Хирадманд гирди гузашта нагашт. 

Ту онӣ, ки бурдиву з-он беҳтарӣ, 

Ба Ҳинду ба Қаннуҷ-бар меҳтарӣ. 

Зи бешӣ ҳар он ч-ат бибояд, бихоҳ 
Зи тахту зи мӯҳру зи теғу кулоҳ. 

4040 Фиристода посух биёвард зуд 

Бад-он сон, ки Гуштосп фармуда буд. 

Аз он номвар паҳлавон шод гашт, 
Варо дил зи андӯҳ озод гашт 4 . 

Чунин то баромад бар ин кор чанд, 
Бишуд шоҳзода ба боло баланд. 


1 . Л - арванди ӯй. 

2. Л - пайванди ӯй; 

ТПЗИЛ - В-аз он номвар шоҳ хушнуд гашт,* 
Гирояндаро омадан суд гашт.* 

* Л - шуд. 

3. И - набишт. 

4. ИЛ - б. 4041 нест. 


473 


Хирадманду бодонишу дастгоҳ 
Зи шоҳон барафрӯхта фарру ҷоҳ 1 . 

Бидонист Ҷомосп аз неку бад, 

Ки он подшоҳӣ ба Баҳман расад. 

4045 Ба Гуштосп гуфт, «Эй писандида шоҳ, 
Туро кард бояд ба Баҳман нигоҳ. 

Зи дониш падар ҳарчӣ ҷуст андар ӯй, 
Ба ҷой омаду гашт бообрӯй. 

Ба бегонакишвар 2 фаровон бимонд, 
Касе номаи ту бар ӯ - бар нахонд. 

Ба Баҳман яке нома бояд навишт 
Ба сони дарахте ба боғи биҳишт. 

Кӣ дорӣ ба гетӣ ҷуз* 3 ӯ ёдгор, 
Гусорандаи дарди Исфандёр?» 

4050 Хуш омад сухан шоҳ 4 Гуштоспро, 
Бифармуд фархунда Ҷомоспро, 

Ки «Бинвис як нома наздики ӯй, 

Яке сӯи гарданкаши номҷӯй 5 , 

Ки яздонсипос, эй ҷаҳонпаҳлавон, 

Ки мо аз ту шодему равшанравон. 

Набера, ки аз ҷон гиромитар аст, 

Ба дониш зи Ҷомосп номитар аст. 

Ба бахти ту омӯхт фарҳангу рой, 
Сазад, гар фиристӣ варо 6 боз ҷой». 


1 . Л - Барафрохт фарру кулоҳ. И - фаррух кулоҳ. 

2. ЛМ - бегонашаҳре. 

3. М - чун. 

4. Л - шаҳаншоҳ. 

5. И - ҷангҷӯй. 

6. ИЛ - кунун. 


474 


4055 Яке суи Баҳман, ки «Ҳам дар замон, 
Чу нома бихонӣ, ба Зобул мамон, 

Ки моро ба дидорат омад ниёз, 
Баророй кору диранге масоз». 

Ба Рустам чу бархонд нома дабир, 
Аз ӯ 1 шод шуд марди донишпазир. 

Зи чизе ки будаш ба ганҷ-андарун 
Зи хафтону аз ханҷари обгун, 

Зи баргустувону зи тиру камон, 

Зи кӯполу аз ханҷари ҳиндувон. 

4060 Зи кофур в-аз мушк в-аз уди тар, 
Ҳам аз анбару гавҳару симу зар. 

Зи дебову аз ҷомаи нобурид, 
Парастор в-аз кӯдаки норасид, 

Камарҳои заррину симинситом, 

Зи ёқут пур карда заррин ду ҷом 2 , 

Ҳама пок Рустам ба Баҳман супурд, 
Баранда ба ганҷури ӯ баршумурд. 

Таҳамтан ду манзил биёмад ба роҳ, 
Пас ӯро фиристод наздики шоҳ. 

4065 Чу Гуштосп рӯи набера бидид, 

Шуд аз оби дида рухаш нопадид. 

Бад-ӯ гуфт: «Исфандёрӣ ту бас, 
Намонӣ ба гетӣ ҷуз ӯро ба кас. 


1. ИЛ-бад-он. 

2. ТПЗ - Зи аспони тозӣ палангина зин, 

Ба зину ситомаш нишонда нигин. 
Яке тоҷи пургавҳари шоҳвор, 

Яке тавқи заррин забарҷаднигор. 


475 


Аз 1 он пас ҳаме хондаш Ардашер, 
Чу дидаш бад-он гуна вайро далер 2 . 

Гаве буд бозӯру гирандадаст, 
Хирадманду донову эзадпараст 3 . 

Чу бар пой будӣ сарангушти ӯй, 

Зи зону фурӯтар будӣ мушти ӯй. 

4070 Ҳаме озмудаш ба якчанд гоҳ, 

Ҳаме кард болои ӯро нигоҳ. 

Ба майдону ҳангоми базму шикор 
Гаве буд монанди Исфандёр. 

Аз ӯ ҳеч Гуштосп нашкефтӣ, 

Ба дидори ӯ-бар ба ҷон шефтӣ. 

Ҳаме гуфт, к-«Инам ҷаҳондор дод, 
Ғамӣ будам, аз баҳри тимор дод. 

Бимонод то ҷовидон Баҳманам, 

Чу гум шуд сарафроз рӯинтанам». 

4075 Сар омад кунун разми Исфандёр, 
Ки ҷовид бодо сари шаҳрёр 4 . 

Ҳамеша дил аз ранҷ пардохта, 
Замона ба фармони ӯ сохта. 

Дилаш бод шодону тоҷаш 5 баланд, 
Ба гардан бадандеша ӯро каманд 6 ! 


1. ИЛ-В-аз. 

2. ИЛМ - Варо ёфт равшандилу ёдгир. 

3. ИЛ - яздонпараст. 

4. ИМ - 4075 нест. 

5. Л - бахт. 

6. ИМ - пас аз б. 4077 ин б. омада: 

Зи Исфандёр омад ин достон, 
Ба поён шуд аз гуфтаи бостон. 


ФЕҲРИСТИ ФУСУЛИ ҶИЛДИ ШАШУМ 

Васият кардани Кайхусрав Гударзро 5 

Хостани Зол маншур аз Кайхусрав барои Рустам 8 

Маншур додани Кайхусрав Гевро 10 

Маншур додани Кайхусрав Тусро 12 

Додани Кайхусрав подшоҳӣ ба Лӯҳросп 14 

Падруд кардани Кайхусрав ба канизакони худ 19 

Рафтани Кайхусрав ба кӯҳ ва попадид шудан дар барф 21 

Ғарқ шудани паҳлавонон дар миёни барф 26 

Огоҳӣ ёфтани Лӯҳросп аз нопадид шудани Кайхусрав 30 

Подшоҳии Лӯҳросп. Оташкада сохтани Лӯҳросп ба Балх 34 

Рафтани Гуштосп аз пеши Лӯҳросп ба хашм 36 

Бозомадани Гуштосп бо Зарир 39 

Рафтани Гуштосп ба сӯи Рум 44 

Расидани Гуштосп ба Рум 45 

Бурдани деҳқоне Гуштоспро дар хонаи хеш 50 

Достони Катоюн - духтари Қайсар 52 

Додани Қайсар Катоюн Гуштоспро 56 

Хостани Мирин духтари дигарро аз Қайсар 59 

Куштани Гуштосп гургро 65 

Ба занӣ хостани Аҳран духтари сеюми Қайсарро 73 

Куштани Гуштосп аждаҳоро ва додани Қайсар духтари 

худро ба Аҳран 80 

Ҳунар намудани Гуштосп дар майдон 85 

Номаи Қайсар ба Илёс ва бож хостан аз ӯ 90 

Разми Гуштосп бо Илёс ва кушта шудани Илёс 95 

Божи Эрон хостани Қайсар аз Лӯҳросп 97 

Бурдани Зарир пайғоми Лӯҳросп ба Қайсар 101 

Боз рафтани Гуштосп бо Зарир ба Эронзамин ва додани 

Лӯҳросп тахти Эрон ӯро 105 

Подшоҳии Гуштосп. Ба хоб дидани Фирдавсӣ Дақиқиро 112 

Ба Балх рафтани Лӯҳросп ва бар тахт нишастани Гуштосп 113 

Пайдо шудани Зардушт ва пазируфтани Гуштосп дини ӯ 115 

Пазируфтани Гуштосп божи Эрон Арҷоспро 119 

Нома навиштани Арҷосп Гуштоспро 122 


Пайғамбарон фиристодани Арҷосп Гуштоспро 126 

Посух додани Зарир Арҷоспро 130 

Бозгаштани фиристодагони Арҷосп бо посухи Гуштосп 132 

Гирд овардани Гуштосп лашкари худро 137 

Гуфтани Ҷомосп анҷоми разм бо Гуштосп 139 

Лашкар оростани Гуштосп ва Арҷосп 149 

Оғози разми эрониён ва турониён, кушта шудани 

Ардашер ва Ширӯ ва Шедасп 152 

Кушта шудани Гиромӣ пури Ҷомосп ва Невзор 155 

Кушта шудани Зарир бародари Гуштосп аз дасти Бедирафш 158 

Огоҳӣ ёфтани Исфандёр аз кушта шудани Зарир 164 

Рафтани Исфандёр ба ҷанги Арҷосп 167 

Куштани Настур ва Исфандёр Бедирафшро 171 

Гурехтани Арҷосп аз корзор 173 

Бахшоиш ёфтани туркон аз Исфандёр 175 

Базомадани Гуштосп ба Балх 178 

Фиристодани Гуштосп Исфандёрро ба ҳама кишвар ва 

дини беҳ гирифтани эшон аз ӯ 180 

Бадгӯӣ кардани Гуразм аз Исфандёр 184 

Омадани Ҷомосп назди Исфандёр 187 

Банд кардани Гуштосп Исфандёрро 190 

Рафтани Гуштосп ба Систон ва лашкар оростани Арҷосп бори дигар 194 

Анҷом шудани гуфтори Дақиқӣ ва боз омадани Фирдавсӣ 
ба гуфтори худ ба ситоиши шоҳ Маҳмуд ва накӯҳиши 

сухани Дақиқӣ 198 

Омадани лашкари Арҷосп ба Балх ва кушта шудани Лӯҳросп 201 

Огоҳ шудани Гуштосп аз кушта шудани Лӯҳросп ва лашкар 

кашидани сӯи Балх 206 

Ҳазимат шудани Гуштосп аз Арҷосп 211 

Рафтани Ҷомосп ба дидани Исфандёр 215 

Дидани Исфандёр бародари худ Фаршедвардро 223 

Расидани Исфандёр бар кӯҳ ба назди Гуштосп 229 

Фиристодани Гуштосп Исфандёрро бори дигар ба ҷанги Арҷосп 242 

Достони ҳафт хон. Ситоиши подшоҳ Маҳмуд 245 

Хони аввал - куштани Исфандёр ду гургро 247 

Хони дуввум - куштани Исфандёр шеронро 254 

Хони саввум - куштани Исфандёр аждаҳоро 256 

Хони чаҳорум - куштани Исфандёр зани ҷодуро 260 

Хони панҷум - куштани Исфандёр Симургро 265 

Хони шашум - гузаштани Исфандёр аз барф 269 

Хони ҳафтум - гузаштани Исфандёр аз рӯд ва куштан Гургсорро 278 

Рафтани Исфандёр ба Рӯиндиж ба ҷомаи бозоргон 284 


Шинохтани хоҳарон Исфандёрро 291 

Ҳамла кардани Башутан ба Рӯиндиж 296 

Куштани Исфандёр Арҷоспро 299 

Куштани Исфандёр Кӯҳрамро 304 

Нома навиштани Исфандёр ба Гуштосп ва посухи ӯ 310 

Бозгаштани Исфандёр назди Гуштосп 314 

Достони разми Исфандёр бо Рустам. Оғози достон 321 

Хостани Исфандёр подшоҳиро аз падар 326 

Посух додани Гуштосп писарро 330 

Панд додани Катоюн Исфандёрро 336 

Лашкар овардани Исфандёр ба Зобул 339 

Фиристодани Исфандёр Баҳманро ба назди Рустам 342 

Расидани Баҳман ба назди Зол 347 

Пайғом додани Баҳман Рустамро 350 

Посух додани Рустам Баҳманро 355 

Бозгаштани Баҳман 360 

Расидани Рустам ва Исфандёр бо якдигар 363 

Нахондани Исфандёр Рустамро ба меҳмонӣ 369 

Пӯзиш кардани Исфандёр аз нохондани Рустам ба меҳмонӣ 373 

Накӯҳиш кардани Исфандёр нажоди Рустамро 377 

Посухи Рустам ба Исфандёр ва ситоиши нажод ва кирдори худ 379 

Ситоиш кардани Исфандёр нажоди хешро 383 

Ситоиш кардани Рустам паҳлавонии худро 387 

Май хӯрдани Рустам бо Исфандёр 394 

Бозгаштани Рустам ба айвони худ 402 

Панд додани Зол Рустамро 407 

Ҷанги Рустам бо Исфандёр 413 

Кушта шудани писарони Исфандёр аз дасти Завора ва Фаромарз 419 

Гурехтани Рустам ба болои кӯҳ 425 

Рой задани Рустам бо хешон 433 

Чора сохтани Симурғ Рустамро 436 

Бозгаштани Рустам ба ҷанги Исфандёр 443 

Тир андохтани Рустам Исфандёрро ба чашм 449 

Андарз кардани Исфандёр Рустамро 456 

Бурдани Башутан тобути Исфандёрро назди Гуштосп 463 

Боз фиристодани Рустам Баҳманро ба Эрон 471 


"АХТАРОНИ АДАБ" (СИЛСИЛА) 
ИБОРАТ АЗ 50 ҶИЛД 


Ҷилди 8 


Абулқосим Фирдавси 

ШОҲНОМА 

Ҷилди VI 


Муҳаррири ороиш 
Муҳаррири 
саҳифабандӣ 
Мусаҳҳеҳон 

Тарроҳ 

Ҳуруфчинони 

компютерӣ 


Р. Шерали 

М. Саидова 
А. Хоҷаев ва 
Т. Одинаева 
Ф. Раҳимов 

Ш. Мирзоева 
С. Воҳидова 
Р. Атоева 


Ба матбаа 05.05.2008 таҳвил гардид. Чопаш 22.09.2008 ба 
имзо расид. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҳуруфи адабӣ. Ан- 
дозаи 60x90 ‘/ . Ҷузъи чопии шартӣ 30,0. Адади нашр 5000 нус- 
ха. Супориши №80/08. 

Нашриёти "Адиб"-и Вазорати фарҳанги 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734018, ш. Душанбе, 
кӯчаи Неъмат Қаробоев, 17а. 


Дар матбааи нашриёти «ЭҚ02)» чоп шудааст. 
734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 36. 
Тел.: 221-95-43. Е-таП: е|’оёйг@таЦ.ги . 


18В^ 978-99947-32-84-5